Рафтор дар хонавода аз дидгоҳи ислом

71

22

Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс ба хонадонам ҳастам.

Дар ин навиштор, ривоятҳоеро гирд овардам, ки дар мавзӯи чигунагии рафтор ва кирдори марду зан бо якдигар ва ҳамчунин ҳар як аз онҳо бо фарзандон ва соири инсонҳо мебошад. Бештари ин ривоётро аз китоби арзишманди “Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат” нақл мекунам ва аксари онҳо ривоёти саҳеҳа ҳастанд; касе ки мехоҳад бо санади ин ривоёт ошно гардад, ба ин китоб муроҷеа намояд.

1. Хушрафторӣ:

1. Қуръони Карим: “Бо онон (занон) ба некӣ рафтор кунед.” (Нисо/19)

2. Дар ривоят аст, ки: “Мард барои идораи хона ва оилааш ба се хислат ниёз дорад, ки бояд онҳоро ба кор гирад гарчи ин хислатҳо дар табиат ва даруни ӯ набошад: хушрафторӣ, гушодадастии санҷида ва ғайрат барои номусдорӣ.”

2. Хушахлоқӣ:

1. Паёмбари Худо (с): “Бо хонадон, ҳамсоягон ва касоне ки бо онон муошират ва ҳамнишинӣ дорӣ, хушахлоқ бош, то назди Худованд дар дараҷоти баланд қарор гирӣ.”

2. Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Абӯабдуллоҳи Ҷадалӣ омадааст: “Ба Оиша (р) гуфтам: Ахлоқи Паёмбари Худо (с) бо хонаводааш чӣ гуна буд? Гуфт: Некхӯтарини мардум буд; на дашном медод ва на бадзабонӣ мекард ва на аҳли ҳаёҳу кардан дар кӯчаю бозор буд ва на бадиро бо бадӣҷуброн мекард, балки мебахшид ва гузашт мекард.”

3. Паёмбари Худо (с): “Дар рӯзи қиёмат касе аз шумо ба ман наздиктар менишинад, ки хушхӯтарини шумо бошад ва барои оилааш беҳтарин кас бошад.”

4. Паёмбари Худо (с): “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс бо хонадонам ҳастам.”

5. Паёмбари Худо (с): “Комилтарини мӯъминон дар имон касе аст, ки хушахлоқтарин ва бо хонаводааш меҳрубонтарин бошад.”

6. Дар Танбеҳул-ғофилин ба нақл аз Анас овардааст: “Аз Паёмбари Худо (с) савол шуд: кадом мӯъмин, имонаш комилтар аст? Фармуд: касе ки бо хонадонаш хушахлоқтар бошад.”

3. Хуб шавҳардорӣ кардан:

1. Паёмбари Худо (с): “Ҷиҳоди зан, хуб шавҳардорӣ кардан аст.”

2. Дар Шуабул-имон ба нақл аз Муслим ибни Убайд овардааст: “Аз Асмоъ духтари Язиди Ансорӣ ривоят шудааст, ки вай назди Паёмбар (с), ки дар ҷамъи асҳобаш нишаста буд, омад ва гуфт: Падару модарам фидоят! Ман ба намояндагӣ аз тарафи занон назди шумо омадаам… Ба шумо мардҳо, бар мо занҳо бартариҳое дода шудааст: дар намози ҷумъа ва ҷамоат ширкат мекунед, ба аёдати беморон меравед, ташйеи ҷаноза мекунед, ҳаҷ мегузоред… Пас, эй Паёмбари Худо! Мо дар кадом подош бо шумо мардон шарик ҳастем? Паёмбар (с) рӯ ба ӯ кард ва фармуд: Эй зан! Баргард ва ба заноне, ки туро фиристодаанд эълом кун, ки некӯ ҳамсардории ҳар як аз шумо занон барои шавҳараш ва ҷалби ризояти ӯ ва мувофиқату созгорӣ бо ӯ, бо ҳамаи он аъмоле, ки барои мардон ном бурдӣ, баробарӣ мекунад.”

3. Дар Муснади Абӯяъло ба нақл аз Анас овардааст: “Занон назди Паёмбар (с) омаданд ва гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Мардон, савоби ҷиҳод дар роҳи Худоро азони худ кардаанд ва дигар амале барои мо намондааст, ки бо он, ба фазилати амали муҷоҳидони роҳи Худо бирасем! Паёмбар (с) фармуд: Кору хидмати ҳар як аз шумо дар хонааш, бо амали муҷоҳидони роҳи Худо баробарӣ мекунад.”

4. Паёмбари Худо (с): “Ҳеҷ зане нест, ки ҷуръаи об ба шавҳараш бинӯшонад, магар он ки ин амали ӯ барояш беҳтар аз як сол бошад, ки рӯзҳояшро рӯза бигирад ва шабҳояшро ба ибодат бигузаронад. Худованд дар ивази ҳар ҷуръае, ки ба шавҳараш менӯшонад, шаҳре дар биҳишт барояш месозад ва шаст гуноҳи ӯро меомурзад.”

5. Паёмбари Худо (с): “Ҳеҷ зане нест, ки бар шавҳари хеш ҷома бипӯшонад, магар он ки Худованд дар рӯзи қиёмат ҳафтод хилъати биҳиштӣ бар ӯ бипӯшонад, ки ҳар як аз он хилъатҳо монанди шақоиқи нӯъмону райҳон аст ва низ дар рӯзи қиёмат чиҳил каниз аз ҳуриёни биҳиштӣ ба ӯ дода мешавад, ки ба ӯ хидмат мекунанд.”

4. Меҳрубонӣ:

Паёмбари Худо (с): “Аз мӯъминон он касе имонаш комилтар аст, ки хушахлоқтар ва бо аҳлаш меҳрубонтар бошад.”

5. Некӣ кардан:

1. Паёмбари Худо (с): “Хонаводаи мард, асирони ӯ ҳастанд ва маҳбубтарини бандагон назди Худои азза ва ҷалла касе аст, ки ба асиронаш бештар некӣ кунад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Мардум хонаводаи Худо ҳастанд. Пас, маҳбубтарини мардум назди Худо касе аст, ки ба хонаводааш некӣ кунад.”

3. Паёмбари Худо (с): “Комилтарини мӯъминон аз назари имон он кас аст, ки хушахлоқтар бошад ва беҳтарини шумо касе аст, ки ахлоқи ӯ бо занонаш беҳтар бошад.”

4. Паёмбари Худо (с): “Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар мавриди ду нотавон: ятим ва зан! Беҳтарини шумо касе аст, ки барои хонаводааш беҳтар бошад.”

5. Паёмбари Худо (с): “Ҷабраил (а) маро пайваста дар бораи зан васият мекард; чандон ки гумон бурдам, ки талоқ додани ӯҷуз дар сурати иртикоби фаҳшои ошкор раво набошад.”

6. Эҳтиром ниҳодан:

1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас ҳамсар бигирад, бояд ӯро гиромӣ бидорад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Беҳтарини шумо касе аст, ки барои оилааш беҳтар бошад ва ман беҳтарини шумо барои оилаам ҳастам. Занонро касе гиромӣ намедорад, магар инсони бузургвор ва касе ба онон иҳонат намекунад, магар инсони паст.”

3. Паёмбари Худо (с): “Оё беҳтарин касро бароятон муаррифӣ бикунам? (Бидонед, ки) ва он кас касе аст, ки фурӯтан ва хушахлоқ бошад ва ҳаргоҳ издивоҷ кард, ҳамсарашро гиромӣ бидорад.”

7. Мулоимат ва мудоро:

1. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо барои оилае хайре бихоҳад, ононро дар дин доно ва огоҳ мегардонад ва мулоимат ва мӯътадил будан дар зиндагӣ ва миёнаравӣ дар корҳояшонро рӯзии онон мекунад ва кӯчаки онҳо ба бузургашон эҳтиром мениҳад ва агар барои оилае ғайр аз он бихоҳад, эшонро ба ҳоли худ раҳо мекунад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо оилаеро дӯст бидорад, мудоро ва мулоиматро дохили он оила мекунад.”

3. Паёмбари Худо (с): “Мулоимат муборак аст ва хушунат шум. Ҳаргоҳ Худованд барои оилае хайре бихоҳад, мулоиматро вориди он оила мекунад, зеро мулоимат ҳеҷгоҳ бо ҳеҷ чиз ҳамроҳ намешавад, магар ин ки он чизро зинат мебахшад ва хушунат ҳаргиз бо чизе ҳамроҳ намешавад, магар ин ки он чизро зишт мегардонад.”

4. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо хайри бандагонро бихоҳад, мудоро ва эътидол дар зиндагиро рӯзии онон мекунад ва ҳаргоҳ бадии ононро бихоҳад, бетадбирӣ дар зиндагиро рӯзияшон мекунад.”

8. Хидмат ба зан:

1. Паёмбари Худо (с): “Хидмати ту ба ҳамсарат, садақа аст.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас аз се кор такаббур наварзад, мӯъмини ҳақиқӣ аст: хидмат ба оила, нишастан бо фақирон ва таом хӯрдан бо хидматкораш. Ин корҳо аз нишонаҳои мӯъминоне аст, ки Худованд дар китобаш аз онон ин гуна ёд кардааст: “Инон, мӯъминон ҳақиқӣ ҳастанд.” (Анфол/4)

3. Паёмбари Худо (с): “Ба оилаи худ хидмат намекунад, магар инсони ростгӯ, ё шаҳид, ё марде, ки Худо хайри дунёву охиратро барои ӯ бихоҳад.”

4. Дар Саҳеҳи Бухорӣ овардаст: Аз ҳазрати Оиша (р) савол шуд: Паёмбар (с) дар хонааш чӣ кор мекард? Оиша (р) гуфт: Ба ҳамсараш кӯмак ва хидмат мекард ва агар вақти намоз мешуд, барои намоз аз хона берун мерафт.”

5. Паёмбари Худо (с): “Мард ҳаргоҳ ба ҳамсараш обе бинӯшонад, подош мебарад.”

6. Паёмбари Худо (с): “Ҳар нафақае, ки медиҳӣ ва бо он ризои Худоро меҷӯӣ, барояш аҷр меёбӣ, ҳатто барои луқмае, ки дар даҳони ҳамсарат мегузорӣ.”

9. Кӯмак ба шавҳар:

1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар зане, ки шавҳарашро дар кори ҳаҷҷу ҷиҳод ё талаби илм кӯмак кунад, Худованд ба ӯ аз ҳамон подоше медиҳад, ки ба ҳамсари Аюб (а) додааст.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар зане, ки шавҳарашро ҳафт рӯз ёрӣ диҳад, Худованд ҳафт дари дӯзахро ба рӯи ӯ мебандад ва ҳафт дари биҳиштро ба рӯяш мекушояд, то аз ҳар даре, ки мехоҳад дарояд.”

3. Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Ҳасин ибни Мӯҳсин омадааст: “Аммаи ӯ (Ибни Мӯҳсин) барои коре назди Паёмбар (с) омад ва кораш, ки анҷом шуд, Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: Оё шавҳар дорӣ? Гуфт: Оре. Фармуд: Барои ӯ чӣ гуна ҳастӣ? Гуфт: Барои ӯ аз ҳеҷ коре кӯтоҳӣ намекунам, магар коре, ки аз тавонам хориҷ бошад. Фармуд: Эҳтиёт кун, ки бо ӯ чӣ гуна ҳастӣ, зеро ӯ дар ҳақиқат биҳишту дӯзахи туст.”

10. Салом кардан ба аъзои хонавода:

Паёмбари Худо (с): “Эй Анас! … Ҳаргоҳ вориди хонаат шудӣ, бар аҳли хонаат салом кун, то хайру баракати хонаат зиёд шавад.”

11. Шод кардан:

1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас оилаашро шод созад, Худованд аз он шодӣ махлуқе меофаринад, ки то рӯзи қиёмат барояш талаби омурзиш мекунад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас аз бозор меваи наврасе барои фарзандонаш биёрад, монанди касе аст, ки садақае ҳамл мекунад, то онгоҳ ки онро дар даҳони онон бигузорад ва бояд аз духтарон шурӯъ кунад, зеро Худои Мутаол нисбат ба духтарон дилсӯз аст ва ҳар кас нисбат ба духтарон дилсӯз бошад, монанди касе аст, ки аз тарси Худо гиря мекунад ва ҳар кас аз тарси Худо бигиряд, омурзида мешавад ва ҳар кас духтареро шод кунад, Худованд дар рӯзи ғаму андӯҳ ӯро шод мегардонад.”

3. Паёмбари Худо (с): “Дар ҳар ҷумъа чизе мисли мева ё гӯшт барои оилаатон ҳадя оваред, то аз омадани ҷумъа шод шаванд.”

4. Дар ривояте дар Торихи Димишқ овардааст: “Паёмбар (с), шӯхтабътарини мардум буд.”

5. Дар Алмӯъҷам-ус-сағир овардааст: “Паёмбари Худо (с) шӯхтарини мардум бо кӯдакон буд.”

12. Ҳамнишинӣ ва таом хӯрдан бо оила:

1. Паёмбари Худо (с): “Нишастани мард дар канори аҳли хонааш назди Худо маҳбубтар аз эътикоф дар ин масҷиди ман аст.”

2. Дар Танбеҳул-ғофилин ба нақл аз Анас овардааст: “Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Нишастан бо оила савобаш бештар аст ё нишастан дар масҷид? Фармуд: Як соат нишастан дар канори оила, назди ман маҳбубтар аз эътикоф кардан дар ин масҷиди ман аст. Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Назди шумо, харҷ кардан барои оила маҳбубтар аст ё инфоқ кардан дар роҳи Худо? Фармуд: Як дирҳам, ки мард барои оилааш харҷ мекунад, назди ман маҳбубтар аз ҳазор диноре аст, ки дар роҳи Худо инфоқ мекунад.”

3. Паёмбари Худо (с): “Худованд мӯъминро дӯст медорад ва зану фарзандонашро низ дӯст медорад. Маҳбубтарин чиз назди Худои Таоло он аст, ки бубинад мард бо зану фарзандонаш бар сари як дастурхон таом мехӯранд. Сипас ҳаргоҳ бар он суфра гирди ҳам оянд, бо назари раҳмат ба эшон менигарад ва пеш аз он ки аз ҷои худ пароканда шаванд, ононро меомурзад.”

13. Сабри зан дар баробари бадахлоқии шавҳар:

1. Паёмбари Худо (с): “Се гурӯҳ аз занонанд, ки Худо азоби қабрро аз онон мебардорад ва бо Фотима духтари Муҳаммад (с) маҳшур мешаванд: зане, ки дар баробари ғайрати шавҳараш сабр кунад; зане, ки дар баробари бадахлоқии шавҳараш сабр кунад ва зане, ки маҳрияашро ба шавҳараш мебахшад. Худои Мутаол ба ҳар як аз ин гуна занон, савоби ҳазор шаҳид медиҳад ва барои ҳар як аз онҳо, ибодати як солро менависад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас ба бадахлоқии шавҳараш сабр кунад, Худованд монанди подоши Осия духтари Музоҳим (ҳамсари Фиръавн) ба ӯ ато мефармояд.”

3. Паёмбари Худо (с): “Зан бояд бо шавҳараш дар суду зиён ва сахтию осоиш бисозад, монанди ҳамсари Аюб (а)-и балокаш, ки сабр кард, хаждаҳ сол сабурона ба ӯ хидмат кард, монанди боркашҳо ӯро бар пушти худ ҳамл мекард, бо осиёбонҳо осиёб мекард, бо рахтшӯён рахтшӯӣ мекард, тиккаи ноне барояш меовардад ва Аюб мехӯрд ва Худои азза ва ҷалларо шукр мекард. Ҳамсараш ӯро дар матое мениҳоду бар пушти худ ҳамл менамуд ва ҳамаи ин корро аз сари дилсӯзӣ ва некӣ кардан барои Худо ва тақарруб ҷустан ба Худои азза ва ҷалла анҷом медод.”

14. Сабри мард дар баробари бадахлоқии ҳамсар:

1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар марде, ки ба хотири Худо дар баробари бадахлоқии занаш сабр кунад, Худои Мутаол барои ҳар рӯзу шабе, ки сабр меварзад, савоберо ба ӯ медиҳад, ки ба Аюб (а) дар баробари гирифторияш дод ва гуноҳи зан низ дар ҳар шабу рӯз, ба андозаи регҳои регистон аст.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳамоно дар биҳишт дараҷае аст, ки ҷуз пешвои одил ва хешованди аҳли силаи раҳим ва аёлвори сабур, касе ба он даст намеёбад.”

3. Дар Эҳёи улумуд-дин овардааст: “Гурӯҳе назди Юнуси паёмбар (а) даромаданд ва Юнус (а) аз онон меҳмондорӣ мекард. Ӯ ба даруни хона рафту омад мекарду ҳамсараш ӯро озор медоду бо вай густохӣ мекард, аммо Юнус (а) ҳеҷ чиз намегуфт. Он гурӯҳ аз ин ҳол тааҷҷуб карданд. Юнус (а) фармуд: Тааҷҷуб накунед, зеро ман аз Худои Мутаол дархост кардам ва гуфтам: Ҳар кайфареро, ки мехоҳӣ дар охират ба ман бидиҳӣ, дар ҳамин дунё ба ман бирасон. Худованд фармуд: Кайфари ту, духтари фалон кас аст, ки бо ӯ издивоҷ мекунӣ. Ман бо ӯ издивоҷ кардам ва ҳамон тавр ки мебинед, бар корҳои сабр мекунам.

15. Ғайрат:

1. Паёмбари Худо (с): “Ғайратманд бош, зеро Худо инсони ғайратмандро дӯст дорад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар марде, ки розӣ бошад, ки ҳамсараш худро биорояду аз хона берун равад, он мард дайюс аст ва ҳар кас ӯро дайюс биномад, гуноҳ накардааст. Ҳаргоҳ зан ороишкунону атрзанон аз хонааш берун равад ва шавҳараш ба ин кори ӯ розӣ бошад, ба ҳар қадаме, ки он зан мебардорад, барои шавҳараш хонае дар ҷаҳаннам бино мешавад.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.