Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 14

127

images_Intrestnothing

 

Савол: дар мавриди авомили ихтилофи байни зан ва шавҳар тавзиҳоте бифармоед.

Ҷавоб: Аввалин омил, дахолатҳои дигарон аст. Модаршавҳарҳо набояд дар ҳаққи келинҳояшон ҷафо кунанд ва ҳавои онҳоро дошта бошанд, зеро агар шумо бо ӯ рафтори хубе надошта бошед, ӯ афсурда мешавад ва нишоти худашро аздаст медиҳад ва баъд наметавонад ба ниёзҳои ғаризӣ ва отифии шавҳараш, ки фарзанди шумост бирасад ва руҳияи талош дар зиндагиро надорад ва дуди ин ба чашми шумо меравад. Гоҳе насиҳатҳое, ки модаршавҳар дар зиндагӣ ба келин мекунад мумкин аст, ки ба маънои дахолат набошад ва ба хотири хайрхоҳӣ ин корро мекунанд, пас шумо дар муқобили онҳо муқовимат накунед.

Ҳоло агар ин ҳарфҳо ба маънои дахолати воқии аст, бояд аз ин гуш дарояд ва аз он гуш барояд зеро агар шумо ба ин дахолатҳо таваҷҷӯҳ кунед зиндагиятон вайрон мешавад. Мардҳоҳам бояд бидонанд, ки агар байни зан ва модарашон ихтилофе пеш омад ва модарашон рафтори хубе бо модарашон надоштанд, мард бояд аз ҳамсараш дифоъ кунад зеро ин ҳимоят барои зан хеле муҳим ва оромбахш аст. Омили дуввум вобастагӣ ба хонаводааст. Мардон бояд вобастагиҳояшонро ба хонаводаашон кам кунанд. Дилбастаги чизи хубе аст. Ҳамаи мо бояд дилбастаи ҳамдигар бошем вале набояд вобаста бошем зеро вобастаги чизи хубе нест. Зеро зан мехоҳад, ки мард такягоҳи ӯ бошад ва марде, ки ба модараш такя мекунад наметавонад такягоҳи хубе барои ҳамсараш бошад. Занҳоҳам набояд дар рафту омад ба хонаи волидайн дар зиндагӣ зиёдаравӣ кунанд. Шумо бояд ба ҳуқуқи мардатон таваҷҷӯҳ кунед. Агар рафтуомади шумо ба хонаи волидайн дар зиндагии шумо ихтилол эҷод кунад, дар зиндагиятон мушкиш бавуҷуд меояд.

Омили севвум рафъи ғаризаҳо дар зиндагии муштарак аст. Аҳмияти ин рафъи ғаризаҳо дар зиндагии заношуйӣ хеле муҳим аст. Бар асоси омор ҳудуди 60 дарсади талоқҳо, ба хотири ғаризаи ҷинсӣ аст. Ислом ба ин ғаризаҳо, диди муқаддасе дорад. Нигоҳи Ислом ба ин масъала як нигоҳи илоҳӣ аст. Занҳо дар ин масъала набояд ҳаё кунанд зеро ин ҳаё, ҳаёи оқилона нест. Зан ва мард, дуто дунёи мутафовит ҳастанд ва дар ғароизҳам боҳам тафовутҳое доранд. Онҳо бояд дунёи якдигарро дарк кунанд. Авомили сардмизоҷӣ мумкин аст, ки ҷисмӣ ё рӯҳӣ ё ҳурмунӣ бошад. Мо дар мавориди ғаройизи ҷинсӣ наметавонем тамоми матлабро дар навиштор бигуем.

 

 

.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.