Беҳтарин пойафзоли тобистона

131

3Аввалин нукта дар тобистон интихоби   кафшҳо ё пойафзолест, ки бояд комилан ба  андозаи  пои  шумо бошад; чаро, ки пас аз  муддате  ба иллати  гармии ҳаво бозтар мешаванд ва роҳаттар  бо он  қадам  хоҳед зад. Интихоби  кафшҳои  каме кушод ҳам боиси  баднамуд  шудани  кафш баъд аз муддате  мешавад.

Кафшҳои варзишӣ ва катониро дар ин фасл ба куллӣ  фаромуш кунед; чаро, ки  танҳо ба монанди  уҷоқҳои  зудпаз(плиткаҳои тафсон) пои шуморо нобуд мекунанд. Агар  кафши расмӣ мехоҳед метавонед аз навъҳои  чармӣ ё латтаӣ истифода кунед.

Ба ғайр аз кафшҳои расмӣ, ки ба ҳар ҳол ниёз ба онҳо дар тобистон ҳам вуҷуд дорад метавонед аз кафшҳои  тобистонӣ ё сандалҳо(босоножка) истифода кунед. Кафшҳои  тобистонӣ бояд дорои  қисматҳои бозе бошанд, ки ҳаворо  ба пои  шумо мерасонанд.

Барои интихоби сандал ба ғайр аз зебоӣ ба корбурдӣ будани он низ диққат кунед. Бархе сандалҳо бештар   ба дампоӣ(сланси,шлёпка) монанд ҳастанд  ва беҳтар аст аз интихоби  онҳо парҳез кунед. Сандалҳоеро интихоб  кунед, ки  комилан дар пои  шумо қарор бигиранд ва банде барои пушти  по  дошта бошанд.Сандалҳо низ метавонанд аз навъи   чармӣ  бошанд,Ҳамчунин дар  ҳангоми  харид ба муносиб  будани онҳо диққат кунед.Фасли гармо -фасли бештар  қадам задан ва роҳ рафтан аст; пас  бояд кафши муносибро ба  по дошта бошед, ки  боиси  хастагӣ нашавад.

Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.