Мавонеи тарбияӣ аз дидгоҳи Қуръони карим

145

Яке аз мабоҳиси муҳим дар тарбияти инсон мавонеъ ва офоти тарбиятӣ  мебошад, зеро то мавонеъ ва осебҳои тарбиятӣ шиносоӣ нашавад ва барои рафъи онҳо иқдомоте сурат нагирад ҳар гуна талош ва кӯшиш барои тарбият ва рушду шукуфоии истеъдодҳои инсон, барои расидан ба камол бенатиҷа хоҳад буд, зеро яке аз шартҳои тарбият ин аст, ки муқтазо мавҷуд ва монеъ мафқуд бошад.
Мавонеи зиёде дар роҳи тарбияти инсон баршумурда шудааст, ки мо дар ин навиштор бархе аз он мавонеъро бо таваҷҷӯҳ ба баёноти Қуръони Карим баррасӣ мекунем. Мехоҳем бидонем, ки аз назари Қуръони Карим чӣ чизҳое монеи тарбияти динӣ мебошад? Роҳҳои бартараф кардани он мавонеъ чист?
Аз назари Қуръони Карим мавонеи тарбияти диниро метавон ба чанд даста тақсим кард;
1-    Мавонее, ки ба мураббӣ ё тарбияткунанда марбут мебошад: Яъне мураббӣ салоҳият ва шоистагии мураббигарӣ ва эҳрози мақоми тарбиятро надошта ё шеваҳо ва равишҳои тарбиятиаш нодуруст мебошад.
2-     Мавонее, ки ба тарбиятшаванда марбут мебошад: Яъне фард ё афроди мавриди тарбият дорои сифот ва вижагиҳо ва ё ақоиде бошанд, ки монеи пазириши тарбият ва расидан ба камол мегардад.
3-     Мавонее, ки ба ҷомеа ва ҳокимон марбут мебошад: Яъне фазои фарҳангие, ки бар ҷомеа ҳоким аст, зидди маънавият ва ахлоқ бошад, ба гунае ки иҷозати тарбияти саҳеҳро намедиҳад. Дар чунин шароите тарбияти динӣ ва маънавӣ душвор хоҳад буд.
Инак мавориди болоро тавзеҳ медиҳем.

1)    Мавонеи тарбиятии марбут ба мураббӣ ё тарбияткунанда
Агар дар тарбияти инсон шароити лозим ҷамъ шаванд тарбият натиҷаи қобили қабуле хоҳад дошт ва яке аз он шароит гуфтор, рафтор ва равиши мураббӣ дар тарбияти инсон аст, чунончи мураббӣ дар яке аз ин се маврид равиши дуруст дар пеш нагирад, масалан бо зӯр ва таҳдид ба тарбияти инсон бипардозад ё он чи мегӯяд, худ амал накунад, инҳо ҳамагӣ монеи тарбияти саҳеҳи тарбиятшаванда хоҳанд шуд. Дар зайл ба се мавриди муҳим аз ин маворид бо такя бар оёти Қуръони Карим ишора мегардад:
а) Тафовут дар гуфтор ва рафтори мураббӣ
Яке аз офатҳои тарбият ин аст, ки гуфтори инсон бо кирдораш ҳамхонӣ надошта бошад. Мураббиёне, ки вазифаи тарбияти ҷомеаеро бар ӯҳда доранд, барои тарбияти шоистаи насли оянда бояд ба рафторҳои худ, диққат ва таваҷҷӯҳи бештаре дошта бошанд. Агар онон ба гуфтаҳои худ ҷомаи амал напӯшонанд, гуфтаҳояшон барои худ сарзаниш ва маломат буда  ва асаре нахоҳад  дошт ва тарбияти саҳеҳ шакл нахоҳад гирифт. Қуръони Карим дар бораи касоне, ки амал ва гуфторашон бо ҳам яксон нест мефармояд:
                        « يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ  كَبُرَ مَقْتًا عِنْدَ اللَّهِ أَنْ تَقُولُوا مَا لَا تَفْعَلُونَ»
“Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро чизе мегӯед, ки амал намекунед? Назди Худо сахт мабғуз аст, ки чизе бигӯед, ки амал накунед”.
Касе, ки мехоҳад ба тарбияти дигарон бипардозад, бояд қабл аз он ки дигаронро бо забонаш таъдиб кунад, бояд бо амалаш дигаронро ҳидоят намояд. Ба иборати дигар, тарбияти амалӣ таъсири бештаре аз тарбияти забонӣ дорад.
Қуръони Карим дар ҷои дигар мефамояд:
                               «أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنْسَوْنَ أَنْفُسَكُمْ وَأَنْتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ أَفَلَا تَعْقِلُونَ »
“Оё мардумро ба хубӣ ва некӣ даъват мекунед ва худатонро фаромӯш кардаед, дар ҳоле ки шумо китобро тиловат мекунед. Пас оё намеандешед?”
Агар худи мураббӣ тарбиятшуда набошад маҳол аст, ки инсонеро, ончунон ки бояду шояд тарбият кунад. Аз ин рӯ дар масали маъруфе гуфтаанд: Магар мумкин аст, вақте чӯб каҷ аст сояи он рост бошад? Агар гуфтори мураббӣ бо рафтораш мувофиқ набошад, дар он сурат на танҳо гуфтораш таъсир надорад, балки боиси беэътимодӣ дар тарбиятшавандагон шуда ва яке аз мавонеи тарбияти динӣ ба шумор меояд.
б) Истифода аз равишҳои зӯр ва таҳдид
Қуръони Карим Расули Худоро улгуи мусулмонон муаррифӣ карда ва мефармояд:
                                        «لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ…»
“(Дар гуфтор ва рафтори) Паёмбар барои шумо улгу ва усваи некуе аст”.
Ин аз як сӯ, аз сӯи дигар Паёмбар (с), бо ин ки ин саҳобаи худро тарбият кардааст, дар тарбияти ҳеҷ кадом аз зӯр ва таҳдид истифода накард. Аз ин рӯ мураббие, ки мехоҳад инсонро тарбияти динӣ намояд, набояд аз зӯр ва таҳдид истифода кунад, зеро наметавон бо иҷбор ва фишор дигаронро ба сӯи ахлоқи некӯ ҳидоят кард.
Агар мураббӣ бихоҳад касеро бо зӯр тарбият намояд, тарбиятшаванда омодагии тарбият шуданро ҳам дошта бошад муқовимат менамояд, зеро рӯҳи одамӣ бо зӯр ва таҳдид мухолиф аст. Бинобар ин бо зӯр ва таҳдид наметавон касеро тарбияти динӣ кард.
в) Тундхуӣ ва рафтори хушунатбор
Яке аз авомили муваффақияти Паёмбари Ислом(с) дар густариши ислом ва тарбияти динии ҷомеа, ахлоқи писандида ва хулқи азими эшон аст. Чунон ки Худованд мефармояд:
                       «فَبِمَا رَحْمَةٍ مِنَ اللَّهِ لِنْتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنْتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانْفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ…»
“(Эй Расули мо!) Раҳмати Худо туро меҳрубон ва хушахлоқ гардонид ва агар тундхӯ ва сахтдил будӣ, мардум аз гирди ту пароканда мешуданд”.
Дар достони ҳазрати Мӯсо ва Ҳорун (а) мехонем, вақте он ду аз ҷониби Худованд дастур ёфтанд, ки Фиръавнро ба парастиши Худо даъват кунанд, ба онҳо супориш фармуд, то бо Фиръавн ба нармӣ сухан гӯянд, то шояд табъи саркаш ва туғёнгари ӯро мулоим сохта бо сухани дилпазири худ ба қалби ӯ роҳ ёбанд. Он ҷо ки мефармояд:
                                   «فَقُولَا لَهُ قَوْلًا لَيِّنًا لَعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَى»
“Ва бо ӯ (Фиръавн) ба нармӣ сухан бигӯед. Шояд андарз гирад ё битарсад”.
Ин раҳнамуди бисёр олӣ мебошад, то улгу ва сармашқи ҳамагон дар ҳар замон ва шароите бошад. Бинобар ин агар тарбият бо нармхӯӣ ҳамроҳ бошад, таъсири бештаре хоҳад дошт, зеро ба фарди тарбиятшаванда фурсати тафаккур ва андеша медиҳад, то дар вазъи мавҷуди худ биандешад ва ӯро муҳайёи пазириши хубиҳо ва корҳои писандида мекунад. Бахусус агар ҳамроҳ бо далел ва бароҳини қонеъкунанда бошад, бар хилофи иҷбор, хушунат ва дуруштхӯӣ, ки тарбиятшавандаро ба нофармонӣ, нафрат ва тарбиятнопазирӣ водор мекунад.

2)    Мавонеи тарбият марбут ба фарди тарбиятшаванда
Гоҳе инсон дар асари гуноҳ ва дурӣ аз Худо ба ҷое мерасад, ки қудрати тарбиятпазирии худро аз даст медиҳад, ҳамчун беморе, ки бар асари шиддати беморӣ дору ва давои табиб барояш фоидае надорад. Аз ин рӯ гоҳе фарди тарбиятшаванда монеи тарбият ба ҳисоб меояд. Қуръон ба бархе аз ин навъ бемориҳо ишора кардааст:
а) Ҳавои нафс: Яке аз бемориҳо ва мавонее, ки сабаби дур шудани инсони тарбиятшаванда аз расидан ба тарбияти динӣ мешавад пайравӣ аз ҳавои нафсонӣ аст. Инсон, то замоне ки гирифтори ҳавоҳои нафсонӣ ва худбинӣ ва чизҳоест, ки дар ботини нафси худ эҷод кардааст, лаёқат пайдо намекунад, ки тарбияти илоҳӣ дар қалби ӯ битобад ва растагор шавад.
Ақл ва ҳавои нафс ҳамеша бо якдигар дар ҷидол ва ситезанд. Агар ҳавои нафас бар ақл ғалаба ёбад сабаби суқут ва шақовати абадии инсонро фароҳам месозад. Аммо агар ақл бар ҳавои нафс тасаллут ёбад, тарбият ва парвариши нафси инсонро ба даст мегирад ва ҳамеша Худоро нозир бар аъмоли худ мебинад.
Вақте писарони ҳазрати Яъқуб (а) ба падар гуфтанд, ки Юсуфро гург хӯрдааст, Яъқуб (а) дар посух онон гуфт:
                                     «بَلْ سَوَّلَتْ لَكُمْ أَنْفُسُكُمْ أَمْرًا…»
“Балки нафси шумо кор (-и зиште)-ро барои шумо оростааст”.
Ин посухи Яъқуб (а) буд дар ҷавоби фарзандонаш, ки аз биёбон бе Юсуф (а) ва бо гиря ва ҳолате парешон баргаштанд ва хабар доданд, ки Юсуфро гург хӯрда ва ин пироҳани хунолуди ӯст. Яъқуб аз умқи ҳасади онон ба Юсуф огоҳ буд ва дар посухи онон гуфт: Нафси шумо дар ин мавзеъ шуморо ба васваса андохта ва матлабро муҳим карда ва ҳақиқати онро муайян нанамудааст. Достони писарони Яъқуб мушаххас месозад, ҳангоме ки ҳавасҳои саркаш бар рӯҳ ва фикри инсон чира мешавад, инсон муртакиби зишттарин ҷиноёт, ҳамчун куштан ё табъиди бародар мегардад, ки ин худ монеи бузурге барои тарбияти динӣ ба шумор меояд.
б) Эҳсоси бениёзӣ: Башар ба далели заиф будан, на қудрати ҳазми неъматро дорад ва таҳаммули мусибатҳо ва мушкилотро. Вақте ки неъматҳои Худо ба ӯ рӯй овард ва эҳсоси бениёзӣ кард, туғён мекунад. Ҳангоме ки инсон ба монанди Қорун шуд, тарбият бар ӯ асаре нахоҳад дошт, ҳарчанд мураббии ӯ Мӯсои Калимуллоҳ(а) бошад. Албатта касоне, ки дар мактаби ақл ва руҳ парвариш наёфтаанд, вақтеки худро мустағнӣ мепиндоранд, шурӯъ ба саркашӣ ва туғён мекунанд. Аз сӯи дигар касоне, ки дар мактаби ваҳй тарбият ва парвариш ёфтаанд монанди Сулаймони набӣ (а) вақте неъматҳо ва азамати илоҳиро мебинад, мегӯяд:
                                      «هَذَا مِنْ فَضْلِ رَبِّي لِيَبْلُوَنِي أَأَشْكُرُ أَمْ أَكْفُرُ»
Худои Таоло неъматҳои фаровоне ба инсон дода ва ончи замин ва ончи байни замин ва осмонҳост барои инсон халқ кард ва барои инсон воҷиб аст, ки шукри онро ба ҷо оварад, вале ӯ ба ҷои шукр куфрон ва туғён мекунад, чунонки Қуръони Карим ба ин воқеият ишора дорад:
                                          «إِنَّ الْإِنْسَانَ لَيَطْغَى أَنْ رَآهُ اسْتَغْنَى»  
Ояти шарифа ишора дорад, бар ин ки агар ризқи ҳамаи бандагон вусъат ёбад ва ҳама сер шаванд,  ба зулм кардан дар замин мепардозанд, чун вақте мол зиёд шуд, туғён ва истикбор меоварад ва ҳангоме ки пои туғён ва истикбор ба миён ояд, кори тарбият бо мушкил мувоҷеҳ мешавад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки эҳсоси бениёзӣ яке аз мавонеи тарбияти динӣ аз манзари Қуръони Карим мебошад.

3)    Мавонеи тарбиятии марбут ба ҷомеа ва ҳокимон
Яке аз бистарҳое, ки тарбият дар он шакл мегирад ҷомеа аст. Шароит, авзоъ ва аҳволи ҷомеа дар раванди тарбияти динӣ муассир мебошад. Агар ҷомеа мазҳабӣ ва динӣ бошад, раванди тарбият бо мушкил рӯ ба рӯ нахоҳад шуд, вале агар ҷомеа олуда буда ва фазои зиндагии иҷтимоии ғайри динӣ ривоҷ дошт, шароити ҷомеа метавонад монеи тарбият ба шумор ояд. Ба иборати дигар, агар ҷомеа солим бошад, тарбияти афрод ба осонӣ сурат мегирад, вале агар ҷомеа олуда ё фаъолиятҳои фарҳангӣ,  мухолифи фарҳанги динӣ роиҷ шуда бошад, тарбият бо мушкил рӯ ба рӯ  хоҳад шуд ва дар ин ҷо бояд аввал ислоҳи ҷомеа анҷом гирад.
Дар зайл ба чанд намуна аз мавонеи тарбиятии ҷомеа ва ҳокимон ишора мегардад:
а) Ҷомеаи зиддидинӣ
Яке аз мавонеи муҳим дар тарбияти динӣ, ҷомеаи мушрик ва ғайридинӣ аст. Ҳамон гуна ки дар даврони Расули Худо (с) дар Макка, куффор монеи тарбияти мусулмонон мешуданд, чӣ замоне ки Паёмбар (с) дар Макка буда ва чӣ замоне ки Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат намуд. Қуръон дар оёти мухталиф мавонеи ононро ба тасвир кашида, аз ҷумла бо шиканҷа кардани бархе асҳоби Паёмбари Акрам(с) қасди баргардондани онҳо бар куфр ва ширкро доштанд, чунонки Қуръони Карим мефармояд:
                                       «مَنْ كَفَرَ بِاللَّهِ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِهِ إِلَّا مَنْ أُكْرِهَ وَقَلْبُهُ مُطْمَئِنٌّ بِالْإِيمَانِ…»
“Касоне, ки баъд аз имон кофир шаванд, ба ҷуз онҳое, ки таҳти фишор воқеъ шудаанд, дар ҳоле ки қалбашон  ором ва боимон аст”.
Гӯянд ин оят дар ҳаққи Аммори Ёсир,  ҳангоме нозил шуд, ки мушрикони Макка  ӯро шиканҷа мекарданд, то даст аз имони худ бардорад ва ӯ ба зоҳир ин корро кард, аммо қалбаш пур аз имон буд.
Зиндагии имрӯзии баъзе аз мусулмонон дар кишварҳои куфр ва зиддидинӣ мисоли зиндагии он рӯз дар Макка аст. Вақте дар ҷомеае ислом ҳоким набошад, чӣ гуна афроди он ҷомеа тарбияти исломӣ мешаванд. Қатъан дар чунин ҷомеае тарбияти исломӣ бо мушкил рӯбарӯ хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҷомеаи зиддидинӣ яке аз мавонеи тарбияти динӣ аз манзари Қуръони Карим маҳсуб мешавад.
б) Ҳокимони ситамгар: Яке аз мавонеи тарбияти динӣ, вуҷуди ҳокимони ситамгар ва худкома аст. Сиёсатҳои ҳоким бар ҷомеа метавонад дар таваққуф, тахриб ва суқути инсонҳо ё бедорӣ ва ҳаракат ё камолҷуии онҳо нақши умда ва босазое дошта бошад. Мардум аз ҳокимон ва сиёсатҳои ҳоким ранг мепазиранд, зеро;
                                    «الناس علی دین ملوکهم».
Худованд ба ҳазрати Мӯсо ва Ҳорун (а) дастур медиҳад
                                        «اذْهَبَا إِلَى فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَى»
Ба сӯи Фиръавн биравед, зеро ӯ ба саркашӣ пардохтааст.
То вақте фиръавнҳо ҳоким бошанд тарбияти илоҳӣ ва динӣ бо монеъ рӯбарӯ хоҳад буд. Аз ин рӯ, ибтидо ба суроғи Фиръавн фиристода шуданд. Ҳамчунин Иброҳими Халил(а) нахуст ба суроғи Намруд рафт, то ӯро даъват ба тавҳид намояд ва Паёмбари Акрам (с) дар авохири умри шарифашон ба сарон ва императорони дунё нома навиштанд ва ононро даъват ба яктопарастӣ намуданд. Ин гуна ҳаракатҳо гӯёи он аст, ки яке аз мавонеи тарбияти динӣ ҳокимони золим ва ситамгар ҳастанд.
Таърих гувоҳ аст, ки чӣ гуна мардум дар ҳокимияти фарди солеҳ ба салоҳ ва растагорӣ даст ёфтанд ва чӣ гуна дар ҳокимияти фосид ва золим, ҷомеа ба фасод ва табоҳӣ кашида шуд. Ҳамаи инҳо нақши ҳокими золимро дар монеъ будан барои тарбияти динӣ ошкоро баён мекунад.
в) Мавонеъ ва муқтазиёти иқтисодӣ
Авзои иқтисодӣ ва маишатии инсон яке аз асоситарин заминаҳои тарбияти динӣ мебошад, зеро шеваи бархурдорӣ аз имконоти моддӣ ва маишатӣ дар шаклгирии тарбияти инсон нақши муҳимме дорад. Миёни тарзи фикри инсон ва зиндагӣ, робитаи дутарафа барқарор аст. Ба иборати дигар инсон он гуна меандешад, ки зиндагӣ мекунад ва он гуна зиндагӣ мекунад, ки меандешад. Инсоне, ки дар асорати мушкилоти моддӣ (надоштан ё кам доштан) ба сар мебарад, чӣ гуна метавонад ба сӯи камол ба тарбияти динӣ ҳаракат кунад? Чунонки ривоят аст; «کاد الفقر أن یکون کفرا» инсоне, ки дар асорати сарват аст, чӣ гуна метавонад дар масири саодат гом бардорад?  « إِنَّ الْإِنْسَانَ لَيَطْغَى أَنْ رَآهُ اسْتَغْنَى » Бинобар ин ду монеи аслии дигар барои тарбияти инсонҳо вуҷуд дорад: яке фақри зиллатовар ва асиркунанда ва дигаре ғинои афзун бар кафоф ва серинопазирӣ.
Қуръони Карим барои амалӣ шудани тарбияти динӣ дар ҷомеа дар оятҳои зиёд ба шеваҳои мухталиф ин ду монеъро аз байн бардоштааст, то тарбияти динӣ дар ҷомеа бо мушкили фақр ё сарватандузӣ мувоҷеҳ нагардад, ба ин шакл, ки аз як сӯ сарватандӯзиро таҳрим карда ва фармудааст :
                             “الَّذينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَ الْفِضَّةَ وَ لا يُنْفِقُونَها في‏ سَبيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذابٍ أَليمٍ”
Касоне, ки тилло ва нуқраро ганҷина месозанд ва дар роҳи Худо инфоқ намекунанд, ба муҷозоти дардноке башорат деҳ.
Ва аз сӯи дигар амр ба инфоқ барои ниёзмандон кардаст, то фақри зиллатовар аз байн бардошта шавад, чунонки мефармояд :
            «يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِمَّا رَزَقْناكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لا بَيْعٌ فيهِ وَ لا خُلَّةٌ وَ لا شَفاعَةٌ وَ الْكافِرُونَ هُمُ الظَّالِمُو»
Эй касоне, ки имон овардаед, аз ончи ба шумо рӯзӣ додаем инфоқ кунед, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯш аст, на дӯстӣ ва на шафоат. Ва кофирон худ ситамгаранд.
Натиҷа
Бо таваҷҷӯҳ ба ончи баён гардид, метавон натиҷа гирифт, ки аз манзари Қуръони Карим монеи тарбият дар се меҳвар хулоса мешавад, ба ин маъно, ки гоҳе монеи тарбият, фарди тарбиятшаванда аст ва гоҳе фарди тарбияткунанда. Гоҳе ҳам ҷомеаву ҳокимони он аст. Аз ин рӯ барои тарбияти фард ва ҷомеа бояд мавонеъ ва бемориҳои зикршударо шинохт ва сипас ба табобати он пардохт.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.