Фарҳанги ҳамсоягӣ

247

Дар ҳадисе аз Пайғамбари Акрам(с) дар мавриди ҳадди ҳамсоягӣ фармуда аст: “ҳадди ҳамсоягӣ, чиҳил хона аст” албата манзур ин нест, ки масалан; хонаи чиҳилу якум аз марзи ҳамсоягӣ берун аст, балки чи басо манзур меъёри мутаориф аст яъне; он миқдоре ки урф онро ба унвони ҳадди ҳамсоягӣ медонад. Албатта дар шароити замонӣ, маконӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкон дорад, ин миқдор ҳам кам ва зиёд шавад.
Чи басо паёми аслӣ ин ҳадис, зарурӣ будани асли ҳамсоягӣ аст, ки набояд ба ҳадди ақал ҳам иктифо кард, балки лозим аст ба мизони мутаориф таваҷҷуҳ кард, ки дар маҷмуъ; теъдоди бисёре аз хонаҳо ҷузви ҳамсоягон ба ҳисоб меоянд ва дар натиҷа сабаби паёмадҳои мусбат, созанда ва муассир дар равобити иҷтимои хоҳад шуд.
Аммо нуктаи дигаре ки дар ин хусус, интихоби ҳамсоя аҳаммият дорад, таҳқиқ дар бораи ҳамсоя аст, ки ба вузуҳу равшани дар фарҳанги исломӣ ба он ишора шуда аст; ба гунае ки Паёмбари Гиромӣ(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин бора фармуда аст: “пеш аз харидани хона, ҳамсояро пайдо кунед ва пеш аз мусофират, рафиқи сафарро биёбед.”
Паёми ҳадис, ин аст ки бар хилофи тасаввур ва равиши интихоби хона дар байни умуми мардум, ки барои харидани хона, ба нав ва мавқеияти маконӣ он таваҷҷуҳи бештаре мекунанд, дини ислом таҳқиқ дар бораи ҳамсояро дар авлавият ва асли муасире дар интихоби хона медонад. Зеро он чи ки ба хонаи инсон метавонад арзиш диҳад, ҳамсоя ва ҳамсояҳое ҳастанд, ки инсон барои муддати тулонӣ мехоҳад бо онҳо зиндагӣ ва таомул дошта бошад.
Як рӯз дар хонаи яке аз ақвом машғули суҳбат будем, ки кудаки се чаҳор солае бо ишора, ба ман гуфт: амакӣ, ус, ус; ба оромӣ ӯро садо кардам ва гуфтам; чизе шуда аст ҷонам?! Ба ман гуфт: “ Муҳаммад(писари ҳамсоя) хоб аст, набояд сару садо кунем, мумкин аст, ки бедор шавад.” Ман ҳам гуфтам; чашм амуҷон, дигар сару садо намекунем.
Замоне ки дар хонаҳои опортумонӣ зиндагӣ мекунем, ҳамеша тасаввур мекунем ки ин дигарон(ҳамсояҳо) ҳастанд, ки мебоист ҳуқуқи моро риоят кунанд ва дар воҳидҳои худашон сару садои озордиҳанда эҷод накунанд. Вале ҷолиб аст, ки ин писарбачаи чандсола чи қадар хуб ба ҳуқуқи ҳамсоягӣ огоҳӣ дорад.
Албата ин рафтори бачча, бозтоби рафтори волидайни ӯ буда, ба тавре ки дар роҳру гоҳе ба ҳамдигар ин тазаккурро медоданд ки мабодо сару садое эҷод кунанд, ки ҳамсояҳо азият шаванд.
Ҳамчунон ки аз ҲазратиАлӣ(алайҳиссалом) нақл шуда аст; “حُرمَةُ الجَارِ عَلَی الجَارِ کَحُرمَةِ اُمِّهِ ҳурмати ҳамсоя бар ҳамсоя, монанди ҳурмати модари инсон аст.” Ҳамчунин аз Пайғамбари Акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ нақл шуда: “مَن أَذَی جَارِهِ حَرمَ اللهُ عَلَیهِ رِیحَ الجَنّةِ وَ مَأواهُ جَهَنّمٌ وَ بِئسَ المَصِیرِ. Касе ки ҳамсояи худро азият кунад, Худованди Мутаол бар ӯ бӯи биҳиштро ҳаром мегардонад, ва ҷойгоҳӣ ӯ ҷаҳаннам аст, ва чи бад ҷойгоҳе аст.”
Аз ин рӯ, лозим аст ки дар шева ва сабки зиндагиямон, фарҳанги опортумон нишиниро ба дурустӣ риоят кунем ва ҳамчунин бо рафтори тарбиятимон, фарзандонро бо ҳуқуқи ҳамсоягӣ ошно кунем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.