Кӯдакон халлоқанд, танҳо кофи аст бовар кунем

247

Халоқият як неруи зотӣ аст, ки дар ҳамаи афрод вуҷуд дорад ва роҳҳои зиёде барои парвариши он ба вижа аз даврони кӯдакӣ вуҷуд дорад. Чаро ки ба гуфтаи “Горданр” тасаввур ва хиёле ки дар аввали даврони кӯдаки шакл мегирад, мабнои халлоқият дар даврони булуғ аст. Бинобар ин ба шумо падар ва модарони азизе, ки хоҳони он ҳастед то фарзандони халоқ, мубтакир, навовар ва дар ниҳоят, корофарин дошта бошед, тавсия мекунем ба нуктаҳои зер ҷиҳати тарбияти дурусти кӯдаки дилбандатон таваҷҷуҳ намоед:

Бо кӯдаки худ шух ва меҳрубон бошед

Ҳаргиз кӯдаки худро таҳқир накунед. Кӯдаке ки еҳсоси пастӣ кунад ҳаргиз даст ба халлоқият ва навоварӣ намезанад.

Муҳити муносиб барои анҷоми корҳои халлоқи кӯдак фароҳам намуда ва имкониятҳо ва васоиле ҳамчун васоили мусиқӣ, нақошӣ ва тарроҳӣ ва … дар ихтиёри кӯдак қарор диҳед то ба кумаки онҳо халоқиятҳои худро ошкор намояд.

Ба корҳои халлоқ кӯдакро ташвиқ кунед ва онҳоро дар маърази намоиш қарор диҳед ва аз арзёбии беш аз ҳадди кӯдаки худ, худдори кунед.

Ба унвони бузургсол, худ ба анҷоми корҳои халлоқ бипардозед ва иҷозат диҳед, то кӯдакатон шоҳиди корҳои халлоқи шумо бошад.

Аз таъкид бар тасаввуроти қолиби дар хусуси ҷинсияти кудакон ҳамчун духтар мошинбози намекунад, писар арусакбози намекунад ё писар гиря намекунад, шадидан худори намоед.

Имкони ширкат дар фаолиятҳо ва дарсҳои вижаро барои кӯдаки худ фароҳам намоед.

Дар вақтҳое, ки мушкил ё гирифториҳое дар хонавода вуҷуд дорад аз он мушкилот ба равиши мусбате истифода кунед ва бо ташвиқ ба кудаки худ иҷозаи ошкор кардани еҳсосот ва изҳори назар бидиҳед.

Иҷозат диҳед, то кудак худаш бошад ҳатто агар рафторҳои аҷиб аз ӯ сар бизанад ва саъй кунед дар ҳузури ҷамъ, кудаки худро халоқ муаррифи накунед; дар ғайри ин сурат атрофиён интизороти беш аз ҳадде аз кудаки шумо хоҳанд дошт.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.