Намоз паноҳгоҳи зиндагии пурғавғои имрӯза

194

Таъсири намоз дар беҳдошти равонӣ

Имрӯза эътиқод бар ин аст, ки бо пешрафти илму санат ва фановарӣ омори бемориҳои равонӣ низ боло рафтааст. Бештар шоҳиди мушкилот ва муъзалоте ҳастем, ки бар ҷисму равонӣ инсонҳо таъсир гузошта ва онҳоро дар татбиқ ва созгорӣ бо муҳити худашон дучори мушкил мекунад. Агарчи гуфта мешавад ҳеч нафаре дар муқобили мушкилоти равонӣ масуният надорад, ин хатар мумкин аст ҳар нафареро таҳдид кунад вале бояд ин воқеияти инкор нопазирро бипазирем. Ҳамонтавр ки ҳар кас зарфияти равонӣ ва имони қалбии худро боло бурда ва худро қавӣ созанд. Онҳо метавонанд роҳҳои ҳали масалаи рубару шудан бо масалаҳо ва мушкилотро ёд гиранд ва кумаки бузурге дар бораи пешгири аз мубтало шудан ба бемориҳои равонӣ дошта бошанд.

          Барои доштани саломати равонии хуб, шароите вуҷуд дорад: рубару шудан бо ҳақиқат, созгор шудан бо тағйирот, ғунҷоиш доштаи барои изтиробҳо, камтаваққуъ будан, эҳтиром қоил шудан барои дигарон, душманӣ накардан бо дигарон ва кумак кардан ба мардум ва монанди инҳо, ки таъсироти асоси доранд. Пайдо нашудани саломати равонӣ дар як нафар заминаро барои пайдошудани анвои душвориҳои руҳӣ ва равонӣ монанди; афсурдагӣ, изтироб, норасиҳои руҳӣ, ва бисёри дига бемориҳои руҳӣ равонӣ, стрес ва… фароҳам мекунад.

Тадқиқот нишон додааст, ки ашхоси мазҳабӣ камтар дучори афсурдагӣ ва изтироб мешаванд. Пажуҳишҳои зиёде нишон додаанд, ки ҳузури мазҳаб метавонад инсонро дар баробари масалаҳо ва мушкилоти руҳӣ ва равонӣ муҳофизат кунад. Мазҳаб розу ниёз ва иртибот бо Худои мутаол роҳе аст, ки пас аз қарнҳо ҷудои аз он дигар бора ба суяш боз гашта ва ба тавоноиҳои чуқур ва корсозаш дар мубориза бо мушкилоти зиндагии нав; ки изтироб низ натиҷаи он аст пай бурда ва дигар наметавонад мункири ҳамкории байни равонпизишкӣ, равоншиносӣ ва ҳатто дар мавориди пизишкӣ аз як сӯ ва мазҳабӣ аз сӯӣ дигар шавад. Ба ҳами сабаб дар мақолаи ҳозир мавзуи таъсири намоз бар саломат ва беҳдошти равонӣ ва мавриди баҳс ва барраси қарор додем.

Намоз ва нақши он дар зиндагии башарият

Намоз худ иртиботи самимонае аст миёни инсон ва Худояш. Намоз тасалло бахши дилҳои музтариб ва хаста ва мояи равшанӣ ва сафои ботин аст. Дар Қуръони карим номҳои дигареро Худо барои намоз фармудааст: монанди салот, имон, тасбеҳ, қуръон, рукуъ, қунут, қиём, саҷда, амонат, истиғфор ва зикр.

Намоз сутуни дин ва беҳтарин ва устувортарин барномаи одамсози аст. Намозгузор бо Худояш ба розу ниёз гӯй мепардозад. Намоз инсонро фариштаи худ мекунад, бахотири онки намозгузор аз ҳар бадӣ пок мешавад. Инсон бо намоз аз эҳсос ва фикри танҳои халос мешавад. Гуё аз нав мутавалид шуда ва ноумеди дар осмони руҳӣ вай дида намешавад. Лизо бо қадамҳои мустаҳкам ба суи зиндагӣ ба пеш меравад. Ҳеч коре назди Худои мутаол маҳбубтар ва дустдоштатар аз намоз нест. Пас ҳеч коре аз корҳои дунё набояд инсонро аз намоз ғофил созад.

Дар дини Ислом ҳеч фаризае болотар аз намоз нест. Динҳои осмонии дигар низ дар даъваташон ба ибодати Худои мутаол ва дурӣ аз тоғут бо ҳам муттаҳид буданд ва вазифаҳои гуногунро бар уҳдаи бандагон мегузоштанд ва ваҷҳи муштараки тамоми онҳо барпо доштани намоз аст.

Аҳамияти намоз дар саломат ва беҳдошти равонӣ

Бисёре аз гирифтори ва ранҷҳои руҳӣ ва равонӣи инсон бо твассул ва истимдод аз даргоҳи Худои мутаол оромиш меёбад. Аз назари дини Ислом сарчашмаи қудрат ва камоли руҳӣ ва равонӣ барои инсон ва танҳо сабаби мутаол и кардани башарият сирфан таваҷҷуҳи қалбӣ ва даруни ру ба суи Холиқ ва Худои хеш аст. Бо сарбаландӣ метавонем бигуем, ки бахши калоне аз бемориҳои равонӣ ва мушкилоти ахлоқӣ ба таври куллӣ анҷоми ончи паст шуморида мешавад ва руҳу равонро олуда мекунад. Ҳаммаи инҳо баргирифта аз ғафлат ва фаромуши аз ёди Худо ва машғул шудан ба масалаҳои бе аҳамият ва ҷузи зиндагии дунявӣ аст. Бе сабаб нест, ки дар дини Ислом инсон вазифа дорад аз субҳгоҳон то шомгоҳон аз ёди Худо ва зикри неъматҳои ӯ ғофил набошад. Дар марҳалаи болотар, дини Ислом инсонро вазифадор кардааст, ки дар ҳамаи ҳолат аз ёди Худои хеш ғафлат накунад. Сабаб ва иллати таъкиди дини Ислом бар зикри доимии Худои мутаол яке ин аст, ки инсон дар хилоли зиндагии дунявӣ лаҳза ба лаҳза мумкин аст стресҳо ва фишорҳои равонӣи гуногунеро таҷриба кунад, ки ғалаба бар онҳо аз қудрати руҳӣ ва равонӣи инсон ба таври ором ором кам шуда ва заминаро барои эҷоди бемориҳои хатарноки руҳӣ ва гоҳ ҷисмӣ фароҳам месозад. Бинобар ин инсон бояд бо иртибот додани хеш бо манбаъ ва сарчашмаи ҳасти ва истимдоди қалбӣ аз Худо ва дар сояи дуо ва ниёиши доимӣ ба қудрати руҳӣ ва равонии худ бияфзояд. Натанҳо бар мушкилоти кунуни ғалаба кунад, балки дар қадами дигар дар сояи имон ва розу ниёз ба даргоҳи Худои Карим ба пешрафтҳои шигифтангез даст ёбад. Хулоса ин аст, ки зикр ва ёди қалбии Худои Раҳмон натиҷаҳо ва паёмадҳои руҳӣ ва маънавии зебо ва дилнишин дорад ва маъмулан бо амиқтарин ва латифтарин эҳсосот ва ҳаяҷоноти руҳӣ ва равонӣ ҳамроҳ аст. Муддатҳост, ки фарз мешавад, иртиботи мусбате байни ниёиш, намоз ва боварҳои мазҳаби ва саломати равонӣ вуҷуд дорад ва равоншиносони дини ҳимоятҳои таҷриби барои ин ақидаро фароҳам намуданд.

 Таъсири намоз бар шодобии руҳӣ ва равонӣ

Ҳар амал ва коре, ки шодобиро ба инсон ҳадя кунад, дар ҳақиқат ба саломати ҷисмӣ ва руҳии ӯ кумак кардааст. Аммо нуктаи бисёр муҳиме, ки дониши тиббии имрӯза ба башарият омухта аст. Ин аст, ки шодобӣ ва афсурдагии инсон пеш аз онки дар таҳти иродаи ӯ бошад. Зеро фармони тағйироти маводи химиявии дар силсилаи аъсоби маркази инсон аст. Мисол афзоиши як моддаи химиявӣ ба номи “дупомин” дар бадани мо сабаб мешавад, инсон бе онки худаш бихоҳад дучори нороҳатӣ шавад ва камшавии ин модда низ сабаби шод шудани ғайри иродаи инсон хоҳад шуд.

Асабоният ва нороҳати ғайри иродаӣ ва бе илати субҳӣ гоҳе, ки ҳолати шадиди он ба номи “малонгули” ва ё ҳамон молихулё (афсурдагӣ дарун зоди субҳгоҳӣ) шинохта мешавад. Дар асари тағйирот ва каму зиёд шудани ҳамин маоди химиявӣ ба вуҷуд меояд. Изтироб як ҳолати эҳсоси ҳаяҷонӣ аст, ки аз хусусиёти барҷастаи он эҷоди ҳолати беқарорӣ ва дилвопасӣ аст. Бо иттифоқоти замон ва шароити маконӣ таносуб надорад. Агар изтирор аксуламал нисбат ба шароити замону макон бошад на танҳо бимори набуда, балки мумкин аст расонанда ва созанда бошад, монанди дилҳура дар вақти имтиҳонот ва изтироб дар расидан ба фурудгоҳ ё истгоҳи қатор ва монанд инҳо.

Дар саҳнаи пурғавғои зиндагӣ имрӯза ҳазорон гуна нигарони вуҷуд дорад. Инсон дар ин дарёи пурхуруш дар ҷустуҷуи панаҳгоҳе аст, ки дар мушкилот аз вай талаби кумак намояд ҳатто ба умеди ӯ зинда бимонад ва бо умеди ӯ нафас бикашад. Ин паноҳгоҳ ҷуз Худои Карим наметавонад бошад. Худои Раҳим, ки тамоми мушкилот дар баробари қудрат ва тавонойи ӯ саҳл ва осон аст. Худои Карим, ки нутфаи бе арзишро ҷон мебахшад ва ба ӯ неруи фавқулодае медиҳад то ба кумаки болу пар илму имон ба фазо парвоз кунад ва осори аъзами ӯро ҳама ҷо бибинанд. Бале оре ёди ӯст, ки дилро оромиш ва ҷонро нур ва сафо медиҳад ва тирагиҳои ноумеди ва нигарониро аз дил берун мекунад. Чи паноҳгоҳе беҳтар аз ӯ метавонем пайдо кунем.

Мазҳаб ниёиш ва иртибот бо Худои Раҳмон роҳе аст, ки башарият пас аз қарнҳо ҷудои аз он, боридигар ба суяш боз гашта ва ба тавоноиҳои амиқ ва корсози он дар мубориза бо мушкилоти зиндагии ҷадид, ки изтироб низ самараи он аст, пай бурда ва дигар наметавонад мункири таомули байни равоншиноси ва ҳатто дар мавориди пизишки аз як сӯ ва мазҳаб аз сӯй дигар шавад. Зикри вобаста шудан ба ресмони илоҳӣ, ки пайванди қави ва ногусастани бо ҳақиқати вуҷуд ва зиндагӣ дорад инсонро ба водии амн мерасонад. Фикр ва иттисол ба неруи болотар аз тамоми неруҳои табиат хавф ва бимро аз дилу зеҳни инсон берун меронад ва ба ақидаи равоншиносон ин муҳимтарин доруи зидди изтироб аст.

Инсон бо эҷоди иртибот бо Худои Раҳмон ва дуо, роҳи раҳошудан аз нороҳатиҳои даруни ва беруниро осон мекунад. Дар натиҷа ба оризаҳои равонӣ низ дучор намегардад ва аз роҳи дуо ва ниёиш неруи маҳдуди хешро бо пайвастшудан ба манбаи номаҳдуде чун қудрати Худои Қодир афзоиш медиҳад. Ҳангоме, ки дуо мекунад: ”хештанро ба қуваи муҳаррикаи поённопазире, ки офариниш ва тамоми коинотро ба ҳам пайваста муттасил мекунад ва ёдовари мушкилот ва бозгу намудани онҳо натанҳо дар ҳолатҳои отифӣ таъсирбахш аст балки дар кайфияти бадан ҳам таъсир дошта ва сабаби беҳбудӣ мешавад. Эҳсоси инки инсон метавонад бо ниёиш, хостаҳо, камбудиҳо ва нооромиҳои хешро ба даргоҳ маъбуде, ки қодири мутаол аст изҳор кунад сабаби оромиш мегардад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.