Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 15

74

posukhportyushesh-250x160

Оё дуруст аст, ки фарзандон бидуни таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои падару модар ва фақат бовар доштан ба ишқу алоқа, издивоҷ кунанд?

Ҷавоб: Мо дар ҳамаи умури зиндагӣ, ба ғайр аз волидайн машварат мекунем. Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: ҳеч пуштубони монанди мушовира ва машварат нест. Ва ҳеч пуштубоне муҳкамтар аз мушовира ва машварат бо дигарон нест. Ҳоло чаро мо дар издивоҷ, бо падару модар машварат накунам? Ғариба, фақат ҷойгоҳи мушовирро дорад. Аз иттилоъоти ӯ истифода мекунем вале дилсузӣ мо нест. Падару модар дисузи мо ҳастанд ва хубии моро мехоҳанд ва бо шумо робитаи отифӣ доранд. Онҳо хубии моро мехоҳанд. Асли мушовира дар издивоҷ муҳим аст. Ривоят дорем: “نعم المُظاهرت المشاورة” мушовира чи хуб пуштибонӣ аст.

“من شاور رجال ، شارک ها فی امورها “ касе, ки бо аҳли фан мушовира мекунад дар ақли онҳо шарик мешавад. Шумо асли мушовираро ҷидди бигиред ва бо падару модар мушовираро ҷиддитар бигиред. Зеро онҳо як робитаи отифиҳам бо шумо доранд. Дилсузии падару модар куҷо дилсузии тағоиву мушовир куҷо? Лизо шумо меавонед бо падару модар машварат кунед ва бо ҳамдигар дар масалаи издивоҷ ба тавофуқ расед ва ин сабаб мешавад, ки баъд аз ташкили зиндагӣ мушкилотатонҳам камтар хоҳад буд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.