Додгоҳи хонавода аз назари Қуръони Карим

218

Ҷомeа аз хонавода ташкил шудааст. Дини ислом ба ташкили хонавода ва доштани хонаводаи солим таъкиди фаровоне намудааст. Яке аз нишонаҳои хӯшбахтии фард, доштани хонаводаи солим аст. Бо ин ҳол зиёд иттифоқ меафтад, ки миёни зану шавҳар ва хонавода ихтилоф меафтад ва чи басо ба хотири дер иқдом кардан ё надоштани наҳваи бархурд бо ин масъала бо андаки ихтилоф, ин пайванди муқаддас гусаста мешавад бо муроҷиаи нодуруст ба ҷое, ки паёмадҳои ногуворе ро ба бор меоварад. Агар чи аз ҳам ҷудо нестанд вале дигар он фазои самимӣ ва солимро надорад. Оё мо ба унвони мусалмон бо ин масъала чи гӯна бархурд мекунем оё медонем Қурон карим дар ин бора чи мегӯяд? Инак ояти аз Қуърон Каримро ки ба ин гуна суволот посух хоҳад гуфт пешкаши шумо мегардонем.
      وَإِنْ خِفْتُمْ شِقَاقَ بَيْنِهِمَا فَابْعَثُواْ حَكَماً مِّنْ اهْلِهِ وَحَكَماً مِّنْ اهْلِهَآ إِنْ يُرِيدَآ إِصْلَحاً يُوَفِّقِ اللَّهُ بَيْنَهُمَآ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيماً خَبِيراً
(Сураи муборакаи Нисо ояти 35)
Ва агар аз (носозгорӣ ва) ҷудои миёни он дӯ (зану шавҳар) тарс доштед, пас доварӣ аз хонаводаи шавҳар ва доварӣ аз хонаводаи зан баргузинед (то ба ихтилофи он дӯ расидагӣ кунанд) агар ин дӯ банои ислоҳ дошта бошанд Худованд миёни он дӯ ро ба тавофуқ мерасонад, зеро Худованд,(аз ниёти ҳама) бо хабар ва огоҳ аст.
Паёмҳои оя:

Қуръони карим

1. Аз дидгоҳи Қуръони Карим падидаи ихтилофи хонаводагӣ амри табии аст ва аз пеш омади он ихтилоф нигарон нашавем балки бояд барои ҳали он иқдом кунем.
2. Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ бояд кард. Эҳсоси нигаронӣ аз шиқоқ ва ҷудои кофӣ аст то иқдом ба гузиниши доварон шавад. (ان خف)
3. Барои ҳифзи саломати хонаводаи мусалмон на танҳо падару модари арӯс ва домод ва хешовандон балки ҳамаи ҷомеаи исломӣ масъӯлият доранд. (تم)
4. Аз назари Қуръони Карим зан ва шавҳар як рӯҳ дар ду ҷисманд. (شِقَاقَ)
5. Қабл аз нигаронӣ аз шиқоқ ва бе маврид дар зиндагии мардум дахолат накунем. (وان خفتم شِقَاقَ)
6. Нагузоред кор ба мароҳили душвор ва пахш шудан бирасад балки ҳамин ки ин носозгорӣ дар миёни он дӯ падид омад иқдом кунед.( شِقَاقَ بَيْنِهِمَا )
7. Барои ислоҳ сариъан иқдом кунед.
8. Аз оштӣ додан он ду ноумед нашавем ва нисбат ба он бетафовут набошем. (فابعثوا)
9. Барои ислоҳ дар афроди дорои шароит эҷоди ангеза кунед.(шояд аз ин масала атрофиён бо хабар бошанд вале бе таваҷҷуҳӣ ва эҳсоси бе масулиятӣ кунанд.) (ابْعَثُواْ)
10. Дар масалаи ислоҳ, афроде ро интихоб ва ба онҳо эътимод кунем ки роздор ва хӯш тадбир ва ислоҳ талаб бошанд ва доварии ононро бипазирем.( чунки лозимаи интихоби довар итоат аз ҳукми ӯст) (فَابْعَثُواْ حَكَماً)
11. Масоили мардумро бо кумаки худи мардум ҳал кунем.( аз ин рӯ набояд ҳамаи корҳоро бо қозӣ ва додгоҳ бикашонем.) فَابْعَثُواْ حَكَماً مِّنْ اهْلِهِ وَحَكَماً مِّنْ اهْلِهَآ)
12. Зан ва мард дар интихоби довар ҳаққи яксон доранд. ( حَكَماً مِّنْ اهْلِهِ وَحَكَماً مِّنْ اهْلِهَآ)
13. Ба андозаи нигаронӣ иқдом шавад.( дар ин ҳад барои ҳар кадом як довар кофӣ аст.) (خِف- شِقَاقَ بَيْنِهِمَا – حَكَماً)
14. Бастагон дар масалаи ислоҳ масулияти бештаре доранд. .( مِّنْ اهْلِهِ وَ مِّنْ اهْلِهَآ)
15. Ҳамаи бастагон салоҳияти доварӣ ро надоранд. (من اهله)
16. Ислом ба масоили шуроӣ ва муроҷиа ба бузургони қавм, аҳаммият қоил аст. (حَكَماً مِّنْ اهْلِهِ وَحَكَماً مِّنْ اهْلِهَآ)
17. Ҳар ҷо сухан аз ҳақу ҳуқуқ аст тарафайн (аз ҳар ду тараф) бояд ҳузур дошта бошанд. (حَكَماً مِّنْ اهْلِهِ وَحَكَماً مِّنْ اهْلِهَآ)
18. Доварон ба фикри ислоҳ бошанд. (إِنْ يُرِيدَآ إِصْلَحاً)
19. Ҳар ҷо ҳусни ният ва бинои ислоҳ бошад тавфиқи илоҳӣ сарозер мешавад. (إِنْ يُرِيدَآ إِصْلَحاً يُوَفِّقِ اللَّهُ )
20. Ба ақл ва тадбири хӯд мағрӯр нашавед ва тавфиқро аз тарафи Худо бидонед.( аз ин рӯ дар сӯрати ислоҳ, доварон набояд ба зан ва шавҳар миннат бигзоранд.) (يُوَفِّقِ اللَّهُ)
21. Бояд ҳусни ният дошт чунки Худованд аз ҳамаи ангезаҳо огоҳ аст.( ин ҳусни ният ҳам дар ҳини доварӣ лозим аст ва ҳам баъд аз он чун ки ҳатто дар нияташон эҳсоси миннат гузорӣ набояд дошта бошанд.) (يُوَفِّقِ اللَّهُ بَيْنَهُمَآ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيماً خَبِيراً)
22. Тарҳи Қурон карим барои ислоҳи хонавода тарҳи ҷиддӣ аст чӯн аз тарафи алиму хабир тарроҳӣ шудааст. (إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيماً خَبِيراً)
23. Ин додгоҳ бо хавф ва шиқоқ оғоз ва бо ислоҳ ва тавфиқ тамом мешавад. (آیه)
Имтиёзоти ин додгоҳ
Чун доварони ин додгоҳ аз бастагони ҳарду тараф мебошанд:
1. Сӯз
2. Таъаҳҳуд
3. Диққат
4. Суръат
5. Эҳсоси нафъ ва зарари муштарак
6. Хайрхоҳӣ бештарӣ доранд
7. Аҳли тадбир
8. Мавриди эътимоди тарафайн (ҳар ду тараф) мебошанд.
9. Ниёз ба пул
10. Сарфи вақти беҳӯда ва тӯлонӣ дар идорот
11. Фош шудани асрор надорад.
Бо ин имтиёзоте, баён кардем маълӯм мешавад ки шонси мувафақияти ин маҳкама дар ислоҳи миёни дӯ ҳамсар ба маротиб бештар аз муҳокимаи дигарон аст.
Фозили Ҳисорӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.