Нақши имон ва ахлоқ дар мустаҳкамсозии бунёди хонавода

109

Хонавода як воҳиди хурдакаки иҷтимоӣ аст, ки бо пайванди издивоҷи зану мард оғоз мешавад ва бо таваллуди фарзандон, густариш ва истеҳком меёбад. Ҷомеаҳои бузургтар низ аз ҳамин воҳиди хурдакак ташкил мешаванд. Башар аз аввал, зиндагии хонаводагиро ба унвони беҳтарин шакли зиндагӣ баргузида ва дар ҳамаи замонҳо ва маконҳо ба он пойбанд буда ва ҳаст.
Ин гуна зиндагӣ, аз имтиёзоти инсон ба ҳисоб меояд ва фоидаҳои гуногун дорад, аз ҷумла зану мардро аз парешонӣ наҷот медиҳад ва ба хонавода вобаста ва дилгарм месозад ва онҳо аз неъмати унсу улфату муҳаббат баҳраманд мешаванд.
Вобастагии кӯдакон, навҷавонон ва ҷавонон низ ба хонавода, фоидаҳои зиёдеро дарбар дорад, зеро бо ин вобастагии хонаводагӣ, фарзандон аз фасодҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, инҳирофоти ҷинсӣ, иртикоби ҷиноятҳо, беҳудагардиҳо ва мӯътод шудан ба маводди мухаддир ва ғайра дар амон мемонанд.
Бинобар ин, саломат ва саодати ҷомеа то ҳадди зиёде ба вазъи хонаводаҳо ва кайфияти робитаи байни зану шавҳар ва волидайну фарзандон вобаста аст. Ҳар чи робитаҳо беҳтар ва солимтар бошад, зиндагии ширинтар ва босафотар доранд ва иртиботи самимонатар бо хонаводаҳо барқарор мекунанд ва аз хатари инҳирофот дар амон мемонанд.
Мақсад аз издивоҷ дар ислом, яъне эҷоди унсу муҳаббату сафо дар хонавода аст. Хонае, ки дар он сафо ва муҳаббат набошад, аз ҳам гусехта аст ва хонае вайрона ба ҳисоб меояд ва ҳатто метавон гуфт, ки зиндоне беш нест.
Меъёр дар интихоби ҳамсар
Ислом дар ҷиҳати таҳаққуқи ҳадафҳои издивоҷ ва истеҳкоми бунёди хонавода, бар ду амр таъкид дорад: яке имон ва дигаре ахлоқ. Ва ба касоне, ки қасди издивоҷ доранд, тавсия мекунад, ки дин ва ахлоқи ҳамсари худро (чи писар ва чи духтар) мадди назар дошта бошанд.
Марде ба хидмати Расули Худо (с) омад ва дар амри издивоҷ бо эшон машварат намуд, он ҳазрат фармуданд: “Бо занони диндор издивоҷ кун, то хайри фаровоне насиби ту шавад”.
Дар ривояте омада аст: “Суди беҳтар аз зани солеҳу шоиста насиби инсон намешавад, зане, ки шавҳарашро хушнуд месозад ва дар набуди ӯ аз худаш ва зиндагии шавҳараш нигаҳдорӣ мекунад”.
Паёмбари ислом (с) фармуданд: “Агар касе аз духтари шумо хостгорӣ кард ва дин ва ахлоқашро писандидед, бо ӯ васлат кунед, вагарна фитна ва фасоди бузурге дар замин ба вуҷуд меояд”.
Барои ҳисси робитаи байни зану шавҳар ва бақо ва истеҳкоми бунёди хонавода ва барои пешгирӣ аз ихтилофоти хонаводагӣ ва пешомади талоқ, беҳтарин васила, риояти арзишҳои ахлоқӣ аст ва дар ин робита тавсияҳои фаровоне шуда аст.
Ислом издивоҷро пайванде муқаддас медонад, ки байни зану мард, ба эътибори ин ки ду инсон ҳастанд, баста мешавад ва муҳимтарин мақсадаш таъмини ниёзҳои инсонӣ, оромишу сукун ва улфати зану мард ба якдигар аст. Ҳатто тавлид ва парвариши фарзандонро низ дар роҳи таъмини мақсади олии инсонӣ ба ҳисоб меоварад.
Қуръони карим дар ин робита мегӯяд: “Ва аз нишонаҳои Худост, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то бо майл ба сӯи онон оромиш биёбед ва дар миёни шумо муҳаббату дилсӯзӣ қарор дод. Ҳамоно дар ин мавзӯъ барои андешмандон нишшонаҳое аст”. (Сураи Рум, ояти 21)
Дар ояти мазкур, унсу оромиши хонаводагӣ ба унвони самараи издивоҷ муаррифӣ шудааст. Дар пайванди муқаддаси издивоҷ зану мард бо тамоми вуҷуд ба сӯи якдигар ҷазб ва бо ҳам муттаҳиду якдил мешаванд ва дар тамоми абъоди зиндагӣ дар хидмати якдигар қарор мегиранд. Ҳамфикр, ҳамроз ва як мақсад мешаванд.
Дар ояти мазкур, зиндагии хонаводагӣ ба ду пояи қудратманди муҳаббат ва раҳмат устувор гашта аст. Яке аз пояҳои издивоҷ, муҳаббат ва алоқаи зану шавҳар нисбат ба якдигар аст. Зану шавҳар хубиҳо ва нуқтаҳои мусбати якдигарро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд ва аз самими қалб якдигарро дӯст медоранд. Ҳар як аз онон дигареро неъмате арзишманд аз ҷониби Худо ва василаи унсу улфат, оромишу дилгармӣ ва шарики зиндагӣ мешуморад ва аз ин неъмати бузург қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мекунад.
Пояи дигари издивоҷ, ки дар оят ба он ишора шуда аст, раҳмат, яъне меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ аст. Ҳар гоҳ яке аз завҷайн ба нуқсон, заъф ва ниёзе дар ҳамсараш рӯ ба рӯ шуд, ҳамдилона фикр мекунад, ӯ фикр кунад, ки ҳамсараш як инсон аст ва инсон бенақс нест. Чунон ки худ низ беайб намебошад. Пас бо нармию мудоро ва аз рӯи меҳрубонию дилсӯзӣ нақси ӯро дар сурати имкон бартараф месозад ва дар сурати имкон надоштан, ӯро бо ҳамон ҳол мепазирад. Нуқсонашро нодида мегирад ва ба зиндагӣ идома медиҳад. Лозимаи раҳмату дилсӯзӣ ин аст, ки чунон чи шахс хайру салоҳи худро мехоҳад, дар ҳамаи ҳол хостаҳо ва тамоюлоти хайру салоҳи ҳамсарашро мадди назар бидорад, ҳар чиро барои худ мехоҳад, барои ӯ низ бихоҳад ва ҳамвора ба фикри таъмини саодат, осоиш ва оромиши ӯ низ бошад.
Қуръони маҷид дар ин бора таъбири бисёр ҷолиб дорад ва зану шавҳарро чунин тавсиф мекунад:
“Занон барои шумо либос ҳастанд ва шумо низ барои онон либос ҳастед”. (Сураи Бақара, ояти 187)
Либос тамоми бадани инсонро бо ҳамаи камолот, нуқсонҳо, хубиҳо ва бадиҳо, зебоиҳо ва зиштиҳо дар бар мегирад ва аз сармову гармо ва аз хатарҳо ҳифз мекунад. Бар зебоиҳояш меафзояд ва айбҳояшро мепӯшонад. Либос наздиктарин чиз нисбат ба инсон аст ва аз ҷумлаи ниёзҳои аввалин ба шумор меравад. Зану шавҳар низ нисбат ба якдигар бояд монанди либос бошанд, ҳамдигарро бо ҳамаи камолот ва нуқсонҳо бипазиранд, ҳофиз ва нигаҳбон ва оромишбахши якдигар бошанд. Бар зебоиҳои якдигар бияфзоянд ва айбҳои якдигарро бипӯшонанд ва роздору маҳрами асрор бошанд.
Дини ислом дар мавриди робитаи байни зану шавҳар ва зиндагии хонаводагӣ чунин меандешад ва онро бар чунин пояҳое устувор сохтааст. Ташкили чунин хонаводаҳое шоистаи инсон аст ва саодати ҷисмонӣ, нафсонӣ, дунявӣ ва ухравии ӯро таъмин мекунад. Агар бунёди хонавода бар пояҳои имон ва муҳаббат устувор гардад, конуни хонавода гарму босафо мешавад ва аз кашмакашҳо, ихтилофот ва талоқу вайрониҳо пешгирӣ мегардад.
Паёмбари ислом (с) фармуданд: “Комилтарини мардум аз ҷиҳати имон, касест, ки ахлоқаш хубтар бошад ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки нисбат ба ҳамсарони худ хушрафтортар бошанд”.
Обид ва зоҳиди бузург ва яке аз наберагони паёмбари гиромии ислом (с), Имом Зайнулобидин (р) гуфтаанд: “Ҳаққи ҳамсарат бар ту ин аст, ки бидонӣ Худои мутаол ӯро василаи оромиш ва унсу улфати ту қарор дода аст ва бидонӣ, ки ӯ неъмате аз ҷониби Худо барои ту аст. Пас ӯро гиромӣ бидор ва бо ӯ мудоро кун, гарчи ту низ бар ӯ ҳаққе бузург дорӣ, аммо бояд нисбат ба ӯ дилсӯзу меҳрубон бошӣ. Бояд хӯрок ва пӯшоки ӯро таъмин намоӣ ва хатоҳо ва лағжишҳояшро бибахшӣ”.
Дар ривояте омада аст, ки ҷиҳоди зан дар ин аст, ки хуб шавҳардорӣ кунад.
Ислом инояти хоссе ба ахлоқ дорад ва риояти арзишҳои ахлоқиро барои саломати хонавода ва истеҳкоми бунёди он лозим ва зарурӣ медонад.
Ба назар мерасад яке аз омилҳои муҳимми тазалзул ва парокандагии бунёди хонавода, бедиққатӣ ба масоили ахлоқӣ аст ва барои ҳалли ин мушкили бузург, ки хонаводаҳоро бо мушкилоти ҷиддӣ таҳдид мекунад, чорае ҷуз эҳёи арзишҳои ахлоқии исломӣ ва инсоӣ, ба хусус ахлоқи хонавода надорем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.