Аҳамияти нақши муаллим дар таълиму тарбият

210

 Муҳити гарм ва самимонаи хона, аввалин мактаби фарзандон аст. Волидайн бо поён овардани арзишҳои ахлоқӣ ва илоҳӣ нақши муҳимме дар тарбияти фарзандон  ва парвариши шахсияти ахлоқӣ ва иҷтимоии онон доранд.
Ҷомеа мактабро барои анҷом додани рисолати тарбиятӣ ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин нақши мактаб низ дар тарбияти шогирдон бисёр аҳамият дорад. Дарс  хондан фақат бахши кӯчаке аз тарбият дар мактаб аст ва шогирдон, бахусус дар давраи навҷавонӣ ба тарбияти амиқи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ниёз доранд, ки бояд дар мактаб анҷом гирад.
Ҳазрати Алӣ(а) дар бораи шеваи тарбиятии паёмбарон мефармояд:

“و یثیروا لهم دفائن العقول”

Паёмбарон ганҷинаҳои пинҳон ақлҳои мардумро барангехта ва ошкор мекарданд.
Ва низ он бузургвор мефармоянд: “Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ин кӯдаке, ки дар назди шумо тарбият мешавад, тарбияти динӣ бишавад, тарбияти ахлоқӣ бишавад. Агар як баччаи мутадаййинро  шумо таҳвили ҷомеа бидиҳед, як вақт мебинед ҳамин як инсони мутадаййини мутааҳҳид як ҷомеаро ислоҳ мекунад. Як фард мумкин аст як ҷомеаро ислоҳ бикунад; бинобар ин, агар худой накарда ин бачча аз домани шумо дуруст тарбият нашавад, аз таҳти тарбияти шумо, ки муаллим ҳастед тарбият нашавад мумкин аст як инсон як ҷомеаро фосид бикунад ва шумо масъул бошед”.
Аз ин суханони имом Алӣ(а) чунин фаҳмида мешавад, ки муаллимон нақши  муҳимме дар таълиму тарбияти ҷавонон доранд ва инҳо ҳастанд, ки ҷомеаи ояндаро барномарезӣ мекунанд, яъне дар воқеъ ояндаи як ҷомеа ва як миллат дар дасти ҳамин муаллимон аст ва инҳо ҳастанд, ки сарнавишти ҷомеаро рақам мезананд. Лизо масъулияти муаллимон танҳо дар интиқоли матолиби дарсӣ ба шогирдон хулоса намешавад.  Бисёре аз ин дарсҳо ҷавобгӯи ниёзҳои парваришии онҳо нест, зеро ба ақидаи соҳибназарон омӯзиш бояд ба сурате бошад, ки дар тарзи тафаккур ва ақоиди шогирдон низ тағйироте ба вуҷуд оварад то сабаби “эҷоди рушди ақлонӣ ва ахлоқӣ гардад, ки ҳамоно охирин ҳадафи таълиму тарбият аст”.
Хело аз уламои дин ҳам шуғли муаллимонро шуғли Худо ва пайғамбарон медонанд, ки мардумро ислоҳ мекунанд, ва мӯътақиданд, ки агар як нафар ба дасти шумо ислоҳ шавад, он як нафар метавонад як ҷомеаро ислоҳ кунад ва баръакс, агар як нафар ба дасти шумо фосид шавад, мумкин аст, як ҷомеаро ба фасод бикашонад ва шумо дар баробари онҳо масъулед. “Шумо муаллимин як шуғли бисёр шариф доред, ки ҳамон шуғли Аллоҳ аст; ҳамон шуғли анбиёст. Як масъулияти бисёр бузург доред, ки ҳамон масъулияти анбиёст”.
Барои расидан ба ин ҳадаф, муаллимон бояд ба шогирдон кӯмак кунанд то арзишҳои вуҷудии худро бишносанд ва дар роҳи феълият бахшидан ба истеъдодҳои созандае, ки доранд, кушиш кунанд. Аммо инҳо ҷуз аз роҳи ошноии муаллимон ба масоили тарбиятӣ, равонӣ ва иҷтимоии навҷавонон анҷом намегирад.

Вижагиҳои як муаллими мутааҳҳид дар парвариши шахсияти навҷавонон
1) Барқарории робитаи отифӣ: Муаллимон бояд бо барқарории робитаи отифии дутарафа, сабаби ҷалби эътимоди шогирдони худ шаванд. Ин иртибот бояд ба сурате бошад, ки шогирдон ҳамвора вуҷуди фарди дилсуз ва алоқаманд ба саодати хешро дар канори худ эҳсос кунанд ва дар ҳангоми зарурат мушкилоташонро бо ӯ дар миён бигузоранд.
2) Ошноӣ бо равоншинохтии рушд: Муаллимон бояд бо усули равоншиносии рушд ошно бошанд ва рушди ҷанбаҳои мутафовити шахсияти шогирдон монанди ҷанбаҳои баданӣ, ақлонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, отифӣ ва ғайраро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳанд ва бидонанд, ки инҳо бо ҳам маҷмӯаи комилеро ташкил медиҳанд ва нодида гирифтани ҳар як аз ин ҷанбаҳо сабаб мешавад, ки рушд ба сурати мутаносиб ва мавзун сурат нагирад.
3) Итминон аз яксон будани арзишҳои ҳоким дар хона ва мактаб: Тазодди арзишҳои ҳоким дар хона ва дар мактаб сабаби эҷоди тазод дар шахсияти навҷавонон мешавад ва ҳар гуна талош дар заминаҳои тарбиятиро беасар мекунад. Муаллимон бояд аз иртибот бо волидайни шогирдон ба ҷиҳати шинохти беҳтар, мубодилаи таҷрибаҳои тарбият ва итминон аз яксон будани арзишҳои ҳоким бар мактаб ва хона барои пешбурди аҳдофи тарбиятӣ истифода кунанд.
4) Таваҷҷӯҳ ба тафовутҳои фардӣ: Тафовутҳои фардӣ аз дигар усуле аст, ки равоншиносон дар заминаи рушд мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд. Ба далели вуҷуди тафовутҳои фардӣ дар шогирдон, дар заминаҳои ҳушӣ, вазъи иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, истеъдодҳо ва тавоноиҳо ва бо дар назар гирифтани маҳдудиятҳои онон, арзиш қоил шаванд ва ба ҳамон нисбат онҳоро мавриди ташвиқ қарор диҳанд. Бахусус интизороти болотар аз тавоноиҳои навҷавонон надошта бошанд, зеро нотавонии навҷавонон барои таъмини хостаҳо ва интизороти бузургсолон сабаби эҷоди нооромӣ ва навасоноти рӯҳӣ мегардад ва монеи эътимод ба нафси ҷавонон мешавад.
5) Ҳадафманд будани ташвиқ: Дар шароите, ки навҷавонон натавонанд ба кӯмаки хонавода роҳи муайянро интихоб ва дар зиндагӣ дунбол кунанд, муаллимон метавонанд бо ташвиқи онон бо ҳадафманд будан, ба истеъдодҳои онҳо ҷиҳат диҳанд. Ташвиқ кардан на танҳо донишомӯзонро маҷбур мекунад, ки талоши бисёре барои ёдгирӣ аз худ нишон диҳанд, балки ононро ба ширкат дар баҳс ва таваҷҷӯҳ ба матолиби дарс низ ташвиқу тарғиб мекунад. Ташвиқ метавонад гуфторӣ ва ғайригуфторӣ бошад, ки дар ҳар ҳол боиси ҷалби таваҷҷӯҳи шогирдон, лаззатбахш шудани дарс, суръат дар амри омӯзиш ва пешрафти таҳсилӣ мешавад.
6) Фароҳам овардани шароити ибрози вуҷуд дар синф: Муаллимон бояд ҳамонанди хонавода, ҷоеро омода кунанд, ки дар он имкони ибрози вуҷуд ва баёни ақоид ва афкор, ҳунар, авотиф ва эҳсосоти навҷавонон фароҳам гардад. Таъмини ин ниёз дар таъмини амнияти равонӣ, рушди қувваи ибтикор ва халлоқияти шогирдон, афзоиши эътимод банафс ва рушди шахсияти иҷтимоии онон таъсири бисёре дорад. Зеро навҷавонон агар натавонанд аз роҳҳои мусбат ва созанда монанди дарс, варзиш ва ҳунар ибрози вуҷуд кунанд, аз роҳҳои зидди арзишҳои иҷтимоӣ ворид мешаванд.
7) Таъмини амнияти равонӣ: Ҳамонанди хонаводаҳо, ки бояд бо таъмини ниёзҳои отифӣ, равонӣ ва маишатии фарзандон муҳити муносиберо фароҳам оваранд, муаллимон низ, бояд дар мактаб  фазоеро муҳайё кунанд, ки амнияти равонии шогирдон бахусус дар давраи булуғ ва навҷавонӣ, таъмин гардад. Чи бисёр навҷавононе, ки аз хонаводаҳои муташанниҷ ва бидуни бархурдорӣ аз камтарин вобастагии отифӣ басар мебаранд ва аз мактаб ба манзалаи паноҳгоҳе барои таскини дардҳои дарунӣ ва ҷуброни камбудҳои отифии худ ва низ фаро гирифтани дарсҳо истифода мекунанд. Дар ин сурат фароҳам овардани муҳити муносиб дар синф сабаби коҳиши даргирӣ ва изтироби ин гуна шогирдон мешавад, имкони дарс хонданро барои онҳо ба вуҷуд меоварад ва қудрати таҳаммули онҳоро дар баробари мушкилот афзоиш медиҳад. Акси он замоне аст, ки мактаб низ натавонад халаи отифӣ ва равонии ин қабил шогирдонро пур кунад. Дар ин сурат, ки навҷавон худро танҳо ва бепаноҳ ҳис мекунад ва ба доми афроди нобоб меафтад ва заминаи хилофкориҳои онон фароҳам мешавад.
8) Ҳифзи ҳурмати шогирдон: Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷавонон дар ҳоли ҳувиятёбӣ ва шахсиятсозӣ ҳастанд ва беш аз бузургсолон ба муҳаббат ва эҳтиром ниёз доранд, муаллимон бояд ҳамвора ҳуқуқ ва ҳурмати навҷавононро ҳифз кунанд, фазоили ахлоқии онҳоро арҷ ниҳанд ва ба онҳо шахсият диҳанд ва нукоти мусбати онҳоро бигӯянд ва он гоҳ матолиби худро илқо кунанд, бо риояти ин нуктаи муҳимми равонӣ, натиҷаҳои муҳимме ба даст меояд ва шахс дар тарбияти афрод ва таъсиргузорӣ дар рӯҳияи онон муваффақтар  мешавад.
Дар ин росто муаллимон аз камтарин фурсатҳо барои сутудани лаёқатҳо, маҳоратҳо  ва қобилиятҳои онон баҳра бигиранд, то эҳсоси эҳтиром ба хештан дар онҳо такомул ёбад. Аз ин эҳсоси эҳтиром ба нафс, хусусиёти зиёде ношӣ мешавад, ки зомини саодати ҳол ва ояндаи навҷавонон хоҳад буд. Касе, ки аз эҳтиром ба нафс бархӯрдор аст, аз арзишҳои вуҷудии хеш хабар дорад ва дар роҳи шукуфоии онҳо бапо мехезад ва ба рушд ва давоми онҳо меафзояд.
9) Кӯмак ба доштани истиқлоли отифӣ: Майли тааллуқ ба гурӯҳ дар ҳама инсонҳо, бахусус дар солҳои навҷавонӣ, вуҷуд дорад. Дар натиҷа, муаллимон бояд бо шогирдони мунзавӣ ва хиҷолатӣ бо диққати бештаре рафтор кунанд ва бидонанд, ки созгории иҷтимоӣ ва иртиботи саҳеҳ бо дигарон ба хусус ҳамсолон, аз зумраи мушкилоте аст, ки навҷавонон  бо он рӯ ба рӯ ҳастанд. Муаллимон метавонанд  бо кӯмаки дигар авлиёи мактаб ва аз тариқи фаъолиятҳои ғайрирасмӣ, монанди ташкили анҷуманҳо  ва меҳмониҳо ва додани  масъулият ба шогирдон,  дар фаъолиятҳои тарбиятӣ,  ба афзоиши эҳсоси андешамандӣ дар шогирдон  ва дар натиҷа созгории иҷтимоии онҳо кӯмак кунанд. Ба ақидаи соҳибназарон, иҷтимоӣ шудан ва барқарории равобити саҳеҳ бо гурӯҳи ҳамсолон, ҳам дар иҷрои истиқлоли отифӣ ба навҷавонон кӯмак мекунад ва ҳам дар иртиқои фазоили ахлоқии онҳо муассир аст.
10) Парвариши ақл ва фикри ҷавонон: Муаллим илова бар таълими ҷавонон, бояд неруи фитрии мутааллимро парвариш ва истиқлол бидиҳад ва қувваи ибтикории ӯро зинда кунад. Фарқ аст миёни танӯре, ки шумо бихоҳед оташ аз берун биёваред ва дар он бирезед ва танӯре, ки дар он ҳезум ва чӯб ҷамъ аст, шумо оташгираи аз хориҷ меоваред, он қадар зери ин чӯбҳо ва ҳезумҳо оташ медиҳед, то худи инҳо кам-кам оташ бигирад ва танӯр бо ҳезуми худаш оташ бигирад.
11) Рушди қувваи қазовати саҳеҳ: Муаллимон бояд истифода аз равиши илмиро дар омӯзиши риштаҳои гуногуни илмӣ, иҷтимоӣ, инсонӣ барои ҳалли куллияи масоили зиндагии иҷтимоӣ ба шогирдон биёмӯзанд, то ба рушди қувваи қазовати саҳеҳ дар онҳо кӯмак кунанд. Зеро дар як маъно, қазовати саҳеҳ дар воқеъ ҳамон тарзи тафаккури илмӣ ва асосии таълиму тарбият аст. Бинобар ин кори муҳимми мураббӣ ошно сохтани шогирдон бо равиши илмӣ ва тарзи иҷроии он дар ҳалли масоили зиндагӣ аст.
12) Мушорикати шогирдон дар фарогирӣ: Муаллимон бояд бо ширкат додани шогирдон дар фаъолиятҳои тарбиятӣ, омузишӣ ва гурӯҳӣ зимни баҳрагирӣ дар назариёт ва пешниҳодҳои онҳо, рӯҳи ҳамкориро тақвият кунанд ва ононро дар фароянди фарогирӣ ва иҷтимоӣ шудан саҳим созанд. “Пайдоиш ва нуфузи равишҳои ҷадиди тарбиятӣ аз қабили фаъолиятҳои гурӯҳи, баҳсҳои дастаҷамъӣ, танзими нақшаи кор аз тарафи шогирдон,  иртиботи саҳеҳи гуногун, ҳама фурсатҳои хубе барои тавсиа ва рушди рӯҳи ҳамкорӣ дар мактаб ба вуҷуд меоварад”.
13) Худдорӣ аз муқоисаи шогирдон: Муаллимон бояд аз муқоисаи шогирдон, эъмоли табъиз ва таҳқир ва ғайра ки сабаби бурузи кина ва кудурат ва хашм дар шогирдон, бахусус дар солҳои навҷавонӣ мешавад, башиддат худдорӣ кунанд.
14) Истифода аз арзишёбиҳои қобили эътимод: “Инсон модоме, ки худ ва тавоноиҳо ва имконоти худро нашиносад, нахоҳад тавонист дар бораи худ тасмим бигирад ва ё аз истеъдодҳои худ ба наҳви матлуб истифода кунад”.  Муаллимон бояд бо арзишёбии саҳеҳ ва қобили эътимод шогирдонро аз тавоноиҳои худ огоҳ созанд, онон бояд ҳангоми арзишёбӣ бо додани суолҳои муносиб ва истифода накардан аз имтиҳон ба унвони василаи тарснок, ба коҳиши изтироби шогирдон кӯмак кунанд, зеро ҳадаф аз арзишёбӣ санҷиши қудрати фикрӣ, ибтикори маълумотӣ ва кӯшиши шогирд аст.
15) Кӯмак ба истиқлоли навҷавонон аз тариқи узвият дар гурӯҳҳои гуногун: Аз онҷо ки заминаҳои касби истиқлол мисли касби бисёре аз хусусиёт, бояд аз кудакӣ ва аз тариқи хонавода фароҳам шавад ва ба мурур парвариш ёбад, ҳар гуна саҳлангорӣ ва ноогоҳии волидайн аз ин амр сабаб мешавад, ки баъзе баччаҳо дар синини навҷавонӣ дар айни гароиш ба мустақил шудан аз қабули масъулият битарсанд. Махсусан онҳое, ки ҳаргиз иҷозати изҳори назар ва тасмимгирӣ ва қабули масъулият дар мавриди масоили худ ва хонаводаро надоштаанд. Бинобар ин аз вазоифи муаллимон аст, ки бо фароҳам овардани заминаҳои узвияти навҷавонон дар гурӯҳҳои гуногуни варзишӣ, ҳунарӣ ва адабӣ, заминаро барои амали мустақили онон эҷод кунанд ва навҷавононро дар ҷиҳати ошкор шудани ҳувияти  мустақил ёрӣ расонанд, то роҳ барои пазириши нақшҳои гуногун (касби истиқлоли тадриҷии иқтисодӣ, омодагии идораи зиндагӣ ва ташкили хонавода) барои онон боз шавад.
16) Омодагии бархурд бо масоили зиндагӣ: Ба ақидаи Алии Шариатмадорӣ, “муаллим ба унвони омили ҷомеа вазоифи хоссе ба уҳда дорад муаллим бояд дар созгории иҷтимоӣ ба шогирдон кумак кунад ва онҳоро барои зиндагии иҷтимоӣ омода созад, масоили зиндагии иҷтимоиро барояшон ташреҳ кунад ва барои бархурд бо шароити мутағайир дар зиндагии иҷтимоӣ онҳоро муҷаҳҳаз созад”.  Муаллимон бояд ба шогирдон биёмузанд, ки кам-кам бо такя бар тавоноиҳои худ ва ба даст овардани эътимод ба нафс ба рӯёрӯии саҳеҳ бо мушкилот дар масири зиндагӣ гом бардоранд.
Муаллимон бояд ба шогирдон биёмузанд, ки  шикаст дар амре, ба маънои бесалоҳиятии онҳо нест ва дар сурати шикаст низ шахсияти фардӣ ва иҷтимоии онон монанди гузашта мавриди қабул ва эҳтиром аст.
17) Муаллим улгуи бартар аст: Ҳамон гуна ки волидайн дар манзил барои фарзандони худ улгу ва намуна ҳастанд, муаллимон низ бояд дар мактаб ба сабаби нақши умдатарини худ, улгуи шогирдон бошанд. Онон бояд намунаи амалӣ барои он чи ки шогирдонро ба он фаро мехонанд, бошанд. Он чунон ки имом Алӣ(а) мефармоянд: “Гуфторро фоидае нест, магар он ки бо кирдор ҳамроҳ шавад”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.