Бордории Марям (а) дар Маснавӣ

57

12

Ба муносибати милоди Масеҳ (а)

Дар Қуръони Карим сураи ба номи “Марям” вуҷуд дорад, ки достони валодати Исои Масеҳ (а) ба сурати нисбатан тафсилӣ дар он ба миён омадааст:

“Дар ин Китоб аз Марям ёд кун: он гоҳ. Ки аз касони худ дар маконе шарқӣ ба каноре шитофт. Ва дар баробари онон пардае бар худ гирифт. Пас Рӯҳи худро ба сӯи ӯ фиристодем, то ба (шакли) башаре хушандом бар ӯ намоён шуд. (Марям) Гуфт: “Агар парҳезгорӣ, ман аз ту ба худои Раҳмон паноҳ мебарам!” Гуфт: “Ман фақат фиристодаи Парвардигори туам, барои ин ки ба ту писаре покиза бибахшам”. Гуфт: “Чӣ гуна маро писаре бошад, бо он ки дасти башаре ба ман нарасида ва бадкор набудаам?”. Гуфт: “Фармон чунин аст; Парвардигори ту гуфта, ки он бар ман осон аст ва то ӯро нишонае арои мардум ва раҳмате аз ҷониби хеш қарор диҳем. Ва ин дастури қатъӣ буд”.

Дар “Маснавӣ” қиссаи валодати Исо(а), ки бар баёни Қуръони Карим (Марям, оятҳои: 16 то 22) бино шудааст, ҳеҷ чиз аз ончи дар боби ҳамл ёфтани Марям(а) аз нафҳ ва дамидани Рӯҳул-Қудус омадааст, ҷолибтар ва зеботар нест.

Дар ин моҷаро вақте Марям(а) ҳангоми бараҳнагиву ғусл кардан сурати ҷонфизоро пеши рӯи хеш мебинад, ки гӯё аз замин пеши рӯи вай рӯёида бошад, башиддат ваҳшат мекунад ва ба Ҳақ паноҳ мечӯяд.

Пайдо шудани Рӯҳул-қудус ба сурати одамӣ бар Марям ба вақти бараҳнагӣ ва ғусл кардан ва паноҳ гирифтан ба Ҳақ Таъоло

Ҳамчу Марям гӯй пеш аз фавти милк,

Нақшро, к-ал-авз бир-Раҳмони минк.[1]

Дид Марям сурате бас ҷонфизо,

Ҷонфизое, дилрабое дар хало.

Пеши ӯ барруст аз рӯи замин,

Чун маҳу хуршед он Рӯҳул-Амин.

Аз замин барруст хубе бениқоб,

Ончунон, к-аз шарқ рӯяд офтоб.

Ларза бар аъзои Марям уфтод.

К-ӯ бараҳна буду тарсид аз фасод.

Сурате, ки Юсуф ар дидӣ аён,

Даст аз ҳайрат буридӣ чун занон.

Ҳамчу гул пешаш бирӯйид он зӣ гил,

Чун хаёле, ки барорад сар зӣ дил.

Гашт бехуд Маряму дар бехудӣ,

Гуфт: Биҷ(а)ҳам дар паноҳи изадӣ!

З-он, ки одат карда буд он покҷайб,

Дар ҳазимат рахт бурдан сӯи ғайб.

Чун ҷаҳонро дид мулке беқарор,

Ҳозимона сохт з-он Ҳазрат ҳисор.

То ба гоҳи марг ҳисне[2] бошадаш,

Ки наёбад хасм роҳи мақсадаш.

Аз паноҳи Ҳақ ҳисоре беҳ надид,

Юртгаҳ наздики он деж баргузид…

Аммо фариштаи Ҳақ бо густариши сакина ва оромиш Марям (а)-ро аз ваҳшатзада шудан бозмедорад ва ба ҳамли Исо (а) башорат медиҳад.

Гуфтани Рӯҳул-қудус Марямро, ки ман расули ҳаққам ба ту, ошуфта машав ва пинҳон машав аз ман, ки фармон ин аст.”

Бонг бар вай зад намудори карам,

Ки амини Ҳазратам, аз ман марам!

Аз сарафрозони иззат сар макаш,

Аз чунин хушмаҳрамон худ дармакаш!

Ин ҳамегуфту зуболай[3] нури пок,

Аз лабаш мешуд паёпай бар самок.

Аз вуҷудам мегурезӣ дар адам,

Дар адам ман шоҳаму соҳибъалам.

Худ буну бунгоҳи ман дар нестист,

Як савора нақши ман пеши сатист.

Марямо, бингар, ки нақши мушкилам,

Ҳам ҳилолам, ҳам хаёл андар дилам.

Чун хаёле дар дилат омад нишаст,

Ҳар куҷо, ки мегурезӣ, бо ту аст.

Ҷуз хаёле оризие ботиле,

К-ӯ бувад чун субҳи козиб офиле [4]

Ман чу субҳи содиқам аз нури Раб,

Ки нагардад гирди рӯзам ҳеҷ шаб.

Ҳин, макун “ло ҳавл”, Имронзодаам,

Ки зӣ “ло ҳавл” ин тараф афтодаам.

Мар маро аслу ғизо “ло ҳавл” буд,

Нури “ло ҳавл”-е, ки пеш аз қавл буд.

Ту ҳамегирӣ паноҳ аз ман ба Ҳақ,

Ман нигоридай паноҳам дар сабақ.

Он паноҳам ман, ки махласҳот буз,[5]

Ту “аъуз” орию ман худ он “аъуз”.

Инҷост, ки инояти Ҳақ ба Марям (а) ҳамон рӯҳ ва нафҳаеро мебахшад, ки дар вуҷуди Исо (а) сабаби шифои беморон ва ҳаёти мурдагон мегардад…

Оре, ҳар кас ҳамонанди он нурро баҳрае ёбад, ин гуна каромот тавонад кард. Ба қавли Ҳофиз:

Файзи Рӯҳул-Қудус ар боз мадад фармояд,

Дигарон ҳам бикунанд ончи Масеҳо мекард.

Мавлоно ҳам дар ҷои дигар месарояд:

Ҷонҳо дар асли худ исодам аст,

Як дамаш захм асту дигар марҳам аст.

Гар ҳиҷоб аз ҷонҳо бархостӣ,

Гуфти ҳар ҷоне масеҳосостӣ.

(Маснавӣ, д: 1/ 1598-9)

Насибуллоҳ Умаров

[1] Аз ту ба Худои Раҳмон паноҳ мебарам.

[2] Ҳисн: қалъа, деж.

[3] Зубола: забона, шуоъ.

[4] Офил: фурӯраванда, аз байн раванда, нобудшаванда.

[5] Буз: буд (гоҳе “зол” ба ҷои “дол” корбурд дорад, масалан: устод ё устоз).

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.