Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Издивоҷ бидуни огоҳии ҷинсӣ

1

Робитаи ҷинсии зану шавҳар, як меъёрсанҷ аст. Ин иртибот мазҳари зиндагии онҳост. Дар бораи робитаи ҷинсӣ дар зиндагии заношӯӣ, матолиби зиёде навишта шуда аст ва дар бораи он зиёд сӯҳбат шуда аст, аммо ба назар мерасад, ки омӯзиши дурусте дар ин замина ба завҷайн дода нашуда аст. Ин робита дар айни ин ки бахши каме аз зиндагии заношӯиро дар бар мегирад, аммо бахши муҳимме аз зиндагии заношӯиро таҳтушшуоъ қарор медиҳад, ки дар мавриди он бадфаҳмиҳои зиёде пеш омадааст. Миқдори зиёде аз ин мушкил, аз тафовутҳои зиёде реша гирифтааст, ки дар ин замина миёни зану мард вуҷуд дорад ва завҷайн бояд биёмӯзанд, ки ин тафовутҳоро шинохта ва ба ин тафовутҳо эҳтиром бигузоранд.

Издивоҷ бидуни огоҳии ҷинсӣ

Мутаассифона ғолиби мардону занон бидуни омодагии лозим дар ин замина, вориди зиндагии муштарак мешаванд. Албатта мардон эҳсос мекунанд, ки омодагии зиёде доранд, аммо омода будан барои иртиботи ҷинсӣ ва омода будан барои муҳаббату ишқварзӣ ду мавзӯи мутафовит аст. Зеро мардон ба роҳатӣ метавонанд таҷрубаи як робитаи заношӯии муваффақиятомезро таҷруба кунанд, дар ҳоле ки акси ин мавзӯъ барои занон содиқ аст. Мардон ғолибан бо ин фарз, ки маълумоти зиёде дар мавриди робитаи заношӯӣ доранд, вориди зиндагии муштарак мешаванд. Мардон дӯст надоранд дар мавриди хостаҳои худ дар робитаи заношӯӣ сӯҳбат кунанд, эҳсоси нороҳатӣ мекунанд ва бинобар ин ҳаргиз ҳамсарашонро аз ин мавзӯъ огоҳ намекунанд. Баъзе занон барқарории робитаи ҷинсиро ба унвони вазифа дар назар мегиранд ва дар натиҷа ин иртиботро таҷрубаи нохушоянд меёбанд. Зеро маълумоти саҳеҳе аз ниёзҳо ва масоили марбут ба ҷинсияташон надоранд ва наметавонанд ба ҳамсарашон кӯмак кунанд, то ба созгории ҷинсӣ бирасанд. Иллати аслии носозгории ҷинсии завҷайн, огоҳ набудани онон ва нодида гирифтани ниёзҳояшон аст.

Аз тарафи дигар, мардоне ҳастанд, ки дар издивоҷ ҳеҷ иртиботи ҷинсӣ надоранд ва ё иртиботашон бисёр кам аст. Ин мушкил бештар дар мардоне мушоҳида мешавад, ки дар берун аз манзил беш аз ҳад кор мекунанд ва фаъолиятҳои ҷисмӣ ё фикриашон бисёр тоқатфарсо аст. Дар натиҷа дар ин даста аз мардон тамоюли камтаре барои барқарории робитаи ҷинсӣ мушоҳида мешавад. Ин мардон аз як тараф ниёзҳои ҳамсарашонро нодида мегиранд ва аз тарафи дигар ҳамсарашонро сарзаниш мекунанд, аммо муқассири аслӣ дар ин миён носозгории ҷинсӣ аст, ки лозим аст аз тариқи талошҳои ҳар ду тараф беҳбуд ёбад, на фақат зан.

Дар зиндагии заношӯӣ, расидан ба ирзои ҷинсӣ бояд барои ҳар ду тараф бошад, аммо аз он ҷое ки маълумоти завҷайн дар ин замина бисёр кам аст, барои шинохти ниёзҳои ҳамсари худ талоше намекунанд.

Аз тарафи дигар занон (ба хусус дар фарҳанги мо), дар мавриди хостаҳои худ сӯҳбат намекунанд, бо ин тартиб то замоне ки завҷайн дар мавриди кайфияти робитаи ҷинсӣ ба як забони муштарак ва мавриди тавофуқи якдигар нарасанд, ниёзҳои ҳар як аз онҳо ирзо нашуда боқӣ мемонад.

Чӣ гуна ба даст овардани созгории ҷинсӣ

Ба даст овардани созгории ҷинсӣ шомили ду гоми муҳим аст:

1. Бар ноогоҳиятон ғалаба кунед. Зану шавҳар бояд аз тамоюлот ва посухдиҳии ҷинсии худ ва ҳамсарашон огоҳ бошанд;

2. Шеваи дарки худ аз масоили ҷинсиро барои якдигар шарҳ диҳед. Гоҳе вақтҳо ҳар як аз тарафайн идроки нодурусте дар мавриди ин мавзӯъ доранд. Сӯҳбат кардан дар ин бора, метавонад бисёре аз боварҳо ва бардоштҳои нодурустро аз байн барад.

Роҳи ҳалли ниҳоӣ чист?

Дар ҳоле ки мушкилоти ҷинсӣ мӯҷиби бурузи таниш ва нохушояндӣ дар ағлаби издивоҷҳо мешавад, ин мушкилот бисёр роҳаттар аз он чи тасаввурашро кунед, қобили ҳал аст ва дар ағлаби маворид ҳалли он фақат ниёз ба ёдгирӣ дорад. Барои ҳалли чунин мушкилоте, завҷайн моиланд бидонанд бояд чӣ нукотеро биёмӯзанд ва бо якдигар тамрин кунанд, то мӯҷиби эҳсоси ризояти ҳар ду тараф шавад. Дар идома ба ин пешниҳодҳо таваҷҷӯҳ кунед:

1. Ҳалли мушкилоти ҷинсӣ то ҳадди зиёде ба чигунагии бархӯрди худатон бо мушкил бастагӣ дорад. Барои мисол, метавонед ба иттифоқи якдигар, китобҳои омӯзишии марбут ба ёдгирии ин даста аз маҳоратҳоро мутолеа кунед;

2. Агар мушкили ҷинсии асосӣ доред, мумкин аст ниёз бошад бо мутахассисон дар ин ришта сӯҳбат кунед. Дармонҳои заношӯӣ метавонад ба хубӣ дар ҳалли мушкилатон ба шумо кӯмак кунад. Метавонед барои натиҷагирии беҳтар, ибтидо китобҳои марбут ба ин мавзӯотро мутолеа кунед, то баъд битавонед мушкилотатонро ҳушмандонатар барои дармонгар шарҳ диҳед ва кӯмакҳои лозим ҷиҳати рафъи мушкилотатонро дарёфт намоед.

Share


4 Назар бароӣ “Издивоҷ бидуни огоҳии ҷинсӣ”
  1. hakim says:

    бо салом
    ба назар мерасад ин сайт аз тарафи одаоне тарроҳи шуда бошад ки саводи дини ё ҳадди ақад забони арабӣ ё форсиро хуб донанд.
    аммо бояд таваҷҷуҳ кунед ки ин матлаби шуморо бояд махсусан ҷавонон бихонанд
    пас бояд матлабро ба адабиёти иронӣ ва саршор аз калимоти араби нанависед ки хонандаи шумо фаҳмад чи хондааст.
    ЗАВҶАЙН ин ро касоне мефаҳманд ки завҷро донанд баъд таснияи онро ва …
    пас бо адабиёти тоҷики ва осонфаҳмтар нависед бештар ба фоида аст
    раҳмат

    • daler says:

      Салом бародари азиз! аз изҳор ва андешаи шумо сипосгузорам. Дусти азиз! шумо шояд хело вақт бошад, ки ахборҳои Тоҷикистонро нигоҳ намекунед агар шумо назар кунед мебинед, ки сатҳи илми чи қадар боло рафтааст. ва аз истилоҳоти бикр истифода мебаранд. ва дӯстоне, ки дар ин сомна кор ва хидмат мекунанд ҳам забони арабиро хуб медонанд ва ҳам муссал ба забони форсии тоҷикӣ ҳастанд. аз матни мақолаҳам маълум аст, ки баҳс сари чӣ аст. ба ҳар ҳол аз андешаи шумо сипосгузорам.

  2. Фируз says:

    Салом! Бародарамон Хаким дуруст мегуяд, шумо маъмурони ин сомона хохиш мекунам наранчед, мавзуъро каме душворфахм навистаед, барои мо мушкил надорад онро фахмидан, аммо на хама чунин фахмищ дорад. Мисол на хама дар хона компютер дорем ё интернет ва агар касе хохад ки онро чоп карда хона барад то хамсараш хонад, оё метавон гуфт ки хамаи хамсарони мо метавонанд ба осони инро фахманд, боз моро лозим меояд то онхоро як соати дихар фахмонем, ки дар чунин холат макола таъсири худро гум мекунад. Дар хар сурат сомонаатон пур аз чизхои лозими чихати бунёди оилаи солим аст, барои ин ба Шумо изхори сипос мекунам. Назару пешниходхои зиёд дорам, насиб бошад дар давом манзуратон мекунам, агар хохед баъзе китобхо дар шакли электрони ва чопи хам дорам, ки дар онхо махз хамин муносибатхои оиладори ва хонадори барраси шудаанд.
    салом хидмати шумо хонандаи азиз! аз пешниҳод ва эстеъдоди шумо истифода мекунем. шумо метавонед назарот ва навиштаҳои худро ба ин сомона равон кунед.

    • daler says:

      Алекумуссалом. Аз изҳору андешаи шумо сипосгузор ҳастем. Ҳадафи моҳам бар сода навиштан аст ва барои ин талош мекунем. Аз мақрлаҳо ва китобҳои шумоҳам истиқбол мекунем ва интизори ҳамкории бештари шумоҳам ҳастем. бозам аз тазаккуроти шумо сипосгузорам.


Назари худро бинависед