Хурдани ҷирғот бо ин хурокиҳо мамнуъ

167

Маводди ғизоӣ нақши бисёр муҳимме дар ибтило ваё мумониат аз ибтило ба бемори доранд ва ба ҳамин далел донишмандон тавсия мекунанд, ки афрод дар режими ғизоии худ диққати фаровоне намоянд.

Донишмандон ба тозагӣ мутаваҷҷеҳ шудаанд афроде, ки ҳар рӯз дар режими ғизоии худ ҷирғотро қарор медиҳанд то як чаҳорум аз ибтило ба бемории  “диёбети навъи ду” дар амон мемонанд.

Гуфтани аст, бар асоси таҳқиқоти сурат гирифта бар рӯи режими ғизоӣ рӯзона беш аз 2442 довталаб, донишмандон пай бурдаанд афроде, ки ҳар рӯз ҷирғот масраф кардаанд бо дар садди камтаре дар тули умри худ ба диёбети навъи ду мубтало шудаанд.

Баррасиҳо нишон медиҳад, ҷирғот ба далели вуҷуди боктериҳои мухталифе ки дар худ дорад, метавонад сабаби танзими тарашшуҳи ансулин дар бадан ва дар натиҷа пешгири аз ибтило ба диёбет дар бадан шавад.

Донишмандон дар айни ҳол тавсия мукунанд афрод аз ҷирғот ба сурати табиӣ ва на бо афзуданиҳои монанди анвои меваҳо, шакар ваё чипс истифода кунанд, зеро ин мавод дорои мақодири фаровони шакар ва нишоста дар таркиби худ ҳастанд, ки сабаби бе асар шудани хосияти ҷирғот мешавад.

Пизишкон масрафи ҷирғотро аз боқии маҳсулоти лабанӣ монанди маска, шир, қаймоқ ва панир барои муқобила бо диёбет муассиртар донистаанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.