Интернет ва зиндагии динӣ (қисмати севвум)

120

Бахши поёнӣ: Фаъолиятҳои динӣ дар фазои интернет

Интернет мавқеияте барои арзавe тақозои маълумот ва барқарории иртибот, ба вуҷуд овардааст, ки ботил, бо бархӯрдорӣ аз қудрату сарват, ҳузури пуррангтаре дар ҷомеа нишон медиҳад. Албатта ин мавзӯъ, сабаби ҳузур наёфтан ва фаъолияти ҷараёни ҳақ дар ҷомеа ва тавлиди маълумоти пок шуда наметавонад. Фазои маҷозӣ, мавқеиятест, ки дар он нигаҳдорӣ ва нақлу интиқоли маълумот, бисёр арзон ва сода анҷом мешавад, аз ин ҷиҳат, барои фазои тарбиятӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳам таҳдид маҳсуб мешавад ва ҳам фурсат. Набояд бо нигоҳи таҳдидӣ онро арзёбӣ кард. Дар ин фазои чолишӣ, бояд барои табдили таҳдид ба фурсат, ё барои коҳиши таҳдидҳо дар муқобили фурсатҳо фаъолона вориди саҳнаи тавлид ва интиқоли маълумот шуд.

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки дар ҳавзаи даъвати динӣ, ҳам дорои як саре усули собит ҳастем ва ҳам як саре иқдомоти иқтизоӣ вуҷуд дорад. Усули собити даъвати динӣ, шомили “Удъу ило сабили раббика бил ҳикмати вал мавъизатил ҳасанати ва ҷодилҳум биллатӣ ҳийа аҳсан…”[1] (Мардумро бо ҳикмат ва андарзи некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин шева бо онон муҷодила кун, зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳ мунҳариф шудаанд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад). Мурод аз ҳикмат, гуфтори саҳеҳу дуруст ва далели равшанкунандаи ҳақиқат мебошад, ва ба қавле, манзур аз он, Қуръон аст. Мавъизаи ҳасана, пандҳоест, ки душманон ба равшанӣ медонанд, ки ту онҳоро насиҳат мекунӣ ва бо ин суханон, ба онҳо суд мерасонӣ. Сипас, “Ва ҷодилҳум биллатӣ ҳийа аҳсан”, яъне бо равише, ки аз ҷиҳати нармӣ, мулоимат, мадоро ва ҳусни муошират, беҳтарин тариқаи баҳсу мунозира аст, бидуни ҳар гуна дуруштиву нороҳатӣ, бо онҳо ба мунозираву баҳс бипардоз, то зудтар даъвати туро иҷобат кунанд.

Ба иборати дигар, ҳикмат ва истидлоли ақлонӣ, панду андарз ба василаи таҳрики эҳсосот ва ҳамчунин ҷидол бо пешфарзҳои пазируфташудаи ду тараф, ҷузъи усули даъвати динӣ дар барқарории иртиботи гуфторӣ аст. Вақте ин усул ба марҳалаи иҷро бирасад, ҳунармандони динмадор паёмро бо шароити мухотабон татбиқ дода, бо истифода аз фанновариҳои иртиботии нав, ба тавлиду интиқоли маълумоти динӣ, ки бистари таблиғи диниро ба вуҷуд меоварад, мепардозанд.

Рушди фанноварии маълумот ба таври ом ва интернет ба таври хос, бистаре беназир фароҳам карда, ки дар қолаби он, динпажӯҳӣ ва маънавиятталабӣ бисёр осонтар ва матлубтар аз гузашта шудааст. Тибқи оморҳо, аз ҳар 6 корбари интернет дар ҷаҳон, ҳадди ақал як нафар ба дунболи маълумоти маънавӣ ва динӣ аст. Дар ин замина, ҳамчунин оморҳое вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад мизони динпажӯҳӣ дар интернет байни 25 то 30 дар сади тамоми ковишҳои интернетиро ташкил медиҳад, ки ин амр, нишонгари истиқбол ва гароиши насли нав ба дину маънавият мебошад.

Ин тавлиди маълумоти динӣ дар канори дигар маълумоте, ки ҳатто дар тазодди комил бо дин қарор доранд, анҷом мешавад, зеро интернет муҳити арзаву тақозост. Дар ин фазо ҳамла ва дифоъ, маъное надорад, балки корбар бо ихтиёри комил дар фазои маҷозӣ гардиш мекунад ва тавлидкунандагон ба рақобати бисёр сахте барои ҷалби интихоби корбарон мепардозанд. Албатта набояд аз назар дур дошт, ки таҳоҷуми фарҳангӣ дар фазои интернет, бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди қудрату сарват дар дасти тавлидкунандагони маълумоти нопок, ки сиёсатҳои шайтонии худро дар ҷомеаи маълумот дунбол мекунанд, вуҷуд дорад, аммо на ба маънии салби ихтиёр аз корбари парҳезгор, балки каммият ва ҷаззобияти мавҷуд дар ин маълумот, сабаби нобаробарии ҷараёни маълумот дар ҷаҳон мешавад, ки аз ин ҷиҳат метавон таҳоҷуми фарҳангӣ ба фарҳанги ноби исломиро пазируфт.

Вақте як шахси тарбиятёфта, ки машйи ӯ дар зиндагӣ тақвомадор аст, дар фазои маҷозӣ сайр мекунад, қатъан дар муқобили маълумоти нопок қарор намегирад, зеро тақвои ӯ сабаби интихоб накардани ин маълумот мешавад, ва баръакс дар мавриди касе, ки тақво дар зиндагии ӯ ҷойгоҳе надошта бошад, қатъан дар фазои маҷозӣ, ки бетақвоӣ осонтар анҷом мегирад, дигар набояд интизор дошт аз сайтҳои мустаҳҷан боздид накунад. Аз ин ҷиҳат, зиндагӣ дар муҳити интернет, бо одоби зиндагӣ дар муҳити воқеӣ фарқи асосӣ надорад.

Дар муҳити интернет, тавсия мешавад масъулони динӣ тарбияи худмадоронаро тарвиҷ диҳанд, ки истилоҳи лотинии он, қудрати на гуфтан “power of saying no” аст.

Агар инсон дар зиндагии оддияш қудрати на гуфтан надошта бошад, дар муҳити интернет, ки ворид мешавад, ҳама гуна даъватҳоро мепазирад. Бинобар ин, дар муҳити интернет роҳнамоӣ ва иршод муҳим аст, на таъйини таклиф ва илзом. Қоидатан, он ҷое ки ҳаққи интихоб афзоиш пайдо мекунад, фақат роҳнамоӣ муҳим аст. Аммо вақте ҳаққи интихоб маҳдуд аст, илзом маънидор мешавад, ки албатта бо сохтани маҳаллаи худамон дар фазои интернет, метавонем бо бархӯрде фаъол дар ин фазо, дар канори дигарон рақобат кунем.

Дар ҳоли ҳозир, фаъолияти ҳазорон вебсайти динӣ ва мазҳабӣ, ки маълумоти вобаста ба динро дар дастраси умуми мардуми дунё қарор медиҳад, шабакае аз веблогҳо, форумҳо ё толорҳои гуфтугӯ, ки дар онҳо ба суолоти мардум ҷавоб дода мешавад, ва ҳамчунин зуҳури фанновариҳое мисли шабакаҳои иҷтимоии маҷозӣ, паёмрасонҳо, хабархонҳои интернетӣ ва китобхонаҳои маҷозӣ ва электронӣ, сабаб шудааст, мардум ба манобеъ ва китобҳои муқаддаси динӣ дастрасии роҳаттаре дошта бошанд.

Дар ин миён, он даста аз ниҳодҳои динӣ, ки зарфияти ин фанновариро бештар, беҳтар ва амиқтар дарк карда бошанд, аз тавони таъсиргузории болотаре дар сатҳи ҷаҳон бархӯрдор шудаанд.

Поёни навиштор

[1] Сураи Наҳл, ояти 125

Интернет ва зиндагии динӣ (қисмати аввал)

Интернет ва зиндагии динӣ (қисмати дуввум)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.