Робитаи саодат ва шақоват бо ҷабр

142

Шақоват зидди саодат аст ва ба маънеи омодабудани асбоби гирифтори ва муҷозот ва балост ва ба дигарсухан шар ва офате аст, ки домони инсонро мегирад дарҳоле, ки саодат ба маънои омодабудани асбоби неъмат ва некӣ аст ва дар ҳарҳол ҳарду “саодат ва шақоват” чизе ҷуз натиҷаи аъмол ва гуфтор ва ниятҳои мо намебошад. Худованд дар сураи Ҳуд ҳамаи мардумро ба ду гуруҳ тақсим карда мегӯяд: “Гуруҳе дар қиёмат шақӣ ва гуруҳе саиданд, гуруҳе хушбахт ва гуруҳи дигар бадбахтанд” (فمنهم شقى و سعید) (Ҳуд, 105)

Саъид аз моддаи саъодат ба маънеи омодабудани асбоби неъмат ва шақи аз моддаи шақоват ба маънеи фароҳамбудани асбоби гирифторӣ ва муҷозот ва балост, бинобар ин саъидҳо дар он ҷаҳон ҳамон некукороне ҳастанд, ки дар лобалои анвои неъматҳо ҷои онҳост ва шақоватмандон ҳамон бадкороне ҳастанд, ки дар дили дузах дар анвои муҷозотҳо гирифторанд. Баҳарҳол ин шақоват ва он саодат чизе ҷуз натиҷаи аъмолу кирдор ва гуфтору ниятҳои инсон дар дунё нест ва аҷиб инки баъзе аз муфассирон ин оятро баҳонае барои ақидаи ботили худ дарбораи ҷабр қарордодаанд дарҳолеки оят камтарин далолате бар ин маъно надорад, балки аз саодатмандон ва шақоватмандони растохез сухан мегӯяд, ки ҳамаги ба хотири аъмоли худ ба ин марҳила расидаанд шояд онҳо мафҳуми ин оятро бо порае аз аҳодис иштибоҳ кардаанд, ки дар боби саодат ва шақовати пеш аз таваллуд сухан мегӯяд, ки он достони ҷудогонае дорад. Сипас ҳолоти саъодатмандон ва шақоватмандонро дар иборати фишурда ва гӯёи чунин шарҳ медиҳад: “Аммо онҳоки шақоватманд шуданд дар оташи дузах зафиру шаҳиқ доранд ва нола ва наъраю фарёд сармедиҳанд. (فاما الذین شقوا ففى النار لهم فیها زفیر و شهیق) Ва изофа мекунад: “Онҳо ҷовидона дар оташ хоҳанд монд, то замоне ки осмонҳо ва замин барпост ”. (خالدین فیها ما دامت السموات و الارض) “Магар ончи парвардигорат ирода кунад” (الا ما شاء ربک) “Чароки Худованд ҳар кореро ирода кунад анҷом медиҳад” (ان ربک فعال لما یرید) “Ва аммо онҳоки саодатманд шуданд дар биҳишт ҷовидона хоҳанд монд, то осмонҳо ва замин барпост” (و اما الذین سعدوا ففى الجنة خالدین فیها مادامت السموات و الارض) “Магар ончи парвардигори ту ирода кунад” (الا ما شاء ربک) “Ин бахшиш ва атияе аст, ки ҳаргиз аз онон қатъ намешавад”. (عطاء غیر مجذوذ) Оятҳои 106 то 108 сураи Ҳуд.

саъодат ва шақоват иктисобӣ аст

Баъзе хостаанд аз оятҳои боло зоти будани саъодат ва шақоватро исбот кунанд дарҳолеки натанҳо оёти боло далолате бар ин амр надорад балки ба ошкор собит мекунад, ки саодат ва шақоват иктисобӣ аст, зеро мегӯяд: اما الذین شقوا؛ “Онҳоки шақоватманд шуданд” ва ё мегӯяд: (اما الذین سعدوا؛) Агар шақоват ва саъодат зотӣ буд мебойист гӯфта шавад (اما الاشقیاء و اما السعداء) ва монанди он. Ва аз инҷо равшан мешавад ончи дар тафсири Фахрирозӣ омада, ки дар ин оёт Худованд аз ҳамакнун ҳукм карда, ки гурӯҳе дар қиёмат саодатманданд ва гуруҳе шақоватманд ва касонеро ки Худованд маҳкум ба чунин ҳукме карда ва медонад саранҷом дар қиёмат саъид ё шақи хоҳанд буд маҳол аст тағйир пайдо кунанд вагарна лозим меояд, ки хабардодани Худованд кизб ва илмаш ҷаҳл шавад ва ин маҳол аст! … ҳамааш беасос аст. Ин ҳамон мушкили маъруфи илми Худо дар масъалаи ҷабру ихтиёр аст, ки ҷавоби он аз қадим додашудааст ва он инки: Агар мо афкори пешсохтаи худро нахоҳем бар оёт таҳмил кунем мафоҳими он равшан аст, ин оёт мегӯяд: дар он рӯз гуруҳе дар партуи аъмолашон саъодатманд ва гуруҳе бахотири аъмолашон шақоватманданд ва Худо медонад чикасоне ба иродаи худ ва ба хост ва ихтиёри худ дар тариқи саъодат гом мениҳанд ва чигуруҳе бо иродаи худ дар масири шақоват гом мениҳанд бинобар ин ба акси ончи ӯ гуфта агар мардум маҷбур ба интихоби ин роҳ бошанд илми Худо ҷаҳл хоҳад буд чароки ҳамагон бо майл ва ихтиёри худ роҳи худро интихоб мекунанд. Шоҳиди сухан инки оёти фавқ ба дунболи достонҳои ақвоми пешин аст, ки гуруҳи азиме аз онҳо бар асари зулм ва ситам ва инҳироф аз ҷодаи ҳақ ва адолат ва олудаги ба мафосиди шадиди ахлоқӣ ва мубориза бо раҳбарони илоҳӣ гирифтори муҷозотҳои дардноке дар ин ҷаҳон шуданд, ки Қуръон барои тарбият ва иршоди мо ва нишондодани роҳи ҳақ аз ботил ва ҷудосохтани масири саъодат аз шақоват ин достонҳоро бозгу мекунад.

Нақди фахрирозӣ ва дигарон

Усулан агар мо ончунон ки Фахрирозӣ ва ҳамфикронаш мепиндоранд – маҳкум ба саъодат ва шақовати зотӣ бошем ва бидуни ирода ба бадиҳо ва некиҳо кашонда шавем таълим ва тарбият лағв ва беҳуда хоҳад буд. Омадани пайғамбарон ва нузули кутуби осмонӣ ва насиҳату андарз ва ташвиқу тавбих ва сарзанишу маломат ва муохизау савол ва билохира кайфару подош ҳамаги бефоида ва золимона маҳсуб мегардад. Онҳое, ки мардумро дар анҷоми неку бад маҷбур медонанд хоҳ ин ҷабрро, ҷабри илоҳӣ, ё ҷабри табии, ё ҷабри иқтисодӣ ва ё ҷабри муҳит бидонанд танҳо ба ҳангоми сухангуфтан ва ё мутолиа дар китобҳо аз ин маслак тарафдори мекунанд вале дар амал ҳатто худашон ҳаргиз чунин ақидае надоранд, баҳамин далел агар ба ҳуқуқи онҳо таҷовузе шавад мутаҷовизро мустаҳаққи тавбих ва маломат ва муҳокимау муҷозот медонанд ва ҳаргиз ҳозир нестанд ба унвони инки ӯ маҷбур ба анҷоми инкор аст аз вай сарфиназар кунанд ва ё муҷозоташро золимона бипиндоранд ва ё бигӯянд ӯ наметавониста аст ин амалро муртакиб нашавад чун Худо хоста ё ҷабри муҳит ва табиат буда аст, инхуд далили дигаре бар фитрибудани асли ихтиёр аст. Баҳарҳол ҳеч ҷабримаслакеро намеёбем, ки дар амали рӯзонаи худ ба ин ақида пойбанд бошад балки бархурдаш бо тамоми инсонҳо бархурд бо афроди озод ва масъул ва мухтор аст.

   Тамоми қавмҳои дунё ба далели ташкили додгоҳҳо ва дастгоҳҳои қазоӣ барои кайфари мутахаллифон амалан озодии иродаро пазируфтаанд. Тамоми муассисоти тарбиятии ҷаҳон низ батаври зимнӣ ин аслро қабул кардаанд, ки инсон бо майл ва иродаи худ кор мекунад ва бо таълиму тарбият метавон ӯро роҳнамоӣ ва иршод карду аз хатоҳо ва иштибоҳоту каҷандешиҳо барканор сохт. Саъодат ки гумшудаи ҳамаи инсонҳост ва ҳаркат онро дар чизе меҷӯяд ва дар ҷое металабад ба таври хулоса иборатаст аз фароҳам будани асбоби такомул барои як фард ё як ҷомеа ва нуқтамуқобили он шақовату бадбахти аст, ки ҳама аз он мутанаффиранд ва он иборатаст аз: номусоид будани шароити пирӯзи ва пешрафту такомул аст. Бинобар ин ҳаркас аз назари шароити рӯҳӣ, ҷисмӣ, хонаводагӣ, муҳит ва фарҳанг, асбоби бештаре барои расидан ба ҳадафҳои воло дар ихтиёр дошта бошад ба саъодат наздиктар ё ба таъбири дигар саъодатмандтар аст. Ҳаркас гирифтори камбудҳо, норасоиҳо, аз ҷиҳатҳои боло буда бошад шақоватманд ва бебаҳра аз саъодат хоҳад буд. Вале бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки пояи аслии саъодат ва шақоват, ирода ва хости худи инсон аст ӯст ки метавонад васоили лозимро барои сохтани худ ва ҳатто ҷомеааш фароҳам созад ва ӯст, ки метавонад бо авомили бадбахтӣ ва шақоват ба мубориза бархезад ва ё таслими он шавад.
нақди саъодат ва шақовати зотӣ дар мантиқи анбиё

Дар мантиқи анбиё саъодату шақоват чизе нест, ки дар даруни зоти инсон бошад ва ҳатто норасоиҳои муҳит ва хонаводагӣ ва варосат дар баробари тасмим ва иродаи худи инсон, қобили тағйир ва дигаргуни аст, магар инки мо асли ирода ва озодии инсонро инкор кунему ӯро маҳкуми шароити ҷабрӣ бидонем ва саъодату шақоватро зотӣ ва ё мавлуди ҷабрӣ муҳит ва монанди он бидонем, ки ин назар батаври қатъ дар мактаби анбиё ва ҳамчунин мактаби ақл маҳкум аст. Ҷолиб инки дар ривоёте, ки аз пайғамбари Акрам (с) ва хонадони ишон нақл шуда, ангушт рӯи масоили мухталифе ба унвони асбоби саъодат ё асбоби шақоват гузоридашуда, ки мутолиаи онҳо инсонро ба тарзи тафаккури исломӣ дар ин масъалаи муҳим, ошно месозад ва баҷои инки барои расидан ба саъодат ва фарор аз шақоват ба дунболи масоили хурофӣ ва пиндорҳо ва суннатҳои ғалате биравад, ки дар бисёре аз иҷтимоот вуҷуд дорад ва масоили беасосеро асбоби саъодату шақоват мепиндоранд, ба дунболи воқииёти айнӣ ва асбоби ҳақиқии саъодат хоҳад рафт.

Баунвони намуна Имом Содиқ (с) аз ҷаддаш Имом Алӣ (а) чунин нақл мекунад: “حقیقة السعادة ان یختم للرجل عمله بالسعادة و حقیقة الشقاوة ان یختم للمرء عمله بالشقاوة؛” “ Ҳақиқати саъодат ин аст, ки охирин марҳалаи зиндагии инсон бо амал саъодатмандонае поён пазирад ва ҳақиқати шақоват ин аст, ки охирин марҳилаи умр бо амали шақоватмандонае хотима ёбад”. Ин ривоят ошкоро мегӯяд марҳилаи ниҳоии умри инсон ва аъмоли ӯ дар ин марҳила баёнгари саъодату шақовати ӯ аст ва ба ин тартиб саъодат ва шақовати зотиро ба кулли нафй мекунаду инсонро дар гирави аъмолаш мегузорад ва роҳи бозгаштро дар тамоми мароҳил то поёни умр барои ӯ боз медонад. Ва ё дар ҳадиси дигаре аз Али (а) мехонем: «السعید من وعظ بغیره، و الشقى من انخدع لهواه و غروره؛» “Саъодатманд касе аст, ки аз сарнавишти дигарон панд гирад ва шақоватманд касе аст, ки фиребҳои нафс ва ғурурашро бихурад”. (Наҳҷулбалоға, хатбаи 86). Ин сухани Алӣ (а) низ таъкиди дуборае аст бар ихтиёри будани саъодату шақоват ва баъзе аз асбоби муҳими инро баён мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.