Талоқ

126

Инсони муосир дар дунёи печидаи имрӯз бо гирифториҳо ва мушкилоти фаровоне рӯбарӯ мешавад, аз қабили мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ахлоқӣ ва ғайра. Яке аз мушкилоте, ки имрӯз дар тамоми дунё гиребонгири инсон шудааст, талоқ ва фурӯпошии хонаводаҳо мебошад.

Дар ин навиштори мухтасар лозим донистем дар бораи ин мавзӯи муҳим баҳсе дошта бошем то шояд битавонем ба баъзе саволҳои асосӣ дар бораи талоқ посухе ба даст оварем.

 Издивоҷ ва ташкили хонавода амре аст, ки бар пояи қонунҳои фитрӣ ва муҳаббати ду тараф сурат мегирад. Аммо агар ба сабабҳои мухталифе ин муҳаббат ҷои худро ба бадбинӣ ва душманӣ бидиҳад ва дигар чорае барои бозгашти тарафайн ба вазъияти муътадил боқӣ намонад, ҳамон қонунҳои табиӣ иқтизо мекунанд, ки ин зану мард аз ҳам ҷудо шаванд. Зеро иллати аслии пайванди ду тараф муҳаббат буд ва чун ин иллат аз байн биравад, ҳатман он пайванд низ аз байн хоҳад рафт.

Лозим астин нуктаро бигӯем, ки дар чунин мавридҳо набояд дар тасмимгирӣ иштибоҳ кард, балки бояд қабл аз ҳама барои ислоҳи миёни ду ҳамсар кӯшид.

Шариати муқаддаси Ислом нисбати ин масъала хеле таъкид мекунад ва ба ҷомеа ва наздикони тарафайн дастур медиҳад, ки то метавонанд барои пешгирӣ аз талоқ, талош намоянд.
Худованди Бузург мефармояд :

«Агар тарси он дошта бошед, ки миёни зан ва шавҳар шикоф ва ҷудоӣ биафтад, як нафар довар аз хонадони мард ва як нафар аз хонадони зан барангезед, агар доварон нияти ислоҳ дошта бошанд Худованд миёни онҳо тавофуқ эҷод мекунад, Худованд доно ва огоҳ аст».

Чаро талоқ иҷоза дода шудааст?

Иллати ин таъкидҳо барои пешгирӣ аз талоқ, манфур будани он дар назди Худованд аст, ки ин матлаб дар ривоёти фаровоне баён шуда аст. Аз ҷумла дар ҳадисе аз Пайғамбари Акрам (с) мехонем: «Ҳеҷ чиз манфуртар назди Худованди Мутаол аз ин нест, ки асоси хонае дар Ислом бо ҷудоӣ, яъне талоқ вайрон гардад».

Ва низ дар ривояти дигар аз он ҳазрат ворид шуда аст: «Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, ки талоқ арши Худоро ба ларза меоварад».

Дар ин ҷо саволе пеш меояд, ки талоқ бо ин ҳама манфур будан чаро иҷоза дода шудааст? Ба ин савол дар ҷараёни баҳс то ҳадде посух дода шудааст. Барои комил намудани ин посух ҳаминро изофа мекунем, ки гоҳе иллатҳое пеш меояд, ки зиндагии муштараки зан ва мардро ғайри мумкин ё тоқатфарсо месозад ва агар мо дар ин ҳол исрор дошта бошем, ки қарордоди издивоҷи онҳо абадӣ бошад, паёомадҳои ногуворе хоҳад дошт. Аз ин рӯ дини Ислом бо асли талоқ мувофиқат намудааст ва ҳам акнун мо асарҳои шуми манъи талоқро дар Ғарб мушоҳида мекунем. Дар ҷомеаҳои масеҳӣ занон ва мардони зиёде ҳастанд, ки ҳамсари қонунии якдигаранд, вале дар амал ҷудо аз ҳам зиндагӣ мекунанд ва ҳатто ҳар кадом ҳамсари ғайри расмӣ ҳам доранд. Ин кор мухолифи фитрати инсонӣ аст ва яқинан ҳар чизе, ки хилофи фитрат бошад мушкилоти зиёде эҷод хоҳад намуд. Аз ин рӯ асли масъалаи талоқ як зарурат аст, аммо зарурате, ки бояд то он ҷо, ки мумкин аст, кам гардад.

Чаро ҳаққи талоқ ба дасти мард аст?

Саволи дигаре дар ин ҷо эҷод мешавад, ки чаро ҳаққи талоқ ба дасти мард аст ва зан наметавонад дар талоқ додан монанди мард бошад?

Дар ҷавоб метавон гуфт, ки баробарӣ миёни зану мард дар ҳама ҷо фоиданок ва одилона нест. Далели ақлӣ бар ин матлаб он аст, ки агар мард изҳори беалоқагӣ нисбат ба зан кунад, барои зан таҳқиромез аст, ки бихоҳад ӯро бо зӯри қонун нигаҳ дорад. Вале агар зан беалоқагӣ нишон диҳад марди оқил метавонад бо изҳори муҳаббат ва меҳрубонӣ ӯро ором кунад ва боз гардонад ва ин кор барои мардон иҳонат ва таҳқир нест. Пас беалоқагии мард сабаби беалоқагии тарафайн мегардад, вале беалоқагии зан мумкин аст сабаби тезтар шудани алоқаи мард гардад. Сардӣ ва хомӯшии шӯълаи муҳаббат дар мард марги издивоҷ аст, вале хомӯшии муҳаббати зан онро ба гунае мариз мекунад, ки умеди шифо ёфтанаш ҳаст.

Сабабҳои талоқ

Ҳар падида ва ҳодисаи иҷтимоӣ метавонад сабабҳои бешуморе дошта бошад, ки шумурдани онҳо агар ҳам ғайри мумкин набошад, бисёр душвор аст. Хусусан агар ин ҳодиса бо умури печида ва ношинохта, аз қабили фитрат ва равони инсон иртибот дошта бошад, ки талоқ аз ҷумлаи онҳо аст, душворӣ дучандон мешавад. Аз ин рӯ, мо дар ин навиштаи кӯтоҳ ба чанд намуна аз сабабҳои таъсиргузор дар талоқ, ки зарфияти баёни онро дорем, ишора хоҳем кард. Қабл аз он ки ба зикри ин сабабҳо бипардозем, ба ду намуна аз издивоҷҳои нопойдор ишора мекунем. Издивоҷҳои нопойдор ва зудгузар ба таври куллӣ ҳар навъ издивоҷе аст, ки ҳадафи он бо мақсадҳои олӣ ва малакутии издивоҷ мутобиқ набошад.

Бинобар ин:

1-Издивоҷе, ки барои судҷӯӣ ва расидан ба сарват ё ҷоҳу мақом сурат мегирад, издивоҷи суст ва камдавом аст, зеро чӣ басо ҳисобҳо ва пиндорҳо, ки ғалат бошанд ва мушкилоти он домангири тарафайн гардад ва онҳоро ба ҷудоӣ бикашонад.

2-Издивоҷҳои кӯр-кӯрона ва ё издивоҷе, ки дар натиҷаи таслим шудан ба ҳавою ҳавас ва фармони дил сурат мегирад низ издивоҷҳои нопойдор аст. Доктор Эснел Пентӣ, аз коршиносони бузурги амрикоӣ баъд аз 30 сол пажӯҳиш рӯи парвандаҳои издивоҷ ва талоқ дар шаҳрҳои пурҷамъият, чунин менависад: «Ба хотири ишқ издивоҷ накунед. Издивоҷи ишқӣ заҳрогинтарин издивоҷ аст ».
Дар мавриди ин ду навъ издивоҷ матолиби фаровоне гуфта шудааст, ки аз баёни онҳо сарфи назар мекунем.

Ҳамон гуна, ки ишора кардем сабабҳои таъсирдор дар пайдоиши талоқ хеле зиёд аст, вале мо барои дароз нашудани баҳс чанд намуна аз онҳоро, ки ба назар муҳимтар ва роиҷтар мерасанд зикр менамоем:

1. Хостаҳои номаҳдуди зан ё мард: Ин хусусият сабаб мешавад, ки зан ё мард ҳаргиз ҷуфти худро мутобиқи хостаи худ наёбад, лизо ҳамвора ба ӯ эрод хоҳад гирифт, ки сабаби хастагии равонии ӯ мегардад.

Инсон барои он ки битавонад ба таври оддӣ зиндагӣ кунад бояд хостаҳои худро мӯътадил намояд. Дар ғайри ин сурат ӯ ҳаргиз на дӯсте хоҳад дошт ва на шарике, чунки инсони комил, ки матлуби ӯ аст, дар воқеъ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ барои пойдор шудани зиндагии муштарак, тарафайн бояд нисбат ба якдигар гузашт дошта бошанд ва норасоиҳои ҷузъии якдигарро нодида бигиранд.

2. Дунёпарастӣ: Ин хусусият низ дар халалдор кардани пайванди издивоҷ хеле таъсир дорад. Исрофкорӣ ва дунёпарастӣ сабаби норизоии доимии ду тараф, хусусан занҳо мегардад ва бо баҳонагириҳои зиёд роҳи талоқ ҳамвор мегардад. Аз ин рӯ, барои гирифтор нашудан ба ин вазъияти номатлуб бузургони дин тавсия кардаанд, ки дар зиндагӣ ҳамвора худро бо касоне муқоиса кунед, ки нисбат ба шумо дар шароити бадтари иқтисодӣ қарор доранд ва қаноат дошта бошед ва аз он чи ба шумо аз моли дунё мерасад розӣ бошед.

Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: “Ҳеҷ ганҷе бениёзкунандатар аз қаноат ва ҳеҷ моле дар фақрзудоӣ беҳтар аз ризоят додан ба рӯзӣ нест».

3. Дахолатҳои беҷои хешовандон дар зиндагии хусусии ду ҳамсар: Дар мавориде, ки миёни зан ва мард ихтилоф ё мушоҷираи сатҳӣ сар мезанад, беҳтар аст онҳоро ба ҳоли худашон раҳо кунем. Мутаассифона бисёр мешавад, ки дар ин гуна маворид бастагон ва хешовандон бо мудохилаи беҷои худ ва бо ҷонибдорӣ аз як тараф, корро мушкилтар мекунанд, ки бештар сабаби ҷудоӣ ва талоқ мегардад. Албата дахолати бастагоне, ки барои ислоҳи зиндагии зан ва мард бошад, ҳамон тавр, ки пештар зикр кардем писандида ва лозим аст.

4. Таваҷҷӯҳ накардани зан ва мард ба хостаҳои якдигар: Яке аз сабабҳои бисёр таъсирдор дар анҷом гирифтани талоқ ин аст, ки зану мард нисбат ба хостаҳои фитрӣ, отифӣ ва ҷинсии якдигар таваҷҷӯҳ накунанд. Масалан ҳар марде мехоҳад, ки ҳамсараш покиза ва ҷаззоб бошад ва ҳамин тавр ҳар зане низ чунин интизорро аз шавҳари худ дорад. Вале ин аз корҳое аст, ки бисёр вақт зану шавҳар онро изҳор намекунанд ва ба ҳамдигар намегӯянд. Аз ин рӯ бетаваҷҷӯҳии тарафи муқобил ба ин масоил, сабаби эҷоди нафрат дар ҳамсари ӯ мегардад. Хусусан агар дар атрофи онҳо афроде, ки ин масоилро риоят мекунанд ва тозаву озода мегарданд, вуҷуд дошта бошанд. Бинобар ин вақте зан ё мард ин чизҳоро риоят накунад, ҳамсари ӯ бо дидани атрофиёни худ, мумкин аст нисбат ба зиндагии худ нафрат пайдо кунад.

Монанди инҳо сабабҳои зистӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва иҷтимоии фаровоне вуҷуд дорад, ки ҳар кадом ба гунае дар пайдоиши талоқ таъсиргузор мебошанд.

Оқибат ва асарҳои талоқ

Агарчи талоқ ба ҳукми зарурат барои дурӣ кардан аз баъзе паёмадҳои ногувор пазируфта шуда аст, вале аз он ҷо, ки сабаби аз ҳам пошидагии хонавода мегардад, бояд интизори асарҳои манфии онро дар занону мардон ва фарзандон ва умуми ҷомеа дошта бошем. Мушкилоте, ки талоқ дар афроди хонавода эҷод мекунад гуногун аст ва мо дар ин ҷо онҳоро дар се қисмат хулоса мекунем:

1. Мушкилоти отифӣ: Бе шак зан ва марде, ки муддатҳо дар канори ҳам зиндагӣ кардаанд пас аз ҷудоӣ, дар зиндагии навини худ ба мушкилоти мухталиф рӯбарӯ хоҳанд шуд. Аз он ҷо, ки отифаи онҳо ҷариҳадор шудааст, бо ҳамсари нави худ бо як навъ нобоварӣ ва бадбинӣ менигаранд ва хотираи дардноки издивоҷи гузашта, онҳоро ҳамеша нигарон мекунад. Аз ин рӯ бештар мушоҳида шудааст, ки ин гуна занон ва мардон дигар ба суроғи издивоҷ намераванд.

2. Мушкилоти иҷтимоӣ: Бисёре аз занон ва мардон баъд аз талоқ шанси бисёр каме барои издивоҷи дубора доранд, он ҳам ба таври шоиста ва дилхоҳ, хусусан агар фарзанддор бошанд.

Бинобар ин бисёри онҳо тан ба издивоҷҳое медиҳанд, ки дилхоҳи онҳо нест ва то поёни умр ранҷ мебаранд.

3. Мушкилоти фарзандон: Асари талоқ бар рӯи фарзандон бисёр зиёд аст ва онҳо дар ин вазъият аз ҳама бештар ранҷ мебаранд. Вазъияти ин гуна кӯдакон бадтар аз вазъияти ятимон аст ва илова бар он, шояд бисёре аз ин кӯдакон эътидоли рӯҳии худро аз даст бидиҳанд.

Ҳамаи ин асарҳои шуме, ки талоқ дар афроди хонавода мегузорад, гиребонгири ҷомеаи онҳо хоҳад шуд, зеро ин афрод ҳар кадом як узви ибтидоии ташкилдиҳандаи ҷомеа мебошанд ва маълум аст, ки саломатӣ ва бақои ҷомеа ба саломатии хонаводаҳо ва аъзои он вобаста аст. Аз ин рӯ баъзе аз ҷомеашиносон мегӯянд, ки нопойдорӣ ва бесуботии ҳар ҷомеа ба мизони талоқ дар он ҷомеа вобаста аст.

Барои доштани як ҷомеаи солим бояд дар ин ҷиҳат талош шавад, ки хонаводаҳо солим ва устувор бошанд. Барои ин кор қабл аз ҳама бояд тамоми ниҳодҳои муҳимми ҷомеа, мисли давлат, расонаҳои иттлоърасонӣ ва маориф кӯшиш кунанд, то бо истифода аз омӯзаҳои фарҳангӣ, миллӣ ва мазҳабии мардум ба ҷавонон омӯзиш диҳанд, ки чӣ гуна ба зиндагии мустақил гом ниҳанд ва дуруст зиндагӣ кунанд.

Баъзе корҳои дигар ҳам ҳаст, ки дар пешгирӣ аз талоқ метавонад таъсири хубе дошта бошад, мисли:

1- Ривоҷ додани фарҳанги миллӣ ва монеъ шудан аз нуфузи фарҳангҳои бегона ( чунки бисёре аз фасоду фаҳшову булҳавасиҳо аз фарҳангҳои бегона падид меоянд, ки сабаби мушкилоти хонаводагӣ мешаванд).

2- Падару модарҳо метавонанд бо роҳнамоиҳои худ ҷавононро ислоҳ кунанд.

3- Ришсафедон ва афроди ботаҷруба дар ҳар маҳал метавонанд дар ин амри муҳим саҳм бигузоранд.

4- Муборизаи ҳамагонӣ бо фақр, бекорӣ, шаробхорӣ ва дигар мушкилоти ҷомеа.

Хулоса ин ки тамоми мушкилоти ҷомеа метавонад таъсири манфӣ дар хонаводаҳо бигузорад ва барои ҳифзи хонаводаҳо, мо бояд ҷомеаи устувору фаҳмида дошта бошем. Бинобар ин бояд даст ба дасти ҳам дода, мушкилоти ҷомеаи худро бартараф созем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.