Авомил, осебҳо ва мавонеи тарбияти фарзандон

192

 Авомили гуногуне дар тарбият ва рушди ақлӣ ва ҷисмии кӯдак дахолат доранд. Хона ва хонавода, қонуни варосат, муҳити зиндагӣ ва назми иҷтимоӣ, мактаб, фаъолияти гурӯҳӣ, баргузории ҷаласоти мавъиза ва конфронс, дӯстон ва рафиқоне, ки кӯдак бо онҳо бозӣ мекунад, китоб, маҷалла ва достонҳое, ки  мехонад, ҳирфа ва ҳунаре, ки пеш гирифта, навъи ҳукумат ва барномаҳое, ки кӯдак дар баробари он хозеъ аст, муаллим ва мураббиёне, ки ба амри таълиму тарбияти ӯ пардохтаанд ва ғайра, ҳама дар тарбият ва рушди кӯдак ва рафтор ва ахлоқи ӯ муассиранд.
Дар миёни авомили тарбияти кӯдак, хонавода ҷойгоҳи вижае дорад ва нақши он ба гунае аст, ки метавонад дигар авомилро таҳти таъсир қарор диҳад.
Таъсирпазирии кӯдак аз рафтори падару модар, то ҷое аст, ки ҳатто дар эътиқодоти кӯдак низ ошкор мешавад. Пайғамбари Ислом  (с) фармуд:
                             كل مولود يولد علي الفطره. فابواه یهودانه او  ینصرانه او یمجسانه
Ҳар кӯдаке бар асоси фитрати (тавҳидӣ) ба дунё меояд ва ин падару модараш ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ ё насронӣ ва ё оташпараст ба воя мерасонанд.
Хонавода, нахустин омузишгоҳе аст, ки пояҳои ахлоқии кӯдакро бунёнгузорӣ мекунад ва метавонад истеъдодҳои дарунии кӯдакро шукуфо созад. Арзишҳои ахлоқӣ монанди алоқа ба ростӣ ва дурустӣ, танаффур аз дуруғ  ва нодурустӣ, иззат ва шахсият, рашодат ва шаҳомат, бахшиш ва саховат, майл ба таовун ва ҳамкорӣ, алоқа ба ҳамнавъ ва дӯст доштани фазоил ва мубориза бо разоил ва ғайра аз тариқи муҳити хона ва хонавода ба кӯдак омухта мешавад.
Ҳазрати Алӣ(а) бо сароҳат ба парваришҳои даврони кӯдакии худ такя мекунад ва аз тарбиятҳои отифӣ ва ақлии хеш, ки дар хурдсолӣ фаро гирифта, сухан мегӯяд ва ба Пайғамбар(с), ки мураббии лоиқ ва бузургвори вай буд, мубоҳот мекунад ва мефармояд: “Тифли хурдсоле будам, ки Пайғамбар(с) маро дар домани хеш парвариш дод, дар оғушам мегирифт, ба синаи худ мечаспонид…, ман ҳамчун сояе ба дунболи он ҳазрат ҳаракат мекардам ва ӯ ҳар рӯз нуктаи наве аз ахлоқи некро барои ман ошкор месохт ва ба ман фармон медод, ки аз ӯ пайравӣ кунам”.
Падару модар бояд талош кунанд, то пеш аз он ки кӯдак ба саҳнаи ҷомеа ворид шавад ва улгуи ҷадид, таваҷҷуҳи ӯро ҷалб кунад, вайро тарбият кунанд ва арзишҳои ахлоқиро малакаи ӯ созанд. Бо равшан шудани аҳамияти мавзӯи тарбияти кӯдакон дар Ислом   ва  таъсироти он дар ояндаи фарзандон, ибтидо авомили таъсиргузор баён хоҳад шуд ва сипас ба баёни осебҳо ва мавонеи тарбияти фарзандон мепардозем.

1 – Падару модар
Равшан аст, ки волидайн масъули фарзандони хешанд. Фарзанд ҳақ дорад аз беҳтарин барномаҳо ва солимтарин равишҳои тарбиятӣ бархурдор гардад. Ӯ ҳақ дорад дар конуни пурмеҳри хонавода ва дар партави вуҷуди волидайн, аз ғанитарин муҳаббатҳо болотарин эҳсоси ризоятмандӣ бархӯрдор бошад. Пайғамбари Акрам(с) мефармояд:
“Фарзанд дар нахустин ҳафтсоли худ, муҳаббатпазир аст ва сарварӣ металабад. Дар ҳафт соли дуюм, омӯзишпазир аст ва дар ҳафт соли сеюм машваратпазир”.
Фарзанд ҳақ дорад, ки дар хона аз ҳурмату эҳтиром ва такрими шахсият бархурдор бошад, падар ва модари огоҳ ва вазифашинос, бо гирифтани муносибтарин шеваҳои тарбиятӣ ва равишҳои рафтор бо кӯдак ва навҷавону ҷавон, бо такрими шахсияти онҳо, барқарории робитаи мӯҳтарамона ва дӯстонаи мутақобил ва парҳез аз рафторҳои пархошгарона, танбеҳгарона ва таҳқиромез, эътимоди комили фарзандро ҷалб намуда, дар айни ҳифзи ҳарими падарӣ ва модарӣ, ба шоистагӣ ҷойгоҳ ва манзилати беҳтарин дӯстро барои фарзанд меёбанд. Дар ин сурат аст, ки фарзандон аз ҳар гуна осебпазирии иҷтимоӣ масуният меёбанд ва бо оромиши равон ва эътимод ба нафс, масири пешрафт ва камоли шахсиятро мепаймоянд.
Варосат ба таври куллӣ яъне интиқоли бархе хусусиёти падару модар ё хешони онҳо ба фарзандон.
Башар аз дер замон ин ҳақиқатро фаҳмидааст, ки мавҷуди зинда, бисёре аз сифот ва хасоиси худро ба насли баъд мунтақил мекунад ва қонуни варосат аст, ки  муҳофизат мекунад сурати навъияи набот, ҳайвон ва инсонро. Дар воқеъ, насли баъд, вориси сифоти насли қабл аст; як тухми гул, ҳамаи хусусиёти соқа, барг, гул ва рангомезии ниҳолеро, ки аз он ба вуҷуд омадааст, дар худ ҳифз кардааст. Пас аз сабз шудан, ҳамаи онҳоро яке пас аз дигари дар худ зоҳир мекунад.
Фарзандон бидуни кӯчактарин фаъолияти ихтиёрӣ, сифот ва хасоиси падарону модаронро фаро мегиранд ва бо ҳамон хусусиёт ба вуҷуд меоянд. Бар асоси таҳқиқоти илмӣ, варосат аз аҷдоди наздик ва ҳатто дур низ сурат мепазирад.
Варосат аз назари Ислом   низ қонуни пазируфташуда аст. Қуръони Карим дар достони ҳазрати Нуҳ(а) дархости он ҳазратро аз Парвардигораш ин гуна нақл кардааст:
Нуҳ гуфт: Парвардигоро! Ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯи замин боқӣ магузор, чунки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз насли фоҷир ва кофир ба вуҷуд намеоваранд.
Бар асоси ин оят, ақоиди куффор ба фарзандонашон мунтақил мешавад ва онон сифоти нописанди падарони худро ба ирс мебаранд. Маълум мешавад, ҳамон гуна ки фарзандон дар вижагиҳои ҷисмӣ аз падару модар ирс мебаранд, дар вижагиҳои маънавӣ ва ҳолоти рӯҳӣ низ аз онҳо ирс мебаранд.
Қонуни варосат ва таъсиргузории он дар тарбият, мавриди таъйиди ривоёт аст, ва вожаҳои ирқ ва иъроқ, ки имрӯз дар маҳофили илмии ҷаҳон аз он ба жен таъбир мешавад, омили варосат муаррифӣ шудааст.
Тавсияи Расули Худо(с) ин аст, ки:
“Бингаред фарзанди худро дар куҷо қарор медиҳед, ки ирқ таъсири худро боқӣ мегузорад”.
Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти варосат ва таъсиргузории ҷиддии он дар хусусиёти баданӣ, ақлӣ, динӣ, ахлоқӣ ва рӯҳии фарзандон аст, ки  Ислом   бисёре аз аҳкомро бар ин қонуни мусаллам мубтанӣ кардааст. Барои мисол;
1.    Дар интихоби ҳамсар ба мардон тавсия кардааст: Аз хонаводаҳои солеҳ зан бигиред; зеро вижагиҳои падарон ва модарон ба ирс мерасад.  Аз хонаводаҳои разил ва фурумоя, ҳамсар нагиред. Барои нутфаҳои худ маҳалли муносиб баргузинед. Аз зани маҷнун ва аҳмақ бипарҳезед.
2.    Ба зан низ таъкид кардааст, ки дар ҳолоти ҳамсари ояндаи худ таҳқиқ кунад ва масъулияти ин корро бар дӯши валии шаръӣ  қарор додааст ва тавсия мекунад: Нек бингаред, ки нури дидаи худро дар ихтиёри чи касе қарор медиҳед.
3.    Ислом   ба сабаби аҳамият додан ба қонуни варосат, дар мавриде барои барҳам задани ақди издивоҷ тасҳилоти қонунӣ муқаррар кардааст. Ҷунун, бемории барас (песӣ), ҷузом ва норасоии ҷинсӣ аз ҷумлаи ин маворид аст. Агар зане бо марде издивоҷ кунад ва пас аз он бифаҳмад, ки ба яке аз мавориди ёдшуда мубталост, ҳақ дорад ақдро барҳам занад ва барои раҳоӣ аз ин издивоҷ ниёзе ба талоқ надорад. Ин қонун, василае барои ҷилавгирӣ аз варосати нописанд аст.
Маҷмуаи авомили берунӣ, ки инсонро иҳота карда ва аз ибтидои зуҳури ҳаёти одамӣ, то поёни зиндагии ин ҷаҳон бар инсон таъсири тарбиятӣ мегузоранд, муҳит шумурда мешаванд. Ин авомили мутааддид аз замони иниқоди нутфа, то замони марг ба суратҳои гуногун инсонро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Муҳимтарин авомили муҳитӣ иборатанд аз: муҳити хона ва хонавода, муҳити дустӣ ва муошират, муҳити мактаб, муҳити иҷтимоӣ, муҳити ҷуғрофиёӣ ва табиӣ.

2 – Муҳити хона ва хонавода
Кӯдак дар муҳити хона бо авомили инсонии мутааддиде тамос дорад, ки муҳимтарини онҳо падару модар ҳастанд. Хонавода, беҳтарин муҳит барои тарбияти кӯдак аст. Кӯдак вақте забони модариро дар хона фаро гирифт, аз тариқи муколима ва гуфтугӯ, афкор ва орои бунёдӣ аз афроди хонавода ба ӯ мунтақил мешавад ва маориф ва иттилооти ӯ, ҳамсатҳ бо афкори хонавода пеш меравад ва дар аъмоли худ низ ба тақлид аз афроди хонавода мепардозад. Аз ин рӯ агар бисёре аз аъмоли рӯзмарраи инсонҳоро баррасӣ ва таҷзияву таҳлил ва решаёбӣ кунем, хоҳем дид, ки бештари онҳо аз тарбияти хонавода сарчашма мегирад.
Пажӯҳишгарон бо мутолиаи бархе ҳолоти равонӣ, решаи бисёре аз бемориҳои асабӣ ва равониро рафторҳои ноҳинҷори падару модар бо кӯдак – бахусус дар солҳои аввали кӯдакӣ, медонанд. Аъмол ва рафтори падару модар, нохоста бар кӯдак таъсир мегузорад; модаре, ки кӯдаки худро метарсонад, ноогоҳона фарзанди тарсу тарбият мекунад.
Кӯдак, дини хонаводаро мепазирад ва дар ақоид, ахлоқ ва рафтор аз хонавода таъсир мепазирад. Пайғамбари Ислом  (с) фармуд:
                                «كُلُّ مَوْلُودٍ يُولَدُ عَلَى الْفِطْرَةِ، فَأَبَوَاهُ يُهَوِّدَانِهِ أَوْ يُنَصِّرَانِهِ أَوْ يُمَجِّسَانِه»
Ҳар кӯдаке бар асоси фитрати (тавҳидӣ) ба дунё меояд ва ин падар ва модараш ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ ё насронӣ ва ё оташпараст бор меоваранд.
Баъзе аз ҷанбаҳои тарбиятии таъсиргузори хонавода иборатанд аз:
а) Рушди шахсияти атфол: Нахустин ва муҳимтарин муҳите, ки шахсият ва рафторҳои фарзандонро поярезӣ мекунад, хонавода аст.
б) Боварҳои кӯдак: Кӯдак дар муҳити хонавода дар бархурд бо афрод ва муқаррароти ҳоким бар он, ба боварҳое мерасад, ки агар нодуруст бошад тағйир ва ислоҳи он боварҳо дар оянда бисёр мушкил хоҳад буд; бавижа инҳирофоти ақидатӣ.
в) Ҷанбаи улгуии муҳити хонавода: Кӯдак, нахустин улгуҳои худро аз аъзои хонавода мегирад.
г) Тарбият ва рушди ҳамоҳанг: Дар асари ҳамоҳангӣ ва ҳамкории хонавода бо дигар муҳитҳои тарбиятӣ монанди мактаб ва мисли он, фарзандон ба хубӣ рушд карда, инсонҳои ормонӣ хоҳанд шуд; аммо агар ноҳамоҳангӣ ҳоким бошад, кӯдак дар мактаб ба ростгӯӣ амр шавад ва дар хона ба дуруғгӯӣ ва ё дар хонавода ба садоқат ва амонат ташвиқ шавад ва дар дигар марокизи тарбиятӣ бар хилофи он, мушкилоти ногувори фаровоне дар пай хоҳад дошт. Ҳамоҳангӣ дар тарбияти динӣ ва ахлоқии фарзандон бисёр сарнавиштсоз аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба таъсиргузории хона ва хонавода дар тарбияти динӣ ва ахлоқии фарзандон аст, ки дини муқаддаси Ислом   тавсияҳои фаровоне дар заминаи хона ва хонавода дорад; дастури солимсозии равобит миёни зан ва шавҳар, муҳаббат ва дӯстӣ, эҳтироми мутақобил, таовуну ҳамёрӣ дар масоили зиндагӣ ва идораи умури хонавода, фазосозии маънавӣ, парҳез аз ҷидол ва рафторҳо ва суханони беҳуда дар ҳузури фарзандон, ҳама ва ҳама дар ростои тарбияти саҳеҳ ва Ислом  ии фарзандон дар ин конуни муқаддас ва илоҳӣ аст.

3 – Муаллим ва мактаб – муҳити мактаб
Мактаб монанди хонавода, омили муҳимме дар парвариши ҷисмӣ ва рӯҳии кӯдак ва навҷавон аст. Муҳити мактаб зери пӯшиши авомили гуногуне аз ҷумла муаллим, мудир, масъули тарбиятӣ ва ҳамсинфҳо қарор дорад, ки ҳамаи онҳо метавонанд барои шогирдон, улгу ва сармашқ бошанд ва дар шаклгирии абъоди тарбиятии онҳо ифои нақш намоянд.
Нақши муаллим дар созандагӣ ё вайронии ахлоқи кӯдакон бисёр муҳим аст. Муаллим ба сабаби нуфузи маънавии худ, бо тамоми рафтораш, улгуҳо ва сармашқҳое дар ихтиёри шогирдон қарор медиҳад ва онон аз тамоми ҳаракоту саканот ва ишорот ва ҳатто вожаҳое, ки муаллим дар хилоли анҷоми вазифаи таълим, аз онҳо истифода мекунад, ба шиддат таъсир мепазиранд.
Илова бар нақши таъсиргузории муаллим, фазои мазҳабӣ ва маънавии ҳоким бар мактаб, дар таълиму тарбияти динии кӯдакон ва навҷавонон таваҷҷӯҳбарангез аст. Маросими мазҳабӣ, ҷаласоти дуо ва намози ҷамоат ва монанди он, заминаи тарбияти динӣ ва ахлоқӣ ва таваҷҷӯҳ ба маорифи Ислом  иро фароҳам месозад. Табиист, ки ҳузури муаллимон ва донишомӯзон дар ин маросимҳо бар умқи таъсиргузорӣ меафзояд.
Аз миёни тамоми авомили омузишӣ ва тарбиятӣ, нақши муаллим ба унвони муҳимтарин авомили низоми таълиму тарбият, ҷойгоҳ ва аҳамияти басазое дорад. Муаллим дар рушд ва парвариши донишомӯзон, нақши бисёр муҳиммеро ифо мекунад. Тамоми фаъолиятҳои муаллим, монанди шинохти фароянди рушди кӯдакон ва навҷавонон, шеваҳои тадрис ва алоқамандӣ ба риштаи тадриси худ, аз авомиле ҳастанд, ки дар омӯзиш ва парвариши донишомӯзон, дахолати зиёде доранд. Муаллимоне, ки дар тадриси худ аз шеваҳои гуногун истифода мекунанд, бар муҳтавои риштаи тадриси худ тасаллут доранд ва ба кори худ ишқ меварзанд, ағлаб донишомӯзони тавоно ва халлоқе парвариш медиҳанд. Муаллим барои касби муваффақият дар тадрис, бояд аз назарияҳои навини омӯзишӣ ва равоншиносӣ огоҳӣ ва иттилооти лозим ва кофӣ дошта бошад. Равиши тадриси муаллим бояд бо усул ва аҳдофи омӯзишу парвариш ва вижагиҳои шахсиятии донишомӯзон ҳамоҳанг бошад, то битавонад зимни ҷиҳат додан ба фаъолиятҳои тарбиятӣ ва омӯзишии худ, шогирдонро ба сӯи аҳдофи таълиму тарбият ҳидоят ва роҳнамоӣ кунад. Фарогирон дар ҳар як аз давраҳои омӯзишӣ ниёзҳои вижае доранд. Бинобар ин, ошноии мураббиён ва муаллимон бо хусусиёти рушд ва ниёзҳои донишомӯзон дар ҳар як давраҳои таҳсилӣ метавонанд дар пешрафти ёдгирӣ ва рушду такомули шахсияти онҳо  муассир бошанд.
Муаллим бояд тавоноии ёдгирӣ ва ба кор бастани дониш, маҳорат, усул ва натоиҷи ҳосил аз таҳқиқоти равоншиносиро дар тадрис дошта бошад. Ҳамчунин муаллим бояд бидонад, ки мафҳуми ёдгирӣ чист, чӣ вижагиҳое дорад, чӣ гуна ҳосил мешавад ва чӣ шеваҳо ва амалкардҳо ва роҳкорҳое дар фароянди ёддиҳӣ-ёдгирӣ таъсири бештаре мегузоранд. Илова бар ин, муаллим бояд дар ҷараёни тадрис, замина ва шароитеро барои донишомӯзон фароҳам кунад, то ёдгирӣ ва омӯзиш барои онҳо осон шавад. Аз онҷо ки муаллим бо руҳ ва равони шогирдон сару кор дорад, бояд дарду ранҷи ононро бишиносад, дар ҳифзи асрор ва ҷалби эътимод ва итминони онҳо бикӯшад, масоил ва мушкилоташонро бубинад ва саъй кунад иллати мушкилотро баррасӣ ва кашф кунад, хусусан ба дунболи авомиле бошад, ки шогирдонро аз дарун тағйир диҳад ва ба фаъолият ва кӯшиши муносиб водор кунад. Ба таври куллӣ бояд гуфт, ки муаллим муҳимтарин омили низоми омӯзишӣ аст ва нақши тарбиятӣ ва омӯзишии ӯ дар ҳидояти донишомӯзон, бисёр ошкор ва қобили таваҷҷӯҳ аст. Ба ҳамин далел, дар тӯли таърих донишмандон, файласуфон ва мураббиёни бузург, дидгоҳҳо ва назароти бисёр муҳимме дар бораи нақши тарбиятӣ ва омӯзишии муаллим матраҳ кардаанд.

4 – Муҳити иҷтимоъ – ҷомеа
Муҳити иҷтимоӣ – илова бар афроди иҷтимоъ ва фазои ҳоким бар он низ афродро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ба таъбири яке аз донишмандон «ҳар инсоне пок ва покиза ба дунё меояд, яъне муҷаҳҳаз ба як тақвои зотӣ аст. Вале мумкин аст, ки ба тадриҷ бар асари олудагиҳои муҳит аз масири фитрат хориҷ шуда, то онҷо ки ба куллӣ масх гардад».
Фазои иҷтимоии фосид, ҷавви руҳии афродро фосид мекунад, заминаи рушди андешаҳои мутаолиро тазъиф ва заминаи рушди андешаҳои бадро тақвият мекунад. Ба ҳамин далел аст, ки дар Ислом   ба ислоҳи муҳити иҷтимоӣ аҳамияти зиёде дода шудааст.
Ҳазрати Алӣ(а) аҳамият ва нақши муҳити иҷтимоиро дар сохтори тарбияти фард ёдовар шуда, дар номаи худ ба Ҳориси Ҳамдонӣ мефармояд:
                وَاسْكُنِ الْامْصارَ الْعِظامَ فَانَّها جِماعُ الْمُسْلِمينَ وَاحْذَرْ مَنازِلَ الْغَفْلَةِ وَالْجَفاءِ وَ قِلَّةِ الْاعْوانِ عَلى طاعَةِ اللَّهِ
Дар шаҳрҳои бузург сукунат кун; зеро маркази иҷтимои мусулмонон аст ва аз ҷойҳое, ки мардуми он аз ёди Худо дуранд ва ба якдигар ситам раво медоранд ва бар итоати Худо ба якдигар кӯмак намекунанд, бипарҳез.

5 – Муҳити дӯстӣ ва муошират
Инсон мавҷуди иҷтимоӣ ва аҳли дӯстию муошират аст, ки аз ин роҳ ҳам ниёзи фитрии худро посух медиҳад ва ҳам таъсир мегузорад ва таъсир мепазирад. Аз ин рӯ, муҳити дӯстӣ ва муошират аз муҳитҳое аст, ки ҷиҳати мусбат ва манфии он нақши ҷиддӣ дар тарбияти фарзандон мегузорад ва шоиста аст мавриди таваҷҷӯҳи падарону модарон ва мураббиёни тарбиятӣ қарор гирад. Ҳар фард дуруст ба андозаи мизони дӯстӣ ва рафоқат, дар умури моддӣ ва маънавии фарди дигар метавонад нуфуз кунад ва рӯи ақоид, ахлоқ, рафтор ва гуфтори ӯ таъсир гузорад. Расули Акрам(с) фармуд:
                                                             «الْمرْءُ عَلى دينِ خَليلِهِ وَ قَرينِهِ»
Одамӣ дар дини рафиқ ва қарини хеш аст.
Ва низ фармуд: “Ҳикояти ҳамнишини хуб монанди аттор аст, ки агар атри хеш ба ту надиҳад, бӯи хуши ӯ бар ту асар мекунад ва ҳамнишини бад мисли оҳангар аст. Агар оташи он туро насӯзонад бӯи бади он бар ту таъсир мегузорад”.
Ҳазрати Алӣ(а) низ фармуд:
                                            «وَاعْلَمُوا انَّ مُجالَسَةَ اهْلِ الْهوى‏ مَنْساةٌ لِلْايمانِ وَ مَحْضَرةٌ لِلشَّيْطانِ»
“Бидонед ки ҳамнишинии ҳавопарастон, фаромӯшхонаи имон ва ҷои шайтон аст”.

6 – Тағзия
Таъсири ғизо бар рафтор ва тарбияти динӣ ва ахлоқии инсон, ҷои инкор надорад. Аз ин рӯ дини Ислом барои пешгирӣ аз паёмадҳои ногувори он дар бораи тағзияи модарон ва фарзандон, тавсияҳои фаровоне дорад, ки агар ба хубӣ иҷро шавад, аз ба вуҷуд омадани бисёре аз мушкилоти тарбиятӣ пешгирӣ хоҳад шуд.
Имрӯза бисёре аз ноҳинҷориҳои фардӣ ва иҷтимоӣ бар асари ғизоҳое аст, ки ба гунае аз роҳи ҳаром ба даст омадааст ва дар хонаводаҳо истифода мешавад. Кӯдаконе, ки бо ғизои ҳаром тағзия мешаванд ва давраи ҳассоси кӯдакиро ба ҳамин сурат сипарӣ мекунанд, фитрати динии худро аз даст медиҳанд.
Расули Худо(с) дар бораи занони бордор фармуданд:
“Ба занони бордор дар охирин моҳҳои ҳомилагӣ хурмо бихӯронед, то фарзандони шумо бурдбор ва муттақӣ шаванд”.
Тибқи ин ривоят, хӯрдани хурмо дар давраи бордорӣ тавассути модар, ба тарбияти динии кӯдак кӯмак мекунад ва ӯро диндор ва ботақво бор меоварад.
Нахустин ғизое, ки кӯдак пас аз таваллуд аз он тағзия мекунад, шири модар аст. Шири модар аз ҷанбаҳои гуногун бар кӯдак таъсир мегузорад ва ончи муҳим аст таъсироти руҳии он аст. Дар бораи тағзия аз шири модар ва чигунагии он дастуроте аз пешвоёни дин ба мо расидааст, ки қобили таваҷҷӯҳ аст. Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: “Чизе барои кӯдак беҳтар ва судмандтар аз шири модар нест”.
Ва низ аз Пайғамбари Акрам(с) фармуд:  “Аз шири занони бадкора ва девона ба фарзандонатон надиҳед, зеро шир ба ахлоқи кӯдак сироят мекунад”.
Аз ривоёт чунин ба даст меояд, ки тағзияи ҳалол ва матлуб, чӣ аз шири модар ва чӣ ғизо, дар давраи кӯдакӣ бар тарбияти динии кӯдак таъсири фаровон дорад. Аз ин рӯ, бар падарон ва модарон лозим аст ба дастуроти пешвоёни дин таваҷҷӯҳ кунанд ва аз ғизоҳои ҳалол истифода намоянд, то фарзандони солеҳ тарбият кунанд. Ҳамон гуна ки шахсиятҳои бузурги динӣ ва Ислом  ӣ дар оғӯши падарон ва модарони мӯъмин ва мутадаййин парвариш ёфтаанд.

Мавонеъ ва осебҳои тарбияти фарзандон
Осебшиносии тарбияти динӣ, ба маънои баррасии воқеъбинонаи мавонеъ ва осебҳо дар тарбияти динӣ ва рушду таолии мутараббиён, зарурати инкорнопазир аст. Мақсади мо аз мавонеъ ва осебҳо, он даста авомили муассире аст, ки дар раванди тарбияти динӣ, ихтилол эҷод мекунанд ва онро мушкил ва ё номумкин месозанд.
Баъзе аз муҳимтарин мавонеъ ва осебҳо иборатанд аз:
1 – Осебҳои варосатӣ
Бархе осебҳои тарбияти динӣ ва ахлоқии фарзандон дар варосат реша доранд; ба ин маъно, ки омили варосатӣ ва натиҷаи издивоҷҳои номуносиб заминаи номусоидеро барои тарбияти динӣ ва ахлоқӣ фароҳам месозад.
Ислом  , қарнҳо пеш падидаи варосатро ба таври ҷиддӣ матраҳ карда ва аз нақши он дар интиқоли вижагиҳои зоҳирӣ ва ботинӣ баҳс карда ва ёдовар шудааст, ки варосат аз ҳамон оғози таквини ҷанин дар раҳми модар, бар ӯ асар мегузорад ва заминаи хушбахтӣ ва ё бадбахтиашро рақам мезанад. Расули Худо(с) фармуд:
                                               «السَّعيدُ مَنْ سَعِدَ فى‏ بَطْنِ امِّهِ وَالشَّقىُّ مَنْ شَقِىَ فى‏ بَطْنِ امِّهِ»
Хушбахт касе аст, ки дар шиками модараш хушбахт шуда ва бадбахт касе аст, ки дар шиками модараш бадбахт шудааст.
Ислом, барои пешгирӣ аз ин масъала таолими лозимро ба пайравони худ ироа карда ва бад-ин васила аз варосатҳои номатлуб ва ба дунё омадани фарзандони мунҳариф ва маъюб пешгирӣ намуда ва аз ин рӯ дар заминаи издивоҷ, барои мусулмонон тавсияҳои фаровоне дорад. Бад-ин сон, бархе издивоҷҳоро таҳрим карда, бархеро номуносиб ва бархеро муносиб донистааст.
2 – Осебҳои муҳитӣ
Порае аз осебҳои тарбияти динӣ ва ахлоқӣ аз авомили муҳитӣ ношӣ мешаванд. Авомили муҳитӣ иборатанд аз хонавода, ниҳоди омӯзишӣ, расонаҳои гурӯҳӣ ва васоили иртиботи ҷамъӣ (садо ва симо, синамо, матбуот, интернет), дӯстон ва муоширон ва ниҳодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳоким бар ҷомеа.
Авомили ёдшуда ҳамон тавре ки метавонанд заминасози тарбияти динӣ ва ахлоқӣ бошанд ва бистари мусоиде барои тарбияти дуруст ва Ислом  ӣ фароҳам созанд, ҳамчунин метавонанд ба унвони мавонеъ ва осебҳои тарбиятӣ низ матраҳ шаванд. Масалан осебҳои тарбиятии ношӣ аз хонавода мумкин аст маълули авомиле аз қабили мазҳабӣ набудани фазои ҳоким бар хонавода, ихтилофоти хонаводагӣ ва даъвоҳои волидайн дар ҳузури фарзандон, талоқ ва ҷудоӣ, амн набудани хонавода барои тарбияти фарзандон, фақр ва монанди он бошад.
3 – Осебҳои ношӣ аз тағзия
Таъсири ғизо бар рафтор ва тарбияти динии одамӣ, имкорпазир нест. Бинобар ин, Ислом    барои пешгирӣ аз паёмадҳои ногувори он дар бораи тағзияи модарон ва фарзандон, тавсияҳои фаровоне дорад, ки агар ба хубӣ иҷро шаванд, бегумон заминаи мусоид барои тарбияти динӣ ва ахлоқии фарзандон фароҳам меоваранд.
Аз назари Ислом   ғизое, ки мо мехӯрем, илова бар асари моддӣ, ки ба ҷисми мо дорад, бар ҳасби ин ки аз роҳи ҳалол ё ҳаром ба даст омадааст, осори мутафовит дар руҳу шахсияти мо бар ҷой мегузорад. Ин навъ осор дар ҳитаи таҷрибаи илмӣ намегунҷад ва ба ҳамин иллат инсон аз он ғафлат мекунад, аммо аз назари мактаби Ислом  , амри мусаллам ва тардиднопазир аст. Ривоёте, ки аз осори зиёнбори луқмаи ҳаром сухан мегӯянд, таваҷҷӯҳ бар ҳамин ҳақиқат доранд.
Имрӯза бисёре аз мушкилоти фардӣ ва иҷтимоӣ бар асари ғизоҳое аст, ки ба навъе аз роҳи ҳаром ба даст омадаанд ва дар хонаводаҳо ба масраф мерасанд. Кӯдаконе, ки аз ин гуна ғизоҳо мехӯранд ва даврони ҳассоси кӯдакиро ба ин сурат сипарӣ мекунанд, фитрати динии худро аз даст медиҳанд ва ба осонӣ даст ба ҳар гуноҳе мезананд.
Падар бояд талош кунад рӯзии пок ва ҳалол барои хонаводаи худ фароҳам кунад ва бидонад, ки навъи даромад (аз назари машрӯъ ва номашрӯъ будан) дар руҳиёт ва сарнавишти худ ва хонаводааш муассир аст. Пардохти ҳуқуқи воҷиби Ислом  ӣ монанди закот ва дигар инфоқҳои воҷиб ва мурооти ҳуқуқи дигарон дар муомилот ва хариду фурӯш ва ғайра ниёзманди диққат аст.
Мутаассифона бояд гуфт, ки густариши руҳияи моддигароӣ дар сояи нуфузи фарҳанги аврупоӣ, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои маънавӣ ва ахлоқиро дар баъзе афрод чунон заиф кардааст, ки ҷуз моддиёт ба чизе намеандешанд. Масъалаи муҳим барои онҳо даромади бештар аст, ҳарчанд аз роҳи номашрӯъ ва ҳаром бошад, ки ин хатари иҷтимоӣ барои хонаводаҳо ва фарзандон аст.
4 – Осебҳои ношӣ аз мураббиён
Як қисм аз осебҳо аз ноҳияи волидайн ва дигар мураббиёни тарбиятӣ мутаваҷҷеҳи тарбияти динӣ ва ахлоқии фарзандон мешавад. Бархе аз ин осебҳо иборатанд аз:
4 -1 – Саҳлангории хонаводаҳо: Одамӣ аз ибтидои ҳаёт, то ҳангоми издивоҷ ва ташкили хонавода, бахши муҳимме аз умри худро дар конуни хонавода ва канори волидайн мегузаронад. Аз ин рӯ волидайнро метавон аз нахустин ва муҳимтарин авомили тарбияти фарзандон ба шумор овард.
Ҷисму руҳ, ду бӯъди муҳимми вуҷуди инсонанд, ки ҳар як ба офатҳо ва бемориҳое гирифтор мешаванд. Табиӣ ва хирадмандона аст, ки падар ва модар, ҳамон гуна ки дар баробари бемориҳои ҷисмии фарзандони худ ҳассосият доранд ва барои таъмини саломатии ҷисмонии онон мекушанд, барои бемориҳои руҳӣ ва равонии онон ҳам ҳассос бошанд ва дар роҳи саломатии руҳӣ ва равонии онҳо бикӯшанд.
Ҳазрати Алӣ(а) ба фарзандаш имом Ҳасан(а) фармуд:
“Фарзандам! Туро бахше аз вуҷуди худ, балки ҳамаи хеш ёфтам, ба он ҳад, ки ҳарчи ба ту расад гӯё бар ман расидааст. Онгоҳ фармуд: Фарзандам! Дили ҷавон ҳамчун замини нокошта аст; ҳарчи дар он афкананд бипазирад, пас ба адаб омӯхтани ту пардохтам, пеш аз он ки дилат сахт шавад ва хирадат ҳавои дигар гирад”.
Воқеияти талх ин аст, ки бахши муҳимме аз осебҳои диндории навҷавонон ва ҷавонон дар асри ҳозир, маълули саҳлангории падару модар ва дар пеш гирифтани равиши саҳлангории ғайримантиқӣ аст. Мутаассифона имрӯза волидайн барои тарбияти фарзандони хеш чандон эҳсоси масъулият намекунанд.
Рӯзе Расули Худо(с) фармуд:
“Вой аз падарони охируззамон! Пурсиданд: Падароне, ки мушриканд? Фармуд: На; падарони мӯъмине, ки худ воҷиботи диниро ба фарзандонашон намеомӯзанд ва агар онон худ бихоҳанд биёмӯзанд, монеъ мешаванд ва барои фарзандони худ ба матои ночизи дунявӣ ризо медиҳанд. Ман ва чунин падароне аз якдигар безорем”.
Баъзе аз падару модарҳо барои масоили ғайризарурии фарзандони худ, ҳазинаҳои зиёде мекунанд; аммо ҳозир нестанд бо фиристодани фарзандони худ ба дарси Қуръон, хариди китоб, маҷаллот ва нармафзорҳои динӣ ва мазҳабӣ сатҳи биниш ва маърифати динии фарзандонашонро афзоиш диҳанд ва монеи осебпазирии онон дар бузургсолӣ шаванд. Равшан аст, ки чунин рафтор ва сиёсате, фақри фарҳангӣ ва маърифатӣ дар ҳавзаи маорифи диниро дар бузургсолӣ ҳамроҳ дорад ва заминаи осебпазириро фароҳам менамояд.
4 – 2 – Шахсияти волидайн: Аз авомиле, ки дар тарбияти фарзандон аҳамияти хос дорад, шахсияти волидайн аст. Хусусиёте монанди виқор, адаб, бузургворӣ, қотеият ва ҷиддият, парҳез аз корҳои сабук ва зиёдаравӣ накардан дар шӯхӣ, эътимод ба нафс ва монанди он, авомиле ҳастанд, ки сабаби эҷоди ҳисси эҳтиром ба дигарон, аз ҷумла фарзандон, ба падару модар мешавад.
Дар ин ҷо бояд ба як падидаи таассуфбор, ки дар бархе хонаводаҳо ба чашм мехӯрад ишора кунем ва он ин ки дар ин гуна хонаводаҳо, фарзандон ҳеҷ ҳурмате барои волидайн қоил нестанд ва чӣ басо бо беэҳтиромӣ ва пархош бо падару модари худ рафтор мекунад. Ин бархурд нишон медиҳад, ки шахсияти падару модар дар назари фарзандон аз миён рафта ва дар натиҷа онҳо ҳеҷгуна ҳарфшунавӣ аз волидайни худ надоранд. Дар чунин хонаводаҳое шерозаи тарбият аз ҳам пошида шудааст ва падару модар нақши иршодӣ ва тарбиятии худро аз даст додаанд ва дар тарбияти динӣ ва ахлоқии фарзандон тавфиқе нахоҳанд ёфт.
Аз авомили дигар ки дар ин баҳс мегунҷад, чигунагии рафтори падар ва модар бо якдигар аст. Бархурдҳои самимона, аммо мӯҳтарамонаи падар ва модар ва мурооти ҳарим ва шууни ҳамдигар дар эҷоди хисси эҳтироми фарзанд ба онҳо бисёр муассир аст. Аз ин рӯ, агар мушкилот ва масоиле миёни падару модар вуҷуд дорад, набояд онҳоро назди фарзандон ошкор кунанд ё дар ғиёби дигарӣ ба интиқод ва бадгӯӣ аз ӯ бипардозад.
Ин гуна рафторҳо эҳтиром ва эътимоди фарзандон ба волидайнро аз миён мебарад. Падар ва модар бояд ҳофизи ҳурмат ва шахсияти ҳамдигар бошанд. Агар падар назди фарзандон, ба модар иҳонат кунад, ё модар ҳурмат ва шахсияти падарро нодида бигирад, чӣ гуна метавон аз фарзандон интизори эҳтиром дошт?
4 -3 – Дугунагии рафтор бо гуфтор: Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки рафторҳо ва боварҳои динӣ ва ахлоқии кӯдакон ва навҷавонон дар муҳити хона шакл мегирад, дугунагии гуфтор ва рафтори волидайн дар раванди тарбияти онон ихтилол эҷод мекунад. Чунончи гуфтори волидайн ва дигар мураббиёни тарбиятӣ бо амали онон ҳамроҳ нашавад, чандон асаре нахоҳад дошт.
Қуръони Карим гуфтореро. ки пуштивонаи илмӣ надорад, мазаммат мекунад ва мефармояд:
                     «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ كَبُرَ مَقْتاً عِندَاللَّهِ أَن تَقُولُوا مَا لَاتَفْعَلُونَ»
Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро сухане мегӯед, ки амал намекунед? Назди Худо бисёр мӯҷиби хашм аст, ки сухане бигӯед, ки амал намекунед.
Дар ояти дигар, Бани Исроилро мазаммат мекунад ва мефармояд:
                                           «أَتَأْمُرُونَ الْنَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنْسَوْنَ أَنْفُسَكُمْ وَأَنْتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ أَفَلَا تَعْقِلُونَ»
Оё мардумро ба некӣ даъват мекунед; аммо худро фаромӯш менамоед, бо ин ки шумо худатон китоби (осмонӣ)₋ро мехонед? Оё ҳеҷ фикр намекунед?
Ба гуфтаи Саъдӣ:
Олимеро, ки гуфт бошаду бас,
                                                      Ҳарчи гӯяд нагирад андар кас.
Албатта мурод аз ин ки гуфтори беамал асар надорад, ин аст, ки асари мусбат надорад, вагарна дар ҷиҳати таъсири манфӣ бисёр асаргузор аст ва ба иборати дигар, ин гуфтор осебҳои фаровоне бар тарбияти фарзандон дорад; аз ҷумла ин ки дар бовари фарзандон тазалзул эҷод мекунад ва ба эътимоди онон зарба мезанад ва ин беэътимодӣ ба абъоди дигари зиндагии онон сироят мекунад, боварҳои инсонӣ ва динии онҳоро хадшадор месозад, волидайнро назди онон аз эътибор меандозад, дар онон танаффур эҷод менамояд ва ононро бар гуноҳ ва дуруғгуӣ ҷуръат мебахшад ва дурӯӣ ва нифоқ меоварад.
4 – 4 – Назорат ва муроқибат накардан: Баъзе аз падару модарон фарзандони худро раҳо кардаанд ва аз тарбияти динӣ ва ахлоқии онон ғофиланд ва ҳатто дар баробари бизеҳкориҳои онон вокунише аз худ нишон намедиҳанд. Чунин равише ба инҳитоти фарзандон меанҷомад ва аз онон афроди лоуболӣ ва бетарбияти саркаш ба бор меоварад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.