Иртиботи хонаводагӣ ва таъсири он бар беҳдошти равон

331

Иртибот ва иҷрои он

Дар фароянди як иртибот, ҳадди ақал чаҳор унсур дахолат дорад, ки иборатанд аз:

  1. 1.      Паём диҳанда
  2. 2.      Паём гиранда
  3. 3.      Паём
  4. 4.      Василаи интиқоли паём

Паём диҳанда

Касе ки паёмро ба сурати каломӣ ё ғайри каломӣ (имо ва ишора) ба дигари интиқол медиҳад. Гирандаи паём, касе аст, ки паёмро ё ба сурати шанидорӣ ё ба сурати ишораӣ дарёфт мекунад.

Паём

Муҳтавое аст, ки ба василаи паёмдиҳанда ирсол ва ба василаи паём гиранда дарёфт мешавад. Василаи интиқоли паём, калом ё имо ва ишорааст.

Бино бар ақидаи Ойзрер се омил дар эҷоди иртибот вуҷуд дорад: фиристандаи паём, ки бояд паёмеро бифиристад, паёме ки ба сурати каломӣ ё ғайри каломӣ аз ҷониби фиристанда ирсол мегардад ва гирандаи паём, ки паёми фиристанда шударо дарёфт мекунад ва мавриди таҷзия ва таҳлил қарор медиҳад.

Аъзои як хонавода, иртиботи худро бо якдигар ба ду шеваи каломӣ (VERBAL) ва ғайри каломӣ (NONVERBAL) барқарор мекунанд. Дар ҷараёни истифода аз ин ду шевааст, ки ба таври мустақим ё ғайри мустақим бахши умдае аз ихтилолот, омӯзиш ва интиқол дода мешаванд ва сабаби таназзули сатҳи саломати равон мегардад. Порае аз ин ихтилолот натиҷаи мустақими истифода аз абзорҳои иртиботии махдуш ва пораи дигар, аворизи ғайри мустақими ин гуна иртиботанд. Бино барин ҳадафи умдаи ин баҳс, баррасии абъоди мухталифи осеб шиносии иртиботи каломӣ ва ғайри каломӣ байни аъзои хонаводааст.

Паём ва анвои он

Паём ба ду сурат каломӣ ва ғайри каломӣ баён мешавад. Паёми каломӣ, паёме аст, ки бо гӯш шанида мешавад ва дар баёни он дастури забон риоят мегардад. Маҳдудияти ин навъ паём дар он аст, ки бархе эҳсосот ва авотифи инсон ба сароҳат дар қолиби каламот қобили баён нестанд. Дар паёми ғайри каломӣ, гуфтае вуҷуд надорад ва паёми бештар аз тариқи имо ва ишораҳо ва ҳолот, мубодила мешавад.

Паёми каломӣ метавонад ба шаклҳои мухталиф махдуш бошад: масалан, ҳамроҳ бо садои ларзон бошад, бо лукнати забон ҳамроҳ бошад, хеле буланд ё хеле ором бошад, сареъ ё хеле шумурда бошад, ё ҳамроҳ бо каламоти хашин, тунд, зананда ва истилоҳоти номаъқул бошад. Ҳамчнин каломи паёмдиҳанда метавонад асари номуносиб дошта бошад ё аслан асар ва нуфузи чандоне надошта бошад. Ба ҳамин тартиб паёмҳои ғайри каломӣ низ метавонанд ба ашкли мухталиф махдуш бошад ва муҳтавои паёмро осебзо намояд.

Масалан ҳаракоти сар дар ҳангоми ирсоли паём номуносиб бошад, чеҳраи фарди ғамгин ва гирифта бошад, нигоҳҳо ранҷовар бошад, нигоҳ ба мавқеъ ва дуруст набошад, ҳангоми гуфтугу аслан иртиботи чашми бар қарор нашавад, аз ҳаракатҳои даст ба таври номуносибе зиёд истифода шавад ё фосилаи фарди паёмдиҳанда бо гирандаи паём, маъқулу муносиб набошад.

Аз он ҷо, ки гиранди паём, инсоне бо хусусиёти фарди вижа, эҳсосот, идрокот ва тавақуоти хосси худ аст, навъи паём ва наҳваи ирсоли онро мавриди таҷзия ва таҳлил қарор медиҳад ва истинботҳо ва натиҷа гириҳое мекунад, ки метавонад бар фароянди рушд, худ пиндора (Self-concept, яне тасаввури ҳар кас аз худ), иззати нафс ва эътимод ба нафси ӯ таъсир гузор бошад. Бино бар ақидаи Ойзрер, гирандаи паём, паёми ирсол шударо бо таваҷҷуҳ ба хусусиёти фардӣ, эҳсосот, идрокот, таваққуот, ангезаҳо ва заминаҳои қаблӣ таҷзия ва таҳлил мекунад ва ба истинтоҷи он мепардозад; лизо гоҳе вақтҳо бар асари авомили боло, бардошти гиранда аз паёми дарёфт шуда, бо ҳадафи фиристанда мутафовит аст.

Ба ин тартиб паёмҳое, ки дар бардоранди тавҳин, таҳқир, тавбех, сарзаниш ва илқо кунандаи нуқоти заъф ва нотавониянд, дар фард эҷоди худ пиндории манфӣ, иззати нафс ва эътимод ба нафси поин мекунанд.

Ба унвони мисол: вақте ки падаре хитоб ба фарзандаш мегӯяд:

“Ту ҳеҷ вақт кореро дуруст анҷом намедаҳӣ”, ин паём ҳовии нотавонии фарзанд барои ҳамеша ва дар ҳамаи умур аст. Таҷзия ва таҳлили ин паём тавассути фарзанд метавонад мунтаҳи ба ин натиҷа гири шавад, ки “ман одами нотавон ва нолоиқе ҳастам ва ҳеҷ вақт наметавонам як корро дуруст ва комил анҷом диҳам”. Таъсири ин паём дар дароз муддат метавонад эҷоди тасвири манфӣ аз кӯдак барои худаш, худ арзёбии пойин ва нотавонӣ дар анҷоми умур, дар мавқеиятҳои хос бошад. Ҳамин паём мумкин аст, бидуни истифода аз забон ва калом, ва сирфан бо ҳаракоти сар ва сурат ва чеҳраи падар ирсол шавад.

Ҳангоме ки як зан дар мувоҷиҳа бо заъф ё кам кории шавҳар дар як маврид, чеҳраашро дар ҳам мекашад ва бо такон додани сар мегӯяд: “ ба ту ҳам мегӯянд мард?!” ба гунаи илқооти болоро дар бар дорад. Намунаи ин гуна паёмҳо метавонад дар се дастаи иртибототи даруни хонаводагӣ ба таври мукаррар ирсол ва дарёфт шаванд. Иртибототи дарун хонаводагӣ маъмулан шомили иртиботи волидайн бо якдигар, волидайн бо фарзандон ва фарзандон бо якдигар аст, ки ҳар як аз меҳварҳои махдуши боло дар наҳваи ирсоли паём метавонад осебзо гардад ва алова бар таъсироти фардӣ ва шахсиятӣ, равобити отифии низоми даруни хонавода ва байни аъзоро мухтал намояд. Ин ошуфтагии иртибот гоҳе чунон домана дор ва густарда ва дароз муддат мешавад, ки ё ба таври кулли иртибот байни баъзе аз аъзоро қатъ мекунад (масалан зану шавҳар солҳо бо якдигар зиндагӣ мекунанд вале дар ҳақиқат навъи талоқи равонӣ байни онҳо ҳоким аст).

Ё агар иртиботе ҳам вуҷуд дошта бошад, ҳамроҳ бо маломат, сарзаниш, таҳқир ва ҳарфҳои тавҳин омез ва нешдор аст.

Бино бар ақидаи “Стир” дар тамоми хонаводаҳои ошуфта: арзиши худ (иззати нафс) пойин аст, иртиботи ғайри мустақим, мубҳам ва нодуруст аст. Қавоид (низоми хонаводагӣ ва шеваҳое, ки барои баёни эҳсосот ва аъмол ба кор меравад) хушку бе рӯҳ ва носозгор ва якнавохтанд ва пайванд бо иҷтимоъ бар асоси тарс ва ором кардани хашм ва сарзаниш аст. Дар ҳоле, ки дар хонаводаҳои сар зинда ва боланда:

Сатҳи арзиши худ болост. Иртибот, мустақиму возеҳ, сареҳу самимонааст. Қавоиди қобили инъитоф, инсонӣ, муқтази ва дастхуши тағйир аст ва пайванд бо иҷтимоъ низ бозу ва умед бахш аст.

Иртиботи каломӣ ба эътибори метавонад ба се шакли зер бошад:

  1. 1.      Каломи мустақим, расо ва қобили фаҳм
  2. 2.      Каломи ғайри мустақим, норасо ва печида
  3. 3.      Каломи дуруғ

Ҳар чи ғайри мустақимтар, норасотар, печидатар ва омехта бо дуруғ бошад, дарки он мушкилтар ва мизони осеб зойи он бештар аст. Мушкили дигаре, ки дар иртиботи каломӣ байни аъзои хонавода метавонад равобити дурустро мухтал намояд, истифода аз воситаҳо ё миёнҷиҳо дар барқарории иртибот аст. Ин воситаҳо иборатанд аз:

А) Афроди дигар (масалан падар ба ҷои гуфтугуи мустақим бо ҳамсараш, ба фарзанди худ мегӯяд: “ ба модарат бигу ки…”)

Б) Истифода аз паёмгир ва забтисут

В) Истифода аз кинояҳо, истиораҳо ва зарбул масалҳо (масалан шавҳар ба ҷои истифода аз номи ҳамсар, аз номи фарзанд ё бародари ҳамсар барои садо кардани ӯ истифода мекунад)

Мавонеъ ё илали истифода набурдан аз забони расо, мустақим ва қобили фаҳм иборатанд аз:

1)      Одат накардан (ёдгирии ғалат)

2)      Боварҳои ғалат

3)      Такаббур ва ғурур

4)      Тарс

5)      Шарм, ҳуҷб ва ҳаёи номаъқул

Ҳар як аз иллатҳои ёдшуда агар монеи истифодаи дуруст аз забон дар иртибот шавад, фароянди робитаро дучори мушкил мекунад ва сабаби ба вуҷуд омадани ихтилол мегардад.

Ёд гириҳои ғалат дар истифода аз иртиботи забонӣ ё одат накардан ба иртиботи забонии муносиб яке аз иллатҳои аслӣ дар махдуш шудани иртиботи каломӣ аст, ки  одат накардан ба истифодаи муносиб аз он, ҳадди ақал осибе ки ворид мекунад, маҳдуд кардани равобити отифии гарму созанда байни аъзои хонаводааст.

Гоҳе боварҳои ғалати фарҳангӣ монеи корбурди забони иртиботии муносиб аст, боварҳои монанди: “зан залил шудан, мард залил шудан, сӯи истифода кардан, ҳариф шудан, худро гум кардан ва…”. Гоҳе такаббур ва ғурур сабаб мешавад аъзои хонавода дар иртиботи каломии худ аз ба кор бурдани калимоти самимона ва омехта ба унсури отифӣ худдори намоянд.

Тарс аз танбеҳ ё таҳқир шудан, махсусан дар иртиботи каломии фарзандон бо волидайн, яке аз сабабҳои суҳбат накардан ё баён накардани мушкилот ё хостаҳо дар равобит аст, ки ин амр гоҳе иллати аслии дуруғ гуфтан низ мебошад. Яке дигар аз сабабҳои истифода накардан аз забони муносиб дар иртиботи каломӣ, шарму ҳуҷби нобаҷост, ки ин амр низ, ҳам корбурди калимот ва ҷумалоти отифии самимонаро монеъ мешавд ва ҳам дар баёни бисёре аз хостаҳо ва ниёзҳо эҷоди сад мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.