Талоқ: роҳи наҷот куҷост?

400

Талоқ. Шунидани ин ҳарфи ногувор хотири ҳар инсони арҷгузор ба арзишҳои хонаводагиро тира менамояд. Омилҳое мисли хиёнат ба ҳамсар, майпарастӣ, мушкили иҷтимоӣ, безурётӣ ва ғайраҳо сабаби асосии афзоиши ин падидаи номатлуб дар кишварҳои пешрафтаи олам арзёбӣ мегарданд. Ҳанӯз 75 сол қабл файласуфи амрикоӣ Уилём Ҷеймс Дюрант пайдоиши оила ва фарҳанги хонаводагиро ба талаботи иҷтимоии инсон марбут дониста, гуфта буд, ки дар баробари рушди саноат ва таваҷҷуҳу фаъолшавии занон дар истеҳсолот оила моҳияти аввалиндараҷаи хешро аз даст медиҳад. Ҳамакнун оила,  ин муҳимтарин ячейкаи давлат, тайи даҳсолаи охир, хоса дар Ғарб, арзишу моҳияти аслии худро гум кардан дорад.

Аммо дар кишварҳои қораи Осиёи Миёна бошад, бекорию бесаводии касбӣ, коҳишёбии хулқу атвор ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ боиси паст рафтани сатҳи маданияти хонаводагӣ ва афзоиши пошхӯрии оилаҳо мегарданд. Агар дар кишварҳои тараққикарда бинобар мушкили иҷтимоӣ ҷавонон барпо намудани оиларо ба таъхир гузоранд, вале дар ҷомеаи мо баръакс, ҷавонони бе касбу ҷойи кор ва ба ҳаёти мустақилона тайёрнабуда, бармаҳал оила барпо месозанд.

Мутаассифона, дар раванди мушкилзои пошхӯрии оилаҳо аз ҳама осебпазир занону тифлони ноболиғи онҳо мебошанд, ки баъди вайроншавии оилаҳояшон баъзеи онҳо ҳатто бе ҷойи зист мемонанд. Барои паст кардани сатҳи пошхӯрии оилаҳо ҳар кишвари дунё барномаву тасмимҳои созгор ба ҷомеа худро рӯйи даст дорад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба истиснои як сол боло бардоштани синни мувофиқ ба никоҳ, як силсила барномаҳо низ рӯйи кор омадаанд.  Аммо, ба гуфти Сабоҳат Низомиддинова, як сокини шаҳри Душанбе, дар баробари ташкили чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, насли ҷавон ба омӯзиши фарҳанги интихоби ҳамсар ва оиладорӣ, маданияти муошират дар оила ва ҷамъият, касбу ҳунарандӯзӣ эҳтиёҷ дорад.

Баъзан мусоҳибони мо омӯзиши ҳунарҳои хонаводагиро масъулияти зодмандон дониста, таъсиси курсу маҳфилҳои ҳунаромӯзиро барои ҷавондухтарон шуғли бемантиқ меҳисобанд. Вале иллати асосии ба қавле беҳунарии фарзандони оилаҳои камбизоат ин саргармии падару модарон пайи дарёфти қутти лойамут ва аз тарбияи хонавода дар канор мондани фарзандонашон  мебошад. Замира ва Муъмин, сокинони вилояти Хатлон, баъди як соли шиносоӣ тариқи интернет бо ризояти зодмандонашон оила барпо намуданд. Аммо бо гузашти 8 моҳи ҳаёти оилавӣ ин оилаи ҷавон пош хӯрда Замира ба хонаи падару модар ва собиқ шавҳараш роҳ ба сӯйи Руссияро гирифтанд. Муъмин зимни як суҳбат иброз дошт, ки  сабабгори бадбахтӣ худ ва духтари дӯстдорашро медонад, ки давоми шиносоӣ ҳамдигарро хуб наомӯхта буданд: «Ба Замира ошиқ шуда,  камбудиҳои худро пинҳон мекардам ва аз ӯ низ ҷӯёи хулқу атвораш нашуда, фикр ҳам накардам, ки номзади ман то чӣ андоза ба ҳаёти мустақилона омода аст. Аммо баъди ду-се моҳи зиндагӣ байни  зодмандони сахтгиру арӯси беҳунару гапгардон мондаму чӣ кор карданамро намедонистам. Кӯшишҳоям барои ислоҳ намудани ҳамсарам, ки муҳити хонаводаи моро қабул надошт, бефоида буду оқибат аз ҳам ҷудо шудем»

Замира бошад, ба ҳама нокомиҳояш дар ҳаёти мустақилона зодмандони худро гунаҳгор медонад, ки натанҳо ӯро соҳиби маълумот накардаанд, балки ба тарбия ва омӯзиши оддитарин корҳои хонаводагӣ ба ӯ аҳамият надодаанд.
Ин як мисол аз ҳазорҳо ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавони Тоҷикистон мебошад, ки сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад.

Дар умум, чуноне дар боло зикр гардид, баъди пошхӯрии ҳар оила мушкили асосӣ ба сари бонувони ҷавон меафтад, ки бо сари хаму дасти холӣ аз шуғлу ҳунар аз оилаи пошхӯрда ба  хонаи падару модар бармегарданд, ё умуман роҳ сӯйи шаҳру кӯчаҳое мегиранд, ки ояндаи тираву номаълум доранд.

Ҳолати рӯҳии зани ҳарфи талоқшунидаро навиштан ё баён кардан намешавад, – мегӯяд мусоҳиби навбатиамон Рӯзигул, ки бо ду тифли кӯчак  аз шавҳар ҷудо шудааст. – Аз 7 соли ҳаёти оилавӣ беш аз 5 соли он дар ғаму интизори омадани шавҳари муҳоҷир гузашт. Баъди 1 соли ҳаёти оилавӣ бо ризоияти ман роҳ сӯйи Русия гирифту аз ин баъд соле ду маротиба ба хона омада, баъди 15- 20 рӯз бозгашта ба мардикорӣ мерафт. Солҳои охир ҳар бори омаданаш аз рӯбучини хона то сарулибоспӯшиам эрод мегирифту бо ҳар баҳона асабҳоямро хароб мекард. Баҳсҳои мо ба ҷойе расид, ки гӯиё ӯ мардонагӣ нишон дода, хонаро бо кӯдакон ба ман бахшида барои ҳамешагӣ ба Руссия рафт. Мушкилоти иҷтимоӣ сабаб шуду ӯ дар шаҳри бегона ҷову макони нав пайдо кард, аммо хонаву фарзандони ноболиғро ба ман «бахшидан»-аш хислати мардонагӣ не, аз буздилию носипосӣ ва иштибоҳи ҷавониаш дарак медиҳад. Боварӣ дорам, ки замоне пӯшаймону сари хам ба ин ҳавлӣ бармегардад, аммо он вақт чӣ суд аз омаданаш, ки ҳаётам қурбони ҳавасу орзуҳои хомаш шуд.

Хулоса, афзоиши сатҳи азҳампошхӯрии оилаҳо дар ҷомеаи мо сабабҳои зиёд дорад, аммо шарҳи он дар як ҷумла чунин маънидод мешавад: -Сатҳи пасти маънавиёти ҷомеа. Мутаассифона, пайомади ин раванди носолим арзиши муқаддас – хонаводаро аз байн бурда, бо мурури вақт оила барои наслҳои оянда ҳамчун такягоҳи зиндагӣ авлавияти худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, роҳи наҷот аз ин вартаи нангбор омӯзишу таҳлилҳои муккамали мушкилоти хонаводагӣ ва роҳнамоии ҷомеа дар пешгирӣ аз хонавайронӣ аст. Агар ба муаммои «Сабабҳои афзоиши талоқ» ба қавле посухи муносиб пайдо карда бошем, бояд барои пешгирӣ аз ин падидаи номатлуб тадбир биандешем. Пас, чӣ бояд кард?

 Манбаъ: бонувони тоҷик

Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ

You might also like
2 Comments
  1. Али says

    Чи нависам дар ин чо назари ман хамин ки Худованди карим моро бубахшаду аз талоку кори бад дур нигох дорад

    1. daler says

      Алекумуссалом. Аз эҳзори назари шумо сипосгузорам.

Leave A Reply

Your email address will not be published.