Чаро бояд намоз бихонем?

281

imageМавзуъ: Чаро бояд намоз бихонем??

Имруза агар нигоҳ бикунем мебинем, ки зиёди аз ҷавонон ва ҳатто пир занҳо ва пир мардон аз руҳониюн ва муллоҳо ин саволро мекунанд, ки чаро бояд намоз хонд агар намоз нахонем чи мешавад? Ё фалсафаи намоз хондан чист?? Чи хуб аст ки инсон амалиро анҷом медиҳад ва корҳои ибодие, ки анҷом медиҳад иллат ва сабаби онро бидонад. Барои посух ба ин саволи ҷавонон мо суроғи Қуръони карим ва ривоёти Пайғамбари ислом(с) мераваем.

Вақте, ки ба Қурони карим нигоҳ мекунем мебинем ки худи Худои мутаол моро дар панҷои Қуръони Карим роҳнамои мекунад ки чаро бояд мо намоз бихонем.

1)      Мо намоз мехонем то аз соҳиби неъмати худ ташакур ва қадрдони кунем. Барои онки дар қурони карим фармудааст:

فَلْيَعْبُدُوا رَبَّ هَذَا الْبَيْتِ[1]

“Пас [ба шукронаи ин неъмати бузург] ибодат кунед парвардигори ин хонаро. Савол мекунем, ки чаро бояд парвардигори ин хонаро “яъне Каъбаро” ибодат кунем? Ҷавоб:الَّذِي أَطْعَمَهُم مِّن جُوعٍ وَآمَنَهُم مِّنْ خَوْفٍ[2]“Ҳамон касе, ки ононро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу но амтӣ иман сохт”. Ба иборати дигар соҳиби он хона моро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ иман сохт”.

Агар мо каме диққат кунем мебинем, ки зиёди аз ҳайвонот ҳастанд, ки вақти соҳиби он ҳайвон ба он таом медиҳад баъд аз сер шудан, аз соби худ ташакур мекунанд. Ва яке аз он ҳайвонот саг аст. Масалан шумо сагро дар назар бигиред вақти соҳиби саг ё раҳгузаре ба он устухон ё таом медиҳад бад аз сер шудан аз ҷо мехезаду думби худро такон медиҳад ва аҳёнан агар иҷоза даҳи боз бо забони худ шуморо мелесад. Пас агар диққат шавад ҳайвонотҳам дар олами худ аз соҳиби неъмат ташакур ва қадрдони мекунанд ки дар олами саг ҳамон такон додани думби худ навъи сипосгузорӣ аст. Саг воҷиб будани шукри мунъимро дар одамӣ худ фаҳмид. Мо инсонҳо ки беҳтарин махлуқи Худо ҳастеб бояд ба таври уло ин шукр ва сипосгузориро бефаҳмим ва он аз тариқи намоз хондани мо аст.

2)      Мо намоз мехонем барои онки Худованд моро халқ кардааст. Худи Худованди Мутаол мефармоянд, ки “ Мо инсу ҷинсро халқ накардем магар барои ибодат”

“ یا ایها الناس اعبدوا ربکم ” Эй мардум ибодат кунед парвардигори худро. Чаро бояд ибодат кунем парвардигорӣ худро. Ҷавом: “الذی خلقکم” Барои онки Худованд шуморо халқ кар ва Худованд шоистаи парастиш аст. Абру боду маҳу хуршеду фалакро ҳамаро барои мо халқ кардааст пас металабад, ки ӯро ибодат кунем. Ва лаин шакарткм лаазиданнакум.

3)      Намоз мехонем то дар зиндагии худ рушд кунем.

إِنَّ الصَّلوةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنكَرِ[3]

“ Намоз[инсонро] аз зиштиҳо ва бадиҳо нигоҳ медорад”

Ин оят барои ман ҳамеша савол буд ки читур намоз инсонро аз фаҳшо ва мункар дур мекунад. Рӯзе ба ҳадиси аз ҳадисҳои Пайғамбари Акрам(с) бар хурд кардам, ки рӯзи яке аз занони мусалмон дар замони Расули Худо(с) дар ғиёби шавҳараш зино кардабуд. Бар асари ҳамин зино фарзанди ҳаромзодае таввул кард. Бад аз тавалуд шудани фарзандаш тоза фаҳмид ки чи кори нопасандонае кардааст. Аз тарафи ҳам дар фикри ин афтод, ки шавҳарам бар гардад чи ҷавоб тиям бигуям ин аз куҷо омадааст. Лизо даст ба қатли фарзанди худ заду онро дар дохили коло баъд аз куштан онро дохили колоҳо карду фурухт. Виждонаш уро нагузошт роҳат бошад ва хобу зиндагиро аз он гирифта буд. Рӯзи бо сару садоҳои дар кучаҳои мадина медавиду аз мардум суроғӣ пайғамбари Акрам(с) ро мегирифт, ногаҳон пайғамбари Худо(с) ӯро диду савол кард, ки чи шудааст ки ин қадар сару садо мекунед? Моҷароро барои Пайғамбар(с) баён кард. Расули Худо(с) фармуданд, ки бахотири онки дар ғиёби шавҳарат домани худро нопок ва зино кардаӣ бояд санг сор шавӣ. Барои онки фарзади худро куштаӣ азоби дарноке дар рузи қиёмад хоҳи дошт ва барои онки фарзанди худро он тавр фареб дода фурухтаӣ бозҳам азоби сахт ва шадид дар интизори туст ва Пайғамбари Акрам(с) фармуданд, ки шумо зани мусалмон будед мехоҳед бидонед, ки чаро шумо аз роҳи рост мунҳариф шудед ва даст ба ин корҳои нопасанд ва ғайри шаръи задед? Зан гуфт бале ё Расулуллоҳ. Расули Худо(с) фармуданд ба хотирӣ қазо шудани намози асри шумо ва сабук шуморидани намоз.

Пас бояд намоз хонд то аз роҳи рост мунҳариф нашавем.

4)      Намоз мехонем то бо холиқи худ наздик шавем.

Ибодат кунед парвардигоратонро? Чаро бояд ибодат кунем?

[4] “وَاعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّى يَأْتِيَكَ الْيَقِينُ” Ва парвардигоратро ибодат кун то ба яқин бирасӣ.

5)      Намоз мехонем то бо худои худ унс пайдо кунем.

اقم الصلاةбар хезед ва намоз барпо кунед. Чаро бояд бархезем ва намоз барпо кунем?     لذکری барои онки худоро зикр бигуем.

Фоидаи зирк чист? Фоидаи зикр итминони қалб аст [5]“أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ” танҳо бо зикр ва ёди Худованд дилҳо оромиш пайдо мекунад.

Пас касе, ки итминони қалб дорад Худованд мефармояд:

يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ. ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً. فَادْخُلِي فِي عِبَادِي. وَادْخُلِي جَنَّتِي.[6]

Худованд мефармояд, ки касони ки мутмаин ҳастанд аз аъмоли худ басуи ӯ боз гарданд, ки ҳам шумо аз ӯ рози ҳастед ва ҳам ӯ аз шумо рози аст. Пас дар салаки бандагонам дарой ва вориди биҳиштам шав. Пас касоне, ки савол мекарданд ки чаро бояд намоз бихонем ҷавоб маълум аст, ки яке аз роҳҳои ки инсонро биҳиштӣ мекунад хондани намоз ва барпо доштани намоз аст. Шоир чи хуб баён кардаас:

                         Саре, ки саҷда надорад бадан бар ӯ ҳайф аст.

                         Ҳар кас ки бе намоз бимирад кафан бар ӯ ҳайф аст.

Дар замонӣ Расули Худо(с) марде хидматӣ Расули худо(с) расиду арз кард ё расулуллоҳ хела вақт мешавад, ки аз Худои мутаол хостаи дорам ҳарчи дуо мекунам дуоям мустаҷоб намешавад. Расули Худо(с) фармуданд намоз мехонед? Мард посух дод бале ё Расулуллоҳ. Пайғамбар(с) арз карданд ҳамсар ва фарзандонат чӣ? Мар фармуд бале ё Расулуллоҳ ҳама намоз мехонем. Пайғамбар(с) чизи нагуфт мардҳам рафт. Мард боз як рӯзи дигар Пайғамбари Акрам(с)ро дар масҷид диду дубора савол кард ки хостаи аз Худованд дорам раҳчи дуо мекунам мустаҷоб намешавад. Пайғамбар(с) ками тааммул карданду фармуданд, ки ба хонаи худ бар гарду болои боми худро нигоҳ кун дар болои бомат устухоне аст онро бардор ва дуо кун иншоаллол, ки дуоят мустаҷоб мешавад. Мард рафту болои боми худро нигоҳ карду устухонро пайдо кар ва ӯро аз болои боми худ дур кард. Бад аз дур кардани устухон дуо кард ва дуояш мустаҷоб шуд. Баъд аз муддате расули Худо(с) ро дид ва гуфт ё Расулуллоҳ баъд аз дур кардани устухон дуо кардам дуоям мустаҷоб шуд вале ман сабаб ва иллати он устухонро нафаҳмаидам. Пайғамбари Акрам(с) фармуданд, ки рӯзи зоғи ба хотири лона дуруст кардан аз лаби гуристонӣ қабристон он устухонро бардошт ва дар осмон парвоз карду мерафт вале ба таври иттифоқи дар болои боми ту афтид. Медонӣ ин устухони чи шахсӣ буд? Мард гуфт на. Расули Худо(с) арз кардан ин устухони марди буд аҳли намоз набуд ба ҳамин сабаб буд, ки шумо ҳарчи дуо мекардед намозатон қабул намешуд.

Дар охир аз ҳамаи бародарон ва хоҳарон ва хонандагони азиз тақозо ва таманнои бародарона дорам, ки ба намоз аҳамияти бештар бидаҳанд чунки Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: Ассалот амуддуддин. Намоз пояҳои дин ва ислом аст.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

   Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ

[1] . Сураи Қарайш, ояти 3

[2] . Сураи Қарайш, ояти 4

[3]. Сураи Ъанкубут, ояти 45

[4] . Сураи Ҳаҷар, ояти 99

[5] . Сураи Раъд ояти 28

[6] . Сураи Фаҷр ояти 27 то 30

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.