Варзиш-беҳтарин равиш ҷиҳати ҳифзи оромиш

111

Бояд талош кард, ки дар сурати имкон дар ҳангоми дучор шудан бо мушкилот ва нооромиҳо оромиши худро ҳифз кард ва ин ҳифзи оромиш танҳо бо ёдгирӣ имконпазир аст.
Як пизишки равоншинос гуфт : Зиндагӣ  бо фарозу нишебҳое, ки дорад ҳамеша рӯйи хушро ба мо нишон намедиҳад, балки дар  марҳилаҳое сабаби нороҳатӣ ва нигаронии шахс мешавад. Бинобар ин инсон бояд худ ва равони хешро барои рӯзҳо ва иттифоқоти бад ҳам омода кунад. Ӯ афзуд: Ҳангоми асабоният тағйироти кимиёӣ ва электроникӣ дар даруни бадан иттифоқ меафтад, ки вокунишҳо аз фард ба фарди дигар мутафовит аст . Бинобар ин шахс бо пешгирӣ аз асабоният метавонад худро комилан омода кунад.
Ин равоншинос изҳор дошт: Ҳар шахсе бояд бубинад бо чӣ варзише дар ҳангоми асабоният ором мешавад. Баъзеҳо бо нушидани об, бархе бо гуфтани салавот ва зикр ва иддае ҳам бо нафаси чуқур кашидан метавонанд ба хашми худ ғалаба кунанд. Албатта тавсияи пизишкон ҳам оромидагӣ ва варзишҳои мисли шино, йог, пиёдаравӣ ва ҳар варзише ки битавонад оромишро ба бадан бозгардонад, мебошад. Ногуфта  намонад дар ин дунёи фонӣ чизе арзиши аз байн бурдан ва зери по гузоштани саломатии рӯҳу равон ва ҷисмро надорад. Бинобар ин бояд мантиқӣ ва бидуни вокунишҳои манфӣ рӯзҳоро сипарӣ кард, то ба оромиши нисбӣ расид.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.