Фоидаҳои доруии асал ва дорчин

183

Дармони бемории қалбӣ: Омехтае  аз асал ва хокаи  дорчинро таҳия кунед ва ба ҷо мураббо руи  нон қарор диҳед ва ба таври муназзам дар   субҳона сарф кунед. Ин равиш дар коҳиши халестрин,  пешгирӣ аз бурузи ҳамлаи қалбӣ, нафаскашии  роҳат ва тақвияти зарабони қалб муассир аст.

 Аз байн бурдани асари хориши нешҳои  ҳашарот: Махлуте аз як  саҳм асал, 2 саҳм оби ширгарм  ва як қошуқи  майда хокаи дорчинро руи қисмате аз бадан, ки эҳсоси хориш мекунанд, қарор диҳед  хориш ва дард  дар муддати  як ё   ду дақиқа аз байн  хоҳад рафт .

Дармони илтиҳоби буғумҳо (артроз): Рӯзона  як бор дар субҳ ва як бор дар  шаб  омехтае  аз як пиёла  оби гарм, ду қошуқи майда асал ва як қошуқи майда хокаи  дорчин масраф шавад. Ин доругии  муъҷизагар дар сурати истеъмол  ба таври муназзам артрозҳои  куҳнаро низ дармон мекунад.

 Пешгирӣ аз резиши мӯ: Қабл аз рафтан ба ҳаммом  омехтае  аз миқдоре  равғани зайтуни доғ, як қошуқ майдаи асал ва як қошуқ хокаи  дорчинро ба муддат 5 то 15 дақиқа руи сар қарор диҳед ва сипас онро бишуед.

 Аз байн бурдани уфунати пешобдон: Ду қошуқи  ғизохурӣ асал ба ҳамроҳи як қошуқи майда хокаи  дорчинро бо миқдоре  оби гарм ҳал  кунед ва онро бинушед. Ин равиш боис мешавад ки микробҳои  пешобдон аз байн бираванд.

 Дармони дарди дандон: Омехтае  аз як қошуқи  майда хокаи  дорчин ва 5 қошуқи майда  асал таҳия кунед ва руи дандони хароб бимолед. Ин амалро 3 бор дар рӯз такрор кунед то дард таскин биёбад.

 Коҳиши холестрин : 2 қошуқи  ғизохурӣ асалро бо 3 қошуқи  майда хокаи  дорчин дар як пиёла чой ҳал кунед ва бинушед. Ин кор миқдори холестрин хунро тайи 2 соъат ба 10 дарсад коҳиш медиҳад.

 Дармони сармохурдагӣ: Ба муддати  3 рӯз аз омехтаи  як қошуқи ғизохурӣ  асал бо чоряки  қошуқи майда   хокаи дорчин истифода кунед. Ин равиш барои дармони сурфаи  вазнин,сармохурдагӣ ва синусит(бемории дохили бинӣ)  ба кор меравад.

 Дарди  меъда: Хурдани  асал ва    дорчин илова бар дармони дард ва боди  меъда, захми меъдаро низ дармон мекунад.

Тақвияти системи эминӣ: Истифодаи рӯзона аз асал ва  дорчин системаи  эминии баданро тақвият карда   баданро аз ҳамлаи бактерӣ ва вирус муҳофизат мекунад. Донишмандон дарёфтанд, ки асал дорои миқдори зиёде витамин ва оҳан аст. Истеъмоли доимии  асал глобенҳои сифеди хунро тақвият мекунад то битавонанд бо боктерияҳо ва бемориҳои вирусӣ  муқобила кунанд.

 Бартараф кардани бадхурокӣ : Қабл аз ҳар   ғизохурӣ  хокаи дорчинро руи  2 қошуқи  ғизохури асал бирезед ва истеъмол кунед, то аз тарашуҳот(секреция) и  изофии кислотаи  меъда раҳоӣ пайдо кунед зеро ин омехта   ғизоҳои вазнинро ба роҳатӣ ҳазм мекунад.

Пешгирӣ аз зуком : Донишмандон дар Испаниё исбот  карданд, ки омехтаи  асал ва дорчин дорои маводи муфиди табиӣ аст, ки аз микробҳои  зуком ва сармохурдагӣ пешгирӣ ба амал меоварад.

 Аз байн  бурдани  хастагӣ беҳад зиёд: Хурдани  нисфи қошуқи  ғизохурӣ асал ва миқдоре    дорчин дар як пиёла об дар шиками холӣ  субҳ ва баъд аз зуҳр, ки бадан бо уфти  нишот рӯ ба ру аст тайи як ҳафта неруи ҳаётии баданро афзоиш медиҳад.

 Аз байн бурдани буи бади даҳон: Шумо метавонед пас аз бедор шудан аз хоб бо маҳлуле аз як қошуқ  майдаи асал, миқдоре дорчин ва оби гарм ғар-ғара  кунед, то дар тули рӯз мушкили  буи бади даҳонро надошта бошед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.