Ислом ва посухгӯии зану шавҳар ба ғаризаҳои ҷинсии якдигар

484

Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Ҳаргоҳ мард ҳамсарашро даъват кунад, вале зан худдорӣ намояд ва шавҳараш он шабро бо нороҳатӣ аз ӯ бигузаронад, то субҳ фариштагон он занро лаънат мекунанд.”

Дар ин навиштор ривоятҳоеро гирд оварда ва пешкаши хонандагон намудаам, ки дар бораи лузуми посухгӯии ҳар як аз зану шавҳар ба дархости якдигар аст, ҳаргоҳ хост бо ӯ ҳамхоба шавад.

Ороиши зан барои шавҳараш

  1. Паёмбари Худо (с): “Агар зан худро барои шавҳараш намеорост, бегумон дар дили ӯ ҷо намегирифт.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ман аз занони “салтоъ” ва “марҳоъ” безорам.” (“Салтоъ” зане аст, ки хизоб (ҳина) намекунад, ва “марҳоъ” зане аст, ки сурма намекашад.)
  3. Дар ривоят аст, ки “Зани мусалмон бояд худро барои шавҳараш хушбӯ созад.”
  4. Дар Алмаросил ба нақл аз Муқотил ибни Ҳайён овардааст: “Паёмбар (с) ҳаргоҳ духтаронашро ба шавҳар медод, дастур медод, ки пеш аз ғуслу шустани худ, ба онҳо наздик нашаванд ва ба шавҳарони онҳо низ чунин мефармуд.” (Яъне аз наздик шудан бо бӯи бад ба зани худ ё шавҳари худ наҳй мефармуд).

Ороиши мард барои ҳамсараш

  1. Паёмбари Худо (с): “Мард дар баробари занаш ҳамон вазифаеро дорад, ки занаш дар баробари ӯ дорад; яъне бояд худро барои ӯ биорояд, ҳамон тавр ки занаш худро барои ӯ меорояд…”
  2. Паёмбари Худо (с): “Либосҳои худро бишӯед, мӯйҳоятонро ислоҳ кунед, мисвок бизанед, худро ороста кунед ва пок намоед, зеро Бани Исроил ин корҳоро намекарданд ва дар натиҷа занонашон ба зино додан уфтоданд.”
  3. Паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳар як аз шумо бояд худро барои ҳамсараш ороста кунад, ҳамон тавр ки ҳамсараш худро барои ӯ меорояд.”
  4. Дар ривоят аст, ки “Ороста будани мард барои зан, аз авомиле аст, ки бар покдомании зан меафзояд.”

Тарғиб ба посух додан ба ғаризаи ҷинсӣ

  1. Паёмбари Худо (с): “Инсон нотавон офарида шудааст”,  яъне тавони тарки ҷимоъро надорад.
  2. Паёмбар (с) ба Абӯзар фармуд: “Бо ҳамсарат наздикӣ кун, ки подош мегирӣ. Абӯзар (р) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Барои наздикӣ кардан бо ӯ аҷру подош мегирам? Фармуд: Ҳамон гуна ки агар муртакиби ҳаром шавӣ, гунаҳкор ҳастӣ, ҳаргоҳ бо ҳалол даромезӣ, подош меёбӣ.”
  3. Паёмбари Худо (с) дар бораи ояти “Ҳеҷ модаре набояд ба сабаби фарзандаш зиён бубинад ва ҳеҷ падаре низ набояд ба хотири фарзандаш зарар бубинад”,  фармуд: “Дар даврони ширдиҳӣ, ҳаргоҳ мард мехост бо ҳамсараш наздикӣ кунад, зан мегуфт: намехоҳам, зеро метарсам ҳомила шавам ва дар натиҷа ин фарзандамро, ки шир медиҳам, бар асари хушк шудани ширам, бикушам. Ва ҳаргоҳ зан мардашро даъват мекард, мард мегуфт: метарсам бо ту наздикӣ кунам ва фарзандамро бикушам. Пас бо ӯ наздикӣ намекард. Он гоҳ, Худои азза ва ҷалла ин равишҳоро наҳй фармуд, ки мард ба зан зиён бизанад ва зан ба мард.”

Омодагии зан барои посухгӯӣ ба ниёзи шавҳар

  1. Паёмбари Худо (с): “Барои ҳеҷ зане раво нест, ки бихобад магар ин ки пеш аз он худашро ба шавҳараш пешкаш кунад. Либосашро бикашад ва ба бистари ӯ дарояд ва пӯсти худро ба пӯсти ӯ бичаспонад. Агар чунин кунад, пас худро пешкаш намудааст.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ мард ҳамсарашро барои ниёзаш даъват кунад, зан бояд назди ӯ биравад, гарчи дар сари танӯр машғули нон пухтан бошад.” (Яъне, посухгӯӣ ба даъвати шавҳар воҷибтар аз ҳар амале аст).
  3. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ мард ҳамсарашро даъват кунад ва ӯ худдорӣ кунад ва шавҳараш он шабро бо нороҳатӣ аз ӯ бигузаронад, то субҳ фариштагон он занро лаънат мекунанд.”
  4. Паёмбари Худо (с): “Ҳеҷ зане аз бистари шавҳараш дурӣ намекунад, магар он ки фариштагони Худои азза ва ҷалла ӯро лаънат мекунанд.”

Накӯҳиши кӯтоҳии зан дар баровардани ниёзи шавҳар

  1. Дар Ал-муъҷамул-авсат ба нақл аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) овардааст: “Паёмбари Худо (с) фармуд: Худованд занони баҳонакунанро лаънат кардааст. Гуфт: Эй Паёмбари Худо! Занони баҳонакунанда кистанд? Фармуд: Зане ки шавҳараш ӯро ба бистари хеш даъват кунад ва ӯ кореро баҳона кунад, то ин ки шавҳар ба хоб равад.”
  2. Зане барои коре назди Паёмбар (с) омад. Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: Шояд ту аз баҳонакунандаҳо ҳастӣ? Гуфт: Баҳонакунандагон кистанд, эй Паёмбари Худо? Фармуд: Зане ки шавҳараш ӯро барои ниёзаш даъват кунад ва ӯ чандон дер кунад, ки шавҳараш ғанабаш бибарад ва бихобад. Чунин занеро фариштагон то замоне ки шавҳараш бедор шавад, ҳамвора лаънат мекунанд.”
  3. Паёмбари Худо (с) ба занон фармуд: “Ҳаргиз намозҳои худро тӯл надиҳед, то ин ки шавҳаронатонро аз худ манъ кунед.”

Накӯҳиши посух надодани ба ниёзи ҳамсар

  1. Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) овардааст: “Падарам зане аз Қурайшро ба ҳамсарии ман даровард. Вақте назди ман омад, чунон саргарми рӯзаву намоз будам, ки ба ӯ таваҷҷӯҳ ва эътино намекардам. Амр ибни Ос ба дидани арӯсаш омад ва пурсид: Шавҳаратро чӣ гуна ёфтӣ? Ҳамсарам гуфт: Беҳтарин мард аст, оғӯш барои мо намекушояд ва бистаре барои мо намешиносад. Падарам рӯ ба ман кард ва шурӯъ ба сарзанишу захми забон задан намуд ва гуфт: Ман зани насабдоре аз Қурайшро ба ҳамсарии ту даровардаам ва ту ба хостаи ӯ беэътиноӣ мекунӣ ва чунину чунон мекунӣ? Сипас назди Паёмбар (с) рафт ва аз ман шикоят кард. Паёмбар (с) дар пайи ман фиристод ва ман назди эшон рафтам. Ба ман фармуд: Оё рӯзҳоро рӯза мегирӣ? Гуфтам: Оре. Фармуд: Шабҳоро ба намоз мегузаронӣ? Гуфтам: Оре. Фармуд: Аммо ман, гоҳе рӯза мегирам ва гоҳе низ намегирам. Ҳам намоз мехонам ва ҳам мехобам ва бо занон низ ҳамхобӣ мекунам. Пас, ҳар кас аз суннати ман рӯй гардонад, аз ман нест.”
  2. Дар Саҳеҳи Муслим ба нақл аз Анас овардааст: “Яке аз ёрони Паёмбар (с) ба дигарӣ гуфт: Ман зан намегирам. Дигарӣ гуфт: Ман гӯшт намехӯрам. Севвумӣ гуфт: Ман бистар намехобам. Ин хабар ба Паёмбар (с) расид. Пас, бархост ва ҳамду санои илоҳиро баҷо овард ва фармуд: Ба гурӯҳе чӣ шудааст, ки чунину чунон гуфтаанд? Ман шабҳо, ҳам намоз мехонам ва ҳам мехобам ва рӯзҳо гоҳе рӯза мегирам ва гоҳе мехӯрам ва бо занон ҳам издивоҷ мекунам. Пас ҳар кас аз суннати ман рӯй гардонад, аз ман нест.”
  3. Дар Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ба нақл аз Абӯмӯсои Ашъарӣ (р) овардааст: “Зани Усмон ибни Мазъун (р) бо сару вазъи номураттабе назди занони Паёмбар (с) омад. Ба ӯ гуфтанд: Ба ту чӣ шудааст? Дар миёни Қурайш касе аз шавҳари ту сарватмандтар нест. Гуфт: Мо баҳрае аз ӯ намебарем, рӯзашро рӯзадор аст ва шабашро дар ибодат. Вақте Паёмбар (с) омад, ҳамсаронаш моҷароро ба эшон гуфтанд. Паёмбар (с) ба дидани Усмон рафт ва фармуд: Эй Усмон! Магар ман барои ту сармашқ нестам? Гуфт: Чӣ шудааст, эй Паёмбари Худо? Падару модарам фидоят! Фармуд: Ту шабҳоро ба ибодат мегузаронӣ ва рӯзҳо рӯза мегирӣ, дар ҳоле ки ҳамсарат низ бар ту ҳаққе дорад ва баданат ҳам бар ту ҳаққе дорад. Шабҳо, ҳам намоз бихон ва ҳам бихоб ва рӯзҳо ҳам рӯза бигир ва гоҳе ҳам бихӯр. Баъд аз он, зани Усмон монанди як арӯси хушбӯ назди ҳамсарони Паёмбар (с) омад. Занони Паёмбар (с) ба ӯ гуфтанд: Ҳон! Чӣ хабар шудааст? Гуфт: Ба мо ҳам он расидааст, ки ба дигарон мерасад.”
  4. Дар Саҳеҳи Бухорӣ ба нақл аз Абӯҷуҳайфа (р) овардааст: “Паёмбар (с) Салмон ва Абӯдардоъро бародари ҳам қарор дод. Рӯзе Салмон (р) ба дидори Абӯдардоъ (р) рафт. Ҳамсари Абӯдардоъро бо сару вазъи парешоне дид. Гуфт: Чаро чунин ҳастӣ? Ҳамсари Абӯдардоъ гуфт: Бародарат Абӯдардоъ бо дунё коре надорад. Абӯдардоъ омад ва барои Салмон таоме омода кард ва гуфт: Ту бихӯр, ман рӯза ҳастам. Салмон гуфт: То ту нахӯрӣ, ман намехӯрам. Абӯдардоъ хӯрд. Шаб вақте Абӯдардоъ мехост, ки шабзиндадорӣ кунад, Салмон гуфт: Бихоб. Абӯдардоъ хобид. Дубора мехост, ки бархезад, Салмон гуфт: Бихоб. Вақте охири шаб фаро расид, Салмон гуфт: Ҳоло бархез. Пас ҳар ду ба намоз машғул шуданд. Салмон сипас гуфт: Парвардигорат бар ту ҳаққе дорад, худат бар ту ҳаққе дорӣ ва оилаат ҳам бар ту ҳаққе дорад. Пас ҳар ҳаққеро ба соҳибаш адо кун. Баъд аз он Абӯдардоъ назди Паёмбар (с) рафт ва моҷароро барои эшон гуфт. Паёмбар (с) фармуд: Салмон рост гуфтааст.”

Ончи ҳангоми омезиш риояти он шоиста аст

а) Майли шадид:

Дар ривоят аст, ки “Ҷимоъ макун, магар аз рӯи майли шадид.”

б) Пинҳонӣ омезиш кардан:

  1. Паёмбари Худо (с): “Аз зоғ се хислатро ёд бигиред: пинҳонӣ омезиш кардан, саҳархезӣ дар талаби рӯзӣ ва эҳтиёткорӣ.”
  2. Дар ривоят аст, ки Паёмбар (с) наҳй фармуд аз ин ки мард бо ҳамсараш наздикӣ кунад, дар ҳоле ки кӯдак аз гаҳвора ба онҳо менигарад.”

в) Бозӣ кардан:

  1. Дар Таърихи  Бағдод ба нақл аз Ҷобир (р) овардааст: “Паёмбар (с) ҷимоъ кардан пеш аз бозӣ кардан (бо занро) наҳй фармуд.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Се чиз ба ҳамсар ҷафо аст: … (сеюмӣ) ин ки миёни мард ва ҳамсараш омезиш сурат пазирад бидуни он ки мард пештар пайке бифиристад: шӯхӣ ё бӯса. Ҳеҷ як аз шумо монанди ҳайвонот бо ҳамсараш наздикӣ накунад.”
  3. Паёмбари Худо (с): “Се чиз аз нотавонии мард аст… (сеюмӣ) ин ки мард бо зан наздикӣ кунад ва пеш аз он ки бо ӯ сӯҳбат кунад ва муонасату ҳамоғӯшӣ намояд ком гирад ва ниёзашро сер кунад пеш аз он ки ниёзи зан бароварда шавад.”
  4. Дар ривоят аст, ки “Ҳаргоҳ яке аз шумо ба суроғи ҳамсараш равад, бояд аввал миёни он ду миқдоре шӯхию бозӣ сурат гирад, зеро ин муқаддима, барои он кор лаззатбахштар аст.”

г) Диранг варзидан:

  1. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ яке аз шумо бо ҳамсараш ҳамбистар шавад, бояд ӯро низ сахт барангезад ва агар пеш аз ӯ ниёзаш бароварда шавад, зудтар аз ӯ барнахезад, то вай низ ниёзашро бароварда созад.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ яке аз шумо бихоҳад, ки бо ҳамсараш наздикӣ кунад, зудтар аз ӯ аз ҷой барнахезад.”
  3. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ мард бо ҳамсараш омезиш кунад, монанди хурус наҷаҳад, балки рӯи шиками ӯ бимонад, то зан низ ба ҳамон лаззате, ки вай расидааст, бирасад.”

д) Зикр ва дуо:

  1. Паёмбари Худо (с): “Ҳон! Агар ҳар як аз шумо ҳангоме ки мехоҳад бо занаш ҳамбистар шавад, бигӯяд: “Бисмиллоҳ. Бор Худоё! Маро аз шарри шайтон дур бидор ва шайтонро аз он чи рӯзии мо кардаӣ, дур бидор!” Зеро агар дар он муҷомиат фарзанде барояш муқаддар шавад, ҳеҷ шайтоне ҳаргиз ба ӯ газанд намезанад.”
  2. Дар ривоят аст, ки “Ҳаргоҳ хостӣ, ки фарзанддор шавӣ, ҳангоми ҷимоъ бигӯ: Бор Худоё! Ба ман фарзанде рӯзӣ фармо ва ӯро парҳезгор ва ҷисмашро солим ва бидуни камию костӣ қарор бидеҳ ва оқибати ӯро бахайр бигардон!”

е) Вузӯъ гирифтан барои омезиши дубора:

  1. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ яке аз шумо бо ҳамсараш наздикӣ кунад, сипас бихоҳад, ки дубора наздикӣ кунад, бояд вузӯъ бигарад, зеро ин кор бар нишоти ӯ барои бори дуввум бор меафзояд.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ яке аз шумо бо ҳамсараш омезиш кунад ва сипас дилаш бихоҳад, ки дубора наздикиро такрор кунад, миёни он ду, вузӯе бигирад.”

Ончи дар омезиш шоиста нест

а) Зиёдаравӣ:

Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас мехоҳад, ки ҷовидон бимонад, ки албатта ҷовидонагие нест, бояд субҳҳо тановул кунад, кафши хубу муносиб бипӯшад, ридояш сабук бошад ва бо занон камтар муҷомиат кунад. Гуфта шуд: Эй Паёмбари Худо! Сабук будани ридо чист? Фармуд: Кам будани қарз.”

б) Наздикӣ дар ҳолати пур будани меъда ва масона:

Паёмбари Худо (с): “Зинҳор ҳеҷ як аз шумо дар ҳоле ки ниёз ба қазои ҳоҷат дорад, наздикӣ накунад, зеро ин кор бемории бавосирро эҷод мекунад. Зинҳор ҳеҷ як аз шумо дар ҳоле ки масонааш пур аст, наздикӣ накунад, зеро ин кор сабаби носур мешавад.”

в) Рӯ ба қибла будан:

Дар ривоят аст, ки Паёмбар (с) аз ин ки мард бо ҳамсараш рӯ ба қибла наздикӣ кунад, наҳй фармуд.

г) Омезиш бо зан ба ҳаваси зани дигар:

  1. Паёмбари Худо (с): “Эй Алӣ! Бо занат ба ҳаваси зани дигаре муҷомиат макун, зеро метарсам, ки агар фарзанде бароятон муқаддар шавад, хунасо ё зансифат ё девона бошад.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Эй Алӣ! Бо ҳамсарат ба ҳаваси хоҳари ӯ наздикӣ макун, зеро агар фарзанде бароятон муқаддар шавад, боҷгир ё ёвари золим бошад ва гурӯҳе аз мардум ба дасти ӯ нобуд шаванд.”

д) Фахрфурӯшӣ ба зиёдии ҷимоъ:

Паёмбари Худо (с): “Фахрфурӯшӣ ба зиёдии ҷимоъ, ҳаром аст.”

е) Нақл кардан барои дигарон:

  1. Дар Муснади Ибни Ҳанбал овардааст: “Асмо бинти Язид бароям гуфт, ки вай назди Паёмбар (с) буд ва мардону заноне канори ӯ нишаста буданд. Ҳазрат фармуд: Оё мумкин аст марде аз коре, ки бо ҳамсараш мекунад, бигӯяд ва ё зане аз коре, ки бо шавҳараш мекунад, хабар диҳад? Ҷамъият сукут кард. Ман гуфтам: Бале, албатта, эй Паёмбари Худо! Ҳам занҳо мегӯянд ва ҳам мардҳо ин корро мекунанд. Фармуд: Ин корро накунед, зеро ин кор монанди он аст, ки шайтони наре шайтони модаеро дар гузаре бубинад ва бар ӯ биҷаҳад ва мардум тамошо кунанд.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Аз ҷумлаи касоне ки дар рӯзи қиёмат бадтарин ҷойгоҳро назди Худо доранд, марде аст, ки бо ҳамсараш ва ҳамсараш бо ӯ коре анҷом диҳад, сипас рози ӯро фош созад.”

Мавориди омезиши ҳаром

а) Омезиш бо зан дар замони ҳайз ё нифос:

  1. Қуръони Карим: “Аз ту дар бораи одати моҳонаи занон мепурсанд. Бигӯ: Он, ранҷе аст. Пас ҳангоми одати моҳона, аз омезиш бо занон канорагирӣ кунед ва ба онон наздик машавед, то пок шаванд. Пас вақте пок шуданд, аз ҳамон ҷо ки Худо ба шумо фармон додааст, бо онон омезиш кунед. Худованд тавбакорону покизагонро дӯст медорад.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас бо занаш дар замони одати моҳонааш наздикӣ кунад ва фарзаниди ҷузомӣ ё пес ба дунё ояд, ҷуз худаш касеро сарзаниш накунад.”

б) Омезиш ҳангоми эътикоф дар масҷид:

Қуръони Карим: “Дар ҳоле ки дар масҷидҳо мӯътакиф ҳастед, бо занон наёмезед. Ин аст ҳудуди аҳкоми илоҳӣ. Пас ба он наздик машавед. Ин гуна Худо оёти худро барои мардум баён мекунад, бошад ки парво пеша кунанд.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.