Авомили талоқ дар ҷомеа

233

Ислом оини муқаддас аст, ки дар равобит ба сулҳу оштӣ ва пайванду ҳамбастагӣ таъкиди фаровон дорад ва яке аз он масоил масъалаи зану шавҳар аст. Аз назари Қуръони карим гавҳари аслии зану мард яке аст ва ҳар ду аз каромати инсонӣ бархурдор ҳастанд.
Худованд дар пайванди заношӯӣ оромиши рӯҳу ҷисм ва эҷоди маваддату раҳмат байни зану шавҳар қарор додааст. Бояд бидонем, ки ҳамаи масоили хонаводаро бар асоси меъёрҳои қонунии хушк наметавон амалӣ намуд. Пас асли хонавода бар пояи меҳру муҳаббат ва эътимоду самимият устувор аст ва ин амр сабаби анҷоми масъулиятҳо ва вазифаҳои нисбат ба якдигар мешавад. Бо вуҷуди ин асл аст, ки гузашт аз хатоҳо, фидокорӣ ва ҳамкорӣ ва барномарезӣ барои ояндаи дурахшон ба вуҷуд меояд.
Дар Қуръони карим аз ҳамсар бо лафзи завҷ (ҷуфт) ёд шудааст, ки гӯё зану мард бе якдигар оромиш надоранд ва анису муниси ҳамдигаранд.

Издивоз ва никоҳ дар Ислом маҳбубтарин амал ва талоқ амри мабғуз ва нописанд мебошад, чунки талоқ сабаби барҳам хурдани муҳаббат ва ба вуҷуд омадани нафратҳо аст ва даҳҳо мушкил барои ҷомеа ва хонаводаҳо ба вуҷуд меорад. Талоқ дар сурате аст, ки аслу асоси пайванди муқаддаси заношӯӣ, ки ҳамон муҳаббат, раҳмат ва оромиш аст аз миён биравад ва сабаби поймол шудани ҳаққи зан ё шавҳар шавад ва таҳаммули якдигар номумкин гардад ва хонавода бемор гардад. Ҳамон тавр ки гоҳе шахс ризоят медиҳад узве аз баданашро қатъ кунанд, то бақияи аъзо осеб набинад. Бино бар ин талоқ охирин роҳи ҳал барои мудово аст на аввалин гузина ва қадам.

Аз назари дини Ислом барои пешгирӣ аз талоқ, бояд аз ҳар василаи мумкин истифода шавад, чун бадтарин ҳалолҳо аст ва хашми Худоро ба дунбол дорад.
Бо ин ҳама ташвиқ ба пайванд ва издивоҷ ва ҳушдорҳо дар бораи талоқ мутаассифона имрӯз пайвандҳои зиёде махсусан дар солҳои аввали зиндагӣ гусаста мешаванд ва ба талоқ ва ҷудоӣ мерасад. Навиштори зер бархе аз сабабҳоеро, ки дар пешгирӣ аз талоқ таъсир доранд баррасӣ намуда тавсияҳое пешниҳод мекунад.

1-Диққат дар  интихоби ҳамсар
Дар таолими исломӣ барои интихоби ҳамсари муносиб сахтгириҳо ва диққатҳои зиёде дар назар гирифта шуда аст, аз ҷумла таҳқиқ ва баррасӣ дар ҳамсон будани завҷайн аз назари масоили эътиқодӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ғайра. Албатта асл дар издивоҷ диндор будан ва доштани хонаводаи асил аст аз ин рӯ дар Ислом аз издивоҷ бо духтарони дар зоҳир зебо, вале бе асолати хонаводагӣ ба шиддат манъ шудааст.
2-Таваҷҷӯҳ ба масоили маънавӣ ва динӣ
Эътиқод ба Худо ва паёмбараш ва Қуръон, пойбанд будан ба  аҳкоми дин монанди намоз ва рӯза ва дурӣ аз гуноҳон монанди дуруғ, хиёнат ва … сабаби кам шудани ихтилофоти хонаводагӣ мешавад. Шавҳари диндор саодати худро дар саодати хонаводаи худ медонад ва баровардани ниёзҳои хонаводаро аз муҳимтарин воҷибот ва вазифаи худ медонад ва аз анҷоми он лаззат мебарад. Чун ин амалро монанди намоз ибодат медонад. Ҳамчунин зани покдоман нигаҳдорӣ аз мол ва обрӯи шавҳарашро аз воҷиботи динии худ ба ҳисоб оварда ақоидаш ҳаргиз ба ӯ иҷоза намедиҳад, ки ба шавҳараш хиёнат кунад.
3-Таъмини ниёзҳои ҷинсӣ
Яке аз муҳимтарин омили ҷудоии зану мард таъмин нашудани ниёзҳои ҷинсӣ ва надонистани огоҳиҳои лозим дар ин замина аст, ки чи басо ба далели хусусӣ будани ин робита ва зишт будани ингуна сӯҳбатҳо дар ҷамъ, ин масоил дар ҳеҷ куҷо баён намешавад ва фақат ба баҳонаи надоштани тафоҳум, ҷудоӣ ва талоқ сурат мегирад.
Ин дар ҳоле аст, ки яке аз муҳимтарин коркардҳо ва фалсафаҳои издивоҷ, таъмини ниёзҳои ҷинсии зану мард аст. Риояти комил ва саҳеҳи ин масъала яке аз муҳимтарин василаҳои устувории хонавода ва ризоятмандии байн зану шавҳар аст. Агар ниёзи ҷинсӣ дар чорчуби хонавода бартараф нашавад, илова бар ин ки сабаби хушунатҳои ахлоқӣ  ва носозгорӣ дар хона мешавад, доманаи он ба беруни манзил кашида шуда сабаби рафторҳои зидди арзишӣ дар ҷомеа мешавад. Бархе ташнагон, барои сероб шудан ва бартараф шудани ташнагӣ ба ҳар навъ обе ҳарчанд заҳролуд ва гандидае рӯй меоваранд. Бисёре аз ҷанҷолҳои зану мард ба хотири ирзо нашудан аз якдигар аст ва корҳои дигар баҳонатарошӣ, лизо бояд ба ин амр таваҷҷӯҳ кард ва падарону модарон беҳтарин мушовир ва ҳамкори фарзандони ҷавони худ ҳастанд, ки ҷавонон ба аҳамият ва риояти масоили хонаводагӣ огоҳ кунанд.
4-Издивоҷи оқилона
Духтар ва писаре, ки ба далоили номаъқул ва танҳо бар асоси таъсирпазирӣ аз ҷомеаи номатлуб бо мард ва зани бегона ва бе шинохти кофӣ аз вай тан ба издивоҷ медиҳад, вақте ки мефаҳманд ҳеҷ гуна шабоҳат, наздикӣ ва ҳамдигарфаҳмии фикрӣ, отифӣ ва фарҳангӣ миёнашон нест, чӣ бояд бикунанд?
Диққат, назорат ва роҳнамоиҳои огоҳона, хайрхоҳона ва сари вақтии падару модар дар мавриди издивоҷҳои зудҳангом ва румонтикӣ ва эҳсосотӣ, ки бар асоси ишқҳои хаёлӣ ва хиёбонӣ ба вуҷуд меояд осебҳои хонаводаро дар оянда кам мекунад. Огоҳӣ, шинохт ва риояти меъёрҳои издивоҷ, сабаби кам шудани издивоҷҳои номуваффақ мегардад.
5- Дурӣ аз издивоҷи маҷбурӣ
Чун асоси издивоҷ ва меҳвари гарми хонавода ба доштани ишқу алоқаи зану шавҳар ба якдигар мебошад ризоят ва писадидани писар ва духтар муҳим аст. Агар духтар ва писар танҳо ба хотири ризояти дигарон ва бо зӯру иҷбор ба ақди якдигар даромада бошанд, камтар аз издивоҷашон ризоят доранд ва ё бояд бо таҳаммули сахтиҳо, зиндагӣ кунанд ва ё аз ҳам ҷудо шаванд ва оқибати хуше нахоҳанд дошт. Пас падару модари духтару писар бо кӯмак ва эҳсоси вазифаи худ дар ба хушбахтӣ расондани фарзанди худ бояд ба хостаи фарзанд ҳам таваҷҷӯҳ кунанд ва ҷавонон ҳам илова бар хостаи худ ба сурати ҷиддӣ ба роҳнамоиҳои падару модар таваҷҷӯҳ кунанд.
6-Дахолат накардани наздикон
Даъвоҳои зану мард сабабҳо ва далоили пинҳони пушти пардае дорад, ки ба ҷуз зану шавҳар ҳеҷ як аз наздикон ва атрофиён аз он хабар надоранд. Шояд ҳам зану шавҳар сабаби ихтилофашонро ба хотири узре  ба дигарон нагуфта бошанд ва нагӯянд. Пас лозим аст атрофиёни зану шавҳар (падару модар, бародару хоҳар, ҳамсоя, дӯст, ҳамкор,…..) ба сабаби надоштани огоҳии лозим аз ихтилофоти онҳо, бо эҳтиёти комил аз ҳар гуна дахолати беҷо ба шиддат парҳез кунанд.
7-Доварии сулҳ ҷуёна
Яке аз авомили пешгиронаи талоқ ва ҷудоӣ аз назари Қуръон, дахолати афроди салоҳиятдор ва боваринок аст, ки вазифаи доварӣ барои ҳалли ихтилофот ва эҷоди сулҳ ва сафо дар байни зану шавҳарро доранд. Эҷоди сулҳ ва оштӣ ва бартараф кардани душманиҳо аҳамияти зиёде дорад ва ин аз вазоифи паёмбарон(а) буд. Дар Қуръони Карим омадааст: Агар  аз носозгории миёни зану мард бим доред, доваре аз аҳли мард ва доваре аз аҳли зан таъйин кунед. Агар онҳо бихоҳанд миёни зану шавҳар сулҳ шавад, Худо миёнашон оштӣ хоҳад дод, бешак Худованд донои огоҳ аст .
Бар асоси дастури Қуръони Карим шахсоне, ки огоҳӣ ба масоили хонавода ва огоҳӣ аз сифот ва рафторҳои шавҳар ва занро доранд ва низ тавоноии ҳалли мушкилот ва эҷоди сулҳ байни онҳоро доранд метавон ба онҳо эътимод кард ва онҳо вазифа доранд ҳарчи зудтар барои пешгирӣ аз ҷудоӣ ва талоқ ба унвони ёварони низоми хонавода муқаддимоти созиши он ду (зану шавҳар)-ро фароҳам созанд.
8- Муҳоҷират
“Муҳоҷират” ба зоти худ амри пасандидааст. Ва Қуръони Маҷид ҳам бар он таъкид мекунад. Муҳоҷират фақат тафриҳ нест, балки ибрат омӯзи ва талош барои ахзи илм ва касбу кор, таромадзудои барои хонаводааст. Лизо рафтани як марди ҳамсар дор ба хориҷ аз кишвар барои иртиқои илм ва фарҳанги худаш ва сомон додани хонаводааст. Дуруст аст, ки ҷудоии физикӣ аст, аммо иртиботи руҳи ва маънави бояд бо қуввату қудрат идома дошта бошад. Имрӯза як марди ҳамсардор ва вазифа шинос метавонад бо телфон ва интернет робитаи хуберо бо ҳамсараш дошта бошад. Бино барин муҳоҷират набояд сабаби қатъи равобит байни зану шавҳар шавад. Агар касе дар кишвари дигар ба дунболи шаҳавот ва ғафлат аз хонавода бошад бояд бар асоси ояти “سیروا فی الارض فانظروا….” яъне дар замин сайр кунед ва диққат кунед….Диққат бар ин амр дошта бошад, ки шаҳавот ва ҳавасронӣ ва ғафлат аз хонавода ҳеч раҳми ба ин шахс намекунад ва хело зуд ин лазоиз аз байн меравад ва табаъоти зиёнбор барои ӯ то охири умр метавонад дошта бошад. Бино барин дар муҳоҷират муддат ва зумони ҷудоӣро бояд дар назар дошта бошад, ки агар ин муддат ва замон тулони бишавад ва иртибот бо хонавода қатъ шавад метавонад сабаби ҷудои ва талоқ гардад.  Бо таваҷҷуҳ ба васоили иртиботӣ ва мудерни имрузӣ мард ҳичвақт дур аз хона ва хонавода нест ва метаваонад дар камоли оромиш ба касбу даромад ва ё таҳсил бипардозад ва зан низ ин дуриро таҳаммул карда ва ҳамчунон мояи оромиш ва гармии конуни хонавода бошад.
9- Маҳрия
Маҳрия яке аз тааҳҳудот ва вазоифи мард нисбат ба зан аст, ки мавриди таъяид ва таъкиди ислом низ мебошад. Қарор додани маҳрия барои зан ба маънои арзиш қоил шудани мард нисбат ба зан аст. Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки таъин ва мушаххаси маҳрия ба дур аҳ ифрот ва тафрит бошад.
Ифрот дар маҳрия бар ин аст, ки маҳрия аз як тараф болотар аз шаъну ҷойгоҳ ва мавқеияти зан бошад ва аз тарфи дигар барои мард сангин ва зиёд ва ба иборати дигар камаршикан бошад.
Ҳамчунин тафрит дар маҳрия ба ин маъно аст, ки маҳрияро бедуни дар назар гирифтани ҷойгоҳ ва мавқеияти иҷтимоӣ ва хонаводагӣ ва мизони таҳсилоти зан ба қадри камтар қарор диҳад, ки арзиши занро зери савол бибарад. Лизо ин ифроту тафрит дар маҳрия метавонад яке аз авомили ҷудои ва заминасозии талоқ гардад. Бино барин барои эҷоди муҳаббат ва эътимод ба якдигар лозим аст. Бар асоси суннати Паёмбар(с) дар маҳрия шаънияти зан ва мард дар назар гирифта шавад. Аз тарафӣ зиёда равӣ дар маҳрия мушкилро ҳал намекунад ва пул муҳаббату маваддатро ба вуҷуд намеоварад, асл ҳамон самимият аст.  Асли суннати Паёмбар(с) дар издивоҷ таъини маҳрия бар осон гирифтан аст на дар сахти ва ҳараҷ қарор додани зан ва шавҳар. Ҳамчунин сахтгирӣ дар маҳрия аз тарафи занон сабаби синни боло рафтани ҷавонон ва майл ба бадкориро ба вуҷуд меоварад. Таъин ва қарор додани маҳрияи боло ва сангин аз тарафи хонаводаи духтар ва зан боиси боло рафтани сиини издивоҷ ва надоштани тамоили мардон ба издивоҷ мешавад ва метавонад заминасоз ва авомили бемориҳои руҳиву равони дар духтарон ва писарони ҷавон шавад.
10- Бе ҳиҷоби дар ҷомеа
Бад ҳиҷобӣ, бе ҳиҷобӣ ва бадан намоӣ ва мушоҳуидаи филмҳои мубтазал аз як тараф ва аз тарафи дигар таваҷҷуҳ накардан, зинат накардани зан дар хона барои шавҳар, худ замина созӣ талоқ барои баъзи аз мардон мешавад.
Агар шаҳавот ва хостаҳои ҷинсӣ кантрол нашвад ва ҳавасронӣ бар дустиву муҳаббат ва оромиш ва сукун миёни зану мард ғолиб ва пируз шавад метавонад муқаддимаи ҷудоӣ ва талоқ гардад.
Худ намоии занон дар бозор, синамо ва хиёбонҳо ва чашмчаронии мардон вақте, ки боҳам бархурд кунад, оромиш ва имонро аз байн мебарад ҳар чанд, ки “худнамоӣ” дар зоти зан ва “чашм чаронӣ” дар зоти мард аст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ислом ҷиҳод бо нафсро “ҷиҳоди акбар” номида аст ва мегуяд: Шаҳавоти зоҳир шуда доиман ва бедуни вақфа тирҳои заҳролудеро ба самти занон ва мардони нишона гирифтааст. Муқобила бо шаҳавот ва саркуб кардани шаҳавот ва хостани нафсониро рслом ҷиҳоди акбар тавсиф кардааст. Ва сипари он ҳиҷоб ва тақвои даркни ва беруни мебошад. Дар поён ёдовар мешавам, ки мардон ва занон нисбат ба ҳам вазоифи муъайян ва мушаххас доранд, ки бояд риъоят намоянд. Дар сурати риъоят намудани ин вазоиф ва дастуроти ислом мо як ҷомеаии ором ва субот хоҳим дошт ва дар сурати риъоят накардани ҳуқуқ нисбат ба ҳамдигар ҷомеа дучори изтиробу паришонӣ хоҳад шуд. Ва риъояти пӯшиши исломи яке аз ин ҳуқуқ аст, ки бояд аз тарафи занон ва мардон риъоят шавад то мояи сукун ва оромиш дар ҷомеа шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.