Кантроли масоили молии завҷҳои ҷавон

139

 Ошноӣ бо нуктаҳое, ки завҷҳои ҷавон дар бораи масоили молӣ бояд риоят кунанд.

Тасмимгирии молӣ дар солҳои аввали издивоҷ нақши муҳимме дар роҳатии солҳои оянда дорад.

Завҷҳои ҷавон ин фурсатро доранд бо тасмиме, ки дар мавриди масоили молӣ дар солҳои аввали издивоҷ мегиранд, солҳои зиёд аз рифоҳи молӣ баҳраманд шаванд.

Масоили молӣ, ваҷҳи муштараки завҷҳо дар тамоми солҳо хоҳад буд, бинобарин лозим аст ҳар як аз тарафайн аз ҳамон аввал бо якдигар содиқ буда, дар мавриди масоили молии ҳам ҳамфикрӣ намуда ва муттаҳид амал кунанд.

Барои расидан ба ҳадафи муштарак, ояндаи равшан ва парҳез аз ҷанҷолҳои молие, ки дар баъзе хонавонаҳо дида мешавад, мавориди зер ро риоят кунед.

Хулус ва садоқат:

Хеле аз завҷҳои ҷавон ба сабаби содиқ набудани тарафи муқобил, дар мавриди масоили молӣ дучори мушкил мешаванд. Баъзе вақтҳо яке аз тарафайн қарзҳо ё махориҷи худро аз дигари пинҳон мекунад. Ин пинҳонкорӣ, сабаби мушкилот барои тарафи муқобил буда, ӯ наметавонад махориҷ ё мизони сармояро ба таври саҳеҳ бароварад ва аз назари молӣ барномарези кунад.

Ҳисоби даромад ва махориҷро дошта бошед:

Завҷҳои ҷавон бояд ҳисоби даромади худро дошта бошанд ва бо барномарезӣ, беш аз он харҷ накунанд.

Барномарезӣ шомили пасандози миқдоре аз пул ва сармоягузорӣ барои замони надори аст.

Ҳисобу китоб ҳар кудом аз онҳо итминон медиҳад, ки бо таваҷҷӯҳ ба мизони даромад, махориҷ ва равиши зиндагӣ ва бо таваҷҷӯҳ ба мавқеияти молии феъли дар сатҳи яксоне ҳастанд. Ин сабаб мешавад ҳаркудом мушкилоти молии дигариро пазируфта ва дар мавриди даромад ва махориҷ ба тавофуқ бирасанд.

Талош накунед, худро бо дигарон муқоиса ва монанди дигарон харҷ кунед:

Бисёре аз завҷҳои ҷавон наметавонанд пасандоз кунанд ва зиёд ҳазина мекунанд. Харҷкардан мисли дигарон аксаран сабаби қарздорӣ шуда ё ҳаддиақал он аст, ки наметавонанд пасандоз кунанд. Даромад ва ҳазина бояд бар асоси ниёзи завҷҳо бошад на тибқи одатҳои дигарон.

Бо диди баландмуддат сармоягузорӣ кунед:

Завҷҳои ҷавон фурсати зиёде барои пасандоз ва сармоягузорӣ доранд. Дар натиҷа нисбат ба дигар завҷҳо ба сармоягузорӣ муштоқтаранд.

Доштан уфуқ ва диди баланд муддат, ояндаи роҳаттар ва ҳазина кардан бо пуштувонаи молиро ба ҳамроҳ дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.