Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 12

61

ImageHandler.ashx

Савол: модаршавҳари ман бо ҷоду ҳамсари маро дар мушти худаш гирифтааст. Ман чикор кунам?

Ҷавоб: Асли ҷоду қабул аст ва дар Қуръон омадааст вале инки дар байни ҷомеа умумият дошта бошад нест. Агар қарор бошад, ки ҳаркас дигариро ҷоду кунад, пас ҷойгоҳи Худо чи мешавад? Инҳо маъмулан ба камтадбириҳои худи мо бармегардад ва мо зиёдаравӣ мекунем ва онро ба гардани ҷоду меандозем. Инҳо ҷоду нест. Ин модар коре карда, ки писар бештар ба ӯ таваҷҷӯҳ мекунад. Шояд модар бидуни шарт муҳаббат мекунад вале бештарин занҳо бо қайду шарт муҳаббат мекунанд. Мумкин аст, ки модар агар хостае дорад бо як адабиёти дигаре баён мекунад ва хонум бо адабиёти дигаре баён мекунад. Гоҳе хонум бо ҳукм кардан суҳбат мекунад ва мард қабул намекунад ва ин сабаби ҷанҷол мешавад. Тафовути адабиёт муҳим аст. Вақте ҳамсари шумо аз роҳ мерасад шумо ба пешвози ҳамсаратон биравед ва ба ӯ хастанабошед бигуед. Баъд ба ӯ як чой бидиҳед ва баъд хостаи худатонро бигӯед. Инҳо сеҳру ҷоду нест. Шумо бубинед, ки ҳуқуқи ҳамсаратонро риоят мекунед ё на?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.