Хонавода чист?

180

Шояд ба назар ояд, ки мафҳуми хонавода  аз мафҳумҳои бисёр равшан аст, ки омаи мардум, кучаку бузург бо саводу бесавод, ҳама онро мефаҳманд ва медонанд, ниёзе ба таъриф надорад. Вале он қадар ҳам сода нест.  Вақте ба манбаъҳои вожашиноси муроҷиат мекунем мебинем, ки  таърифи гуногун аз он шудааст. Соҳибназарон бар  асоси тахассус ва ниёзашон ҳар кадом таърифе аз хонавода ироа додаанд. Бархе хонаводаро як созмони иҷтимоӣ донистаанд.  Баъзе робитаи хешовандӣ ва ҳамхуниро асоси ташкили хонавода талаққӣ кардаанд, иддаи дигар омили иқтисодӣ ва гӯруҳе низ омилҳои равонӣ ва ҷинсиро сабаби пайдоиши он қаламдод кардаанд. Ба ҳар сурат ҳамон гуна, ки аз манобеи мухатлиф бар меояд  манзур аз хонавода дар ин гуфтор маҷмуи афроде аст, ки  як ҷо дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва меъёри ҳамзистӣ ва ҳамбастагии онҳо ду чиз аст: қаробат ё завҷият. Бинобар ин хонаводаҳои волидайнӣ,  такволидӣ  ё   бидуни волидайн бародарон ва хоҳароне, ки  бо ҳам зиндагӣ мекунанд, машмули ин баҳс хоҳанд буд.
Хонавода ҷойгоҳи баланди дар назари андешмандони ҷаҳон дошта ва дорад ва онро аз ҷанбаҳои гуногун мавриди таҷзияву таҳлил қарор дода ва медиҳанд. Ҳар риштае аз улуми инсони ба фарохӯри ниёзи худ ба канкош ва такопӯ дар масоили хонавода пардохта ва гӯшае  аз умури марбут ба онро барраси кардааст.  Ҳар чанд баррасии ҳамаи абъоди хонавода аз дидгоҳҳои гуногун корест бисёр гарон ва дар ин мақола намегунҷад,  лекин ба баъзе аз ҷиҳатҳои он дар андешаҳои  назарияпардозони улуми инсонӣ метавонад ишораи гузаро дошт.

оилаа)  Таърихӣ: Тамоми таърихнигорон ва сиранависон бар ин боваранд, ки хонавода кӯҳантарин гурӯҳе аст, ки ба иқтизои ниёзи табиӣ, отифӣ ва иҷтимоии башар шакл гирифта ва собиқае ба дарозои собиқаи зистии башар бар рӯи замин  дорад чаро, ки  инсон маданиюттабъ аст,  ногузир бояд ба лиҳози ҷаҳонӣ дар иҷтимоъ зиндагӣ  кунад чун Худован инсонро офарид ва сохтмони бадании ӯро  ба гунае шакл дод, ки зимни бархӯрдорӣ аз тавоноиҳои гуногуни ҷисмӣ ва отифӣ ҳамвора эҳсоси ниёз ба дигарон дар ӯ зинда бошад.  Ҳамин эҳсоси дарунӣ сабаб мешавад,  ки иҷтимои кӯчаке  ба номи хонавода  дар арсаи зиндагӣ шакл гирад ва теъдоде аз афрод ҳадди ақал ду нафар як ҷо  зиндагӣ намоянд, чӣ ин ки  ниёзҳои ҷисмӣ ва равонии инсон дар муҳити хонавода таъмин мешавад ва рӯҳи таовуну ҳамкорӣ миёни аъзои он дар ҳамон муҳит ба вуҷуд меояд. Пас аз ташкили нахустин ҳастаи хонавода дар замин,  ки тибқи мутуни динӣ  ва таърихӣ шахсияти Одаму Ҳаво (а)  бунёнгузори он будаанд марҳалаҳои гуногун ба ниҳоди хонавода  сипарӣ шуда  ва ба  мувозоти таҳаввулоти иҷтимоӣ дастхуши тағийр ва таҳавули фаровон гаштааст.  Дониши таърих ӯҳдадори баррасии ҷанбаҳои хонавода ва сайри такомулии он аст, ки  чи гуна хонаводаи бодиянишин табдил ба шарҳнишин шуд ё чӣ  авомил сабаб гардид ки хонавода ҳастаи ҷойгузини хонаводаи суннатӣ гардид? Ба ҳар ҳол сайри таҳаввулоти хонавода аз мавзуоти муҳиммӣ  итилооти дар илми таърих аст ва бад ин ҷиҳат таърихнависон ба баррасии он мепардозанд.
б) Ҷомиашиносӣ:  Ҷомеашиносон аз дер боз ба таҷзия ва таҳлили хонавода пардохта ва онро ба унвони як ниҳоди иҷтимоӣ ҳамвора матмаи  назар доштаанд хонавода аз манзари ҷомиашиноси асоситарин ниҳоди иҷтимое аст, ки дар шаклгири сохтори калони ҷомеа ва афзоиши баҳравари он  нақши басазое  дорад чун бофти иҷтимоӣ ба навъе таҳти тасири таҳаввулоти фарҳангӣ қарор дорад ва ҳар гуна инҳирофе дар фазои хонаводаҳо лузуман дар  ҷомеа аз худ вокуниш нишон медиҳад. Аз инҷо метавон гуфт миёни хонавода ва ҷомеа як робитаи дусӯя барқарор аст ва ҳар кадом бар дигарӣ таъсир  мегузоранд. Имрӯз  гироише дар ҳавзаи ҷомеашиносӣ падид омада, ки абъоди хонавода ва ҷанбаҳои гуногуни онро мавриди баррасӣ қарор  медиҳад. Ин гироиш бо мутолиоти ҷомеашиносонаии  Фердрик Луяли Фаросави ва Вилҳем Ҳойрениш Райли Омони падид омад ва сипас бо таҳқиқоти ҷомеашиносони дигар монади Дуркҳим ва Маркс тавсия ёфт ва такмил  гардид. Аз он ҷо ки хонавода нақши  умдае дар тарбияти нерӯи фаъоли ҷомеа дорад ва метавонад бо афзоиши боздеҳи ҷомиа ба тавсияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кӯмак кунад ҷомеашиносон ба баррасии масоили марбут ба он алоқаманд шудаанд. Рӯйкарди ҷомеашиносии хонавода бар асоси назарияи коргардгароии  сохтори хонавода нақшҳои ҳар як аз аъзо, равобит миёни аъзои ҷамият ва шохисҳои  рушд ё коҳиши он анвои хонавода аз навъи густарда  ва ҳастаи таъсироти мутақобили ҷомеа ва хонавода ва омсоли онро мавриди мутолиа  қарор медиҳад.
ҷ) Ҳуқуқ: Дониши ҳуқуқ яке аз донишҳои  илмӣ корбурдии роиҷ  ва пурравнақ дар саросари дунё аст ва ба  масъалаҳои хонавода таваҷҷӯҳи ҷидди  намуда ва  онро ба унвони як ниҳоди маданӣ-ҳуқуқӣ мавриди таҳқиқ қарор  медиҳад ва ҳуқуқдонон қонунҳои гуногунеро  ба манзури сомондиҳии умури хонавода  тадвин карданд, то  дар сурати лозим мавриди иҷро қарор гиранд ва аҳёнан аз фурӯпошии низоми  хонавода ҷилавгирӣ намоянд.  Ҳуқуқи ҳар як аз аъзои хонавода ирс ва мерос, никоҳ ва талоқ, нафақаи авлод ва ҳамсар аз ҷумла мавзӯоте аст, ки аз назари  ҳуқуқ расидагӣ мешавад. Ҳуқуқ беш аз ҳавзаҳои  улуми инсонӣ корбурд дорад ва бо зиндагии илмии мардум дар  иртибот аст.  Додрасҳои умумӣ ва хусусӣ ва зермаҷмӯаҳои он аз  марказҳое ҳастанд, ки ба иҷрои адолат  дар ҷомеа мепардозанд. Додгоҳҳои  вижаи даъвоҳои хонаводагӣ имрӯза аз издиҳоми бештар бахӯрдор аст ва дар он ҷо қозиҳои гуногуни  ба ҳаллу фасли  масалҳои хонаводагӣ  машғуланд ва  дар ҳар кишваре қувваи қазоия  бо талоши пайгири худ муҷрии қонун дар муҳити иҷтимоӣ ва  хонаводагӣ аст. Баин тартиб ҳуқуқи хонавода  яке аз муҳимтарин баҳсҳои мадании кишвар мебошад.
д) Иқтисод: Иқтисоддонон  низ ба навбаи худ масалаҳои хонаводаро аз назар  дур надошта ва онро ба унвони як воҳиди тавлид ва масараф мавриди таваҷҷӯҳ  қарор додаанд. Хонавода дар тақвияти бунияи молии кишвар  ва устувор нигаҳ доштани он нақши муҳимме ифо мекунад, чаро ки  хонавода нахустин гурӯҳҳои  иқтисодиро ташкил медиҳанд ва нерӯи  кор дар мазрааҳо ва коргоҳҳоро онҳо таъмин  мекунанд. Бавижа хонаводаҳои густарда  ва суннатӣ ки ағлаб  дар  рустоҳо зиндагӣ мекунанд ва тақрибан ҳамаи аъзои он  аам аз зану мард ва кучаку бузург ба кори тавлид иштиғол доранд, монанди кишоварзӣ ва домдорӣ. Тавлид, тавзиъ ва масраф аз меҳварҳои аслӣ дар илми иқтисод аст ва ҳар се меҳвар иртиботи мустақим бо ниҳоди хонавода доранд. Банобар ин хонавода  аз як сӯ ҷойгоҳи тарбияти нерӯи фаъоли корӣ аст ва аз сӯи дигар як воҳиди масрафкунанда маҳсуб мешавад, ки  мебояд даромади миллӣ  ба сурати одилона миёни хонаводаҳо тақсим гардад. Аз назари иқтисодӣ сиёсат  давлат ӯҳдадори  таъмини ниёзҳои асосии хонаводаҳост  ва ҳукумат вазифа дорад, ки маскан ва маишати умуми мардумро  таъмин намояд.  Давлат  бояд шароитеро ба вуҷуд оварад, хонаводаҳо қудрати хариди кофӣ дошта бошанд ва битавонанд чизҳои лозимми  аввалияи худро бидуни ҳеҷ мушкиле фароҳам созанд. Он чи дар ин замина муассир аст тарвиҷи одилонаи имконот аст, ки мебояд бо мудирияти дуруст анҷом гирад. Чӣ басо аз мушкилоти иқтисодӣ бар асари мудирияти нодуруст дар низоми тарвиҷи колоҳои масрафӣ ба вуҷуд меояд.  Имрӯза яке аз баҳсҳои умдаи иқтисодӣ дар мавриди хонавода  масалаи рушди ҷамият аст, ки ағлаби кишварҳои ҷаҳон бахусус кишварҳои дар ҳоли тавсиа бо он рӯ ба рӯ ҳастнад  ва шеваҳои гуногунро барои маҳор кардани ҷамъият ба кор бастаанд. Аз ҷумла роҳҳое, ки то ҳудуде  дар ин замина муваффақ амал карда иҷрои барномаҳои пешгирӣ аз бордорӣ будааст. Таблиғоти суратгирифта дар ин робита тавҷҷӯҳи хонаводаҳоро ба худ ҷалб намуд ва дар амал низ  таъсири худро гузоштааст. Далели ин амр шояд ин бошад, ки  кантроли зоду валад ба хотири костан аз таклифҳои бордорӣ ва тарбияти фарзанд  бо осоиш ва рифоҳи занон созгортар аст  ва ба ҳамин ҷиҳат мавриди истиқболи густарда қарор гирифтааст бо ин васф онон метавонанд бо роҳатӣ ва осоиши беҳтар зиндагӣ кунанд. Ба ҳар сурат  хонавода ба далелҳои гуногун чӣ дар баҳсҳои назарӣ ва чӣ  дар баҳсҳои амалӣ маркази таваҷҷӯҳи иқтисоддонон қарор гирифтааст.

хонаводағ) Равоншиносӣ: Ҳарчанд  рӯйкарди равоншиносӣ  ба таҷзия ва таҳлили рафтори одамӣ мепардозад ва кӯшиш дорад зимни ташхиси рафторҳои нобаҳанҷор илали бурузи онҳоро шиносоӣ ва ба дармони бемор бепардозад дар айни ҳол хонаводаро низ аз паҳлӯҳои гуногун мавриди мутолиа қарор медиҳад. Чаро ки  хонавода аз манзари равоншинохтӣ ба манзури ҳифзи таодули хуб ҳамеша дар ду  ҷанбаи дарунсозӣ ва берунсозӣ фаъол  аст, яъне  дар айни созгорӣ бо таҳаввулоти иҷтимоӣ ҳамаи аъзои худро аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ ба рушди матлуб бирасонад. Табиист, ки масъалаи  рушд ба лиҳози миқдор ва сифат дар равоншиносӣ баррасӣ мешавад.
Рӯйкарди хонаводадармонӣ аз гароишҳои нисбатан ҷадид  дар дониши равоншиносӣ аст, ки аз  зовияҳои гуногун  ба баррасии масалоҳои хонавода мепардозад. Яке аз назарияҳои роиҷ дар ҳавзаи хонаводадармонӣ назарияи системӣ аст.  Ин назария хонаводаро мавҷудие медонад муташакил аз  аҷзои баҳампайваста,  ки аввалан аъзои он тобеъ аст аз рафтори дигар  аъзои хонавода  ва сониян хонавода монанди ҳар системи дигар  мутамоил ба таодул аст.  Агар узве аз хонавода  дучори нобаҳанҷорӣ шавад  бояд дар иртибот бо дигар аъзои он дармон гардад чун аз ин назар  ҳар узви вобаста ба муҳити худ ва дигар  аносири ташкилдиҳандаи он системааст. Бар асоси назарияи системӣ пайдоиши  узви нав ё коҳиши узви қадим сабаби бурузи  изтироб ва фишор дар аъзои собқи хонавода аст.  Ин амр иҷоб мекунад, ки хонавода ба гунае бояд ҷавобгӯи тағироти дарунӣ  ва беруни бошад ки  худро бо шароити нав мутобиқ сазад. Ба ҳар ҳол дониши равоншиносӣ ба баррасии зовияҳои гуногуни хонавода  пардохта ва роҳкорҳои муносиберо барои пешгирӣ ё дармони рафторҳои нобаҳанҷор нишон медиҳад.
в) Улуми сиёси: Ҳукамо ва андешмандони бузург аам  аз мусалмон ва ғйримусалмон аз рӯзгорони қадим удуми сиёсиро  ба ду навъи мудун ва сиёсати манзил  тақсим кардаанд. Ба ин ҷиҳат хонавода  ва умури марбут ба он худ дар  қаламрави улуми сиёсӣ қарор мегирад ва мебоист мавриди таваҷҷӯҳи назарияпардозони дониши сиёсат  қарор гирад, чаро ки ниҳоди хонавода кӯчактарин воҳиди иҷтимоӣ ва намунаи томи як ҷомеаи бузург аст. Ҳамон тавр, ки  ҷомеаи калон ниёз ба раис ва мудир ва барномарезии  дақиқ дорад  хонавода низ ниёзманди сарпараст ва барномарезӣ аст.  Агар сарпараст дар хонавода набошад аъзои он дучори  таҳаюр ва сардаргумӣ ва ҳарҷу марҷи  аъзои он  ва дар ниҳоят ба фурӯпоши  низоми ханавода мунҷар  хоҳад шуд. Чунон ки  ин масала дар  сатҳи ҷомеа ва низоми сиёсии кишвар низ қобили пешбинӣ хоҳад омад. Аз ин рӯ  хонавода ба унвони як  воҳиди сиёсӣ ҳамвора  мавриди мутолиаи коршиносони масоили сиёсӣ буда ва хаҳад буд. Омили дигар ки сабаби ҷалби таваҷӯҳи соҳибназарони умури сиёсӣ ба низоми хонавода шуда ин  аст, ки  конуни хонавода нақши муассире дар тарбияти нерӯи сиёсӣ иҷтимоӣ дорад. Агар нигоҳе ба  гузашта ва ҳоли ҷомеаҳо биандозем баравшанӣ дар меёбем, ки сиёсатмадорон ба номи таърих дар муҳити хонаводаҳо  парвариш ёфта ва аз ҳамон ҷо шоистагиҳои  лозимро барои идораи умури ҷомеа касб кардаанд. Ҳамчунин хонавода дар ҳифзи иқтидори миллӣ ва истиқлоли як миллат саҳми басазо дорад. Таърих нишон медиҳад, ки  миллатҳои ҳамеша қаввӣ  ва пуртавон буданд, ки аз назаари хонаводагӣ бунёди мӯҳкамтаре доштаанд. Дар муқобил  инҳитот ва шикасти ҳар миллат аз замоне оғоз шуда, ки  усули хонаводагӣ дар он миллат ру ба заъф рафтааст. Аз ин ҷо ки фарехтагони дониши сиёсӣ  ҳамвора ниҳоди хонаводаро ба унвони як шохиси саломат ва қудрати сиёсӣ иҷтимоии ҷомеа муаррифӣ мекунанд ва ин ки ҳар гуна заъфе дар низоми хонавода бар давом ва бақои ҳиёти миллӣ таъсир мегузорад. Ба назари бисёре аз коршиносон амри тавсияи сиёсӣ ва иқтидори миллии  як кишвар то ҳудуде вобаста ба истиҳкоми низоми хованда аст. Имрӯза низ сиёсатмадорони ҷаҳон дар тамоми дунё аз ҳаёти фарҳангӣ ва иқтисодии хонаводаҳо ба шиддат ҳимоят мекунанд. Ин кор ба лиҳози сиёсӣ-иҷтимоӣ метавонад таҳлилҳои гуногуне дошта бошад. Амал ба  вазифа яке аз нигаришҳоест, ки ба  ин масала менигарад. Бар ин асос таъмини ниёзҳои асосӣ ва фароҳам  сохатани васоили осоиш ва рифоҳӣ ҳақи миллат  бар давлат  аст. Зимомдорони сиёсии ҷомеа бар асоси вазифаи динӣ ва миллии худ  бояд ба эҳтиёҷоти мардум  бипардозанд чун даромади миллӣ ва сармояи умумии кишвар дар ихтиёри раҳбарони ҷомеа қарор дорад ва мебоист сарфи маишати хонаводаҳо гардад.  Нигариши дигар ин аст, ки  хонаводаҳо дар пайдоиш ва истимрори қудрат нақши асосӣ доранд. Ба  ин ҷиҳат мавриди ҳимояти коргузорни сиёсӣ қарор  мегиранд. Ба вижа ҳангоми тафвизи қудрат ва баргузории интихобот ваъдаҳои бештаре аз тарафи гурӯҳҳои сиёсӣ ба мардум дода мешавад. Ба ин тартиб хонавода чӣ дар гузашта  ва чӣ дар оянда мавриди таваҷҷӯҳи коршиносони масоили назарӣ ва амалии дониши сиёсӣ будаанд.
д) Улуми тарбиятӣ: Коршиноси умури тарбиятӣ беш аз ҳар чиз ба унвони як ниҳоди тарбиятӣ ба хонавода менигарад. Фазои гарми хонавода муносибтарин ҷои парвариши истеъдодҳо ва тавоноиҳои насли ҷадид аст. Муҳити саршор аз меҳру муҳаббат  авотиф ва эҳсосоти пок ва кӯдак аз ҳамон рӯзҳои нахусти зиндагӣ дар оғӯши пурмеҳри падар ва модар қарор гирифта дари исор ва муҳаббати муруват ва вафодориро фаро мегирад. Рӯҳияи таовун ва ҳамкорӣ ва хизмат ба мардум дар фазои хонавода шакл мегирад. Кӯдак меомӯзад, ки чӣ гуна  бо дигарон зиндагӣ кунад ва чӣ гуна дар барномарезиҳо ва тасмимгириҳо ширкат намояд. Ба назари коршиносони умури тарбиятӣ  конуни хонавода ба сони як маркази таълим ва тарбияти ғайрирасмии усул ва одоби зиндагиро аз роҳи ғайримустақим ба фарзандон нишон медиҳад. Ба ақидаи онон хонавода ҳамвора дар канори мадраса аз авомили муассир дар  фароянди таълим ва тарбият матраҳ буда ва короии худро низ нишон додааст. Ҳар андоза пайванди хона ва мадраса мӯҳкамтар бошад боздеҳии  таълиму тарбият бештар хоҳад буд. Ташкили анҷуманҳои волидайн ва мураббиён дар бисёре аз марокизи омӯзишӣ ба ҳамин манзур анҷом мегирад. Ҳар як аз аъзои хонавода, ба хусус падар ва модар, дар тарбияти кӯдак нақши басазо доранд, ки баррасии он фурсати дигаре металабад  ва дар ин ҷо ба ҳамин андоза басанда мешавад.
ж) Хонавода дар Ғарб: Хонавода ниҳоде аст шинохташуда ва дар ҳар ҷои дунё ҳузур дорад ва ҳама ҷо ҳам аз қавонини каму беш мушобиҳе пайравӣ мекунад. Дар айни ҳол дар бисёре аз вижагиҳо аз ҷомеае ба ҷомеаи дигар  фарқҳои асоси дорад. Чаро ки фарҳанги ҳоким бар  ҷомеа хоҳ нохоҳ бар хонавода ташкил шавад рангу бӯи он ҷомеаро ба худ  мегирад ва аъзои онро низ аз одоб ва расмҳо ва сунатҳои  роиҷ дар ҳамон муҳити иҷтимоӣ табаият мекунад. Ин иддао замоне  равшан мешавад, ки хонавода дар ду ҷомеае, ки комилан мутафовит ҳастанд баррасӣ ва нукоти иштироку ихтилофи он ду дар мавриди хонавода аз ҳар ҷиҳат барҷаста гардад. Бо ин васф хонавода дар Ғарб тафавутҳои решаӣ бо низоми хонавода дар Ислом  дарад. Чун нигариши Ислом  ва Ғарб дар мавриди хонавода аз ҳар ҷиҳат тафавут дорад.
Ҳақиқат ин аст, ки  Ғарб бар асоси андешаи озодии мутлақ усули хонаводаҳоро қарор додааст. Асоси  ташкили хонавода, ки ба мунзури эҷоди амнияти хотир ва таъмини ниёзҳои отифӣ, рӯҳӣ ва маънавии инсон аст дигар дар мағрибзамин маъно ва мафҳуме надорад. Дар нигариши Ғарб ҳадаф аз бунёди хонавода ҷуз расидан ба ғаразҳои моддӣ ва истофодаҳои ҷинсӣ чизи дигар наметавонад  бошад. Нақши аслии хонавода, ки тарбияти фаразанд аст бакуллӣ фаромӯш шуда айёшӣ ва ҳавасронӣ ҷойгузини он шудааст. Ҳамаи  ин нобасомониҳо ношӣ аз озодии беҳаду ҳасри Ғарб аст, ки  занон ва духтаронро аз фитрати аваллиашон дур сохта ва онҳоро ба абзори касб ва тиҷорат табдил кардааст. Авзои ҷорӣ дар кишварҳои Ғарб ба гунае аст, ки мавриди эътирози ҳамаи андешмандону фарҳехтагон ва нависандагони он диёр қарор гирфтааст. Он чи имрӯза дар Ғарб мегузарад нишондиҳандаи ин воқеият  аст, ки тамоми марзҳо ва арзишҳои инсонӣ дар он кишварҳо шикаста ва мушкилоти иҷтимоии фаровоне ношӣ аз он домангири ҷомеа шудааст. То ҷое, ки гандонандагони умури иҷтимоӣ  тарафдорони озодӣ низ аз ин вазъ ба ваҳшат афтода ва барои ҳалли мушкиллот  ба коршиносони масоили марбута рӯй овардаанд. Паёмадҳои ин навъ озодӣ дар ҷомеаҳои Ғарб беш аз ин чизе аст, ки битавон тавсиф кард ва ин ҷо танҳо ба чанд маврид аз он ишора мекунем:

оила1)    Фурӯпошии низоми хонавода ва таҳаввулоти иҷтимоӣ–фарҳангӣ бино бар озодиҳои номаҳдуд дар Ғарб ба гунае аст, ки ба тазалзул ва фурӯпошии ниҳоди хонавода дучор гаштааст, чаро ки назар ба  озодии мутлақ беҳтарин роҳ барои ирзои ғаризаи ҷинсии ҷавонон, равиши интихоби дӯст ва рафиқ аст. Бидуни таҳаммул таколифи издивоҷ ва хонадорӣ ба сурати расмии он, чунончи дар ҷомеаи Омрико касе хақ надорад озодии ҷинсиро маҳудуд кунад ва таҳти зобитае биёварад чун хилофи  озодӣ маҳсуб мешавад бо ин вазъ  духтарон ва писарони ҷавон худро  маҷбур ба ташкили хонавода намебинанд.
2)    Ибтизоли занон ва духтарон. Фарҳанги Ғарб занон ва духтарони ҷавонро дар ҳадди иброз барои таҷрибаҳо ва ба даст овардани пулу сарват поин оварда  ва афроди судҷӯй аз онҳо ба шеваҳои гуногун дар ин замина баҳрабардорӣ мекунанд. Рақс дар маҷлисҳои умумӣ овозхонӣ ва зоҳир шудан дар саҳнаҳои намоиш ва филм ва синамо ба сурати урён  бахше аз беиффатӣ ва ибтизоли занон аст.
3)    Худфурӯшӣ ва ихтитоф дар ҷомеаҳои Ғарбӣ. Бисёр аз занон ба худ фурӯшӣ тан дода шарафу номӯси инсонии худро дар  ихтиёри арозилу авбош қарор медиҳанд. Ин  кор дар Аврупо ва Омрико роиҷ аст ва ҳеҷ гуна манъи қонунӣ вуҷуд надорад. Далели иқдом ба ин амал ҳам метавонад иқтисод бошад. Чунон чи бархе занон дар асари фақр ва нодонӣ ва барои ба даст овардани луқмаи нон худро мефурӯшанд ва ҳам сиёсӣ чӣ  ин ки имрӯз дар сиёсати Ғарб яке аз роҳои султа бар мардум ривоҷ додани фаҳшо дар миёни ҷавонон аст, то бад ин васила мардумро саргарм нигаҳ дошта худ ба ҳукумати хеш идома диҳанд. Ҳамин сиёсатро дар дуёи Ислом ҳам мехонад иҷро кунанд. Инҳитоти занон  ва духтарон аз дигар паёмадҳои  фарҳанги Ғарб аст ва ин амр ба гунае  шуюъ пайдо кард, ки сабаби нигаронии  ҷиддии хонаводаҳоро фароҳам сохтааст. Ҳар рӯз афроди бе банду бор ва айёш бо зуру тазвир духтарони ҷавонро савори мошин намуда мебаранд ва пас аз муддате дар фосилаҳои бисёр дур  аз манзилашон раҳо мекунанд. Зиндагӣ дар чунин ҷомеа  чӣ гуна мумкин аст?! амнияти номӯсӣ муҳимтар аз амнияти молӣ ва сиёсӣ аст. Агар занон  ва духатрон дар кӯча ва хиёбон аз дастбурди бегонагон дар амон набошад чӣ гуна метавон оромиши хонаводаҳоро таъмин кард.
4)    Шуюъи бемориҳои сироятӣ. Шуюъи  бемориҳои сироятии  дармон нашаванда дар бисёре аз кишварҳои Ғарб монанди бимори идз, сорис ва монанди он натиҷаи озодии ҷинсӣ аст. Фаҳшо ва ривоҷи рӯзафзуни фасод  дар миёни мардум сабаби бурузи биемориҳои муқорибати ва сарояти онҳо  ба дигарон гаштааст. Ба қарори бархе аз гузоришҳо ҳудуди 75%  занон ва 55% ҷавонони олӯда дар ҷомиаи Омрико мубтало ба бемори сироятӣ ҳастанд.
5)    Афзоиш сиқти ҷанин. Теъдоди зиёде аз занон ва духтарон дар айни бакоргирии васоили ҷилавгирӣ аз бордорӣ  нохоста ба сурати  ғайриқонунӣ бордор мешаванд. Чунин  афродӣ аз як сӯ таҳти фишори наздикони худ қарор мегиранд ва аз сӯи дигар бо аворизи нохостаи бордорӣ мувоҷеҳ шаванд аз ин рӯ барои раҳоӣ аз ин гуна фишорҳо иқдом ба сиқти ҷанин мекунанд. Дар  Омрико, Фаронса ва дигар кишварҳои Апрупо барои сиқти ҷанин марокизе дар назар гирифта шуда ва ё дар бемористонҳо  ва дармонгоҳҳо  ба сурати расмӣ анҷом мегирад. Тибқи бархе аз гузоришҳо бо афзоиши мизони сиқти ҷанин дар Ғарб як сол дар Омрико 55% аз кулли сиқти ҷанинҳои суратгирифта марбут ба занон ва 45% он марбут ба  духтарони муҷаррад, ки ҳанӯз издивоҷ накардаанд буд.
6)    Афзоиши зинозодаҳо. Бо вуҷуди  пешрафти абзори пешгирӣ ва дармон дар Ғарб ва истифодаи занон аз онҳо омори тавлиди фарзандони номашрӯъ дар ҷомеаҳои Ғарбӣ  кам нест. Ҳар рӯз аз кӯча  ва хиёбон роҳравҳо коргоҳҳо  истгоҳҳои қатор ва мошин канори поровҳо ва дами хонаҳо навзоде пайдо мешавад, ки бидуни падару модар ба ҳоли худ раҳо гаштааст. Банобар  гузориши дар соли 1961-уми  мелодӣ дар Омрико теъдоди 400 ҳазор  кӯдак сари роҳ пайдо шудаанд, ки  фақат аз духтарон мутавалид шуда буданд. Ин рақам ҳар сол рӯ ба афзоиш аст ва ҳар рӯз ба теъдоди фарзандони  номашрӯъ афзӯда мешавад.
Ногуфта намонад, ки он чи зикр шуд дурнамои андаке буд аз авзои хонавода дар Ғарб, ки ҷуз ном муҳтавое аз он боқӣ намонда  ва дар ҳоли инҳилоли комил ба сар мебарад. Раванди афзоиши ҷурму ҷиноят  дар Ғарб  монанди сиқти ҷанин ва сирқати меҳру муҳаббатро аз ҷомеаи занон салб  ва онҳоро ба инсонҳои бераҳм ва қасиюлқалб мубаддал сохта, ки кӯчактарин отифае дар дил надоранд. Басе ҷои шигифт аст,  ки баъзе аз занону духтарон дар ҷомеи исломӣ орзӯи озодии Ғарбро дар сар доранд ва мехоҳанд дар масири инҳитот ва ибтизоли мутлақи Ғарб  қарор гиранд. Фурӯ рафтан дар фарҳанги мунҳити Ғарб ба маънои ҷудоӣ аз ҳамаи арзишҳои динӣ ва мазҳабӣ аст, ки наҷот он аз бисёр душвор  менамояд.

оилаз) Хонавода дар Ислом. Нигариши Ислом ба хонавода бар акси мактабҳо ва дидгоҳҳои ғайри исломӣ  ки нигоҳи такбуъдӣ ба  он доранд бисёр амиқ ва ҳамаҷониба аст ва тамоми абъоди онро аз оғоз то поён дар ҳама марҳалаҳо мавриди  таваҷҷӯҳ қарор дода ва дар ҳар маврид дастуроти лозимро ироа медиҳад. Неҳлаҳои ғайридинии хонаводаро аз  зовияҳои хос мавриди тавҷҷӯҳ қарор медиҳанд. Ба вижа донишҳои илмии имрӯзи донишгоҳ (чунон ки ишора рафт) бар асоси ниёзи худ ба таҷзия ва таҳлили хонавода мепардозанд ва ба  дигар  абъоди он таваҷҷӯҳи чандоне надоранд. Ғофил аз ин ки хонавода яке аз бунёдитарин ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тамоми арсаҳои  зиндагии башар  ҳузур дорад ва мебоист ба  ҷонибҳои гуногун пардохт. Ба назар мерасад ин масала нақде аст бар ҳамаи донишгоҳҳои илмие ки аз онҳо ном бурда шуд. Аммо Ислом ҳамон тавр ки  гуфта шуд нигоҳи ҳамаҷониба ба ниҳоди хонавода дорад  ва онро аз зовияи гуногун ба баҳс мекашад. Вақте ба  матнҳои  исломӣ  ба хусус ба оёт ва ривоёт муроҷиа кунем дар ҳама заминаҳо ба дастуроте бар мехӯрем, ки аз ҷиҳати гуногун ба таҳкими ниҳоди хонавода пардохатааст. Қуръони карим ва ҳадисҳои исломӣ  дар масъалаҳои ихлоқӣ-иҷтимоӣ  тарбияти равоншинохтӣ, иқтисодии хонавода ва монанди он фаровон сухан гуфтааст. Агар ин мазомин ба сурати дақиқ ва тахассусӣ истихроҷ  ва бо ёфтаҳои  улуми ҷадид мунтабиқ гардад таҳаввулоти бузурге дар дониши хонавода ба вуҷуд  хоҳад омад. Он қадар ки Ислом ба таҳкими бунёни хонавода аҳмият дода ва дар дастуроти худ гом ба гом онро дунбол намуда мактабҳои  дигар ба  истиқрори хонавода баҳо надодаанд. Ислом  қабл аз ҳама мехоҳад як фазои  отифӣ  ва муҳаббатомез дар муҳити хонавода падид ояд  ва робитаи байни аъзои он  беш аз пеш пойдортар гардад. Хонаводае аз манзари Ислом  хушбахт аст, ки  дӯстӣ ва садоқат ва вафодорӣ бар фазои он ҳоким бошад,  зеро бо ихтилофу бадбинӣ ва худмеҳварӣ шерозаи хонавода аз ҳам мепошад. Худои мутаол эҷоди муҳаббат ва ҳамдили байни зану шавҳарро аз нишонаҳои худ дониста мефармояд: яке аз нишонаҳои Худованд ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсарони офарид, то дар канорашон биёромед ва миёни шумо ва ҳамсаронатон маваддат ва раҳмат  барқарор сохт. Бар асоси биниши исломӣ пайванд миёни зану мард фаротар аз як ғаризаи  шаҳвати ҳайвонӣ  маншаи фитрӣ ва илоҳӣ дорад, ки аз сиришти одамӣ ноши мешавад. Дастгоҳи азими хилқат  чунон ду завҷро ба ҳам алоқаманд сохатааст, ки ҳозиранд барои рифоҳи ҳоли ҳамдигар ранҷу заҳматро ба ҷони худ бихаранд, то  дар осоиш зиндагӣ кунанд. Офаридгори башар коре кардааст, ки худхоҳӣ ва якравии  ду завҷ дар муҳити хонавода ба хидмат ва ҳамокори табдил шавад. Вақте зану мард ақди ҳамсарӣ бастанд ва қарор гузоштанд, ки як умр бо ҳам зиндагӣ  кунанд худ ба худ авотифи хос нисбат ба якдигар пайдо  мекунанд. Ин гуна робитаи отифӣ байни он ду дар таквин ва ҳам дар ташриъ мавриди назари Парвандигор аст  ва ҳадафи Худованд ин аст, ки  байни зану шавҳар  ҳар чи бештар  меҳру муҳаббат барқарор бошад, то дар канори ҳам эҳсоси амният ва оромиш намоянд. Аз ин  назар қаввитарин омили давом ва рушди хонавода отифа ва муҳаббати аъзои он ба якдигар  аст ва ҳамаи онҳо  вазифа доранд ин омилро тақвият кунанд. ба вижа марди хонавода, ки сарпарасти  тамоми аъзоро ба ӯҳда дорад меоядд  як фазои ҳамдилӣ ва ҳамкориро дар муҳити хонавода падид оварад ва агар аҳёнан норасоӣ  ё кудурате байни онҳо падид омад билофосила ба чора ва дармони он бипардозанд. Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ агар алоқаи зану шавҳар аз байн рафт хонавода ба сурати бемори нимаҷон меояд  ва агар алоқаи шавҳар ба зан хомӯш  шуд марги ҳаёти хонаводагӣ фаро мерасад.
Хулоса ва натиҷаигирӣ. Он чи дар мавриди хонавода ва корбурди он  дар риштаҳои  гуногуни илмӣ гуфта шуд баёнгари  аҳамияти ниҳоди хонавода дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии инсон аст. Ҳар донише дар улуми динӣ ва инсонӣ ба навъе худро мулзам ба барраси илмӣ ва фаннии масоили хонавода медонад ва дар ҳавзаи тахассусии худ дар  дар чорчӯби муайяне аз он сухан мегӯяд. Ҳамчунин фарқе бо ҳам надорад мунтаҳо ҳар як тибқи ниёзи худ ҷанбаи хоссе аз онро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад. Аз муқоисаи низоми хонавода дар фарҳанги Ислом  ва Ғарб ба ин натиҷа мерасем, ки бар хилофи иддаоҳои дурӯғини Ғарб дар заминаи  озодии ҳуқуқи башар ва монанди он ҳуқуқи хонавода дар кишварҳои ғарбӣ поймол аст  ва хонавода дар асари мушкилоти фаровони фарҳангӣ ва иҷтимоӣ  рӯ ба  инҳилол ва нобудӣ мераванд иззату шарафи ҳаёт ва иффати ҳама фидои озодии беҳаду ҳаср  ва бебанду бориҳои рӯзафзун шудааст. Бо ин васф мутассифона баъзе аз  занон ва мардони мусалмон фирефтаи зарқу барқи зоҳирии фарҳанги Ғарб шудаанд ва шабурӯз талош доранд, ки ҳар чи зудтар аз  фарҳанги Аврупо ва Омрико тақлид кунанд ғофил аз ин ки табаият аз фарҳанги Ғарб ба маънои худоҳофизӣ бо ҳамаи арзишҳои динӣ ва инсонии як миллат аст. Хулоса ҳар чи иззату шарофат ва хубӣ аст дар фарҳанги ноби исломи Муҳаммадӣ(с) аст, ки дар сояти он саодати дунё  ва охирати фард таъмин мешавад. Ба хусус барномаҳои табиятии Ислом ҷисм ва рӯҳи одамиро парвариш медиҳад ва рӯҳияи таовун ва фидокорӣ ва каромати нафсро дар иснон падид  меоварад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.