Дармони зонудард

132

Зону яке аз муҳим‌тарин ва ҳассостарин пайвандҳои бадан аст ва зонудардӣ аз паҳншудатарин  шикоятҳои афрод аст, ки ба дармонгоҳҳо  муроҷиъат  мекунанд. Ҳарчанд дарди  зону дар ашхоси солманд бештар  аст, аммо бисёре аз ҷавонон низ аз зонудард  шикоят мекунанд.
Зонудард вобаста ба  син ва шароити фард илатҳои мухталиф ва мутафовите  дорад, ки аз паҳншудатарин сабабҳои зонудард метавон ба ин мавридҳо ишора кард:
Соидагии  зону (артроз ё остеоартрит), ки дар он тағояки  пайвандҳо мумкин аст хурд шуда ё аз байн рафта бошад, илтиҳоби  пайвандҳо (артрит), ки навъе ревматизми  буғумҳо аст ва дард  аз аломатҳои мушаххаси  он аст, нармии тағояки  зери зону, осебҳои   атрофи зону, осеб ё порагии миниски зону, осебҳои варзишӣ ва зарба.
Аммо фориғ аз ин ки иллати зонудард кадом яке аз илатҳои мазкур бошад тавсяҳои зерро метавон дар канори дармони тахассусӣ  барои рафъи дарди зону ба кор гирифт.
Шояд  аввалин тавсия  коҳиши вазн бошад, ки аз фишор ба  пайвандҳои  зону  коста эҳтимоли  зарар расондан  ба қисматҳои мухталифи  зонуро коҳиш медиҳад.
Шино ё  роҳ рафтан дар об аз варзишҳои  муфид дар коҳиши дарди зонуст ва баръакс варзишҳое монанд футбол, теннис, бадминтон ва баскетбол боъиси афзоиши  мушкилот ва бештар шудани дарди зону мешавад.
Парҳез аз сари по ё рост   истодан,  парҳез аз дузону ва чаҳорзону нишастан ва истифода аз ҳочатхонаи  фарангӣ аз дигар тавсияҳои бисёр муфид ва гоҳо зарурӣ аст. Агар маҷбур ҳастед барои тулонимуддат рост  биистед масалан ҳангоми зарф шустан  тавсия мешавад курсие  ба тули ҳудуди 20 сонтиметр зери яке аз поҳҳои худ қарор диҳед.
Пиёдаравӣ  бо пойафзоли муносиб руи замин ё сатҳи  ҳамвор    ба муддати ним соъат дар рӯз тавсия мешавад. Мутмаинан куҳнавардӣ , боло рафтан ё поин омадан аз зинаҳо ва пиёдаравӣ  дар сарошебӣ  ё баландӣ зарарнок  аст.
Дар ин миён варзишҳо ва нармишҳои хосе  вуҷуд дорад, ки метавонад таъсироти бисёр муфиде дар коҳиши дарди зону дошта бошад, ки метавонед бо муроҷиъа ба мутахассиси марбута онро омухта ва ҳар рӯз такрор кунед. Яке аз ин нармишҳое, ки боиси қавӣ шудани мушакҳои  чаҳор сари рон ва атрофи  пайвандҳои зону мешавад ба ин тариқ аст:
Руи  замин ё курсӣ  нишаста ва зонуи худро рост кунед,  сипас бе он ки ба руи  пайвандҳои зонуи худ фишор оваред поро аз аз қисмати миён  хам ва рост кунед ва ба мушакҳои  атрофи зону  фишор ворид кунед. Ин ҳаракатро чанд бор такрор кунед баъд аз муддате таъсири шигифтангези онро дар коҳиши дарди зону  ҳис хоҳед кард.
Истеъмоли  бештари  калсий ва витамини D    низ тавсияи  муҳим  ба вижа ба бонувон пас аз синни тамом шудани бенамозӣ  аст. Рӯзона ҳадди аққал ним соъат зери нури  офтоб қарор  гирифтан ва ин тавсияро дар пешгирӣ аз пукии устухон ва коҳиши дард  ҷиддӣ бигиред. Тибби  сузанӣ низ яке аз роҳҳои бисёр муфид дар коҳиши дард ва илтиҳоби  пайвандҳои зону аст, ки дар бисёре аз мавридҳо метавонад бидуни эҷоди ҳеҷ гуна мушкили иловагӣ  ҷойгузини таскинбахшҳо  ё кортикостероидҳое  бо мушкилоти иловагии  фаровон шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.