Кудакон хушунатро аз телевизион ёд мегиранд

175

Яке аз одатҳои хуб ё бади зиндаги дар асри расона онҳам аз навъи диҷитолӣ, майл ба якҷонишини ва истифода аз абзор ва олоти фановарии навин ба вижа телевизион аст. Ба тавре ки имруза, расонаҳо ба вижа аз навъи дидории он бо қудрати боло, рузона милиёнҳо нафар дар саросари кураи заминро якҷо мехкуб карда ва бо додани иттилооти зуд ба онҳо дар андозаи чанд сония, дигар фурсате барои баланд шудан аз сафҳаи васваса ангези рангиро ба одами намедиҳад. Дар ин байн кудакон низ ба тақлид аз бузургсолон, ба ин равиш одат карда ва ба ҷои инки вақти худро сарфи бозиҳои фикрӣ ва ё гашту гузор дар паркҳо ва кашфи табиат дар бораи худ намоянд, бештари вақти худро назди телевизион мегузаронанд. Ба тавре ки соати дақиқи барномаи дустдоштаашонро медонанд ва лаҳзашумори мекунанд.

аммо оё медонед ки ин телевизион бо ҷазобиятҳое ки дорад, ва дилбастагиҳое ки ва вуҷуд меорад, то чи андоза дар шахсияти кудаки имруз ва бузургсоли фардо нақш дорад?

Кудакон ба воситаи камбудани синашон ва нодоштани рушди комили зеҳнӣ, тамоми гуфтор ва рафтори пахш шуда аз телевизионро мепазиранд. Ба иборати дигар, зеҳни холи аз найранги кудакон, ҳарчи ки мебинад, бовар карда ва ба ҳофизаи баланд муддати худ мунтақил мекунад.

Ба ҳамин далел, наметавон гуфт ҳар барномае ки аз телевизион ба таври мустақим пахш мегардад ва ё тавассути сидиҳои гуногун ки имруза ҳатто дар бесёри ҷоҳо фаровон пайдо мешавад, барои кудак муносиб аст. Ба хусус филмҳои тарснок ки танҳо бавуҷуд оварандаи хушунат ва нафрат дар кудакон аст, наметавон ба парвариши кудак бо шахсияти мутаодил бианҷомад. Чаро ки дидани ин гуна аз филмҳо (киноҳо) танҳо ин ҳисро дар кудак борвар мекунад ки бояд аз қаҳрамони филме ки дида аст, улгубардори кунад.

Барои раҳои аз ин мушкил, пешниҳод мешавад волидайн аввал ба баррасии барномаҳо ва филмҳои мутаносиб бо сини кудак пардохта ва сипас иҷозаи дидани онро барои онон бидиҳанд. Ёдамон бошад ки мо волидайн ба воситаи масъулияти хатарноке ки дар тарбияти дилбанди худ дорем, набояд иҷоза диҳем то сафҳаи сафед ва поки зеҳни кудакамон бо барномаҳои бемаъне ва номуносиб ба суи сиёҳи ва табоҳи кашида шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.