6- Нукта барои шодобтар ва ҷавонтар шудан

291

الا بذکر الله تطمئن القلوب

Шумоҳам эҳтимолан шунидаед, ки баъзе аз ғизоҳо сабаб мешаванд, шумо ҷавонтар ба назар ойед.
Баназари манҳам ин ғизоҳо таъсир доранд. Махсусан агар ҳамроҳ бо дигар равишҳои дурусти зиндагӣ кардан бошанд.
Дар зер матлабҳоеро, ки сабаби бавуҷуд омадани як эҳсоси хуб ва дилпазир дар шумо мешавад ва роҳнамоиҳоеро барои мубориза бо пирӣ бароятон овардаам.
1- Ба андозаи кофи бихобед.
Камхобӣ зарарҳои зиёде дорад, яке аз зарарҳои камхоби пирӣ аст. Илова бар ин камхобӣ бар рӯи кантроли вазн низ таъсир дорад. Нигарониҳо мумкин аст ниёз ба хобиданро зиёд кунад.
Мутолиот нишон медиҳад, ки камхобӣ метавонад мизони ҳурмуни гуруснагӣ (яъне ghrelin)-ро дар бадан тағир диҳад ва дар натиҷа майл ба хурдани маводи ғизойии ширин, дар фард бисёр боло меравад.
Таҳқиқот нишондиҳандаи ин ҳастанд, ки хоби шабона камтар аз 7 соат, барои бештари афрод кофи нест. Аммо дар ниҳоят ин шумо ҳастед, ки медонед, ки чи миқдор хоб барои бадан ва шаройити шумо кофи аст.
2- Ба миқдори кофи об бинушед.
Бо инки бештари вақтҳо, нушидани оби меваи санъатӣ, нушоба ва дигар нушиданиҳои пурколрӣ васвасабарангез аст, аммо ин нушиданиҳо, на танҳо колри зиёде доранд, балки сабаби “кам обии бадан” низ мешаванд, ки ин кор сабаб мешавад пусти шумо хаста баназар ояд.
Илова бар ин, назари муҳаққиқон бар ин аст, ки аз ҳарсе мартабае, ки фикр мекунед гурусна ҳастед, ду мартабаи он шумо ташна ҳастед. Пас нушидани об ба миқдори кофӣ кумак мекунад, то шумо хароб шавед.
Миқдори ниёз ба мойеот, дар афрод гуногун аст, аммо ба таври кулли 1500 то 2000 милилитр дар рӯз, миёнгини миқдори масрафи мойиоте аст, ки тавсия шуда аст.
Вақте бадани як фард комилан сероб аст, идрораш шаффоф мешавад.
3- Бо стирес ва нигаронӣ мубориза кунед.
Варзиш ба сухти колри дар бадан ва муқобила бо истерес бисёр кумак мекунад. Аммо агар шумо ба ҳар сабабе асабӣ ва нигарон ҳастед, мумкин аст фақат бо анҷоми як фаолияти баданӣ мисли бадансозӣ, натавонем ором шавем. Пас ба дунболи дигар роҳҳои мубориза бо истерес низ бошед.
4- Нафаси амиқ бикашед.
Хеле аз афрод намедонанд, ки бо танаффуси амиқ метавон нишот ва шодмониро бадаст овард.
Ҳақиқат ин аст, ки бисёре аз мардум руяки нафас мекашанд, онҳам дар ҳисори қафасаи синаашон, дар сурате ки як танаффуси амиқ бояд аз аъмоқи рияҳо ва бо истифода аз диёфирогам (пардаи бинӣ) анҷом шавад. Ингуна танаффус барои пешгири аз изтироб бисёр судманд аст.
5. Моҳии чарб бихуред.
Моҳиҳои чарб, монанди қазилоло, дорои миқдори зиёде асидҳои чарбомго 3 ҳастанд, ки на танҳо барои саломатии пуст ва дастгоҳи қалби – уруқӣ фоида доранд, балки ба ҳамон андоза барои миқдори камшудани истирес низ фоида дорад. Баъзе аз мутахассисон супориш кардаанд, ки масрафи рӯзонаи моҳии чарб метавонад, сабаби таъхир ва ҳатто рафъи ниёз ба ҷарроҳии пилостик шавад.
6. Тафаккури мусбат дошта бошед
Мегӯянд мо ҳамон чизе ҳастем, ки фикр мекунем.
Омори қатъи вуҷуд дорад, ки ба таври миёна ҳудуди 60/000 матлаб (фикр) дар рӯз, ба суроғи афрод меоянд (албатта хеле аз инҳо, фикрҳое аст, ки мо рӯзҳо ва ҳатто солҳо гирифтори он ҳастем.)
Ҳол агар хеле аз ин фикрҳо ва андешаҳо манфӣ бошанд, на танҳо бо эҷоди естерес, рӯи бадани мо таъсири бад мегузоранд, балки сабаб мешаванд, дар рӯйи мо низ хатҳои нигаронӣ пайдо шавад. Илова бар ин, таҳқиқот нишон дода аст, ки тафаккури мусбат, илова бар хандаи рӯзона сабаб мешавад, ки миқдори андурфин (моддаи шимиёи, ки сабаби бавуҷуд омадани эҳсоси хуб дар бадан мешавад), низ дар бадан боло биравад, ки ин кор сабаб мешавад, шумо ҷавонтар баназар ойед.
Тафаккури мусбат сабаб мешавад, ки афроди бештаре ба тарафи шумо ҷазб шаванд, зеро ҳаркасе дӯст дорад назди фарде бошад, ки хушҳол ва шодоб аст.
Талқин бисёр таъсир дорад. Албатта хеле сахт аст, ки дар шаройити сахт ва душвор, лабханд бизанед, аммо таҳаммул кунед ва ин корро идома диҳед, он вақт мебинед, ки чӣ мешавад.
Илоба бар ин худатон ҳам бо одамҳои мусбат ва хушахлоқ рафтуомад кунед ва ба суроғи онҳо биравед. Инро аз ёд набароред, ки эҳсосот ва ахоқ, қобили интиқол (гузаштан) ҳастанд.
Бо амал ба ин чизҳои гуфташуда, шодобтар ва ҷавонтар ба назар мерасед. Ба шумо табрик мегӯям!.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.