Интернет ва зиндагии динӣ (қисмати дуввум)

113

Бахши дуюм: Хусусиятҳои расонаи интернет

Дар миёни фанновариҳои навини иртиботӣ ва иттилоотӣ, ки сохтори иттилоотии ҷомеаҳои имрӯзаро тағйир додаанд, расонаи интернет, ки фазои маҷозии зиндагии ҳақиқии инсон ном гирифтааст, аз хусусиятҳои хос бархӯрдор аст, ки баҳрабардорӣ аз он дар бахшҳои мухталифи зиндагии инсон рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Интернет ба навъе тавонистааст ҳамаи расонаҳои навинро дар худ ҷой диҳад, аммо ҳеҷ вақт наметавон онро ба унвони ҷойгузине муносиб ба ҷои расонаҳои чопӣ ва электронии дигар донист. Аз ин сабаб бо баррасии хусусиятҳои интернет, ба шинохти ин расонаи нав дар миёни расонаҳои дигар мепардозем.

Ҷаззобият ва асарбахшӣ:

Фанновариҳои нави иртиботӣ аз ҷиҳати дидан ва шунидан, ҷаззобияти фавқулодда нисбат ба фанновариҳои суннатӣ пайдо кардаанд. Тасвирӣ шудани маъноҳо ба фаҳму дарки он, барои мухотабон дар ҳар қишре ёрӣ мекунад, зеро мухотаб дар ҳар қишре ва бо ҳар табақаи иҷтимоӣ дар омӯзиш, метавонад ба роҳатӣ тасвирро дарк кунад ва таҳқиқот нишон додааст, ки дарки тасвирии инсон аз маъноҳо, бисёр содатар аз дарки инсон дар навиштор аст. Одатан, ҷозибаи  тасвир сабаби асарбахшии зиёди он низ мешавад. Интернет дар миёни расонаҳои нав тавонистааст аз ҳамаи ҷозибаҳои матнӣ, савтӣ ва тасвирӣ баҳра барад.

Корбарии интернет, як саргармӣ:

Дар асре, ки ақлонияти абзорӣ сайтараи худро бар ҳамаи бахшҳои зиндагии башар собит мекунад, табиатан шоҳиди султаи қонунҳои иқтисоди сармоядорӣ бар фанновариҳои нав низ ҳастем. Ин фанновариҳо вақте метавонанд худро густариш диҳанд, ки масрафкунанда дошта бошанд. Масрафкунанда низ дар дараҷаи аввал, дар фикри саргармӣ ва лаззати худ дар истифода аз ин фанноварӣ аст. Зеро ҳанӯз ба корбарии ин фанновариҳо дар бахшҳои мухталифи зиндагияш ошно нест. Фанновариҳои нав бо баҳрагирӣ аз тасвирсозӣ ва ҷаззобияти он, метавонад василаи тафреҳ ва саргармии тӯдаи мардум бошад. Чунон чи таҳқиқот нишон медиҳад, истифода аз телевизион, синамо ва интернет, дар дараҷаи аввал, барои саргармӣ аст ва суди ин санъат дар дунёи имрӯз бисёр зиёд аст.

Зарфияти болои нигаҳдорӣ ва интиқоли матн, акс, тасвир ва садо:

Яке аз барҷастатарин хусусиятҳои расонаи нави интернет, ҳаҷми калони нигаҳдорӣ ва табодули маълумоти чандрасонаӣ аст. Баъзеҳо эътиқод доранд, ки имрӯза метавон ҳар гуна маълумоте баргирифта аз тасвиру матну садо бо ҳар мавзӯе дар фазои маҷозии интернет ёфт, ки ин нишондиҳандаи ҳаҷми калони маълумоти мавҷуд дар фазои Syber (фазои электронӣ) аст.

Қобилияти истифодаи густарда аз архивҳои бузурги расонаҳои матнӣ, савтӣ ва тасвирӣ:

Интернет қобилияти бойгонисозӣ ва нигаҳдории ҳаҷми васеъи маълумоти тавлидшударо дорад, ки дар ҳар макону замоне қобили истифода аст.

Таомули ду тарафа:

Дар фанновариҳои нав, имкони дарёфти бозхӯрд аз гирандаи паём, ба воситаи фиристанда имкон дорад, ва фиристанда бо таваҷҷӯҳ ба бозхӯрди дарёфт аз гиранда, паёми худро тағйир медиҳад. Дар ҳақиқат фиристанда ва гиранда мудом нақш иваз карда, дар ҷои ҳам менишинанд. Интернет фазое аст, ки ба равшанӣ метавон тағйироти фиристанда ва гирандаро мушоҳида кард. Дар фазои чат, емайл, сайтҳои хабарӣ ва маълумотрасонӣ, бо дарҷи назарот, намунаҳое аз тағйири ҷойгоҳи фиристанда ва гиранади паём аст, ки ҳамкории ду тарафаро нишон медиҳад.

Тамаркуззудоӣ:

Ашхос ҳам тавлидкунанда ва ҳам масрафкунандаи маълумот ҳастанд ва дигар наметавон тамаркузе барои фиристандаи паём қоил шуд.

Интернет яъне ҳама чиз:

Интернет ба гунае тавониста аст ҳамаи расонаҳои навро дар худ ҷой диҳад. Аз тариқи интернет метавон радио гӯш кард ва шабакаҳои моҳвораӣ ва телевизиониро мушоҳида кард, ва дар айни ҳол бо дӯсти худ дар он тарафи кураи замин сӯҳбатҳои матнӣ, савтӣ ва тасвирӣ дошт.

Ҷамъзудоӣ:

Расонаҳои нав ба иллати ҷаззобият ва мухотаб қарор додани инсон, ҷамъгароиро таҳти шуъо қарор дода ва ягонагиро дар ҷомеаи башарӣ густариш медиҳад.

Бениёзӣ ба замон:

Дар фанновариҳои нави иртиботӣ, ҳамчун интернет, на танҳо макон дар дастрасӣ ба шабакаи густардаи интернет нақши басазое надорад, балки дар ҳар замоне метавон ба ин шабака муроҷиат кард ва аз маълумоти он истифода намуд.

Шитоби дастрасӣ ба маълумот бидуни кантрол:

Бо технологияҳои нав, рӯз ба рӯз шитоби дастрасӣ ба маълумот афзоиш меёбад. Технологияи интернет барои бештарин шитоб ва камтарин контрол тарроҳӣ шудааст. Бинобар ин ба кор гирифтани контролҳои маълумотӣ дар он душвор аст. Албатта наметавон дуздии маълумотиро ба василаи хаккерҳо ва кирмҳои маълумотӣ нодида гирифт.

Дар ҷаҳони наве, ки интернет халқ кардааст (ҷомеаи маълумотӣ), озодиҳои фикрӣ, таҳқиқотӣ, омӯзишӣ, тафреҳӣ ва шуғлӣ рӯ ба рушд хоҳад буд ва тиҷорати электронӣ, хидматрасониҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣ аз роҳи дур ва хидматрасониҳои телефони байналхалқӣ аз тариқи интернет, ҷои шаклҳои суннатиро хоҳад гирифт.

Идома дар қисмати сеюм

Интернет ва зиндагии динӣ (қисмати аввал)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.