Нақши имон дар зиндагӣ

То ҳоло пажӯҳишҳои бисёре дар хусуси иртибот миёни имон ва ризоят аз зиндагӣ анҷом шуда аст

123

То ҳоло пажӯҳишҳои бисёре дар хусуси иртибот миёни имон ва ризоят аз зиндагӣ анҷом шуда аст. Натиҷаи ин пажӯҳишҳо дар кишварҳои мухталиф ва ҳатто дар кишварҳои ғарбӣ, нишондиҳандаи ин аст, ки байни боло будани имон, ризоят аз зиндагӣ, иртиботи мустақим вуҷуд дорад. Зиндагии ҳар инсоне мутаносиб бо вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ӯ ҳамроҳ бо мушкилоте аст. Яке аз нақшҳое, ки имон ва эътиқод дар масири зиндагӣ дорад, таъсири он дар ҳифз ва афзойиши саломати равонӣ аст. Бо як таърифи куллӣ, афроде дорои саломати равонӣ ҳастанд, ки ҳаддиақал ду вижаги дошта бошанд.

1-    Аз зиндагии худ рози бошанд.

2-    Дигарон аз рафтор ва андешаи онҳо эҳсоси ризоят кунанд.

Ҳамчунин саломати равонӣ лозим аст, ки ҳаддиақал дар се замина дида шавад.

1-    Шуғли афрод.

2-    Иртиботи иҷтимоӣ.

3-    Иртибот бо хонавода.

     Бо таваҷҷӯҳ ба нуктаҳое, ки дар хусуси саломати равонӣ зикр шуд, лозим аст изофа шавад, ки имон бо таваҷҷӯҳ ба таъсироти гуногун ва зиёде ки бар зеҳни инсон дорад, метавонад сабаби бавуҷуд омадани ин сифатҳо шавад: сабурӣ, эҳтиром ба дигарон, ҳадафмандӣ, парҳез аз хушунат, ҳимоят аз ҳамсар ва фарзандон, парҳез аз бадгӯӣ ва ғайбат, виҷдонкорӣ, масъулиятпазирӣ, умед ба оянда ва пешгири аз афсурдагӣ, шак ва тардид.

Муҳимтарин иллати аҳмияти имон, ин аст, ки шахси боимон ҳамеша парвардигорро кумакрасони худ медонад. Парвардигоре, ки қудратмандтарин, меҳрубонтарин ва бахшандатарин пуштувона аст. Касоне ки чунин эҳсосе доранд, ҳеҷгоҳ худро дар сахтӣ намебинанд. Онҳо ҳамеша умедворанд ва ин сабаби оромиши онҳост. Инсонҳои боимон, наздикшудани худ ба Худоро машрут ба риояти  ахлоқиёт ва ҳифзи ҳуқуқи дигарон медонанд ва эътиқод доранд, ки барои расидан ба мақсад бояд андешид, барномарези кард ва талош намуд. Инсонҳое ки чунин вижагиҳое доранд, ҳамеша маҳбуби дигарон ҳастанд, ҷамъи ҳамаи ин шароит, тавон ва эътимодбанафсии воқии ба инсонҳои боимон медиҳад, ки битавонанд дар рӯбарӯ шудан бо мушкилоти зиндагӣ бо мувафақият амал кунанд. Имон ва эътиқод, бузургтарин сармояе аст, ки Худованд ба бандагони худ додааст, пас талош кунем ин сармояи пур арзишро нигаҳ дорем ва онро зиёд кунем. Барои расидан ба ин ҳадаф, ҳатман ба нуктаҳои зер амал кунед:

1-    Бо риояти ҳуқуқи дигарон, худро ба парвардигор наздик кунед.

2-    Ҳадафманд бошед ва барои расидан ба он, аз барномарези ва талош ғофил нашавед. Мутмаин бошед, Худованд беҳтарин ҳимояткунандаи шумо хоҳад буд.

3-    Ҳамеша аз Худованд кумак бихоҳед. Ӯ қавитарин ва огоҳтарин дӯсти шумост.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.