Ноҳамоҳангӣ дар хостаҳои ҷинсӣ

125

Китобҳои осмонӣ дар мавриди ғаризаи ҷинсӣ чӣ мегӯяд?

Мо дар бисёре аз китобҳо ин тавр мехонем, ки: “Дар замони ғалабаи эҳсосоти ҷинсӣ, ризояти тарафайн муҳимтарин шарти лозим мебошад; ҳеҷгоҳ аз рӯи ҳавас ба касе наздик нашавед, замоне ки чунин ҳолате ба шумо даст дод, ба даргоҳи Худованд боз гардед ва дуо кунед, то мабодо шайтон аз набуди иззати нафс дар шумо истифода кунад ва шуморо ба гуноҳ бикашонад.”

Ба назар мерасад, ки хостаҳои ҷинсӣ дар инсон он қадар зиёд аст, ки паёмбарон ҳамвора мефармуданд: “Замоне ки бо ҳамсари худ робитаи ҷинсии зиёде бар қарор намекунед, бояд бисёр дуо кунед ва худро ба даргоҳи Худованд наздик намоед чароки дар ин ҳолат шаҳавоти ҷинсӣ дар шумо афзоиш пайдо карда ва дар муқобили васвасаҳо осеб пазир хоҳед шуд.”

Бадеҳи аст, ки афроди мухталиф, хостаҳои ҷинсии мутафовите доранд. Гоҳе вақтҳо тамоюли як хонум мумкин аст, хеле камтар аз ҳамсараш бошад. Албатта мардҳое ҳам вуҷуд доранд, ки хостаҳои ҷинсияшон бисёр камтар аз хонумашон аст. Камбуди ин майл сабабҳои мутафовите дорад, ки аз ҷумлаи он метавон ба: тағзияи номуносиб, камбуди хоб, изтироби ҷинсӣ, зарбаҳои отифии гузашта ва мушкилоти муваққате ишора кард. Иллати ин амр ҳар чи ки бошад, но ҳамоҳангӣ дар хостаҳои ҷинсӣ маъмулан нороҳатиҳои бисёреро барои завҷайн ба вижа касе ки дорои майли қавитаре аст, иҷод мекунед.

Мо набояд нисбат ба тамоюлоти ҳамсари худ бе таваҷҷуҳӣ кунем. Хастагӣ, машғулият ва бе алоқагӣ набояд дар чунин масоиле дахолат дошта бошанд ва монанди садде монеи бароварда шудани тамоюлоти ғаризии тарафи муқобил шавад. Ба алова, ин кор ҳеҷгоҳ дуруст нест, ки барои муҷозот кардан ва гушмоли додани ҳамсари худ ӯро аз барқарории робитаи ҷинсӣ маҳрум кунед. Ин амр танҳо ба унвони навъе аъмоли зур ва иҷбор ба шумор меравад. Зану шавҳарҳое, ки якдигарро дӯст медоранд ва пайравӣ роҳнамоиҳои Худованд ҳастанд ба ҳеҷ ваҷҳ набояд муртакиби чунин иштибоҳоте шаванд.

Майли ҷинсӣ дар инсон

Кантуроли амёли ҷинсӣ дар инсон ба уҳдаи ҳамон бахши аз мағз мебошад, ки масъули кантуроли гуруснагӣ дар бадан аст. Майли ҷинсӣ ва ҳамхобагӣ ҳам дар мардон ва ҳам дар хонумҳо як ниёзи доимӣ ва такрор шаванда мебошад. Баҳона овардан барои мувоҷиҳа нашудан бо ин эҳсос ва ё ҳар навъ ниёзи дигаре ки бадан муҳтоҷи он аст, сабаби бурузи садамоти отифии ҷуброн нопазире дар фард мешавад. Яке аз иддааҳои ҳамешагии мо дар мавриди хонавода ин аст, ки барои онҳо тавзеҳ даҳем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дар муқобили хостаҳои ҷинсии ҳамсари худ баҳона тарошӣ кунанд ва ба навъе аз зери он шона холи кунанд. Анҷоми ин кор ба ҳамсаратон собит мекунад, ки шумо фарди роҳат талабе ҳастед ва анҷоми умури дигар бароятон аз ӯ муҳимтар ва бо арзиштар ҳастанд.

Бо садоқати тамом бояд изҳор кунам, ки ин нокомии ҷинсӣ дар мардон беш аз хонумҳо дида мешавад. Ҳамсарони ин афрод, он қадр хаста ва машғул ҳастанд ва ё ин ки ҳеҷ алоқае ба бароварда кардани ниёзҳои шавҳарони худ надоранд. Барои равшан шудани мушкили фарде, ки нисбати ба ӯ дар зиндагии заношуӣ бетаваҷҷӯҳӣ мешавад маъмулан аз тарафи равон дармонгарҳо, як мисоли машҳур дар мавриди як пиёла об баён мешавад, ки ба шарҳи зер мебошад.

Тасаввур кунед, ки ташна ҳастед (онқадр, ки аз шиддати ташнагӣ дар ҳоли ҳалок шудан мебошед) ва ҳамсаратон як пиёлаи пур аз оби хунак дар даст дорад. Шумо аз ӯ тақозои об мекунед ва ҳамсаратон дар ҷавоб мегуяд: “Ман хеле хаста ҳастам, ки пиёларо ба ту бидиҳам “ ё”  чун хонаро тамиз накардаи ба ту намедиҳам “ё” ман майли ба анҷоми ин кор надорам”

Оё ин гуфтаҳо сабаб мешавад, ки ташнагии шумо бар тараф шавад? Оё ин кор сабаб мешавад, ки ниёзи шумо бартараф шавад? Оё ин баҳонаҳо ташнагии шуморо фурукаш карда ва шуморо розӣ менамояд? Ин баҳонаҳо сабаб мешавад, ки шумо эҳсоси хуб ваё баде нисбат ба ҳамсари худ пайдо кунед? Ба тавре ҳатм шумо бо шанидани чунин ҳарфҳое дилшикаста ва озурда хотир хоҳед шуд ва ба ин натиҷа мерасед, ки ҳамсаратон воқеан бе раҳм буда ва барои ниёзҳои ҳақиқии шумо ҳеҷ гуна арзише қоил намешаванд.

Ҳамонтавре ки дидед чи хушатон биёяд чи наёяд, баҳона тарошӣ дар муқобили ниёзи ҳамсар ба ин маъност, ки: “Ман медонам, ки ин ниёзро дори аммо дар иштибоҳ ҳастӣ.”

Мо бояд ҳамеша ин аслро ба хотир дошта бошем: Ҳеҷ зан ваё шавҳаре ҳақ надорад, ки ташхиш диҳад, чи чиз барои ҳамсараш лозим ҳаст ё нест.

Яке дигар аз паёмадҳои ниёзҳои бе посух монда, ки дар мардҳо шойеъ мебошад, ранҷишу танаффур аст. Онҳо тасаввур мекунанд, ки хонумҳояшон ҳеҷ эҳсосе нисбат ба онҳо надоранд ва тамоми равобити ҷинсие, ки дар гузашта вуҷуд дошта дар натиҷа илтимос карданҳо ва анҷом додани корҳои мавриди алоқаи хонум будааст. Бисёре аз мардҳо дучори зарбаҳои амиқи эҳсосӣ мешаванд, чаро ки тасавур мекунанд ҳамсаронашон монанди ҳайвон бо онҳо рафтор мекунанд ва ба назар мерасад, ки аз доштани ҳамхобагӣ бо онҳо лаззат намебаранд. Бисёре аз хонумҳо иртиботи муносибе бо ниёзҳои ҳамсари худ барқарор намекунанд ва онҳоро ба ризояти комил намерасонанд.

Иддаи зиёде аз мутахассисини хонавода дар конфуронсҳо ва семинерҳои худ ба аломати эътироз ба мардҳо, онҳоро асоси бисёре аз ҷукҳои хонаводагӣ қарор медиҳанд. Албатта ман муътақид ба қазовати яктарафа нестам. Мардҳо ҳам дар бархе маворид дучори нуқсон ва камбудҳое дар барқарории робитаи ҷинсӣ мебошанд. Ба унвони мисол бисёре аз хонумҳо ҳастанд, ки аз доштани ҳамхобагӣ бо ҳамсари худ лаззат мебаранд, албатта дар сурате ки мард равишҳои муносибтареро ба кор гирад, сабри худро зиёд кунад ва огоҳӣ ва иттилооти худро дар ин замина афзоиш диҳад. Аммо ба назар мерасад, ки дар заминаи ирзои ҷинсӣ, бисёре аз хонумҳо мутаваҷҷеҳ нестанд, ки ин ниёзи табиӣ ва умқӣ танҳо ба василаи чанд баҳонаи баччагона фурӯкаш нахоҳад шуд. Кутоҳӣ ва камкорӣ аз тарафи хонум дар ин замина, мардро бар сари як дуроҳии душвор қарор медиҳад: зиндагӣ дар фалокат ва маҳрум мондан ваё ҷустуҷӯи ризоят дар ҷои дигар; ки мутаассифона роҳи ҳалли дуввум яке аз роиҷтарин роҳкорҳои ҳалли мушкил мебошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.