Балое, ки нушоба ба сари мо меоварад

140

Мутахассисони соҳаи тағзия(хурокворӣ) бо ишора ба таркиботи мавҷуд дар нушоба гуфт: Ин таркибот монеи ҷазби калсий дар бадан шуда ва дар дарозмуддат ба пукии устухон меанҷомад. Масъуди Кимиёгаргуфтааст: таркиботи ба кор рафта дар нушобаро монеи ҷазби калсий аз тариқи аъзои ҳозима донист.

Вай гуфт: Таркиботе монанди кислотаи фосфорӣ, ки дар нушобаҳо истифода мешавад монеи ҷазби калсий аз тариқи аъзои ҳозима мегардад.

Ин мутахассиси тағзия идома дод: Касоне, ки одат ба хурдани ҳаррузаи нушоба доранд, ҷазби калсий дар баданашон намуда ва дар дарозмуддат дучори пукии утухон мешаванд.

Вай таъкид кард: Мо намегуем хурдани хафтае як бор  нушоба муҷиби пукии устухон мешавад, балки дар мавриди одатҳои гизоӣ суҳбат мекунем.

Кимиёгар идома дод: Касоне, ки ҳар руз нушоба масраф мекунанд дар дарозмуддат дучори пукии устухон мешаванд, албатта ин ба навъи хурокхурӣ ва ҳаракатҳои ашхос низ бастагӣ дорад.

Ба гуфтаи вай аз миёни нушобаҳои мавҷуд дар бозор навъи беранги он беҳтар аз навъҳои рангини онҳо аст чаро, ки таркиботи нашъаовар монанди кофеин дар онҳо ба кор нарафтааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.