Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 16

69

images_Intrestnothing

Савол: Ҷавон духтаре, ки хостугор надорад чи кор бояд кард?

Ҷавоб: бояд дид сабаб дар чӣ аст? Оё духтар ё хонаводаи духтар кор ё рафторе кардаанд, ки хостугории ӯ намеоянд? Агар чунин чизӣ буда, мо дар равоншиносӣ асли ба номи мувоҷеҳ бо паёмадҳои табии рафтор дорем. Яъне мумкин аст падар ё бародарашон кори хилофе кардаанд, ки мардум метарсанд ба хостугории ин навҷавон духтар биёянд. Ва ин айбу тақсири ин хонаводааст ва набояд ин корро мекарданд. Вале боки нест ва шумо метавонед худатонро дар маҳфилҳои занона ироа кунед. Яъне агар вижагии хубе доред, ироа кунед. Бештари издивоҷҳо дар ин маҳфилҳо сурат мегирад. Модаре писари хубӣ дорад ва дунболи келин мегарданд. Ва модарҳо бештар дар маҳфилҳои занона дунболи арус мегарданд. Ҳоло шумо ин корро ҳам кардед ва боз хостугор наёмад, ман фикр мекунам Худованди мутаол алъон салоҳ намедонад, ки шумо издивоҷ кунед. Духтарони азиз! Бубинед мо ин тарафи девор ҳастем он тарафи девор ва таҳи деворро намебинем. Худованди мутаол он боло аст. Ҳам он тарафи девор ва таҳи деворро мебинад. Ӯ медонад алъон издивоҷ ба салоҳи шумо нест. Шояд як соли дигар ба салоҳу нафъи шумо бошад. Шояд агар аз шумо нутфае мунъақид шавад, дунёро ба оташ бикашад ва… Бидонед ончи муқаддару тақдири шумо аст хоҳад шуд. Ва ин ҳамон маънои воқеии қисмат аст. Ҳоло агар то охири умр ҳам хостугори наояд, бидонед ин ҳамон имтиҳон Илоҳӣ аст ва ҳар кас як навъ имтиҳон мешавад. Ва бидонед агар издивоҷ накардед дар муқобили ин маҳрумият, Худованд подошеро ба шумо хоҳад дод.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.