Мардҳо чӣ мехоҳанд?

198

Занҳо одатан изҳор медоранд, ки рафтори мардҳо онҳоро то ҳадде сарсону саргардон мекунад ва ба дурустӣ наметавонанд ташхис диҳанд, ки мардҳо аз онҳо чӣ интизорҳое доранд. Онҳо аз ин ки наметавонанд мардҳоро розӣ нигаҳ доранд, андаке нороҳат ҳастанд.

Агар як зан ин мақоларо бихонад, шояд бо худ бигӯяд, ки хуб ин мушкили мардҳост ва худашон ҳам бояд ба фикри пайдо кардани роҳи ҳалле барои он бошанд. Бале, дуруст аст, аммо набояд интизор дошт, ки ба як бора мӯъҷиза рӯй диҳад ва ҳама чиз мутобиқи майли онҳо шавад.

Тааҳуд мисли як хиёбони яктарафа нест ва бояд аз ҷониби ҳар ду тараф риоят шавад. Чунин ниёзе барои ҳамеша дар вуҷуди тамоми мардҳон боқӣ хоҳад монд.

Таърих барои солиёни дароз ҷойгоҳ ва амалкарди мардҳоро дар ҷомеа муайян карда ва шумо ба роҳатӣ наметавонед дар арзи чанд сол онро тағйир диҳед. Мардон кам-кам мефаҳманд, ки ҷойгоҳи онҳо чунон ки дар гузашта буда, нест. Дигар онҳо танҳо ноновари хона нестанд ва шояд чунин тағйири ҳайратоваре мусталзими гузашти муддати замони бисёр зиёде бошад. Ин рӯзҳо мардҳо медонанд, ки агар бихоҳанд барои худ ҳамсаре пайдо кунанд, бояд сахттар аз гузашта кор кунанд ва занҳо сангҳои бештаре дар пеши пояшон меандозанд.

Хуб, ҳоло мардҳо дар ҳақиқат дар пайи чӣ чизе ҳастанд?

* Аввал аз ҳама, мардҳо ба дунболи касе ҳастанд, ки ташнаи ишқу муҳаббат кардан бошад. Шояд ин сухан бисёре аз занҳоро ғофилгир кунад, аммо мардҳо дӯст доранд мавриди дӯст доштан қарор бигиранд ва худашон низ касеро дӯст бидоранд. Мушкил ин ҷост, ки занҳо бархӯрди беэҳсосу сарде бо онҳо доранд. Пайдо кардани зане, ки қобили дӯст доштан бошад, каме сахт аст ва мардҳо аз ин ки бифаҳманд духтари рӯъёҳояшонро пайдо кардаанд, хушҳол мешаванд.

* Мардҳо дар пайи занҳое ҳастанд, ки битавонанд ба онҳо бовар кунанд. Касе, ки онҳоро ба хотири худашон бихоҳад. Касе, ки битавонанд ба ӯ имон дошта бошанд. Шояд бароятон аҷиб бошад, аммо баъзе аз занҳо қобили эътимод набуда ва бисёр бевафо ҳастанд. Ҳамин амр боис мешавад, ки мардҳо эҳтиёткортар амал кунанд. Мардон ба шиддат аз бевафоӣ ва бадқавлӣ безор ҳастанд ва дар пайи касе мегарданд, ки битавонад аз самими қалб ба ӯ эътимод кунад.

* Мардҳо дар пайи занҳое бо рӯҳияи занона ва меҳрубон мегарданд, зеро чунин хусусиёте боис мешавад, ки як зан битавонад модари беҳтаре барои фарзандонаш ва ҳамсари бомуҳаббаттаре барои онҳо бошад. Ва худ битавонанд иқтидори худро бештар ҳифз кунанд. Албатта ин амр ба он хотир аст, ки дӯст доранд фарзандонашон дар оғӯши модари меҳрубону дилсӯз парвариш пайдо кунанд.

* Мардҳо дар пайи занҳое хушмашраб ҳастанд, ки битавонанд дар канори ӯ ба оромише, ки орзуи онро доранд, даст пайдо кунанд.

* Мардҳо дар пайи занҳое ҳастанд, ки ҳис ва зарофати занонаи худро ҳифз карда бошанд. Албатта манзури мо он даста аз заноне нест, ки доиман дар пайи мод мераванд ва … Баъзе аз занҳо ҳастанд, ки дар замони асабоният ҳар чи ки дилашон мехоҳад бори тарафи муқобил мекунанд, ки ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ ба мизоҷи мардон созгор нест.

Мардҳо занҳоеро меписанданд, ки аҳли баҳсу гуфтугӯ бошанд ва қодир бошанд, ки мушкилоташонро аз роҳҳои мантиқӣ ҳал кунанд.

* Мардҳо касеро мехоҳанд, ки ҳомию пуштибонашон бошад. Хеле аз занҳо мунтазир ҳастанд, ки иштибоҳи кӯчаке аз мард дида шавад, ки онҳоро ба боди интиқод бигиранд ва дар масоили хусусӣ ва ҳатто шуғлиашон дахолат кунанд. Мардон ба иртиботи худ ба унвони як системаи муҳофиз нигоҳ мекунанд, замоне ки зан битавонад як чунин ҳиссеро дар онҳо ба вуҷуд оварад ва аз ин гузашта то он ҷо ки метавонад аз онҳо интиқод ҳам бикунад, чизе намегузарад, ки мард аз ӯҷудо мешавад.

* Мардҳо дар пайи ҳамсаре мегарданд, ки ба онҳо мутааҳҳид бошад. Мардҳо ҳамсареро дӯст доранд, ки битавонад ба ӯ эътимод кунад ва мушкилоту нороҳатиҳояшонро бо ӯ дар миён бигузорад. Тааҳҳуд мисли як хиёбони як тарафа нест ва бояд аз ҷониби ҳар ду тараф риоят шавад. Чунин ниёзе барои ҳамеша дар вуҷуди тамоми мардҳо боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳоле ки занҳо дар нақшҳои иҷтимоии худ бисёр муваффақ ҳастанд, худ аст, ки ҳеҷ гоҳ аз ёд набарем, ки ҷойгоҳи аслии онҳо ба хона ва хонаводаашон тааллуқ дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.