Вазоифи фарзандон нисбат ба волидайн

185

Фарзандон дар муқобили волидайни худ вазоиф ва масъулиятҳои мухталифе доранд, ки муҳимтарини онҳо ба таври хулоса иборатанд аз:

1-Эҳсон ва некӣ ба волидайн: ҷойгоҳи “эҳсон ва некӣ ба волидайн” аз   азамати хоссе бархӯрдор аст. Худованди Маннон мефармояд:لا تعبدوا الا الله و با لوالدين احسانا[1]  яъне ҷуз Худованди ягонаро парастиш накунед ва ба падару модар некӣ кунед.

Аз ояти шарифаи боло истифода мешавад, ки таъзим ва эҳтиром ба волидайн лозим ва воҷиб аст, гарчи кофир бошанд. Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Хурсандии Худованд дар гарави хурсандии падару модар аст ва хашми Худо дар гарави хашми онон аст”[2].

2-Ниҳояти эҳтиром ба волидайн

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:” Парвардигорат фармон дода ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳаргоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни   пирӣ расанд, камтарин иҳонате ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷида ва бузургворона ба онҳо бигӯ ва болҳои тавозуи хешро аз муҳаббату лутф дар баробари онон фурӯд ор ва бигӯ Парвардигоро! Ҳамонгуна ки онҳо маро дар кӯдакӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ”[3].

3- Ташаккур ва сипосгузорӣ аз волидайн

Яке аз вазоифи инсон, шукри мунъим(неъматдиҳанда) аст ва мунъими ҳақиқӣХудованди Мутаол аст, ки бояд ӯро ибодат кард. Иллати инки Худованди Субҳон, эҳсон ба волидайнро баъд аз ибодати худ зикр карда, он аст ки бифаҳмонад падару модар низ ба инсон эҳсон кардаанд ва шукри он низ лозим аст.

Бинобар ин ҳеч кас баъд аз Худованти Мутаол, ки ҳамаи неъматҳо аз ӯст ба инсон монанди волидайн хидмат накардааст. Аз инрӯ шукри онҳо ва низ эҳсон ба онҳо лозим аст.

4-Азамати ҳаққи модар ва некию эҳсони музоаф ба эшон

Худованди Ҳаким дар Қуръони Карим мефармояд:” Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад, модараш ӯро бо нороҳатӣҳамл мекунад ва бо нороҳатӣ бар замин мегузорад ва даврони ҳамл ва аз шир боз гирифтанаш сӣ моҳ аст.”[4]

Ин оят далолат дорад бар инки ҳаққи модар бузургтар аз ҳаққи падар бар инсон аст. Зеро дар оғоз масъалаи эҳсон ба падару модарро баён намуд, сипас модарро ҷудогона зикр кард, ки фарзандро бо машаққату ранҷҳамлу вазъ мекунад, ва ин далолат бар азамати ҳаққи модар мекунад. Паёмбари Акрам(с) дар робита бо мақому манзалати модар мефармоянд: “Биҳишт зери пои модарон аст”[5].

5- Нигоҳи шафақатомез ва муҳаббатомез ба падару модар

Паёмбари Ислом(с) мефармояд:” Нигоҳ кардан ба чеҳраи падару модар ибодат аст”[6]. Ва Имом Алӣ(к) дар ҳамин робита мефармоянд: “Бӯса бар рӯи падару модар ибодат аст”.

6-Парҳез аз азияту озори волидайн ва оқ кардани онҳо

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Нафрину нафрин шудааст, касе ки падару модарашро бизанад, нафрин нафрин шудааст, касе ки падару модарашро озор диҳад”. Ва дар ҷои дигар мефармояд: “Бузургтарин гуноҳон ширк ба Худо ва озор додани падару модар аст”.

7-Ононро ба исм садо назанад ва ҷулутар аз онон роҳ наравад

Марде аз Расули Худо(с) суол кард, ҳаққи падар бар фарзандаш чист? Ҳазрат фармуданд:” падарашро бо исм садо назанад ва ҷулуи ӯ роҳ наравад ва қабл аз ӯ нанишинад ва боиси дашноми ӯ нашавад”.

8- Бахшиш ба падару модар

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Оё медонед чӣ бахшише дар роҳи Худо бартар аст? Арз карданд: Худо ва Расулаш донотаранд, ҳазрат фармуд: “Бахшиши фарзанд ба падару модар”.

9-Ҳифзи обрӯ ва ҳайсияти падару модар

Мавлои мутақиён Алӣ(к) мефармоянд: “Фарзанди бад, обрӯ ва шарофати хонаводаро аз байн мебарад ва мояи нангу расвоии пешиниёни худ мешавад”.

10- Истиғфору дуо барои волидайн дар зиндагӣ ва пас аз маргашон

Фарқе дар вуҷуби некӣ ба волидайн ва дуои хайр барои онон дар ҳаёту мамоташон нест; яъне фарзанд вазифа дорад ҳамеша аз даргоҳи парвардигор барои эшон дуо ва истиғфор намояд. Аз Расули Акрам(с) суол шуд, оё пас аз марги волидайн, чизе аз ҳуқуқи онҳо боқист ё на? Ҳазрат фармуданд: “Бале, намоз ва истиғфор ва дуо барои эшон ва гиромӣ доштани дӯстони онҳо.” Ва низ мефармуданд:” Сарвари некон дар рӯзи қиёмат мардест, ки баъд аз марги падару модараш ба онон некӣ карда бошад”.

Ҳуқуқи волидайн пас аз марг

Ҳуқуқи волидайн пас аз маргашон он аст ки:

1-Воҷиботе, ки аз онон дар ҳоли ҳаёт фавт шудааст аз қабили ҳаҷ, намоз, рӯза ва ҳамчунин агар қарздор бошанд, авлод бояд адо намоянд.

2- Ба ончи васият намудаанд фарзанд амал кунад.

3-Онҳоро то охири умраш набояд фаромӯш намояд, барояшон талаби раҳмату мағфират кунад ва ба ниёбат аз онҳо садақа диҳад ва аъмоли мустаҳаббиро ба қасди эшон анҷом диҳад ва то метавонад барояшон хайрот бифиристад ва ғайра

Вазоифи волидайн нисбат ба фарзанд

Пазириши кӯдак: Бисёре аз волидайн нисбат ба ҷинси кӯдак ҳассосият нишон медиҳанд; барои мисол алоқаманданд, ки писар дошта бошанд ва баъзе ҳам рӯи духтар будани фарзанд таъкид доранд. Аз ҳуқуқи кӯдакон ин аст, ки бидуни таваҷҷӯҳ ба ҷинси ӯ вайро бипазиранд ва аз ӯ истиқбол кунанд. Барои рафъи ҳасосият дар баробари ҷинсият, Паёмбар роҷеъ ба духтараш мефармуд: “Духтар чун гули хушбӯст ки онро мебӯям ва рӯзии ӯ бо Худост” ё дасти духтарашро мебӯсиду мефармуд: “Духтар ҳадяи Худост”.

1-      Номгузории кӯдак: Номгузории кӯдак беҳтар аст қабл аз таваллуд анҷом гирад. Аз замони ҳомилагӣ ду ном барои ҷанин бояд интихоб шавад, ки агар духтар буд яке аз номҳо ва агар писар буд номи дигар ба вай дода шавад. Интихоби номи хуб, барои кӯдак, аҳамияти бисёр дорад; махсусан аз он боб, ки агар ӯ дар оянда шахсияте шавад. Ном дар эҷоди ғурур ё ҳақорати ӯ муассир аст. Беҳтар аст номе интихоб шавад, ки ӯ бо он эҳсоси сарафрозӣ ва вобастагӣ ба покону қудратмандон кунад ва тавсия шудааст, ки номи кӯдак аз номи хонадони Паёмбар бошад.

2-      Анҷоми маросими мазҳабӣ: Пас аз таваллуд мебояст дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапаш иқома хонд ва ин амал қабл аз буридани ноф барои кӯдак мустаҳаб аст ва дар ривоёти исломӣ ин амрро паноҳе дар баробари лағзишҳои шайтонӣ зикр кардаанд. Ба таври хулоса бояд гуфт, ки ин амал дар эҷоди рӯҳи динӣ дар кӯдак муассир аст.

3-      Эҳтиром ба кӯдак: Тифл амонати Худо ва ҳадяи ӯст. Ба Худо вобастааст, ҳамчун асбоб бозӣ нест, ки дар борааш таҳқир раво шавад. ӯ чун вобаста ба Худои бузург аст бузург ва соҳиби каромат аст, бояд ба гиряву фарёдаш таваҷҷӯҳ кард ва бояд бо ӯ бо эҳтиром рафтор намуд. Ҳангоме, ки сухан мегӯяд ба суханаш бояд гӯш фаро дод. Дар кору танҳоияш набояд зиёд дахолат кард. Ҳукумат ва тасаллути ӯро бар асбоб бозиҳояш набояд бар ҳам зад. ӯ бояд ҳис кунад, ки шахси бузургест ва назди дигарон эҳтиром дорад ва ӯро мепазиранд.

4-      Муҳаббат ба кӯдак: Муҳаббат нерӯи лозим барои идомаи ҳаёти тифл аст ва рӯҳи кӯдак аз тариқи он осоишу оромиш пайдо мекунад. Кӯдаконе ки дар кӯдакӣ муҳаббат набинанд, дар бузургӣ афроди хашину ноҳамвору уқдаӣхоҳанд буд. Ин муҳаббат набояд бастагӣ ба мавқеияти нисбии ӯ дошта бошад; ба унвони мисол набояд марбут ба зебоии кӯдак, рушди ӯ, ранги мӯ ва чашми ӯ бошад, балки ба кӯдак факат аз он боб, ки вобаста ба волидайн аст бояд муҳаббат кард. Зимнан набояд фаромӯш кунем ки кори муҳаббати мо ба ифрот накашад, зеро он худ муҷиби нобасомониҳои дигаре хоҳад шуд.

5-      Тағзияи кӯдак: Ҳеч ғизое барои кӯдак беҳтар аз шири модар нест. Модар ба ҳангоми шир додан танҳо селлулҳои тани ӯро тағзия намекунад, балки меҳру отифаи худро нисори ӯ менамояд. Аз ҳудуди яксолагӣ бояд аз ончи ки худ мехӯрем ба кӯдак бидиҳем. Аз ҳудуди 15 моҳагӣ дар хӯрдани ғизо озодаш бигузорем. Ғизо бояд тайиб ва пок бошад ва ин бо амалу рафтори кӯдак робитаи мустақим хоҳад дошт:كلوا من الطيبات واعملوا صالحا

6-      Пушондани кӯдак: Либос фароху кушод бошад, то маҳдудияте барои рушди ӯ эҷод накунад. Ҷомаи кӯдак сафед ва дигар либосҳояш беҳтар аст рангин бошад. Ба писар ҷомаи абрешими напушонанд ва танашро ба нармиву латофат одат надиҳанд ва баракс либосҳо чандон хашин набошад, ки ҷисмашро биёзорад.

7-      Беҳдошти кӯдак: Дар ҷанбаи тан дур доштани ӯ аз олӯдагиҳо, барканор доштан аз аворизи ҷисмӣ аз роҳи риояти усули беҳдоштӣ дар муҳит ва     ғизои тифл имконпазир аст. Дар ҷанбаи равон барканор доштани рӯҳи ӯ аз изтиробҳо, тарсҳо ва нигарониҳо мавриди назар аст. Дар ҷанбаи мағз дур доштани ӯ аз бадомӯзиҳост аз он бобат, ки мағзи ӯ махзани қимате аст ва бояд дар он чизҳои гаронбаҳо қарор дод.

8-      Парвариши отифӣ: Тифл бояд дар хона, муҳаббату меҳр, аламу ғусса, ҳузну таассур ва шодиву сурурро биёмӯзад. Камбуди меҳр натиҷаи баде барои кӯдак хоҳад дошт, зеро ҷомеаи беотифа ҷомеаи шиканандааст на дерпо. Барои ин амр лозим аст кӯдак мавриди меҳр қарор гирад; ӯро бибӯсанд; гоҳе нозашро бихаранд; аз муроқибаташ эҳсоси хастагӣ накунанд; аз баҳонагирии ӯ нороҳат нашаванд ва дар борааш қасовату бебокӣ нишон надиҳанд.

9-      Парвариши иҷтимоӣ: Манзур он аст, ки волидайн ба кӯдак одоби муошират биёмӯзанд; тарзи зиндагӣ дар ҷамъро ба ӯ ёд диҳанд, бадонгуна ки ӯ битавонад зиндагии дастаҷамъиро таҳаммул кунад, ҳамкорӣ ва ҳамгомӣ намояд ва дар байни ҷамъ мутакаллими ваҳда набошад ва барои инсоният эҳтиромқоил шавад. Равобиташ бо ҷамъ бар асоси тафоҳуми машрӯъ бошад, дар роҳи хидмат ба ҷомеа гом бардорад ва адолати иҷтимоиро риоят кунад. Омода кардани фард барои вуруд дар зиндагии иҷтимоӣ то синни 21 солагӣ идома хоҳад дошт ва аз тариқи ширкат додани ӯ дар корҳои хонаводагӣ, дар шӯрои хонаводагӣ ва ҳамроҳ бурдани ӯ ба ҷомеа имконпазир аст.

10-  Парвариши динӣ: Аз ҳамон рӯзҳои аввали таваллуд оғоз мешавад. Дар солҳои баъд бар асоси китобҳои динии мо барои ҳар сол ва ҳатто ҳарчанд моҳе барномаи муайян шудааст, ки барои огоҳии бештар бояд ба онҳо муроҷиа кард; масалан дар се солагӣ бояд шакли саҷда карданро биёмӯзад, дар панҷсолагӣ адои шаҳодатайн, дар ҳафтсолагӣ намоз ва ғайра ин кор аз роҳи амали волидайн ва ширкат додани кӯдак дар ҷамомадиҳои динӣ имконпазир аст.

11-           Парвариши ахлоқӣ: Ахлоқ ба маънои маҷмуаи усули ҳоким бар равобити инсонӣ ва посдории ин равобит бояд аз ҳамон моҳҳои аввали таваллуд ба кӯдак илқо шавад. Тарбият бидуни ахлоқ, парвариши ҷинояткори зирак аст. Дар сояи парвариши ахлоқӣ сифатҳо ва қудратҳои Худованд, фазоили бузурги ақлие чун амонат, шуҷоат, эҳтиёт ва далерӣ дар ӯ бедор мешавад ва кӯдак барои идомаи зиндагии худ қоидаҳоеро бармегузинад.

12-  Парвариши иқтисодӣ: Волидайн вазифа доранд фарзандро барои касби маҳорате дар анҷоми як шуғл тарбият кунанд ва кору ҳунаре ба ӯ биёмӯзанд то дар сояи он битавонад ба идомаи зиндагӣ бипардозад ва сари бори дигарон набошад.

13-  Маскани кӯдак: Кӯдак маҳаллеро лозим дорад, то дар он битавонад танҳо бошад ва дар олами худ сайр кунад. Агар таҳияи ҳуҷрае барои ӯ мумкин нест ло ақал гӯшае аз ҳуҷраи маскунӣ бояд дар ихтиёри ӯ бошад, то дар он битавонад асбоб бозиашро бичинад ва дар олами худ бо худ саргарм бимонад. Дар синни болотар лозим аст маҳалли хоби ӯ аз падару модару хоҳар ё бародараш ҷудо бошад.

14-  Омӯзиши масоили зарурӣ: Бисёре аз масоили зарурӣ барои зиндагии кӯдак аз воҷиботу муҳаррамот ва ҳуқуқу ҳудуд, мутаносиби рушд ва синни ӯ бояд ба вай омӯхта шавад ва ин амр онқадар бояд вусъат дошта бошад, ки масоиле дар ҳудуди шууни зиндагӣ, хонаводагӣ ва издивоҷҳам матраҳ шавад. Бисёре аз волидайн аз додани посух ба суолоти кӯдакон ибо доранд ва мегӯянд: рӯяш боз мешавад. Ин амр ба зиёни хонавода ва кӯдак аст.

15-  Бозӣ ва ҳамсонӣ бо кӯдак: Кӯдак ниёзманди бозӣ аст ва бозӣ заминаи рушди ӯро фароҳам мекунад. Кӯдак дар хона ниёзманди касест, ки бо ӯҳамсон бошад, мисли ӯ бияндешад ва мисли ӯ рафтор кунад. Ин эҳсос барои танҳо фарзанди хонавода бештар ба чашм меояд. Барои рафъи ин ниёз аст, ки дар тарбияти исломӣ тавсия шудааст волидайн гоҳе худро баҷои як кӯдак бигузоранд ва бо ӯ бозӣ кунанд. Паёмбари Акрам(с) ҳамин равишро дар бораи Ҳасанайн эъмол мекард.

16-  Тарбият барои зиндагӣ: Зиндагӣҳамешағизои гарму бистари нарм нест. Ҳамеша роҳату фароғ нест, гоҳе маҳрумиятҳое вуҷуд дорад, ки тифл бояд бо онҳо маънус шавад. Аз ин рӯ исроре надошта бошем, ки кӯдак ҳама вақт мутанаим ба кулли неъматҳо бошад ва низ исрор накунем, ки зиндагиаш ҳамешаҳамроҳ бо мувафақият бошад. Лозим аст ӯ маззаи шикаст, гармову сармо, ташнагиву гуруснагӣ, осоишу ранҷро бичашад ва барои зиндагии дунёи оянда, ки ҳамроҳ бо ин тазодҳост омодагӣ ёбад. Аз масоили дигар, омӯзиши дунёи мутафовити зану мард аст, ки бояд аз роҳи амалу рафтори волидайн дарёбад. Лағзидан, уфтодан, маҷрӯҳ шудан, дарду хуши, ҷузви зиндагист. Лозим нест кӯдак ҳамеша ва ҳама вақт дар ин заминаҳо ҳимоят бибинад, чун дар он сурат фарде беурзаву нотавон хоҳад шуд. Аз масоили дигар, омӯзиши хушбинӣ нисбат ба зиндагӣ аст. Набояд вазъе ба вуҷуд ояд, ки ӯ аз зиндагӣ эҳсоси дилсардӣ кунад. Волидайн набояд аз зиндагӣ дар баробари кӯдак шиква кунанд ва дар натиҷа ӯро ба оянда бадбин намоянд.

[1]-сураи

[2]-канзул уммол, ҷ 16

[3]-сураи

[4]-сураи луқмон ояти 14.

[5]-Лубб-ул-лубоби Ровандӣ, ҳ. 17933

[6]-Канз-ул-уммол, ҳ.45336

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.