10 равиш ва нуктаи муҳим барои падарон

269

1. Ба ҳамсаронатон ишқ варзед

Писаронатон бо ҳамсарони ояндаи худ ҳамон гуна рафтор мекунанд, ки шумо бо ҳамсарони худ рафтор мекунед. Пас иҷозат диҳед фарзандонатон бубинанд, ки шумо ба модарашон ишқу муҳаббат доред. Вақте ки шумо ва ҳамсаратон ихтилоф доред, ба фарзандонатон нишон диҳед, ки чигуна ду одам метавонанд онро ба шеваи дуруст ҳаллу фасл кунанд. Муҳимтарин бахши зиндагӣ, ки шумо барои фарзандонатон тадорук мебинед, издивоҷ ва хонавода аст ва беҳтарин омомдасозии фарзандон ин аст, ки кӯдак бо падаре зиндагӣ кунад, ки модарашро бисёр дӯст медорад.

2. Марди комил бошед

Агар шумо ба кӯдаки худ муҳаббат кунед, вале дар тӯли ҳафта бо ҳамсаратон доду бедод намоед, ҳар он чи дар бораи меҳрубонӣ ва алоқамандӣ бигӯед, дар назари фарзандонатон ба ҳисоб намеоед. Оё шумо ба ваъдаҳоятон пойбанд ҳастед? Вақте ки барои фарзандонатон ба коре ваъда додед, оё вафодор ҳастед?!

3. Чӣ замонеро барои кӯдаконатон сарф мекунед?

Тақвимҳо дурӯғ намегӯянд. Муҳим нест мо чи мегӯем, кӯдакон медонанд, ки мо вақти худро барои корҳо ва бо дигарон сарф мекунем, ки бароямон бисёр муҳим ҳастанд. Ба гунае зиндагии рӯзмарраи худро ҷадвалбандӣ кунед, ки замонеро бо фарзандонатон гузаронед. Муҳим нест, ки барномаи кориятон чигуна аст, ин вазифаи падар аст, то замонашро тавре танзим намояд, ки бо фарзандонаш низ бошад. Бубинед фарзандонатон ба чи чизҳое алоқа доранд. Ин алоқамандии онон, барои ҳар кӯдаке фарқ дорад, писарон ба чи алоқа доранд ва духтарон !

4. Ба фарзандонатон ёд диҳед барои худ арзиш қоил шаванд

Агар фарзандон арзиши худро дар зиндагӣ аз чашми падар бубинанд, дар тамоми зиндагиашон таъсири чашмгире дорад. Модарам дар зиндагиам таъсироти хуб дошт, вале вақте падарам мегуфт, ки писарам! Ин коре, ки кардӣ, бисёр кори хуб буд, барои ман маънои бисёр зиёде дошт. Вақте, ки як падар фарзандашро дар муносибатҳои хуб ташвиқ мекунад, таъсироти мондагор дар зиндагии ӯ мегузорад ва барои рушди кӯдак ва расидани фарзанд ба марҳалаҳои болотар муассир аст.

Аммо акси он ҳам бояд диққат шавад. Яъне, ҳаргиз фарзандонатонро бо калимаҳо ва лақабҳои пасту номуносиб фарёд назанед ва калимаҳои нописандро дар бораашон ба кор набаред, зеро ин калимот монанди тирҳое ҳастанд, ки захми амиқашон ҳамвора дар тӯли зиндагӣ бар ҷой мемонад.

5. Монанди як хонавода гуфтугӯ кунед

Як хонаводаи мӯҳтарам ба фарзандонаш эҳсоси амният медиҳад. Агар корманд ва касе бошед, ки бештар дар берун ҳастед, ҳадди ақал дар хӯрдани як ваъда хӯроки худ бо хонавода бошед ва дар ҳамон ҳол дар бораи ҳодисаҳои он рӯз бо ҳам сӯҳбат кунед ва маълумот ва таҷрубаи онҳоро дар зиндагӣ боло баред. Миқдоре аз шабро ба унвони як хонавода гузаронед, на ин ки ба тамошои телевизион бинишинед. Бовар кунед, ки ин кор аслан ҳазина надорад ва аз кисаи шумо чизе кам намешавад, балки дар зиндагии ояндаи хонаводагиатон судҳои фаровон ба даст меоред. Фарзандонатонро насиҳат кунед ва бидонед, ки ниёзҳои қалбии онон чист.

6. Маъмуриятҳои худатонро бишиносед

Маъмурияти шумо ба унвони як падар ин аст, ки аз хонаи худ ба ҷаҳон ҳадяе бахшед, ки пас аз шумо хоҳад зист.

7. Интиқодпазир бошед ва хатоҳоятонро қабул кунед

Як бор ки дар бораи масъалае бо фарзандатон баҳсу ихтилоф доштед, бовар мекардед, ки сад дар сад ҳақ бо шумост. Вале пас аз муддате дарёфтед, ки комилан хато мекардед. Пас ба ӯ бигӯед ва бифаҳмонед, ки фарзанди азизам! Ман дар бораи он масъала хато мекардам, акнун огоҳ шудам, ки ҳақ бо ту буда аст, пас маро бибахш.

Ғурур сабаб мешавад мо аз мардум битарсем, ки мабодо хаёл кунанд мо шахси заиф ҳастем. Вале фарзандонамон фақат ниёз надоранд, ки муваффақиятҳои моро бубинанд. Онҳо мехоҳанд бубинанд вақте, ки мо ба дигарон зарар мерасонем, дар пайи ҷуброни он низ ҳастем. Вақте мо ба коре қасди нодуруст мегирем, бояд масъулияти оқибати онро низ пазиро бошем.

8. Тарбият на ба хотири хобондани хашму асабоният

Ба хотири хашми худ, фарзандонро танбеҳ накунед. Ба худатон фурсат диҳед, то ором шавед. Фарзандон бояд бифаҳманд ва ёд бигиранд, ки адаб кардан ва дӯст доштан ду чизи зид ва мухолифи ҳам нест.

Тарбият кардан танбеҳ нест. Шояд бо каме дард ҳам ҳамроҳ бошад, вале мақсади он ислоҳи кирдори нописанд ва рушду тараққии шахсият аст. Шумо мехоҳед кӯдаконатон бидонанд вақте имтиёзеро аз онҳо салб мекунед, ё маҷбур мешавед, ки пушти дасташон бизанед, қасди озору шиканҷа додани онҳо нест, балки ба ин хотир аст, ки баъдҳо дар зиндагӣ кӯдаконатон ба корҳои нописанд одат накунанд, ки ин амр сабаби осеб расондан ба он, дар оянда мегардад.

9. Бигузоред фарзандон қонуни “ҳар чи бикорӣ, дирав мекунӣ”-ро омӯзанд

Шумо барои фарзандатон як либоси варзишӣ харидаед. Ба ӯ гуфтед, ки онро дар ҳар ҷое нагузорад. Ӯ ба таъкиди шумо диққат накард ва ҳамон гуна ки интизор мерафт, либосашро дигарон беиҷозат бардоштанд. Шумо медонистед, ки чи касе онро бардоштааст. Аввалин кор ин буд, ки биравед ва либосро пас гиред, вале ташхис додед, ки акнун замони муносиб барои ин кор нест. Писаратон бояд аз ин ҳодиса дарсе бигирад.

Вақте фарзандатон ба коре қасди нодуруст мегирад, баъзе вақтҳо беҳтарин коре, ки як падар метавонад бикунад ин аст, ки каноре биистад ва бигузорад, ки фарзанд худ натиҷаи он корро бубинад.

10. Аз нишон додани ҳиссиёти муҳаббатомези худ наҳаросед

Ба забон овардани калимаҳои муҳаббатомез ва ибрози ҳиссиёти хуб, аҳамияти фаровон доранд. Таҳқиқот ва таҷруба нишон дода аст, ки вақте кӯдакон ин муҳаббатро таҷруба накунанд ва аз он сероб нашаванд, бо равишҳои нодуруст ва осебрасон аз пайи ин ҳалқаи гумшуда мегарданд. Як рӯз набояд барои падаре бугзарад, ки ба фарзандонаш нагуфта бошад “дӯстат дорам”. Зеро ҳар рӯз, шояд охирин боре бошад, ки мо ин фурсатро дорем.

Мо қувваҳои зиёдеро сарф мекунем, то зиндагиамонро сару сомон бахшем, ки Худованд ба мо унвони падариро тафвиз кунад. Мо ниёз дорем, ки бештари вақтҳои худро бо фарзандонамон бошем, то ин ки ҳаргиз замоне наояд, ки ба ақиб бингарем ва орзу кунем “кош замони бештаре бо онҳо будам ё ба онҳо мегуфтам, ки чиқадар дӯсташон дорам!”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.