Фалсафаи таълиму тарбият аз дидгоҳи Форобӣ

2 352

indexЗиндагинома
Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлуғ маъруф ба Форобӣ дар соли 259 ҳ,қ/873 м. дар «Васиҷ» деҳкадаи кӯчаке аз шаҳристони «Фороб» дар Мовароуннаҳр мутаваллид шуд ва дар раҷаби 339 ҳ,қ / январи соли 951 м. дар Димишқи Сурия вафот ёфт ва дар «Боб-ус-Сағир» ба хок супорида шуд.
Форобӣ ба манзури касби улум ва маориф дар даврони ҷавонӣ ва дар замони хилофати Аббосӣён ба Бағдод сафар кард ва ба таҳсили донишҳои мухталиф пардохт. Вай сипас ба Ҳаррон сафар кард ва дар ҳалқаи дарси Юҳанно ибни Ҳайлон ҳозир шуд, вале иқомати ӯ  дар  Ҳаррон чандон ба тул наанҷомид ва дубора ба Бағдод бозгашт ва дар маҳзари Абӯбашар Мато ибни Юнус ба таҳсил пардохт. Форобӣ дар авохири умри худ ба манзури такмили мутолиот ва таълифоти худ ба дарбори Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ ҳокими Ҳалаб сафар кард. Форобӣ умри пурбаракати худро дар роҳи таҳқиқ ва  таълифи улуми юнонӣ ва исломӣ сипарӣ карда ва дар ин замина ба мақомоти волое расидааст, то ҷое, ки таъсиси фалсафаи исломӣ, тарҳи назарияи мадинаи фозила ва расидан ба мақоми муаллими сонӣ баъд аз Арасту аз ҷумлаи маъруфтарин фаъолиятҳои илмӣ ва иҷтимоии ӯст.
Муқаддима
Таълим ва тарбият ҳамеша ба унвони яке аз масоили асосии башар будааст. Низомҳои тарбиятӣ аз қадим, то ба имрӯз ҳадафҳоеро барои худ дар назар гирифтаанд, бинобар ин, ҳадаф низ ҳамеша ба унвони яке аз аркони ҳаётӣ ва шояд муҳимтарин масъалаи таълим ва тарбият матраҳ буда ва мавриди баҳс воқеъ шудааст.
Ба таври куллӣ мавзӯъ ва масъалаи меҳварӣ дар ин хусус он аст, ки ғоят ва ормони таълиму тарбият чист ва инсони матлуб, ки ҳосили низоми таълиму тарбият аст чӣ гуна инсоне аст? Ин мавзӯи муҳим ба унвони як заминаи баҳсбарангез матраҳ шуда ва дар садри масоили мавриди назари андешмандон ва фалосифаи таълиму тарбият қарор гирифтааст.
Ба гунае ки дар ҳар як аз макотиби фалсафа таълиму тарбият ва шояд ҳатто назди ҳар як аз андешмандон таълиму тарбият ҳадафи тарбият ба гунаи мутафовит мавриди назар қарор гирифтааст. Ба манзури расидан ба дидгоҳи муштарак дар бораи аҳдофи таълим ва тарбият лозим аст ба назариёти мураббиёни ин ҳавза, ки ба сурати ҷомеъ ба аҳдофи тарбиятӣ нигоҳ кардаанд муроҷиа шавад.
Форобӣ, ки ба Муаллими Сонӣ маъруф аст, яке аз маъруфтарин фалосифа ва мураббиёни мо мусулмонон аст, ки назариёти тарбиятии эшон ба вижа дар китобҳои маъруфаш андешаҳои аҳли мадинаи фозила ва сиёсати мадина баён шудаанд.
Дидгоҳҳои худро бо илҳом гирифтан аз исломи ноб, дар мавзӯи аҳдофи таълим ва тарбият ба беҳтарин ваҷҳ баён намудааст ва аҳдофи фардии таълим ва тарбиятро, ки ҳамон расондани инсон ба Холиқи ҳастӣ аст ҳамоҳанг бо аҳдофи иҷтимоии мадинаи фозила медонад.
Форобӣ аҳдофи таълим ва тарбиятро ба ду дастаи куллӣ тақсим мекунад, яке аҳдофи фардии таълим ва тарбият ва дигари аҳдофи иҷтимоии таълим ва тарбият ва аҳдофи фардии таълим ва тарбиятро низ ба ҳадафи ҷисмонӣ (тарбияти баданӣ), ҳадафи завқӣ (ҳунарӣ), ҳадафи ахлоқӣ (тарбияти ахлоқӣ) ва ҳадафи ақлонии таълим ва тарбият (тарбияти ақлонӣ) тақсимбандӣ кардааст, ки муфассалан зикр хоҳем намуд.

а) Аҳдофи фардии таълим ва тарбият
1. Ҳадафи ҷисмонии таълим ва тарбият.
Форобӣ муътақид аст, ки инсон аз лиҳози вуҷудӣ ду ҷанба дорад; яке ҷисмонӣ ва дигаре руҳонӣ. Бад-ин сабаб Форобӣ ҳам ба тарбияти ҷисм таваҷҷӯҳ дорад ва ҳам ба тарбияти рӯҳ, лекин ончи муҳим аст асолат аст, ки Форобӣ ба буъди рӯҳии инсон медиҳад ва ҷисмро дар хидмати рӯҳ медонад, вале ин боис намешавад, ки куллан бӯъди ҷисмониро мавриди таваҷҷӯҳ қарор надиҳад, баръакси ӯ яке аз муҳимтарин вижагиҳои раиси мадинаро – ки комилтарин фард дар Мадина аз ҷиҳати тарбиятёфтагӣ дар абъоди гуногун аст – бархурдорӣ аз бадани солим медонад ин худ нишондиҳандаи ин аст, ки ба бӯъди ҷисмонӣ аз аҳамияти болое назди Форобӣ бархурдор аст.
Назди Форобӣ тарбияти баданӣ дорои ду бахш аст:
1-Бозӣ; Форобӣ барои бозӣ анвои мухталиф ва ҳадафҳои мутафовите дорад. Бозӣ ба худии худ ҳадаф нест, балки арзиши он дар робита бо ҳадафе аст, ки мавриди назар бошад. Ҳадафи бозӣ бозсозӣ аст ва ба навбати худ барои афзоиши энержии фард барои фаъолияти ҷиддитар тарроҳӣ мешавад бозӣ бояд халлоқияти кӯдакро таҳрик кунад.
2-Омӯзиши низомӣ; Форобӣ аҳамияти тарбияти баданиро дар низоми тарбиятии худ ба омодагии бадан барои дифоъ аз кишвар ихтисос медиҳад, то ҷое, ки дар ҳамаи низомҳои сиёсии хеш яке аз шароити асосии раиси мадинаро бархурдорӣ аз қудрати бадании лозим барои ҷангидан ва фармондеҳии ҷангҷӯён медонад, албатта тарбияти ҷисмонӣ ба назари Форобӣ бояд бо ҳадафи кӯмак ба тарбияти рӯҳӣ анҷом гирад. Ифрот дар тарбияти баданӣ ва камтаваҷҷӯҳӣ ба тарбияти руҳӣ ҷомеаро ба инҳироф мекашад. Авҷи ин инҳироф ба назари Форобӣ дар “мадинаи тағлибия” дида мешавад, ки мардумони он ҳадафи аслии зиндагии худро дар ва тавонмандсозӣ қарор дода дар садади ғалаба бар дигарон ҳастанд.
1.    Ҳадафи ҳунарии таълим ва тарбият (тарбияти ҳунарӣ)
Форобӣ барои тарбияти равон ва эҷоди назми рӯҳӣ аҳамияти бисёре қоил аст ва ба ин манзур ҳунарро дар назар мегирад. Мабнои фалсафии ин амр низ ба эътиқоди Форобӣ мубтанӣ бар вуҷуди «қувваи мутахаййила» дар инсон ва нақши он дар касби маърифат бармегардад.
Мусиқӣ ва шеър барои Форобӣ нақши полоишкунандаи қувваи мутахаййила ҷиҳати касби маърифатро ифо мекунанд. Форобӣ мусиқиро дорои ду бӯъди назарӣ ва амалӣ медонад ва муътақид аст, ки шогирдон аввал бояд мусиқии назариро биёмӯзанд ва сипас дар олоти мусиқӣ маҳорати лозимро пайдо кунанд. Вай муътақид аст, ки ҳар навъ мусиқӣ мунтабиқ бо табиати шогирдон нест ва барои интихоби навъи онҳо бояд диққати  назари лозим сурат гирад.
Форобӣ муътақид аст, ки барои тарвиҷи арзишҳо ва фазоили ахлоқӣ ва динӣ дар ҷомеа бояд аз тариқи ҳунар, қувваи хаёли тудаи мардумро парвариш дод, зеро бештари онҳо аз тариқи “иқноъ” (пазириш) ва “тахайюл” матолибро мепазиранд на бар асоси андеша ва ҷиҳатдиҳӣ ба тахайюлоти умумии ҷомеаро, ки аз тариқи ҳунар анҷом мепазирад дар марҳалаи аввал вазифаи зимомдорони он ҷомеа медонад.
2.    Ҳадафи ахлоқии таълим ва тарбият
Муҳимтарин ҳадафи таълим ва тарбият дар назди Форобӣ расондани инсон ба холиқи ҳастӣ аст. Ҳастӣ дар назди вай ғоятманд ва ғояти ӯ расидан ба Аллоҳ аст. Расидан ба ин марҳала аз тариқи тарбият ва касби илм ва шинохт мумкин мегардад. Эътиқоди Форобӣ ба фанонопазирӣ ва бақои рӯҳ сабаб шудааст, ки ӯ ҳадафи ахлоқии таълим ва тарбияти худро дар расидан ба саодат таъриф кунад ва саодатро иборат аз ҷудоӣ аз модда ва моддиёт ва дар натиҷа наздик шудан ба Худо бидонад.
Форобӣ дар баҳси тарбияти ахлоқӣ аз чаҳор истилоҳи саодат, камол, фазилат ва хайр ном мебарад. Масири ҳамаи ин маворид аз модда ба маъно ва аз ҷаҳони моддӣ ба суӣ Худованди бузург аст ва он чи сабаби ин иттисол мешавад шинохт аст.
Форобӣ инсонро мавҷуде медонад, ки камоли вай мутааххир аз вуҷудаш аст ва дар айни ҳол соҳиби ақлу ирода аст. Омиле, ки метавонад фардро дар расидан ба камол ва саодат ёрӣ кунад таълим ва тарбияти саҳеҳ аст, ки фард бояд онро бо ихтиёр тай кунад.
Инсони комил дар назди Форобӣ касест, ки ба фазоили ахлоқӣ даст ёфта бошад. Ба назари Форобӣ ин хубиҳо бояд дар одам дарунӣ шавад, ба навъе ки фард бар асоси онҳо амал кунад ва мутамоил ба анҷоми онҳо бошад. Ба назари ӯ фард дар бораи хубиҳо бояд шинохти кофӣ ба даст оварад ва ин ҷанба назарӣ аст. Аммо ба танҳоӣ кофӣ нест, балки бояд дар амал низ ба ин фазоил муттасиф шавад ва илло инсон як бӯъдӣ ва нимакомил аст.
Саранҷом Форобӣ тарбияти ахлоқиро ҳам барои фард ва ҳам барои ҷомеа мехоҳад мадинаи фозилаи Форобӣ муҳите аст солим, ки дар он қавонини дақиқ ва дурусте таъриф шудааст ва мардум бо зиндагӣ дар он метавонанд ба саодат бирасанд.
3.    Ҳадафи ақлонии таълим ва тарбият
Форобӣ инсонро дорои қувваи нотиқа медонад ва ин қувваро раиси тамоми қуввои бадан мешуморад. Қудрати тааққул бо вуҷуди ин қувва мумкин аст.
Форобӣ дар “Рисолатун фи маонил ақл” маонии мухталифи ақлро баён мекунад: ақл ба маънои дурандешӣ, ҳисси муштарак, идроки табиӣ, виҷдон, ақл билқувва, билфеъл, мустафод ва ақл фаротар аз инсон.
Ончи дар баҳси тарбияти ақлонӣ ва ҳадафи он аз назари Форобӣ мавриди назар аст, ҳамон ақл дар маротиби билқувва, билфеъл ва мустафод аст.
Ақли инсон ба назари Форобӣ дорои маротибе аст, ки поёнтарини он марҳилаи билқувва аст, ин ақл интизои ашколи мавҷудот аст, ки саранҷом шинохта мешавад. Дар мартабаи болотар ақли билфеъл матраҳ мешавад, ки ин мартабаи маъқулот дар амал ё ақли амалӣ шинохта мешаванд. Дар мартабаи севвум ақли мустафод аст, ки ин сатҳ комилан интизоӣ аз мавҷудот аст. Дар ин мартаба фард ба марҳилаи ақли фаъол наздик мешавад, ки моддӣ набуда ва аз ҷаҳони диданӣ фаротар аст. Ин ақл воситаи миёни Худованд ва инсон аст, ки метавонад файзи илоҳиро ба инсон бирасонад.
Роҳи расидан ба маротиби болотари ақл дар назари Форобӣ ҳамон таълим ва тарбият ва касби шинохт аст, то ҷое ки ба марҳилаи ақли фаъол бирасад. Ақли фаъол файзи илоҳиро ба қувваи нотиқаи инсон ифоза мекунад ва ӯ дар мақоми файласуф қарор мегирад ва файзи илоҳиро ба қувваи мутахаййилаи инсонӣ медиҳад ва ӯ дар мақоми паёмбар ва набӣ  матраҳ мешавад. Дар ниҳоят ҳадафи ақлонии таълим ва тарбият шинохти Худованд аст, ки дар қолаби фалсафа, дин ё ҳарду анҷом мегирад. Ин ҷост, ки Форобӣ бо тарҳи ин назарияи бузург аз фалсафаи Юнон дур шуда ва дар арсаи исломӣ ва динӣ ҳаракат мекунад ва муассиси фалсафаи исломӣ мешавад ва байни фалсафа ва дин наздикӣ эҷод мекунад, зеро мӯътақид аст, ки ҳардуи онҳо барои шинохти Худованд омадаанд, ҳол яке бо истидлол (-и фалсафа) ва дигарӣ бо пазириш (-и дин). Дар ин мавзеъ тамоми абъоди фалсафаи Форобӣ ба якдигар мерасанд, ба тавре ки болотарин мартабаи ҳастӣ, болотарин мартабаи шинохт ва болотарин мартабаи арзиш Худованд аст.
Форобӣ барои парвариши ақлонӣ ба тарроҳии як барномаи дарсии комил иқдом кардааст. Ин кор дар китоби арзишманди “Иҳсо-ул-улум” анҷом гирифтааст.
Форобӣ аввалин файласуфи мусулмон аст, ки ба эҳсои улуми мухталиф пардохта ва ба ҳамин далел номи Муаллими Сонӣ шоистаи ӯст. Табақабандии улум дар ин китоб ба ин сурат анҷом гирифтааст: 1) илми забон, 2) илми мантиқ,3) илми таолим (риёзиёт), 4) илми табиӣ, 5) илми илоҳӣ, 6) илми маданӣ, 7) илми фиқҳ, 8) илми калом.
Аз миёни ҳамаи улуми мазкур Форобӣ бештарин алоқаро ба фалсафа нишон медиҳад, ки муштамил бар ҳикмати назарӣ аст. Форобӣ ба унвони пешгоми фалсафаи исломӣ ҳикматро ба ду бахши назарӣ ва амалӣ тақсим кардааст. Ҳикмати назариро шомили илоҳиёт, риёзиёт, ва табииёт ва ҳикмати амалиро таҳзиби ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мадания медонад. Ба назари Форобӣ фалсафа моро қодир месозад, то беҳтарин умурро бо беҳтарин равиши мумкин ёд бигирем ва ба василаи он рӯҳи худро, то ҳадди як инсони мантиқӣ парвариш диҳем. Ҳадафи ниҳоии фалсафа шинохти Худованд ба унвони иллати фаъоли ҳамаи умур ва молики ҷаҳон бар асоси ақл ва адолат аст ва низ мутобиат аз холиқ ва ибодати ӯст.
б) Аҳдофи иҷтимоии таълим ва тарбият
Таълим ва тарбият дар назари Форобӣ дар бахши ҳикмати амалӣ ва зермаҷмӯаи сиёсати мадина матраҳ мегардад. Форобӣ муътақид аст, инсон биттабъ мавҷуди иҷтимоӣ аст ва ба танҳоӣ наметавонад зиндагӣ кунад, балки бояд дар мадина зиндагӣ кунад. Инсон дар мадина ба камол ва саодат мерасад, аммо на ҳар мадинае. Мадинаи фозила, ки мардумони он таҳти ҳидояти раиси тарбиятёфта ва комилшуда қарор гиранд ва ба таври саҳеҳ тарбият шаванд. Дар ғайри ин сурат мардумони мадинаҳое, ки тарбияти дуруст наёфтаанд ба назари Форобӣ “ғайрифозилаанд” ва дар зиндагӣ (ва бинобар ин тарбият худ) ҳадафи дуруст ва воқеиро гум кардаанд.
Барои Форобӣ мадинаи фозила дар ҳукми як муҳити тарбиятӣ аст ва қавонини ҳоким бар он амалкард ва нақши тарбиятӣ доранд. Тарбият барои тамоми ақшори ҷомеа бояд сурат гирад, то аз тариқи он ҳар як аз шаҳрвандон битавонанд дар мадина нақшеро бар ӯҳда гиранд ва ба наҳви аҳсан аз ӯҳдаи анҷоми он бароянд. Зербинои фалсафии ин идея низ дар назари Форобӣ он аст, ки шаҳр монанди бадани инсон аст ва ҳамон гуна ки ҳар як аз аъзои бадан коркарди вижае доранд, ҳар фард низ дар шаҳр коркарди вижае хоҳад дошт. Ҳар гоҳ яке аз аъзои бадан хуб кор накунад ниёз ба пизишк дорад, бинобар ин дар шаҳр низ барои муолиҷаи афрод ниёз ба раис аст. Ин ҷост, ки умдатарин ҳадафи таълим ва тарбияти иҷтимоии Форобӣ низ ҳамонанди Афлотун тарбияти зимомдор аст.
Дар ҳастишиносии Форобӣ, раиси аслии ҷаҳон Худованд аст ва раёсати мадинаи муфаййиз (ифозакунанда) файзи ӯст. Ҷавҳари илоҳӣ муқтазои таълиф ва иртиботи мавҷудот аст, бинобар ин вазифаи мадина низ бояд эҷоди назм дар мадина бошад. Мардуми мадина бо ишқи ба раис (ки ҳамоно паёмбар ва ё ҷониши ӯст) бо ҳамкорӣ корҳоро анҷом медиҳанд. Раиси мадинаи фозила ба унвони робит миёни мардум ва Худованд ва дар нақши муаллим ва ҳидоятгари уммати исломӣ аст.
Форобӣ дар китоби “Андешаҳои аҳли мадинаи фозила”, вижагиҳои раиси мадинаи фозиларо шарҳ медиҳад, ки яке аз боризтарини он ин аст, ки “дӯстдори таълим ва тарбият бошад”. Раиси мадина бо иттисоф ба ин сифат нисбат ба омӯзиш ва парвариши уммати ислом эҳтимоми ҷиддӣ меварзад ва масуълияти комили тарбияти мардумро бар ӯҳда мегирад.
Бинобар ин Форобӣ натиҷа мегирад, ки омӯзиш ва парвариш амри давлатӣ аст ва аз вазоифи аслии ҳокимони ҳукумати исломӣ густариши он аст.

Манобеи таҳқиқ:
1)Таърихи фалсафа дар ҷаҳони Ислом, Ҳанно Фохурӣ ва Халил Ҷуброн
2) Андешаи сиёсии мутафаккирони исломӣ, Муҳсин Муҳоҷириён.
3) Таърихи фалсафаи исломӣ, Сайидҳусайни Наср.
4) Баррасӣ ва муқоисаи аҳдофи таълим ва тарбият аз дидгоҳи Афлотун ва Форобӣ, Мирзомуҳаммади Муҳаммадҳасан.
Сайидсалоҳуддини Нуриддин

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.