Бо шумоем оқои муҳтарам!

136

444

Шумо ҳатман лозим нест бо қудратнамоӣ ва хушунат дар муҳити хона ба ҳамсар ва фарзандонатон собит кунед, ки  марди хона ҳастед. Шумо метавонед бо риояти  усули содаӣ, на танҳо  муҳити хонаро  ором  кунед балки эътибор ва мардонагии бештарӣ барои  худ ба армағон биёваред. Нуктаи муҳим ин аст, ки  фаромуш  накунед, ки  шумо анкун ҳамсар ва шарики зиндагӣ доред на он ки  соҳиби зан шудаед.

Риояти тавсияҳои  зер бисёр содааст.

  1. Дар муқобили ҳамсари хеш гирифториҳои рӯзона ва ҳаводиси талху ногувори зиндагиро бо ахму чеҳараи абус матраҳ накунед.
  2. Ҳадия додан меҳру муҳаббатро зиёд мекунад. Ба муносибатҳои гуногун барои ҳамсари худ,  ҳадияе ҳарчанд кучак харидорӣ ва  бо чеҳраи шоду хандон ба ӯ  тақдим кунед.
  3. Чунон чи камбудӣ дар манзил мушоҳида мешавад, бо камоли муҳаббат ва хушрӯӣ тазаккур диҳед.

Ба бастагони ҳамсари худ  монанди: падару модар ва дигар ақвоми ӯ эҳтиром бигзоред ва барои даъвати онон ба хонаи худ қабл аз  ҳамсари хуб иқдом кунед.

  1. Дар назди  ҳамсари худ, ба ҳеҷ ваҷҳ аз занони дигар  тамҷиду таъриф накунед ва тавоноиҳои онҳоро ба рӯӣ вай накашед.
  2. Ҳеҷ вақт аз муоширати  ҳамсари худ бо бастагони солиҳаш ҷилавгирӣ накунед ва дар маошират ва диду боздид бо бастагони вай пешқадам бошед.

Ҳазрати Алӣ (к)  фармуд: ҳамвора бо занон мудоро кунед ва бо онон ба некӣ сухан гуед, то онор низ сухани неку бигуянд.

  1. Бо бастагони худ назди ҳамсаратон даригуши ва наҷво накунед.
  2. Ҳеҷ гоҳ ҳамсари худро ба вижа назди бастагонаш таҳқир накунед;  тавҳин ва бееҳтироми ба ҳамсар аз  сафо ва самимият дар зиндагии  заношӯӣ мекоҳад.
  3. Ҳеҷ гоҳ худро бартар аз ҳамсари худ муаррифи накунед. Кушиш кунед “ ман ” ва ” ту” дар зиндагии заношӯӣ набошад балки  калимаи “ мо” зиндагиро  гарм ва лазатбахш мекунад.
  4.  Вақте, ки ҳамсари шумо асабонӣ аст ӯро  бо меҳру муҳаббат ором кунед.
  5.  Барои рафтан ба меҳмонӣ ва  гардиш кӯшиш кунед ҳамроҳи фарзандон ва ҳамсари худ бошед ва пешниҳоди ҳамсари худро дар ин  маврид ба илати кору хастагӣ рад накунед.
  6. Имтиёзоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, ва бастагони худро дар сурате, ки бо ҳамсари шумо фосилаи иҷтимоӣ ва табақотӣ доранд матарҳ накунед.
  7. Корҳои ҳамсари худ, ҳарчанд  кучакро таҳсин кунед. Тамҷиду ситоиши зан ба иллати рӯҳи латиф ва меҳрубоние, ки  дорад калиди комёбӣ дар зиндагии заношӯӣ аст.
  8. Дар қиболи ҳамсари худ, дар умури мухталиф қудратнамоӣ накунед.
  9.  Заҳамот ва ҳазинаҳоеро, ки  барои пазирои  хешовандони ҳамсари худ харҷ мекунед, ҳеч гоҳ бар забон наоваред.
  10.  Ҳамсари худро дар хона  маҳдуд накунед ва ӯро аз  дастёбӣ ба шодиҳо маҳрум насозед.
  11. Шодӣ ва хандаҳои худро  дар маҳаллӣ кори худ ҷой нагузоред ва фаромуш  накунед, ки ҳамсари шумо дар хона ниёзманди шодӣ ва хандаҳои шумоаст.
  12. Кӯмак кардан дар анҷоми корҳои манзилро фаромуш накунед ва бидонед ҳамон миқдор, ки шумо дар берун аз манзил хаста мешавед зан ҳам дар манзил аз корҳои хона хаста мешавад ва ниёзманди кӯмаку мусоидат ва қадрдонӣ аст.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.