8 сабаби дилхунукии мард

434

 Одатан занҳо дар назди дугонаву хешовандонашон тез-тез шикоят мекунанд, ки шавҳарашон бемеҳр шудаасту қариб ки ба хона намеояд. Шояд зан ҳам мусичаи бегуноҳ набошад, зеро дар муносибатҳои занушавҳарӣ ҳам мард ҷавобгар асту ҳам зан. Мард бе ягон сабаб оилаашро тарк намесозад-ку! Мардро аз зан чӣ дилхунук месозад? 

  1. Зан дигар ҷолиб нест

Барои мард муҳим аст, ки завҷааш ҳам дар гуфтору кирдор ва ҳам дар ишқварзӣ воло бошад. Зане, ки ҳамсуҳбати хуб нест, дар бистар мардро ба ваҷд оварда наметавонад. Дар ҳаёти маҳрамона дамдузд будану ба умеди шавҳар шудан хатои маҳз аст. Бояд кӯшиш намуд, ки шавҳар ҳаловат бардорад. Дар зиндагии заношавҳарии шумо чунин мушкилот ҷой дошта бошад, метавонед, дар ин бора бо шавҳаратон рӯйи рост суҳбат намоед, вале аз ҳад нагузаронед. Фаромӯш накунед, ки зан набояд дар бистар тамоми шӯру шавқашро ба мард нишон диҳад, вале мисли лӯхтак шах шудан ҳам манфиат надорад.

  1. Хислатҳои гуногун

Ба назар чунин мерасад, ки муносибати зану шавҳар хуб аст, вале дар сурати пайдо шудани нофаҳмие муросо кардан душвор мегардад. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо шавҳар ба андеша меравад, ки аз чунин зан халос шудан беҳтар будагист, зеро табиатан мард мехоҳад сарвари оила оша два занаш ба гапаш гӯш диҳад. Шавҳаратонро дӯст медошта бошед, муросо ва гузашт карданро омӯзед!

 Тундмизоҷии зан

  1. Хуб мебуд, ки зан рафтори худро идора карда тавонад. Ба гумон аст, ки мард дар ҷойи ҷамъиятӣ рафтори аз одоб беруни занро тоқат карда тавонад. Дар хона низ бо зани рафтораш аҳмақона мард намеистад.
  2. Маоши зан

Ҳар як мард мехоҳад маоши хуб дошта бошад, зеро Худованд ҷинси мардро таъмингар ва сутуни зиндагӣ офаридааст. Марди баномус албатта мехоҳад пули бисёр кор карда, зиндагии наздиконашро осудаю серу пуру бароҳат гардонад. Вақте зан ба хона аз шавҳараш маоши бештар меорад, мард худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Дар аксари ҳолатҳо завҷаи пулёб шавҳари кампулро таъна мезанад. Таънабозиҳо оқибат ба вайроншавии оила оварда мерасонанд.

  1. Афту андоми зан

Қисмати зиёди бонувон то гузаштани чиллаи арӯсиашон ҳамеша худро орою торо дода, ба назар зебову барно ва бисёр дилкаш менамоянду  шавҳарро ошиқи зор месозанд, вале баъди чанде чунон беҳавсала мешаванд, ки бо як курта ҳам хоб мераванду ҳам кори хона мекунанд. Мард ҳар рӯз мӯйҳои шонаазада ва пироҳани дарзмол нашудаи занро дида, оҳиста-оҳиста дилмонда мешавад. Бахтатонро аз даст додан нахоҳед, ба афту андоматон диққат диҳед!

  1. Таваллуди зиёд

Занҳое ҳастанд, ки гумон доранд бо фарзанди зиёд шавҳарро побанд кардан мумкин аст. Ҳаргӯш барин ҳар сол мезоянду бори зиндагии мардро торафт гаронтар месозанд. Натиҷаааш он мешавад, ки мард аз хонаи норӯфтаю шӯру мағали пайвастаи кӯдакон дилгир шуда, ҷойи орому оғӯши гарму хушбӯй мекобад ва бонуи дигари таннозеро меёбад. Фаромӯш накунед, ки агар мард аз зан ҷудо шудан  хоҳад, 10 фарзанд ҳам садди роҳаш намегардад.

  1. Пули зиёд пурсидан

Мардҳо барои занашон либосу зару зевар хариданро дӯст медоранд ва дар ҷавоб тамоман чизи кам-муҳаббат мехоҳанд. Муҳаббати самимонаи қалбӣ ва ҷисмӣ! Вақте ки зан танҳо ба хотири пул ба оғӯши мард медарояд, шавқи ишқварзӣ дар дили шавҳар мемирад, зеро эҳсос мекунад, ки меҳрубонию навозишҳои ҳамсараш самимӣ нестанд. Пайваста аз шавҳаратон пул пурсида, бар ивазаш худро ба оғӯшаш напартоед занҳо, чунки мард меҳрубонии бардурӯғро зуд дарк мекунад. Ба мард муҳаббати самимӣ лозим аст, агар чунин муҳаббатро эҳсос накунад, дер ё зуд аз хона меравад.

  1. Бевафоӣ

Сабаби ҷиддитарини занро тарк намудани мард хиёнат аст. Фаромӯш накунед, ки мард ҳама чизро бахшида метавонад, ба ҷуз хиёнат!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.