Мехоҳам бо ту зиндагӣ кунам

179

Оё кантроли зиндагии заношуӣ худро аз даст додаед? Оё дар бораи ин масъала бо худ фикр кардаед, ки барои ҳифзи зиндагиам чӣ кор метавонам анҷом диҳам? Ба шумо мужда медиҳам, ки барои пешгирӣ аз талоқ роҳҳое вуҷуд дорад, ки барои ҳифзи зиндагиятон ба шумо кӯмак мекунад.

Аввалин коре ки бояд анҷом диҳед ин аст, ки ором бошед ва шароити худро арзёбӣ кунед. Дар бораи роҳҳалҳое фикр кунед, ки мумкин аст дар мушкилоти роиҷи зиндагии заношуӣ шумо таъсир доштабошад. Ин масали маъруф, ки мегӯяд “дару тахта бо ҳам месозанд” масали дуруст ва ба ҷост. Замоне ки ҳамсаратон иштибоҳе муртакиб мешавад, шумо ҳам ба ҳамон андоза муқассир ҳастед. Бо ин ки ақида доред ҳамсаратон сабаби эҷоди мушкилот аст, аксул амали шумо низ сабаби дигаре барои ба вуҷуд омадани он масъала аст.

Рафторҳо ва гуфторҳои манфӣ танҳо ба зарари шумо хоҳад буд. Ба манзури пешгирӣ аз талоқ ва ҳифзи зиндагиатон, бояд аз вокуниш нишон додан ба рафторҳои ҳамсаратон бипарҳезед ва даст ба анҷоми иқдомоти зарурие, ки зиндагии шуморо ба ҳолати аввал боз мегардонад, бизанед. Бо вуҷуди ин далоил, интиқод аз рӯи асабонияят ҳам фақат авзоъро бадтар мекунад.

Тағйири бархурд ва рафтор кӯмаки зиёде дар монеъ шудан аз поён ёфтани зиндагии заношуӣ ба шумо мекунад.

Авотиф ва эҳсосоти шумо дар баробари ҳамсаратон мутобиқ бо рафтори шумо бо ӯст ва эҳсосоти ҳамсаратон дар баробари шумо бар асоси рафторе аст, ки ӯ бо шумо дорад. Оё то ба ҳол бо дигарон бо ишқ, меҳрубонӣ ва равишҳои мутааҳҳидона бархурд кардаед? Шумо наметавонед чигунагии тафаккурот ва эҳсосоти ҳамсаратонро кантрол кунед, аммо метавонед бархурдҳои худро нисбат ба ҳамсаратон тағйир диҳед. Ёдатон бошад танҳо касе, ки метавонед бар ӯ кантрол доштабошед, фақат худатон ҳастед.

Аксар ва зиёдӣ, зиндагии заношуӣ ба далели гирифториҳои зан, назири кор, фарзандон ва масъулиятҳои рӯзона дар нигаҳдорӣ хонавода, тозагии худро аз даст медиҳад ва сабаби бе таваҷҷуҳӣ ба равобити заношуӣ мешавад. Вақте робитае ба ин нуқта мерасад, ба роҳати аз ҳамсари худ дилсард мешавед ва иҷоза медаҳед то ҳар чизи пур аҳамияти дигар дар зиндагӣ ҷои ҳамсар ва зиндагии заношуиятонро бигирад. Ҳамчунин, дар зиндагиҳойе, ки ба ин марҳила расида бошад, эҳтимоли ҷудоӣ завҷҳо бештар аст.

Барои ҳамсари худ вақт бигзоред. Биншинед ва дар бораи масъалаҳое, ки иттифоқ афтода ба таври табии суҳбат кунед. Дар бораи он чи аз зиндагии муштаракатон мехоҳед ва ба он ниёз доред ва он чи ақида доред сабаби мушкилот мешаванд, гуфтугу кунед. Гуфтугу кардан, мушоҷира кардан ва муттаҳам кардан нест.

Бештари мушкилот реша дар равобити бад ё набуди иртибот доранд, ба ҳамин сабаб, бештари вақтҳо дар зиндагии муштарак вақте яке суҳбати талоқро ба миён меоварад, тарафи муқобил комилан ғофилгир мешавад ба ҳамон андоза, ки инсонҳо дасхуши тағйир мешаванд, зиндагии заношуӣ низ доиман тағйир мекунад. Ба манзури ҳифзи зиндагии муштаракатон бояд далоиле, ки сабаби расидан ба марҳилаи ҷудоӣ шудаастро ба мавриди арзёбӣ қарор диҳед; мушкил ҳар чи бошад, умед барои ҳифзи зиндагӣ вуҷуд дорад.

Ин раҳнамудҳо дар сурате қодир хоҳанд буд дар оғози масири барои ҳифзи зиндагии заношуӣ ба шумо кумак кунанд, ки худи шумо ҳам барои пешгирӣ аз талоқ мусамам бошед ва шумо дар ин роҳ, ниёз ба тарҳи қобили итминон хоҳед дошт.

Оё барои наҷоти зиндагии заношӯӣ умеде ҳаст? Бо боздид аз ҳар маҳкамае, ки марбут ба талоқ ё издивоҷ аст, суоли боло барои шумо пеш меояд. Вақте дар буҳбуҳаи парешонӣ ва нороҳатӣ қарор мегиред, гоҳе ёфтани як роҳи ҳал, душвор хоҳад буд. Аммо посухи ин суол ин аст, ки “бале, дар бештари маворид барои наҷоти зиндагӣ умедӣ ҳаст”. Бештари мушкилот реша дар равобитаи бад ё набуди иртибот доранд, ба ҳамин далел, вақте яке ҳарфи талоқро ба миён меоварад тарифи дигар ғофилгир мешавад.

Оё тобаҳол ба мушкилоти ҷузъӣ иҷоза додаед, ки он қадр бузург шаванд, ки шумо дар баробари он аксуламали ҷиддӣ нишон даҳед? Ҳатто агар мушкилоти зиндагӣ беш аз ҳад бузург шуда бошанд ҳам ҳануз умеди барои наҷоти зиндагии муштарак вуҷуд дорад, ба шарти он ки барои ҳалли мушкилот аз дигарон кӯмак бигиред.

Кӯмак кунед то зиндагиамро ҳифз кунам:

Агар дарёбед, ки зиндагии заношуиятон дар ҳоли аз даст рафтан аст ва охарин чизе, ки шумо мехоҳед талоқ аст, чӣ кор метавонед анҷом диҳед? Мехоҳам бидонед, ки умеде ҳаст. Бисёре аз зиндагиҳои заношӯӣ, фақат ба хотири ин ки завҷайн мехоҳанд худро мусамамтар аз дигари нишон диҳанд, ба тарзи вахиме ба шикаст меанҷомад ва поён мепазирад.

Ин пурсишҳоро аз худ бипурсед:

Оё робитаи дуруст барқарор мекунед?

Танҳо тасмиме, ки дар миёни масоили зиндагии муштараки шуморо таҳдид мекунад, ҳаргиз наметавонед онро амали кунед, фориғ шудан аз барқарории иртиботӣ таъсир гузор аст; иртиботи на бо муҷодила ва таҳдид, балки бо дуруст гуфтугу кардан. Як иртиботи ҳақиқӣ тақрибан ҳамеша дар зиндагиҳои муштараке, ки ошуфта ҳастанд, аз байн меравад.

Оё ба ҳамсари худ эҳтиром мегузоред?

Ҳамеша байни завҷҳои муваффақ, эҳтироми мутақобил вуҷуд дорад. Рафторҳои пур аз нафрат ва таъбироти кутаҳ назаронаи пуршур, сабаби иҳонат ба ҳамсар ва вайронкардани ишқ мешавад. Шумо наметавонед бе эҳтироми карданҳои худро махфи кунед зеро ин масъала аз суханон ва рафторҳоятон ошкор мешавад. Дар ин замон ҳамсаратон нисбат ба шумо эҳсоси ноумедӣ мекунад ва ҳеҷ коре дуруст пеш намеравад; бидуни эҳтироми мутақобил зиндагии заношӯӣ солиме нахоҳед дошт.

Ба чӣ мизон мутааҳҳид ҳастед?

Кор, дӯстон, саргармиҳо, корҳои хона, хонаводаи густарда, ҳама ва ҳама руйхате аз мавориде аст, ки барои афроди мутааҳҳид аҳаммият дорад. Дар боло ва раъси ин руйхат бояд зиндагии заношуӣ шумо қарор бигирад. Диққат кунед, ки иҷоза надаҳед касе ё чизи дигаре қабл аз зиндагии заношуятон биёяд.

Аз мушкилот дури накуенд:

Ҳар чи бештар аз мушкилот дури кунед, зиндагии заношуиятон беш аз пеш осеб хоҳад дид. Зиндагиҳои муштараке, ки дар нуқтаи шикаст қарор доранд, ҳамин ҳоло ба як тарҳи амалиётӣ ниёз доранд.

Ба манзури ҳифзи зиндагӣ, шумо ба тарҳе ниёз доред, ки иҷозаи дарки мушкилот ва тамаркуз ба бозёбии ишқу тааҳҳудеро, ки собиқ бар ин ҷузъи аз зиндагии муштараки шумо буда, бидиҳад.

Бисёре аз зиндагиҳои заношуӣ, фақат ба хотири ин ки завҷайн мехоҳанд худро мусамамтар аз дигари нишон диҳанд, ба тарзи вахиме ба шикаст меанҷомад ва поён мепазирад.

Биёмӯзед чигуна тарҳи исбот шударо ба феъл дар биёваред ва барои наҷоти зиндагии муштараки худ бори дигар ба ҳамсаратон бипайвандед; шумо, ҳамсаратон ва зиндагии муштаракатон шойистагии онро доред.

Тибқи оморҳо, ними аз издивоҷҳо дар 7 соли аввали зиндагии муштарак поён мепазирад; ин бадин маъност, ки ними аз онҳо ба зиндагӣ идома медиҳанд. Оё зиндагии шумо ҳам тадовум хоҳад дошт?

Ӯ талоқ мехоҳад аммо ман не:

Ҳамсаратон ба шумо гуфтааст, ки мехоҳад аз шумо ҷудо шавад ва ин шуморо дучори сардаргумӣ кардааст. Шумо хоҳони талоқ нестед вале намедонед чӣ иқдоме кунед. Дар дил эҳсоси дарду ранҷи зиёде доред, наметавонед чизе бихуред ва наметавонед бихобед; ҳақиқат ин аст, ки шумо ошкоро аз анҷоми ҳар коре нотавон мешавед.

Дар дараҷаи аввал, талош кунед оромиши худро ҳифз кунед ва шароити оддиро ба зиндагии худ боз гардонед. Шумо ба қарор гирифтан дар як вазияти фикрии муносиб, ба манзури наҷоти зиндагиатон аз талоқ, ниёзмандед. Дар дараҷаи дуввум, набояд таслим шавед.

Агар то ба ҳол ишқе дар зиндагии муштаракатон вуҷуд дошта, ин арзиши ҷангиданро дорад. Барои пайдо кардани роҳе барои ҳифзи зиндагӣ, масири ҳамворе дар пеши рӯ надорем, аммо ҳар талоши бо нуфуз дар дароз муддат мутмаиннан шойистаи зиндагии заношуӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.