Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 11

90

pen Савол: оҳиста суҳбаткардани шавҳарам бо модараш ва пичпич кардани онҳо, сабаби ҷанҷол дар зиндагии ман шуда аст. Модаршавҳарам медонад, ки ман аз ин кор азоб мекашам вале боз ин корро такрор мекунад. Роҳнамои бифармоед.

Ҷавоб: ин шавҳар ва модараш кори хубе намекунанд. Наҷво ва пичпич кардан кори ахлоқии хубе нест. Дар ҳама ҷои дунё ин кор кори нодуруст ва нописанде аст. Имом Содиқ (а) мефармояд: агар гуруҳи сенафара аз муъминон бошанд, дунафар боҳам наҷво накунанд, чунки ин кор сабаб мешавад, ки нафари севвумро ғамгин кунанд ва озор диҳанд. Пас ин кори хубе нест зеро ҳисси кунҷковии нафари севвум таҳрик мешавад, ки мабодо пушти сари ман суҳбат мекунанд. Албатта кори онҳо иштибоҳ аст вале шумо ҳам рӯи ин қазия ҳассосияти зиёде нишон медиҳед. Кори онҳо онқадар муҳим нест, ки шумо азоб бикашед. Шумо ҳассосият нишон додаед ва ин нуқтаи заъф шудааст. Биёед сиаи садри бештаре дошта бошед, талош кунед нуқтаи заъфи худатонро пас бигиред.

You might also like
1 Comment
  1. бахром says

    Ассалому алайкум

Leave A Reply

Your email address will not be published.