Ҳузури қалб дар намоз

658

 Савол: Ман хеле дилам мехоҳад намозҳоямро хуб ва мураттаб бихонам вале ҳарчиқадар талош мекунам сари намоз бо таваҷҷӯҳ ба инки маънои онро медонам, боз эҳсос мекунам, фикрам парешон шуда ва ба дигар ҷойҳо фикр мекунам. Баъзе вақтҳо дубор себор намоз мехонам ва мегӯям ин бор дигар ман ба чизи дигаре фикр намекунам вале боз мефаҳмам, ки чизҳои дагар ба фикрам омадааст.

   Ҷавоб: Қаблан роҳҳои ҳузури қалбро гуфта будем, аммо даринҷо ман ба он панҷ шаш маврид ишора мекунам.

Яке инки инсон пеш аз инки вақти намоз бирасад оҳиста оҳиста худашро омода бикунад, аз вақте, ки мехоҳад вузу бигирад ҳатто пеш аз инки мехоҳад вузу бигирад оҳиста оҳиста бифаҳмад, ки мехоҳад дар рӯбарӯи Худованди Мутаол биистад ва мехоҳад бо Худо сухан бигӯяд. Ингуна набошад, ки машғул ба корҳои гуногун бошад то вақте, ки мехоҳад такбиратул эҳромро бигӯяд, он вақт тоза мехоҳад дохили намоз бишавад. Агар ингуна бошад то ракъати севвум ва чаҳорум вориди намоз намешавад, то меравад вориди намоз бишавад фикрашро чизҳои гуногуни дарунӣ ва берунӣ пароканда мекунад ва аз намоз мунҳариф мекунанд. Ва боз охирҳои намоз ёдаш меояд, ки дорад намоз мехонад то дубора бихоҳад баргардад ба намоз, намоз дигар тамом шудааст. Ин як нукта, ки инсон аз қабл худашро омода карда бошад.

Нуктаи дуввум инки агар воқиан инсон диққат кунад дар маънои намоз башарти инки ин дар маънои намоз диққат карданро пеш аз инки калимаро бигӯяд, маънояшро ба зеҳнаш биёварад, на баъд аз инки мегузарад, зеҳн ба дунболи маъно биравад вақте мехоҳад бигӯяд: “اهدنا الصراط المستقیم” (Фотиҳа, ояти 6) қаблан ба зеҳнаш маънои ҷумларо биёварад.

Нуктаи севвум инки дар ҳоли намоз таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки 1) Боки сухан мегӯяд. 2) Худованд акнун ба ӯ таваҷҷӯҳ карда аст, яъне алон назари Худованди Мутаол мутаваҷҷеҳи ӯст. Агар ин таваҷҷӯҳ бошад, ки Худованд дорад маро мебинад ва ба ман таваҷҷӯҳ карда аст ва ин намозхондани ман бахотири он лутф ва назари раҳмати Худост ва ӯҳам азин намози ман хушнуд аст, инро агар инсон диққат дошта бошад, ки матлаби муҳимме аст ва ниёз ба баҳси зиёд дорад ҳузури қалб қатъан меояд. Нисбат ба инсонҳои маъмулҳам ингуна аст. Агар масалан як шахсияти бузурге бо мо суҳбат бикунад, ҳаргиз ҳавосамон парешон намешавад ва вақте дорад бомо суҳбат мекунад мо фикрамон ҷои дигаре нест, ба гунае, ки аслан нафаҳмем чидорем мегӯем ё ӯ дорад чи мегӯяд? Мо масалан мехоҳем бо раҳбари кишваре суҳбат бикунем ҳаргиз фикрамон ҷои дигар намеравад, ки нафаҳмем дорем чи мегӯем, дақиқан калима ба калима ва ҳарф ҳарфе, ки истифода мекунем руяш таваҷҷӯҳ дорем. Ҳоло инсон дорад бо Худо сухан мегӯяд ин худбахуд ҳавосаш ҷамъ мешавад ва ҳеҷ чизе ҳавоси ӯро баҷое намебарад.

Нуктаи чаҳорум инки таваҷҷӯҳ дошта бошед ҳузури қалб чи фоидаҳое дорад, надоштани ҳузури қалб чи зарарҳое дорад. Аммо агар чизе бароямон муҳим бошад фоидаашро тасаввур карда бошем, бовар карда бошем аслан ҳавосамон аз он мунҳариф намешавад. Гоҳе мумкин аст шаб намонад бихобем, як кори муҳимме, ки аз назари мо фоидааш хеле муҳим бошад, ҳоло чи фоидаи моддӣ ва чи маънавӣ. Агар чунин кори муҳимме дошта бошем, хобу хурокро азмо мегирад. Ҳоло агар таваҷҷӯҳ дошта бошем ин ҳузури қалб чиқадар арзиш дорад ва чи фоидаи бузурге дорад, имкон надорад, ки фикри инсон ба ҷои дигар биравад.

   Нуктаи дигар инки инсон, ҳолати намозгузор ба худаш бигирад. Либоси хос, либоси тамиз, дарсурати имкон сафед, хушбу ва хулоса даршакли намозгузор дарояд ва худи ин либос таъсир дорад. Инсон агар бихоҳад бо либоси маъмулӣ варзиш кунад, маъмулан наметавонад варзиш кунад ҷастухезаш намеояд. Аммо ҳаминки либос аваз мекунад ва либоси варзишӣ мепушад, дар айниҳолеки масалан калонсол аст варзишкорҳам нест аммо ҳамин либос ӯро ба ҳаракат медароварад. Ҳол агар инсон ҳолати намозгузор ба худаш бигирад, шакли намозгузорро дошта бошад, одоб ва шаройите, ки гуфтемро риоят кунад агар мард аст або ба китфаш бияндозад, бо либоси тамиз ва хушбу ба намоз биистад. Масалан дар ривоятҳо ва фатвоҳоҳам дорем, ки тугмаҳои либос боз набошад.

   Нуктаи охир инки баъд аз намоз инсон машғул ба таъқиб бишавад, ба иборати дигар, намози мо панҷ дақиқа набошад, понздаҳ дақиқа қаблаш шуруъ бикунем, оҳиста оҳиста дохили намоз бишавем ва понздаҳ дақиқа баъдашҳам дохили намоз бошем, ин намоз асар дорад ва қалбро ҳозир нигоҳ медорад. Ва хондани суннатҳо, ки дар ривоёти зиёд ба он ишора шуда барои ҳамин аст: Эмом Боқир (а) фармуданд, ки: Намоз миқдореш қабул мешавад, ки таваҷҷӯҳ ва ҳузури қалб доред, рови гӯфт, ки пас мо ҳалок ва бадбахт шудем, эмом фармуданд: Суннатҳо ҷуброн мекунад. Хондани суннатҳо махсусан суннатҳое, ки пеш аз намоз хонда мешавад мисли суннати пешину аср ва суннати бомдод. Он суннатҳое, ки пеш аз намоз хонда мешавад, инсонро омодаи вуруд ба намоз мекунад, агарчи дар намозҳои дигарҳам ин каму зиёд ҳаст, ин суннатҳо худбахуд камбуди ҳузури қалбро комил мекунад.

Албатта ин баҳс ба тавзеҳоти бештаре ниёз дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.