Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 17

134

531730_464202366984548_421052121_n

Савол: Оё зебоӣ меъёри асоси аст барои интихоби ҳамсар?

Посух: Зебоӣ яке аз меъёрҳо аст ва муҳим аст. Албатта танҳо милоку меъёр нест. Дар оқоён зебоӣ асл ва пурранг аст. Вале барои хонумҳо вижагии иқтидории мард ва мудирияту нақши ҳимоятгарӣ ва истиқлоли фикрӣ муҳим аст. Албатта зебоиҳам муҳим аст вале камрангтар аз оқоён аст. Набояд фосилаи зебоӣ зиёд бошад. Гоҳи фосилаи зебоии хонумҳо ва мардҳо хело зиёд аст вале ба хотири ишқҳои кару кур кунанда бо ҳам издивоҷ мекунанду баъдҳо дар зиндагӣ барояшон мушкилу праблема эҷод мешавад. Гоҳе ҷавон писаре ба хостугорӣ меравад ва руйаш намешавад(шарм медорад) ва тараҳҳум мекунад. Инҳо хуб нест. Гоҳе ҷавон духтаре мебинад, ки мард ҳамаи сифатҳои хубро дорад вале аз назари зебоӣ аз ҳам фосила доранд вале хонумҳо қабул мекунанд ё инки хонумҳо аз назари маънавӣ хейли болоанд ва зебоии зиёде надорад вале ҷавон писар онро қабул мекунаду баъдҳо дар зиндагӣ мушкилу праблема эҷод мешавад. Зеро дар зиндагӣ муқоиса сурат мегирад. Ин мушкилу праблемаҳо барои мардҳо бештар аст. Дар меҳмониҳо ва ҷашнҳои арӯсӣ муқоисаи пич пич сурат мегирад ва баъзеҳо киноя мезананду нигоҳҳои мардро баҳам мерезанд ва мард эҳсосӣ хусрон мекунаду эҳсос мекунам, ки ками хомӣ карда ва фиреб хурдааст ва но худогоҳ мард баҳонагирӣ мекунад ё ба хонум ситам раво медорад ё сару гуши мард меҷунбанд. Дар хонумҳо ҳиссе ба номи тамаллук вуҷуд надорад ва дӯст дорад, ки мард моли худаш бошад. Пас хуб аст, ки фосилаи зебоӣ зиёд набошад ва агар он шахс бо шароити мавриди назари шумо бошад ва фосилаи зебоӣ кам бошад хуб аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.