Дар бораи мо

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Хоҳару бародари гиромӣ, салом!

Доштаниоилаи солим ва хушбахт хостаи ҳар зану марде аст. Барои расидан ба ин хоста бояд дар интихоби ҳамсар, тарбияти фарзандон, робитаи зану шавҳар ва хешону атрофиён ва донистану риояти ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои оила диққат кунем. Бо ин ҳол мумкин аст дар оила хоста ё нохоста мушкилоте байни зану шавҳар ё падару модар ва фарзандон ва ё атрофиён пеш биёяд. Оё метавон аз мушкилот пешгирӣ кард? Агар пеш омаданд чигуна онро ҳал кунем? Дар ин маворид роҳи ҳал мудирияти дурусту огоҳона аст.  Гуруҳи эҷодии “Хонаводаи намуна” мехоҳад ёвари шумо дар шинохт ва ҳалли масоили оилавӣ бошад. Ин гуруҳ саъй мекунад бо баҳрагирӣ аз таълимоти исломӣ ва улуми ҷомеашиносӣ ва равоншиносӣ омӯзиш, огоҳибахшӣ ва машваратҳои лозимро дар ихтиёри шумо қарор диҳад. Хурсанд мешавем, ки бо нишонии [email protected] бо мо дар тамос бошед. Омодаем аз назар ва пешниҳоди шумо баҳраманд шавем.