Friday 24th November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Беҳтарин ном барои писарон

soalcity_109

Дар ривоёт номҳои фаровоне барои писарон зикр гардида, вале рӯи чанд ном ба унвони беҳтарин номҳо таъкиди бештаре шудааст.

Ибни Умар аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуданд:

[أَحَبُّ الأَسْمَاءِ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ عَبْدُ اللَّهِ وَعَبْدُ الرَّحْمَنِ] “Маҳбубтарин номҳо назди Худованд, Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст”.[1]

Аз Паёмбар(с) ривоят шудааст, ки фармуданд:

[مَنْ وُلِدَ لَهُ أَرْبَعَةُ أَوْلَادٍ وَ لَمْ يُسَمِّ أَحَدَهُمْ بِاسْمِي فَقَدْ جَفَانِي] “Ҳар кӣ соҳиби чаҳор фарзанд шавад ва яке аз онҳоро ба номи ман нагузорад дар ҳаққи ман ҷафо кардааст”.[2]

Дар ривояте аз Паёмбар(с) омадааст, ки фармуданд:

]ومَنْ وُلِدَ لَهُ مَولُودُ ذَكَرٍ فَسَّماهُ مُحَمَّدًا حُبًا لِي َتَبَرُّكاً بِاسْمِي، كانَ هُوَ و مَولُودُهُ فِي اْلجَنَّةِ[

“Ҳар киро писаре ба дунё ояд ва аз сари меҳру муҳаббат ва барои табаррук ҷустан ба номи ман ӯро Муҳаммад биномад, худ ва навзодаш ҳар ду дар биҳишт хоҳанд буд”.[3]

Ҷобир ба нақл аз Расули Худо(с) мегӯяд:

]ما مِنْ بَيْتٍ فِيْهِ اِسْمُ مُحَمَّدٍ إلّا أوْسَعَ اللهُ عَلَيْهِمُ الرِّزْقَ فَإذا سَمَّيْتُمُوهُمْ فَلا تَضْرِبُوهُمْ وَ لا تَشْتِمُوهُمْ[

“Хонае, ки номи Муҳаммад дар он бошад Худованд ризқу рӯзии он хонаро густарда гардонад, пас агар фарзандатонро Муҳаммад ном гузоштед, ӯро назанед ва дашномаш надиҳед”.[4]

[1]. Сунани Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ. 1229, Сунани Абудовуд, ҷ.4, саҳ. 443.

[2]. Шайхи Тусӣ, Таҳзибул аҳком, ҷ.7, саҳ. 438, Иддатуддоӣ, саҳ. 87.

[3]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 555.

[4]. Маҷмаулваром, ҷ.1, саҳ. 32.

Share



Назари худро бинависед