Ҳукми амали ҷарроҳие, ки ба қасди зебои анҷомдода мешавад

125

Амалиёти ҷарроҳӣ барои зебои ду навъ аст: 

1 Амалиёти зебои барои дур кардани айбе. Мисли дур кардани ангушти зиёдати ва монанди он. Ин навъ амалиёт ҷоиз аст. Зеро Паёмбар алайҳиссалом баро Ирфиҷа Ибни Саъд иҷоза дод, ки бинии бурридашро аз тилло дуруст кунад. Ин ба хотири дур кардани айби руйи он саҳоби буд буд.

2  Амалиёти зебои барои зинат ва зеботар шудан.  Ин навъ амали ҷарроҳи ҷоиз нест ва дар тағйири хилқати Худовандӣ дохил мешавад. Мисли бузург кардани синаҳои табиъи ва лабҳо.

ҲУКМИ ГИРИФТАНИ ХОЛҲОИ РУЙ 

Дар “Маҳмудул фатово” мегуяд:”Холҳо ва нишонҳои модарзодӣ ё ғайри модарзодӣ, ки бар пусту сурат вуҷуд доранд, агар бардоштани онҳо зараре надошта бошад, амал кардани онҳо (ҷароҳи кардан) ишколе надорад.”

ҲУКМИ ҶАРРОҲИ КАРДАНИ РУЙ БА ҚАСДИ ЗЕБОИ ВА ДУР КАРДАНИ ЧИН ВА ЧУРУКИ ОН

Дар мавқиъи исломии “Мслом веб” омадааст: “Мақсад аз амали кашидани пусти руй дур кардани чинҳои (пусти ҷамъ шуда) руй аст. Пас агар чин аз сабаби калонсолиу пири ба вуҷуд омада бошад, дур кардани он бо амали ҷарроҳӣ ё лазер ҷоиз нест. Зеро дар тағйири хилқати Худо дохил мешавад. Аммо агар чин аз сабаби беморие ба вуҷуд омада бошад пас дур кардани он бо амали ҷарроҳӣ ҷоиз аст, ба шарте, ки зишт кунандаи руй бошад. Зеро ин навъ амалиёт дар изолаи айб ва муолаҷаи ҷоиз дохил аст.”  Аммо агар барои дур кардани чин аз крем ё дору истифода кунад пас ҷоиз аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.