Тавсияи тибби суннатӣ дар бораи хурдани шалғам

67

0290496b32c9ca27d6b78debee5bd71d_XL

Як мутахассиси тибби суннатӣ бо ишора ба хосиятҳои шалғам гуфт: Хурдани шалғам аз дучор шудан ба саратон, бемориҳои гурда, юбусат ва варами роҳҳои нафаскашӣ пешгирӣ карда, ба ташкили бофтҳои устухонӣ ва системаи асабӣ кумак мекунад.

Ба гузориши Фарҳангниюсс, Алии Ҳусейнӣ дар мавриди хосиятҳои шалғам гуфт: Хурдани шалғам ба сурати рӯзона муҷиби аз байн рафтани иседаврик дар хун мешавад ва ба рафъи сангҳои куллия кумак мекунад ва дардҳои беморони мубтало ба нақрис ва бемориҳои буғумиро таскин медиҳад.

Вай идома дод: Беҳтарин шева барои таҳияи шалғам, ки витамин ва хоссиятҳои дармонии он ҳифз шавад бухорпаз кардани шалғам аст. Дар ин шароит тамоми хосиятҳои дармонии шалғам ҳифз мешавад. Дар  ҳақиқат ин равиш дар муқоиса бо обпаз шудани шалғам беҳтар аст, зеро ҳангоми обпаз шудан бахше аз хосиятҳои дармонии шалғам, ки монеъ аз ибтилои масрафкунанда ба саратон мешавад аз шалғам хориҷ мешавад.

Ин мутахассиси тибби суннатӣ гуфт: Шалғам илова бар доштани витамин ва маводи менералӣ хосиятҳои дармонии вижае дорад, ки аз он барои юбусат, тақвияти биноӣ ва беҳбуди варами роҳҳои нафаскашӣ дар замони сармохурдагӣ исифода мекунанд.

Вай бо ишора ба доро будани миқдорҳои фаровони гугирд дар шалғам гуфт: Гугирди мавҷуд ба тақвияти ҳофиза ва системи асабӣ кумак карда ва масрафи рӯзона ва хоми шалғам низ барои дармони нарракҳои пуст ва шодобии пуст таъсиргузор аст. Маводи серғизои мавҷуд дар шалғам низ барои ташкили бофтҳои устухонӣ муфид аст ба ҳамин далел дар даврони бордорӣ барои афзоиши истиқомати бадани модар ва тақвияти бофти устухонии ҷанин муносиб аст.

Ҳусейнӣ идома дод: Шалғам метавонад дар дармони бранхит, мушкилоти нафаскашӣ ва асма ҳам таъсиргузор бошад. Шалғам ба мизони зиёде витамини С дорад ва хосияти антиоксидонӣ дошта ва аз ибтило ба саратон пешгирӣ мекунад.

Ин мутахассиси тибби суннатӣ афзуд: Нушидани обе, ки шалға дар он пухта шуда аст барои дармони  гулудард ва варами роҳҳои нафаскашӣ тавсия шудааст.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.